Бахшҳо

Посухи Раҷабиён: Бозор Собир ҳам аз резахорони хони эронист

Дориюши Раҷабиён, муассиси гуруҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук ба бахше аз матлаби “Падарони миллат”-и Бозор Собир, ки ба мавзӯи хатту забон марбут мешавад ва ҳафтаномаи "СССР" дар шумораи ахири худ онро нашр кард, посух додааст. Оқои Раҷабиён навиштааст, барои як фарди огоҳ ба масъалаи забон радди навиштаҳои устод Бозор Собир ба осонӣ муяссар мешавад, чун, мутаассифона, дар ин замина устод Бозор Собир пиёда аст ва набояд аз чизе, ки намедонад, ҳарфу ҳадисе ба миён оварад.

Матни комили посухи Дориюши Раҷабиён дар гуруҳи "Забони порсӣ":

"Аз ҳамон “бисмиллоҳ”-и мақолааш оғоз мекунем, ки устод алифбои порсӣ ва истилоҳоти забоншинохтиро бахубӣ балад нест ва тафовути “садо”-ро бо “ъаломат” намедонад ва огоҳ нест, ки садои “ҳ” дар забони порсӣ ду гуна аст, на 3 гуна ва намедонад, ки ҳарфи алиф ҳаргиз садои “ӯ”-ро намедиҳад, магар ин ки як “вов” ҳам канораш қарор бигирад. Касе, ки бад-ин андоза аз алифбои порсӣ ноогоҳ аст, чигуна метавонад ба худ ичоза диҳад, ки дар бораи он изҳори назар кунад ва мардуми бисёри дигареро чун худаш гирифтори гумроҳӣ кунад? Мусалламан, бо он донише, ки эшон ба намоиш гузоштааст, хат “хичои” мешавад, дабираи порсӣ “ҳамчун кроссворд гиҷу гарангкунанда” мешавад ва тасаввураш бар ин мешавад, ки ин дабираро “ҳеҷ домуллое беғалат хондаю навишта наметавонад”. Ба қавли маъруф, “кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад”. Касе, ки ба эътирофи устод Бозор, наметавонад ин дабираро беғалат бихонад, худи устод Бозор аст, чун огоҳии кофие аз он надорад. “Худи эрониҳо аз ин хат безоранд” як сухани ғалати бузург аст. Тамоми тамаддуни Эрони имрӯзӣ бар пояи ҳамон дабираи порсӣ устувор аст ва устод Бозор ҳам аз резахорони хони ҳамин Эрони имрӯзист ва бисёре аз ашъори ӯ дар тақлид аз чакомаҳои Нодири Нодирпур, Симини Беҳбаҳонӣ, Сиёвуши Касройи ва суханварони бузурги дигар аз Эрон навишта шудаанд.

Устод Бозор дар бораи имлои ду вожаи “мор” ба хатти порсӣ дар як шеъри устодаш Нодири Нодирпур мегӯяд: "2 "мор" айнан 1 хел, чунки хати форсӣ ҳарфи калон надорад, яксон навишта мешавад”. Устод Бозор таваччуҳ накардааст, ки “мор”-и дувум дар мисроъи “Вале ба забони “мор” намеояд” дар гйуме (нохунак) омадааст ва дар имлои порсӣ гйуме (нохунак) нишондиҳандаи исми хос аст ва ниёзе ба “ҳарфи хурду калон” нест. Ин эрод ҳам ҳокй аз ноогоҳии устод Бозор аз хатти порсӣ ва ъодати ӯ ба хатти русӣ аст.

Дар идомаи ин истидлол Бозор Собир шигифтзада шудааст, ки чиро дар забони порсӣ вожаи “мор” ва номи хонаводагии окодемисян Мор (Marr) ба як шакл навишта мешавад. Ва ин мавзўъро марбут ба нотавонии Нодирпур дар навиштани номи донишманди забоншинос донистааст. Мегӯяд: “Агар мар менавишт, мур мешуд”. Дар ҳоле ки дар забони порсӣ вожаи “мар” ҳам вучуд дорад, масалан, дар таркиби “Сипос мар Худойро” ва ҳеч ъақли салиме онро “Сипос мур Худойро” намехонад.

