Бахшҳо

Қабл аз анҷумани ҲНИТ ба дари қароргоҳи марказии он муҳр зада шуд

Додгоҳи иқтисодии Душанбе шоми 24 август ба дари қароргоҳи марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 муҳр задааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 25 август ба "Озодагон" гуфт, ин кор дар асоси қарори Суди иқтисодӣ ва дар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар анҷом шудааст. Ӯ мегӯяд, Прокуратураи генералӣ далели ин корро "дар баҳси ҳалнашудаи Кумитаи амвол бо соҳибмулки бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ, ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур, ки ба ширкати "Тиҷорат” мутааллиқ буд", арзёбӣ мекунад.

Ба қавли оқои Сайфуллозода, суд-иҷрочиҳои Суди иқтисодӣ гуфтаанд, то 10 рӯзи мавриди ҳаллу баррасӣ қарор гирифтани баҳси мазкур, ҲНИТ иҷозати пешбурди кор дар ин биноро надорад.

Торнамои ҲНИТ бастани дари қароргоҳи марказии ҳизбро идомаи амалиёти "антинаҳзатӣ” унвон карда гуфтааст, "аз тифл то бузурги миллат хуб медонанд, ки рӯи кор даст гирифтани амалиёти мазкур танҳо ба хотири халал эҷод кардан барои баргузории анҷумани навбатии ҳизб аст, ки қарор аст 15 сентябри соли равон баргузор гардад".

Муҳр зада шудани дари қароргоҳи ҲНИТ дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл ВКД хабар дод, гуруҳи кории Раёсати оташнишонӣ барои камбудиҳо фаъолияти дафтари ҲНИТ-ро муваққатан қатъ кардааст. Аз ин пеш бо як мактуби Вазорати фарҳанг дари матбаи “Муаттар”-и Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар он нашрия ва маҷаллаи ин ҳизб ба табъ мерасид, аз сӯи мақомоти давлатии кишвар муҳр зада шуд.


Қабл аз анҷумани ҲНИТ ба дари қароргоҳи марказии он муҳр зада шуд


Қабл аз анҷумани ҲНИТ ба дари қароргоҳи марказии он муҳр зада шуд
Мӯҳр
Мехри
ХНИТ дигар каллаи мардумро гаранг накнен, вакти шумо ба охир расид.

Бехтарин корро Хукумат кард. Мо хохони онем, ки дигар ба ХНИТ ягон чой надиханд. Чунки тафрика дар миёни точикон кам мешавад. Инчунин сафари чавонон ба Сурия низ катъ мегардад.

Союз союз буд барҳам хурд, сад нобуди ХНИТ. Мода соф даркор нест ҳамин кабири


Ин кори хукумат як пешрави бахри тенчию амонист. Бехтарина бехтаринош кард Хукумат. Дари кароргохи ХНИТ як тараф истода фаъолияташро бандед. Мо тарафдор.

Э наке ачоиб кори хуб шид. Мехохам ХНИТ ба пурраги баста шавад. То ки Мардум аз тафрика дур шаванд.

Амали некро Хукумат нисбати миллаташ кард, ки дари як хизби сиёсиеро, ки дар солхои 1991-1997 фундаменти парешонкунандаи миллати точик буд бастааст. Инро бояд пештар мекарданд ва шумораи чавонони гумрохзада кам мешуд.

Бехтарин кор, барои мо осоиштаги даркор, мо тарафдори хукми баровардаи Шумо меббошем. кандота бза.

Фарход
Бародарон мо бояд хушёрии сиёсиро аз даст надихем ва хисси ватандустию миллатпарастиро аввалиндарача хисобем ва ба хар гунна хизбу харакатхои номатлуб, ки максади ба даст оавардани хокимиятро доранд ба он шомил нашавем

Зарафшони
ОЗОДИ хохиш мекунам чоп кунед ва хар бахонаро пеша накунед! Инчо суханони кабех чо надоранд!!!

Чавоб ба НАХЗАТИ!!!

