Бахшҳо

Вокуниши хонандаҳо ба талаби қотеи Убайдуллоев: Аввал худатон ҷома пӯшед!

Талаби қотеонаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои муборизаи беамон алайҳи тарғиб ва пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ дар пойтахти Тоҷикистон бо вокуниши корбарони “Озодагон” рӯбарӯ шуд.

Бархе аз хонандаҳои хабаргузорӣ гуфтаанд, ҳарчанд ҷонибдори ин иқдоманд, вале дар ҳоле ки сокинони пойтахти Тоҷикистон даҳҳо мушкили ҳалношуда доранд, ҳарф задани Убайдуллоев дар бораи тарзи либоспӯшӣ ғайримантиқӣ аст. “Ш.Душанбе”, яке аз корбарони “Озодагон” аз раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон даъват кардааст, масъалаи сару либосро дар ҳоли ҳозир канор гузошта, дунболи ҳалли мушкили бекории ҷавонон шаваду роҳҳои берун рафтан аз буҳрони молии кунуниро ҷустуҷӯ кунад. “Доим як масаъларо мебинед. Ҳоло дар пеш зимистон асту соли хонишу ҷашни истиқлолият дорем. Масълаи бекории ҷавононро низ бояд дид. Доим масаълаи сатр ё риш, ин мавзӯъҳо куҳна шудаанд. Мо бояд фикр кунем, ки аз буҳрони молӣ бароем. 80%-и сокинон аз бонкҳо қарздоранду мардум худ руҳан вайрон шудаанд. Ин масълаҳоро бояд дид!”,- навиштааст ин корбар.

Корбари дигаре бо номи “Саидҷон” аз раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон суол кардааст, ки магар сокинони минтақаи таҳти раҳбарии ӯ мушкили дигаре надоранд: “Муҳтарам, ҷаноби шаҳрдор, оё дигар камбудҳо ҳал шуданд?”

Ин баҳсу гуфтумонҳо дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ахиран бори дигар ба масъалаи пӯшиши либосҳои ғайримиллии занон дахл карда, барои мубориза бо ин раванд дастури қотеъ дод. Ӯ дар ҷаласаи васеи кории худ рӯзи 19 август бо иштироки намояндагони тамоми қишрҳои иҷтимоии шаҳр, вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мақомоти марбутаи ҳуфзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, институтҳои шаҳрвандӣ, роҳбарони марказҳои савдою тиҷоратӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, инчунин масъулини кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ пушидани либосҳои ғайримиллиро хатарзо хонда, хостааст, то аз фурӯши либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона дар бозор ва нуқтаҳои фурӯши пойтахт ҷилавгирӣ кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бори аввал нест, ки барои ҷилавгирӣ аз пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ дар шаҳри Душанбе дастур медиҳад, вале дар бештари ҳолат иҷрои он аз бонувони муҳаҷҷаба ва рӯсарипӯш талаб мешавад, ки боиси нигаронии бархе сокинон шудааст. “Саид”, корбари “Озодагон” навиштааст, ҳарчанд худи ӯ зидди пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ аст, аммо азбаски дар ин “маъракаҳо” танҳо занони муҳаҷҷаба “қурбонӣ”-анд, наметавонад аз иқдоми Убайдуллоев ҷонибдорӣ кунад: “Ин раиси шаҳр либоси миллиро ба танзим дароварданӣ аст ва мо ҳам тарафдори ин ҳастем, аммо либоси аврупоиро ҳам бояд бардоранд, чун онҳо ҳам либоси миллии мо нест”.