Мушкил инчост, ки устод Бозор аз як ҳақиқати содаи забоншинохтӣ огоҳ нест: садои “о” дар имлои порсӣ муъодили “а” дар хатти лотин аст. Ба хотири ҳамин аст, ки вожаи порсии “бозор” ба русӣ “базар” ва ба инглисй bazaar навишта мешавад. Marr дар забони порсӣ бино ба далоили забоншинохтӣ ва овошинохтӣ ба шакли “Мор” имло мешавад, на ба далели ин ки Нодирпур натавонистааст онро бинависад. Дар ин миён Бозор Собир аст, ки сардаргум монда, на Нодирпур. Нодирпур бар мабнои қоъидаҳои забони худаш онро “Мор” ҳиччӣ мекунад. Аммо Бозор Собир имлояшро дудастӣ тақдими забони русӣ кардааст ва дар миёни ду хатти русӣ ва пириллик саргича гирифтааст. Шакли дурусти имлои номи “Николай Марр” ба забону имлои порсӣ “Никулой Мор” аст. Ба ҳамон шева, ки “бозор” ба имлои русӣ “базар” мешавад.

Ба ҳамин шева, Canada ба забони порсӣ “Конодо” навишта ва хонда мешавад ва "Россия" - "Русия". Ҳамон гуна ки “Суғд”-и мо ба русй "Согд" ва ба лотин Soghd имло мешавад. Ҳамон гуна ки “Эрон” ба русӣ “Иран” ва ба лотин Iran навишта мешавад ва “Точикистон” ба русӣ “Таджикистан” асту ба инглисӣ Tajikistan... Чиро ин тоифа аз мо, эрониён, мепурсанд, ки ба чи далеле Canada-ро “Конодо” менависем, аммо аз русҳо ва фарангиҳо намепурсанд, ки чиро “Точикистон”-ро Tajikistan ҳиччӣ мекунанд? Чиро ъодат кардаанд ҳамвора порсиро зери суол бибаранд ва ба худашон чуръат намедиҳанд забоне чун русиро синчин кунанд? Чун як тарси торихй мачолашон намедиҳад; чун аз худкеҳтарбинӣ ("комплекс неполноценности") дар азобанд; чун ъодат кардаанд ба задану нобуд кардани худиҳову парвардани бегонаҳо. Ва чун дар бораи забони худ огоҳии кофӣ надоранд. Шӯрбахтона, устод Бозор Собир ҳам аз ҳамон тоифа аз об даромад.

Бозор Собир мегӯяд: “Ва ҳамин, ки эрониҳо Канадаро-Конодо, Россияро-Русия, банкро-бонк… менависанд, аз ноилоҷист. Агар Канада нависанд, кунда мешавад, банк нависанд – бунк, бинк мешавад. Россия нависанд тамоман хонда намешавад.”

Бо чунин мантиқе мешавад истидлол кард, ки чиро дар Точикистон ба додгоҳ “суд” мегўянд. Охир вожаи “суд” дар забони мо ба маънои фоидаву баҳра вучуд дорад-ки! Пас чиро онро табдил ба “сод” ё “сид” ё чизе дигар накарданд? Мешавад пурсид, ки чиро ба порсй “Чумҳурии Ингуш” мегўянду менависанд? Охир “Ингуш” ба маънои ин гўшу он гўш ҳам ба кор меравад-ки!.. Ва даҳҳо истидлоли дигар, ки аслан ба ҳақиқатҳои забоншитохтй қаробате надорад ва гўяндаи он бо мақулаи вожаҳои ҳамово ошно нест. Агар номи кишвари Конодо “кунда” мебуд, мусалламан, ба хатти порсй ҳам “кунда” навишта мешуд ва як вожаи ҳамовои дигар падид меомад. Аммо масъала инчост, ки номи он кишвар, бино ба қавоъиди забони порсй, “Конодо” аст, на “кунда” ва на “канада”. “Бонк” ҳам тобеъи қавоъиди овошинохтии забони порсй аст ва боз ҳам ба мавзўъи “о”-и порсй будани “а”-и лотин бармегардад. Ба забони ъарабй “бонк”-ро ба шакли بنک “банк” менависанду мехонанд ва як чунин мушкиле, ки устод мегўяд, барояшон падид наомадааст. Аммо бино ба қавоъиди овошинохтии забони порсй ин вожа ба порсй “бонк” навишта ва талаффуз мешавад. “А”-и лотин ҳамон “о”-и порсй аст. Ба ҳамон шева ки “чойхона”-и порсй ба русй “чайхана” хиччй мешавад.

