Бахшҳо

Эътирози Донишкадаи исломӣ ба “Висоли ҳақ”: Чаро дар бораи Роғун намегӯед?

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо нашри як изҳорот барномаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” ва ҳарфҳои барандаи он - Муҳаммад Ансориро, ки дар он ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз фоҳишаҳо муттаҳам мешуд, таҳқир ба миллат ва бонувони тоҷик дониста, хостори узрхоҳии масъулини ин телевизион шудааст.

Дар изҳороти донишкада, ки ба дасти “Озодагон” расид, аз ҷумла омадааст, “нисбати як миллат сухани нораво гуфтан ва паст задани як миллат аз тарафи ровӣ борҳо мушоҳида шуд, ки аз одобу ахлоқи динӣ дур мебошад. Ин туҳмат ва таҳқири як миллат ба ҳисоб меравад ва бояд ровӣ ҳатман узрхоҳӣ кунад”.

Масъулини ягона таълимгоҳи исломии Тоҷикистон гуфтаанд, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле ҳукумат ва давлати кишварро ба поймол кардани ҳуқуқи занони рӯсарипӯши тоҷик муттаҳам кард, ки ба гуфтаи онҳо гӯиё дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон занону духтарони зиёде ба таҳсил ва кору фаъолият машғуланд ва “аз ҷониби онҳо ҳатто як шикояте ҳам нисбати беэҳтиромӣ ба занону духтарони дорои пӯшиши динӣ пешниҳод нагардидааст”.

Дар изҳороти донишкада, таъкид мешавад, яке аз масоили дигаре, ки Муҳаммад Ансорӣ барои он ҳукумат ва мансабдорони тоҷикро зери тозиёнаи танқид қарор додааст, муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, дар ҳоле ки бо ин мушкил на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки худи кишварҳои арабию Осиёи Шарқӣ (Тайланд, Индонезия, Малайзия ва ғайраҳо) низ рӯбарӯ ҳастанд: “Мушкили дигари ровии ин барнома ин аст, ки аз шароити иҷтимоии кишвари мо ва тағйироти назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ баъд аз истиқлолият огоҳӣ надорад ва ба рағми ин ҳама пешрафтҳо аз мушкилоте сухан мегӯяд, ки барои ҳамаи ҷомеаҳо ва давлатҳо вуҷуд дорад. Мушкили бекорӣ, мушкили муҳоҷират ва мушкили касри буҷет дар кишварҳои пешрафтаи дунё ва ҳатто кишварҳои абарқудрат ҳам мушоҳида мешавад ва баъзе кишварҳо дар Аврупо бо буҳронҳои сангину камаршикане рӯ ба рӯ шудаанд ва дар зери бори қарзҳои хориҷӣ наздик аст, ки кишварашон аз байн биравад. Пас, ин масъалаҳоро ҳамчун мушкили асосии як давлат нишон додан одилона ва аз рӯи инсоф нест”.

Муаллифони изҳорот мегӯянд, Муҳаммад Ансорӣ ва масъулини “Висоли ҳақ” даҳҳо мушкилим аслии мардуми тоҷикро нодида гирифта, такя ба суханҳои беасоси доираҳои манфиатхоҳ барнома таҳия менамоянд: “Ҳаргиз шабакаҳои хориҷӣ дар бораи мушкилоти асосии кишвари мо, ки аз ҳама бештар моро нигарон мекунад ва ҳаққи мардуми моро поймол мекунанд, сухане ба миён намеоваранд. Чаро дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва мушкилоти маснуие, ки дар пеши роҳи он мегузоранд, касе сухан намегӯяд? Чаро дар мавриди монеъ шудани кишварҳои ҳамсоя аз ворид шудани маводи зарурӣ ба кишвари мо сухан ба миён намеояд?”

Изҳороти Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан раҳбарияти Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ дар робита ба барномаи “Висоли ҳақ” изҳорот пахш карда, онро туҳмат ва “шаттоҳӣ” хонданд.
Мӯҳр
Freedom
“нисбати як миллат сухани нораво гуфтан ва паст задани як миллат аз тарафи ровӣ борҳо мушоҳида шуд, ки аз одобу ахлоқи динӣ дур мебошад. Ин туҳмат ва таҳқири як миллат ба ҳисоб меравад ва бояд ровӣ ҳатман узрхоҳӣ кунад”.
Ансори оиди миллати точик чизе нагуфт, балки у мардуми Точикистонро таърифу тавсиф кард. Хамма мурочиати у ба як шахс буд. Ансори хак аст!

тв висоли хак гапой хака гуф АХСАН. Хамуво камтар ёдовари накнан и хкмати тч чи коро мекна.

Точикбачча
1. "паст задани як миллат аз тарафи ровӣ борҳо мушоҳида шуд" рови хукуматро танкид кардааст на ин ки миллат, яъне мансабдоронро, калимаи давлат хамаро дар бар мегирад ва хукумат бошад факат мансабдорони шикамдамро.
2."Чаро дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва мушкилоти маснуие, ки дар пеши роҳи он мегузоранд, касе сухан намегӯяд" - ин барномаи дини аст на иктисоди ва барои хамин ба доир ба масъалахои дини сухан мекунад, Агар иктисодиетро хохед РБК-ро тамошо кунед

Цитата: Точик
Точик


Барои мусалмон араб гумрох немешавад, чунки агар арабро гумрох гуем, он гоз (астагфируллох) пайгомбарро гумрох мегуем.
Хай чура мусалмон набоши барои худат, вале барои чи гурухи калони точикони мусалмонро тахкир мекуни?

риш
Холо хам нафахмидед? О ин риш барои Рогун махсулоти даркори,нафахмидед
Сарбанди рогун пашмию хокист!

Точикбачча,
Ватан вайрона аз ёр аст, ё агьёр ё харду
Мусибат аз мусулмонхост, ё куфор ё харду
Шахсе ки дар бораи камбудихои давлату дини Точикистон мегуяд. бояд аз кучо пайдо шудану онро донад, агар мард бошаду, гуфтахояш рост бошаду на барои барангезидани халки точик бошад, дар бораи Рогун, дар бораи аз сархад гузаштани халки точик, чи хел точирони точик дар сархад бо моли худ дар азобанд, бояд нотарсида бигуяд, хайр агар спецзаказ зиди Точикистон набошад, программаи Ансори дар бораи дину мусулмонон бошад, пас хамаи проблемахо ки халки точик дорад, пас проблемаи дину мусулмонони точик хаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)