“Тоҷик”, корбари дигар ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, навиштааст, раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле метавонад, дар бораи либоси миллӣ ҳарф занад, ки худ бар тан ҷомаву дар сар тоқӣ бипӯшад: “Магар ҷинсу футболкаву брюку костюму галстук либоси миллӣ аст?! Ҷаноби Убайдуллоев худ дар либоси миллӣ нест боз аз либоси миллӣ суҳбат мекунад! Тоқию ҷома пӯшад ва баъд ин гапҳоро бизанад!”.
Мӯҳр
Хонанда
хахаха хандаовараст агар кризис омад гуфта пас мо бояд либоси араби пушем ба кризисимо гум мешава мухтарам хабарнигор ? Назаришумо мисли занакой лавиов меганки)))).. мо ба кафо мерем чунки дар чомеъаи мо одамой басавод нест, хамашон мисли ту
Журналисти намебарори сири давлата ончиекм дархакики диданибоб боша хайфи аму дакикаеки ма дар хондани ами сарф кадм.
ишам бугумки баъзе каментарихо айтуда фикрошона чолибтар навиштиян

Точик
Ин кадар фарханги Гарбро бад мегуед??? О чаро мардуми бечораи давлатхои исломи ба гарб гурехта истодаанд? Аврупо пур аз афгону покистони. ирокиву сурияги, либиёгиву судони шудааст???? Чаро Саудия маркази ислом гурезахоро кабул намекунад? Магар хамин аст бародарии исломи???? Чаро мардум ба Аврупо мегурезанду ба Саудияву Кувайту, Аморату Катар не???? Медонед барои чи? Мардум безор шудааст аз сиесати исломиен!!!!!!!!!Кучое ислом ба сиесат ворид мешавад ончо катлу куштору ноамни аст? Хукумати мо касеро аз намозу руза ва пушидани румол манъ накардааст! Танхо мегуяд, ки онро ба ифрот нарасонед! о бовар кун баъзе занхоро мебини мисли зоги сиях, хатто никоб пушидааст. О магар мо дар асри 6 зиндагони дорем? О мо безорем аз хамон афти хунуки ту! Хичобпушро мебини вале ахлоки исломияшро намебини! Ба фикри ман хичоб ин хам як наъи муд шудааст.

Мушовир
Рости ма нафахмидм ки ин сиёсатмадорони дур андеши мо аз мардуми захматкаши точик чи мехохад наход хамин сатр омили хамаи мушкилоти кишвар бошад Чаноби шахрдор агар намедонед бидонед ки кишвари чун ирон ки имруззо басураат дар сохахои гуногун пешрафта истодааст хамаашон ришу шатр доранд ё малайзия туркия покистон ин кишвархо азмо дида хазорбор иктисоди ва илми хубдоранд шахрдори мухтарам агар шумо фикр кунед ки ин аммалатон боиси пешрави ва кам шулани ифротгароимешавад комилан гайри мантики аст чун шумо худ медонед ки сабаби ифроти шидан чв бекори аст инсон бекорки монд бахар кор даст меанад бехтар мешуд аз бачои ин фикрхои ки нуфузатонро дар чомеа кам мекунад фикрхои мантики ва илмиро кунед морам хамчун чавон ободи кишвараморо мехохем аммо ободиро мо дар сарулибос намеьинем Хохиш мекунам чаноби Убайдуллоев ин фикри сарулибосу ришро азсаратон дур кунед чун 70 соли шурави бо он кудраташ натонис ба сатр зарба занад Ва хохиши дигарам ин аст ки назари мардумро ба инбот гиред.ташакур.

либосхое ки тамоми бадани духтарони тгчик метобад ин нишонаи таракиёт ахсан ба мардуми кухани бо номуси имруз а и точик.. Чаро обе ки табиист мох то мох арзишаш боло мераваду як кас парво надорад.. ?? Хар руз нархи бозорхо боло мераваду рохбарият парво надоранд.. аммо аз муе ки дар балани одам мебарояд хама харос доранд .. то ин дарача тарсончакии Точикон дар давраи истиклол дида мешавад.. Магар руймол мапаронад?? Риш мекафонад??

Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Бародар,
Точик,
Точик,
Точик,
Точик,
Точик,
Точик,
Точик,
Точик,
SHAHRDOR BA SHAHR KOR DORAD NA BA SHAHRVAND!!!!!!!!