Бозор Собир мегўяд: “дар гӯишу навиштори мо ҳар ҷо, ки алиф ва "ӣ" бо ҳам оянд, эронӣ ҳатман - "ӣ" мегӯяд, вале тоҷик – "э". Бар ин асос, эронӣ – Ирон, Илак, Ираҷ… ва тоҷик-Эрон, элак, Эраҷ… мегӯяд.”

Ин сухани устод ҳам ношй аз ноогоҳии забоншинохтии ўст. Дар гўишҳои Точикистон ҳам вожаи “ин”, ки бо “алиф” ва “и” این навишта мешавад, “ин” талаффуз мешавад, на “эн”. “Имон” ҳам аз чумлаи чунин калимот аст. Он чи устод мегўяд, марбут ба гўишҳост, ки ҳатто дар Точикистони кўчак якдаст нест. Дар бархе аз маҳалҳои Точикистон ба “бинй” мегўянд “бенй” ва ба “бин” мегўянд “бен”. Пас ҳеч хатту марзе мушаххас миёни ин гўишҳо наметавон кашид.

Бозор Собир мегўяд: “Маъмулан калимаҳои арабии мо дар шакли масдар қарор доранд, мо онҳоро тасриф намекунем. Аз ин ҷиҳат, маҷлис медонем, вале ҷаласа, иҷлосия, маҷолис, ҷулус ва ғайраро намедонем. Аммо эронӣ ҳамаи инҳоро медонад. Бо вуҷуди ин, мо мӯҳтоҷи ин арабиҳои эронӣ нестем.”

Оё ин мояи ифтихор аст, ки мо фақат “мачлис”-ро медонем ва “чаласа”-ву “ичлосия”-ву “мачолис”-у “чулус”-у ғайраро намедонем? Устод Бозор банохудогоҳ эътироф кардааст, ки порсии Эрон ғанитар аст ва барои мафҳумҳои бештаре вожагоне чудогона дорад. Вагарна дучори сарнавишти забони Точикистон мешуд, ки ъибороте аз ин қабил дорад: “мачлиси Мачлиси Намояндагони Мачлиси Олй”... Аз бас барои ҳамаи он мафҳумҳои гуногун як вожа бештар надорад: “мачлис”. Ин нишони фақру гирифторй ва нокоромад будани як забон аст. Нафрату хусумат ба вомвожаҳо ъумдатан дар нафрати нажодй реша дорад ва бо ъилму дониш миёнае надорад. Устод Бозор гирифтори нафрати нажодй шудааст ва пайравй аз суханони ў дар ин замина ба фақру фоқаи вожагонй меанчомад.

Бозор Собир мегўяд: “Дар мавриди истилоҳот ҳам аҳвол ҳамин аст. Эронӣ мешавем гуфта, паспортро-шиноснома, визаро-раводид, аэропортро-фурудгоҳ кардем. Ҳол он, ки инҳо тарҷумаҳои таҳтулафзӣ ва нисбии ҳамон истилоҳотанд. Паспорт, яъне ба порт гузар, аэропорт, яъне, порти ҳавоӣ, ҷое, ки ҳам фуруд меоӣ ва ҳам парвоз мекунӣ. Хуллас, эрониҳо ҳеҷ истилоҳи солиме насохтаанд.”

Иттифоқан, ҳеч як аз намунаҳое, ки устод Бозор овардааст, “тарчумаи таҳтуллафзй ва нисбй”-и он истилоҳот нестанд. “Шиноснома” кўчактарин иртиботи вожагонй бо “паспорт” надорад, балки муъодили порсии ноби он вожа аст. “Раводид” ҳам аз дили забони порсй бармеояд ва тарчумаи таҳтуллафзии “виза” нест. “Фурудгоҳ” ҳам ҳамин тавр. Дуруст бар хилофи тамоми тарчумаҳое, ки дар Точикистони шўравй сурат гирифта ва бидуни истисно гартабардорй (“калька”) аз забони русист ва бо рўҳи забони порсй ҳеч ҳамхоние надорад. Агар устод бо мантиқи истилоҳсозй дар забонҳо ошно нест ва фурудгоҳро танҳо маҳалли фуруд омадан тасаввур мекунад, бояд савори “лифт”, ки шуд, фақат боло бираваду поин наояд. Чун “лифт” ба забони инглисй ба маънои “бардоштан”-у “боло бурдан” аст. Агар “эрониҳо ҳеч истилоҳи солиме” намесохтанд, устод ва мардуми кишвараш имрўза аз истилоҳоте чун донишгоҳ, донишкада, парваришгоҳ, артиш, истгоҳ, пажўҳиш, пажўҳишгоҳ, зоишгоҳ ва вожагону мафҳумҳои бисёри дигаре маҳрум мемонданд.

