Бахшҳо
09 июл 2015 09:19Тоҷикистон / Тема дня

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон шоми 8-уми июл, бо пахши як гузориш тариқи шабакаи аввали телевизиони кишвар қазияи Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвонро баррасӣ карданд, ки барои қасос аз шавҳар бо се кӯдакаш худро дар шаҳри Душанбе ба канали “Ҳисор” партофтааст.

Ба гуфтаи мақомот ин қазия дар пайи муноқишаи оилавию зуҳури рашк сар задааст, вале ҷузъиёти бештарро ифшо накардаанд.

Манбаи “Озодагон”, ки дар бозпурсии Парвина Абдуллоева иштирок доштааст, изҳор дошт, Парвина пушаймоние баён накард ва танҳо ҳаминро гуфт, ки "бояд худам ҳам мемурдам”.

Абдуллоева сабаби қасди ҷони худу ғарқ кардани се кӯдакашро чунин шарҳ додааст: “Шавҳарам бо духтари аммааш соз гирифтаанд ва вақте ба ман аз ин кораш хабар дод бисёр қаҳрам омад. Ман қасд гирифтан мехостам. Нахостам, ки фарзандонам ба дигар кас монанд, бояд худи ман мемурдам. Акнун шавҳарам месузад”.

Манбаи “Озодагон” афзуд, Парвина қабл аз он ки худу фарзандонашро ба дарё андозад, дар Кӯли ҷавонони Душанбе бо фарзандонаш аксбардорӣ кардааст: “Дар пушти аксҳо номи фарзандон ва боз чизи дигаре навишта онҳоро ба як корманди ошхона дар Кӯли ҷавонон медиҳаду худашро аз болои пул дар маҳаллаи Ҳаёти Нав ба канали Ҳисор мепартояд”.

Ба иттилои манбаъ, аз наздикии ҷои ҳодиса телефони Парвина ёфт шудааст, ки бори охир ба он аз хонаи волидонаш занг задаанд: “Телефони ӯ аз макони ҳодиса ёфт шуд ва маълум гардид, ки аз хонаашон ба ӯ занг задаанд. Парвина гуфт, аз хона ӯро даъват кардаанд, ки ҳар куҷое бошӣ ба хона биё, ки модарат аз набудани ту дар ташвиш шуда, фишори хунаш баланд гардидааст. Аммо ин даъват пеши роҳи Парвинаро нагирифтааст”.

Манбаи “Озодагон” илова кард, ки феълан додситони ноҳияи Сино алайҳи Парвина Абдуллоева бо моддаи 104 қисми 2, (барои куштори 2 ва зиёда нафар, бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст) парвандаи ҷиноӣ боз карда, худи Парвина бо қарори додгоҳи ин ноҳия дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ин иттиҳом ҷазо дар намудаи аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси якумраро пешбинӣ кардааст.

Қаблан аз Кумитаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ додаанд, Парвина Абдуллоева тақрибан соати 21:18 дақиқа худро бо се фарзанди ноболиғаш - Зиёвиддин Бобоев соли таваллудаш 2008, Маҳина Бобоева соли таваллудаш 2009 ва Омина Бобоева соли таваллудаш 2010 ба канали Ҳисор андохтааст, ки дар натиҷа худи ӯ наҷот ёфта, се фарзандаш ба ҳалокат расидаанд.


(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...
Мӯҳр
Шараф
Мо аз салафихои одамкуш ва аъзоёни ИГИЛ гап мезанем, ки бо чи дахшат мардумро мекушанд. Ин зани бадабахт аз онхо хам бадтар будааст. Хукми катл бояд чори ва ин зани беномуси бехаё паронида шавад.

Дар урфият гуфтаанд забони дузду гар дароз аст. Касофати факат ба сари шахси бегунох мезанад. Падару модари бемаърифат ба чавобгари кашида шавад


Адолат
Ин ба хама занхо дарси ибрат аст то ин ки ин хел накунанд. Аммо дар баробари ин зан шахсе ки уро ба худкуши ва марги фарзандонаш оварда аст бояд чазо бинад .Ин зан чазояшро дид.Берун аз махбас хам чазояш адо намешавд то охири умр сухта меравад. Фарзад, марги фарзанд барои модар бори гарон аст. Ба у дил сузед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)