Точидин
Точик,
Точик,
Модару модаркалонхоят мини-юбка мепушиданд??
КШ дируз аз деха омадай имруз гапзан шудай.

Точик
Точидин,
Бо шумо зомбихои араб факат чунин бархурд дуруст АСТ. Агар лачоматонро хукумат накашад Боз ватанро ноамн мекунед. Бо шумо магзшустахо бахс фоидаа надорад. Шумо хама чизро бо чашми араби чохили асри 6 нигох мекунед. Шумо ба як тангаи пучка баробар намедонам. Озодагон посухро чоп кун

Бахси либос кори хуб,лекин проблемахои шахрдори мухимтар. Мухтарам Раис агар фикри бо барку об ва бо чои кор таьмин намудани ахоли агар машгул мешудаданд бехтар мебуд.

виркан
Дар чумхури дар ягон корхона ягон хел матоъ имтехсол намекунанд хатто карбос истехсол намешавад барои хамин айни замон кариб хамаи либосхо барои мо"бегона" аст

Кулоби
Хеле муборизаи соддалавхона алайхи пушиши исломи аст. Вакте мубориза намебурданд хеле кам хичоб мепушиданд. Аз вакте, ки мубориза бо риш ва хичоб огоз шуд ин ду хеле зиёд шуд.

Салом Ба хама хонандагон.
Аммо Баьд.
сари як масьала бисер фикр кардам Ба хулосае омадам,ки агар, чаноби Раис хамаи мансабдорони болои ва хонаводаашонро Ба танзим дарорад.яьне Ба пушидани либоси милли ташвик кунад,мачбур кунад.дар ин хол ахолиро Ба танзим даровардан бисер Осон аст.чунки ахолии мо пайравии хамин тоифа мардумро мекунанд. Танзими чашну маросимхоро хам аз мансабдорон км талаб кунанд ахоли сар мнфарорад барои итоати он.
Вакте,ки як шахси номдор гуломи конун,ки бошад ахоли хам аз он ибрат мегиранд.
Мутаасифона чомеаи моро хамин мансабдорон вайрон кардаанд ба тую маьракаи ... ва Сару либосащон...

хакикатчу
барои чи сухани хакро боз тахлил мекунем, агар мо вокеан ватандусту ватанпарвар бошем, пас биёед ,,, якдигарро камтар кобем. УБАЙДУЛЛОЕВ хакикатро гуфтааст. АХСАН!!!

карим
ман хайрон мешавам магар як зан ки дар хукумат кор намекунад ва ба хукумат коре надорад либосаш ба хукумат чи иртибот дорад е ки касе ки риш дорад кори хукумат чи ки ман риш дорам е ки надорам ришдор макулат нест катиш гап наза у хам ай ту безорай чи кор дорен ба либос пуши мардум ин кадар проблема мондагия чаноби раиси шахр ба коррои нодаркор вактша сарф кардестай

Либоси миллӣ аз чи иборат аст? Ҳамон кофтаю юбкаҳои тангу турше, ки духтарони маркази Душанбешаҳр мепушанд, ҳамон аст? Баъзеҳо чунон либоси ҳариру танг ба тан мепӯшанд, ки тамоми аъзои баданашон мисли оина намоён аст. Бархе духтарони мусалмон аз худ рус тарошида, мӯйҳояшонро сурху зард карда, гирди нофашонро як ваҷаб луч монда, гашту гард мекунанд. Ҳамин аст либоси миллӣ? Магар хуб нест, ки зану духтарҳои мусалмон синаву гарданашро пинҳон карда гардад. Зан бояд боиффату шармгин бошад, наинки сарлучу синалучу шақшақии шаддод.

Ба Карим,
Бале мо хама аз ин курчакришхои безорем ва гап хам намезанем. Аммо онхо бо ришхои ношустаи худ вазъи сантитариро ифлос мекунанд, шапушку кайкро зиед мекунанд Ана гап дар чист!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)