Устод Бозор дар идомаи навиштаи худ бо ручўъ ба фочеъаи Фархунда, ки дар Кобул иттифоқ уфтод, мегўяд: “Онҳо дар ивази амри маъруфи дурӯғини кадом эмоми масҷид ҳама чизи муқаддаси форсиву эрониро помолу харобу нобуд мекарданд.”

Шўрбахтона, он чи Бозор Собир бо такя ба пиндорҳои козиби худ дар ин матлаб овардааст ҳам, ъайни ҳамон кори шарурона аст ва худи ў ҳам дар ин навишта ъалайҳи форсиву эронй турктозии тамомъайёр ба роҳ андохтааст.

Сипас устод бо мутлақгароии ғарибе ҳукм мекунад: “Сирилик беҳтарин расмулхатт аст!” Ва мегўяд: “Сарфи назар аз ин ниёгону хати ниёгон алон забони мо аз тамоми ҳамҷинсонаш дақиқтару зиндатару мудернтар аст.”

Чолиб аст, ки дар ин чумла устод аз вожаи “мудерн” баҳра гирифта ва банохудогоҳ хилофи он “асл”-е, ки дар оғози матлаб оварда буд, рафтор карда ва “о”-и лотинро баробари “у”-и порсй донистааст.

Ва аммо,

Дабираи пириллик яке аз номуносибтарин алифбоҳои мавчуд барои хатти порсй аст. Ҳеч дабираи дигаре бад-ин андоза баёну талаффузи порсиро хароб накардааст, ки пириллик кард. Ин мусибат то ба чое доман паҳн кардааст, ки дирўз яке аз ҳамвандони гурўҳи “Забони порсй” мегуфт, “дом”-и русй ба маънои “хона”-ро ҳамсони “дом”-и порсй ба маънои “қапқон” талаффуз мекунад. Дар ҳоле ки тафовут миёни талаффузи ин ду “дом” аз замин то бом аст. “О”-и русй ҳамон “о”- порсй нест ва “а”-и русй ҳамон “а”-и порсй нест. Дар ин бора фаровон гуфтаему сари фурсат боз ҳам хоҳем гуфт. Хатти пириллик тафовуте миёни “и”-и дароз дар аввалу васати вожа ва “и”-и кўтоҳ дар аввалу васати вожа қоил нест. Дар натича шумори бисёре аз шеърҳои Бозор Собир ҳам лукнати вазнй доранд ё қофияашон мелангад. Ва на танҳо Бозор Собир, балки тақрибан ҳамаи шоъирони ҳамнасли ў ин мушкилро доштаанд. Хатти пириллик шеъри Бозор Собирро хонагй кард ва нагзошт, ки чаҳонро дарнавардад. Нагзошт, ки Бозор ҳам Нодирпуре дигар шавад. Аслан шеъри ўро наметавон дар канори ашъори чомасароёни Эрону Афғонистон гузошт ва далели аслиаш ҳамон садди пириллик аст, ки ҳам ба баёнаш латма ворид кард ва ҳам нагзошт, ки табъи шоъиронаи фитриаш аз лаззати як забони табиъй саршору сархуш шавад ва муъчиза офаринад. Шоъирони чавоне дар Точикистон падид омадаанд, ки ба далели ошнои бо хатти порсй ва иншои ашъорашон ба хатти порсй корҳои бамаротиб дурахшонтаре анчом медиҳанд. Танҳо пас аз раҳойи аз доми хатти пириллик, ки қотили забони порсй аст.

Бозор Собир мегўяд: “Вожаҳои авастоӣ аз ҳама бештар дар забони русӣ боқӣ мондаанд, чунончӣ: чито-чистый; агня-агон; аня-аноҳита-анна; дароя-даря; Индра-Инна; сава-сава; митра-димитрий; эрика-эрика; нона-нона; андра-андоей; сапака-собака; дача-дача; ва ҳоказо.”