Бародарони гироми!!! Вокеан хам бояд ватандусториро аз даст надод. ХНИТ худ зархариди давлати сеюм аст. ХНИТ танхо барои манфиатхои хоричи кишвар фаъолият мекунад. Ногуфта намонад, ки фаъолони ин хизб барои он ки сафи аъзоёни худро дучанд нишон диханд, хатто ному насаби нафаронеро, ки барвакт ин дунёро падруд гуфтаанд, ба хайси аъзои хизб номнавис кардаанд. Бар замми ин, аксаран аз аъзогиашон ба хизб маълумоте надоранд. Магар ин мусалмонии онхо дар хами наст, аз никоби дини ислом, ки худ дини покист садо баланд мекунанд. Хол он ки ХНИТ хостори чомеаи исломи аст. Шояд хамин хизб аст, ки аксаран чавонони мо гумрохиро пеша кардаанд. Бовар кунед махз хамин хизб боиси сар задани чанги хонумонсузи шахрванди гаштааст ва онхо боис шуданд, ки бародар бародари худро ба катл расонид. М.Кабири магар мард аст, ки зиёда аз 6-мох тарки ВАТАН кардаасту аз хоричи кишвар садо мебарорад? Магар ин аст, ки Кабири хамчун заиф чонибдоронашро тарк карду рафт? Махз ХНИТ аст, ки имрузхо зиёда аз 700 нафари точик дар ДИИШ мечангад. Махз ХНИТ аст, ки онхоро бо идеологияи вокеан хам аз хоричи кишвар тачассумшуда гумрох кардааст… Хулоса, чунин мепиндорам, ки ХНИТ барои чомеаи мо чой надорад. Агар ХНИТ хоста бошад, ки чомеаи мусалмони созад, бе ин хам мардуми точик ба ин дунё мусалмон омадаанд ва мусалмон хоханд рафт. Бигузор дархои бокимондаи бахшхои хизбро харчи зудтар бубанданд. Хатто дар ин Ватан барои чонибдорони ХНИТ чой нест. Бигузор онхо низ чун Кабирии заиф тарки ин мамлакат намоянд. Хуввияти миллиро аз даст набояд дод.

Азиз
Халки точик солхои пеш намедонистанд, ки аъзоёни ХНИТ ба чик корхо машгул мешаванд бо мурури замон фахмиданд, ки онхо худро аз номи Ислом муаррифи карда аммо ба корхои гайри шариати машгуланд. Ман хамчун шахрванди ватандусти Чумхурии Точикистон ба ин хизб чунин гуфтаниям, ки барои ободии мамлакат ва пешрафту тараккиёти кишварамон халалдор нашавед!!!!!

Олим
Чан сол мешава, ки шмо мардма фреб кестен.Бас кнен охи, ай пшти шмо халки бегунох азоб мекаша.

Озодагон гурури ватандустит бошад чоп кун мохам ватан дорем мохам точикем.
..ба зарафшони авалан барои тухмат аз Худо тарс дуюм инки вокеан дустдори мардум боши бояд мардумро бо як чашм нигох куни.чаро имруз 99% точикистон мусалмонаст аммо озодихои мусалмониш нест.чаро дархои масчид имруз ба руи то 18-бастаю дархои казинову майхонахо кушода аст.чаро имруз як хохар наметавонад хичоби мусалмониро ки онхам фармудаи Аллох аст ба бар карда наметавонаду аммо тамоман луч гаштан ичозат.чаро дар донишгохо ируз пора мегирад.чаро инсонеки мехохад ватанро обод кунад мисли Зайд Саидов аммо имруз пушти панчара.конунро худи хукуматдорхо поймол кмекунад ман аъзои ХНИТ нестам аммо луст медорам чи инро хам бояд давлат муаян кунад.аз Худо шарм кунед солхои чангро факат ба хотир мебиёред аммо сулхро не имруз чангчуён сохиби мансаб шуд аммл нахзатихо аз содагию зудбовариащ хатто аз хонахаш хам махрум.мард инсон мардона гап мезанад ва мардона аммал мекунад.ман хамчун шахрванди точикистон хохиш мекунам аз мардхо мисли зан нашавед.Аллох хамаро дар озодияш нигох дорад

Дуо мекунем, ки мухри зада дигар кушода нашавад.

БА АЪЗОЁНИ ХИЗБ, ЯК МАТАЛ...- "МУША БОЗИШ ГИРАД, БО ГУРБА БОЗИ МЕКУНАД"!!!!

НЕСТ БОД ХНИТ!!!!

ЗИНДА БОД ОЗОДИИ МАРДУМ, ТИЧИВУ АМОНИИ ДАВЛАТ!!!!
НЕСТ БОД ХНИТ, БАРОИ ТИНЧИВУ АМОНИИ ДАВЛАТ, ХАЛК, МИЛЛАТ, МАКОН. ШАХСОНИ ТАФРИКААНДОЗРО БОД РЕШАКАН КАРД.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)