Шакке нест, ки миёни забонҳои русй ва порсй пайвандҳои фаровоне машҳуд аст, чун ҳар ду ҳамхонаводаанд, ба монанди порсй ва ҳамаи забонҳои ҳиндуурупоии дигар. Аммо устод ба мавзўъе пардохтааст, ки мутаассифона, дар маҳдудаи донистаҳои ў нест ва бештари намунаҳое, ки овардааст, ғалат аст. Барои намуна, мешавад ба “Дмитрий” ишора кард, ки русй нест, балки юнонист ва маънои дақиқи он “замин-модар” аст: De – замин, meter – модар. Ё “эрика”, ки ба ъунвони вожаи порсии ноб намуна овардааст, асолатан ъарабист, ба маънои тахти ҳичла ё хонаи ъарўс. Ва “Дарья» дар забони русй мустақиман баромада аз “доро”-и порсй аст ва вожаи русии ноб нест ва мавориди дигар, ки ҳеч кадом воқеъияти забоншинохтй ба шумор намеоянд, балки баромада аз зеҳни шоъиранд.

Устод Бозор мегўяд: “Илова бар ин, Тоҷикистон сирф русист, дар замини холӣ бунёд шудааст. Моро рус миллат ва дорои республика кардааст. Бар ин бино, забони русӣ барои мо ҳамоно забони модарист, дар ҳар мақоме, ки набошад дар мақоми забони давлатӣ қарордорад.”

Ҳамон гуна ки пештар таъкид шуд, сирфан ба мавориди марбут ба забон дар ин навишта таваччуҳ мекунем ва изҳороти сиёсии онро нодида мегирем. Боъиси басе таассуф аст, ки устод Бозор дар ъайни пушт кардан ба ҳамзабонони худ, ки забонашон бо забони мо на танҳо ҳамреша аст, балки якест, ниҳояти сарсупурдагии худро ба забоне эълом медорад, ки ҳатто аз гурўҳи забонҳои эронй нест. Бад-ин шева метавон ҳамаи забонҳои ҳиндуурупоиро, ки бо мо қаробати танготанг доранд, модарй донист. Аммо ин изҳори назар сирфан як баёни шоъиронаву эҳсосотист. Як точике, ки русй намедонад, ба мутарчим ниёз дорад, то онро дарёбад. Аммо як точике, ки хатти порсй ҳам балад нест, суханони мардуми Эрону Афғонистонро бемутарчим ҳам мефаҳмад. Ҳамин ҳақиқати сода басанда аст, ки бифаҳмем, Бозор Собир дар ин навишта то чи андоза бероҳа рафтааст.

Бозор Собир: “Зимнан, чанд аломати алифбои русиамонро беҳуда ихтисор кардаем, хусусан «ц»-ро, ки дар беғалат навиштани истилоҳоти русӣ ва байналхалқӣ бисёр зарур аст.”

Ин ҳам як намунаи боризи дигар аз сарсупурдагй ба забону кишваре бегона ва нафрат аз забону ҳамтаборони худ. Чизе фаротар аз ин намешавад афзуд. Вагарна забони порсй, ки бидуни ин садо то ба имрўз расидааст, акнун бештарин рушди интишори осори ъилмй дар чаҳонро дорад. Ва тарафдорони ин дидгоҳи Бозор Собир, ки зери боли Русия чо хуш кардаанд, натавонистаанд ҳатто паридан биомўзанд. Дар ҳасрати рус шудан рўзгорашонро ҳадар медиҳанд.

Бозор Собир: “Ин хати ниёгон, ки солҳо инҷониб мавриди ҳангомаи онҳо қарор гирифтааст, дар дебочаи ҳассосу барангезандаи барномаи мушаххаси панисломӣ ва сионистӣ аст. Ғараз, ҷумҳурии исломӣ сохтан аст.”

Барномаи “панисломй” ва ҳамзамон “сионистй” донистани гузор ба хатти худй (порсй) андешаи носолимест, ки сирфан аз тафаккури носолим метаровад. Ин пиндор, ки душманони дерина (исломгароёну саҳюнистҳо) даст ба дасти ҳам додаанд, то Точикистонро ба хатти худаш баргардонанд, аз ҳитаи тафаккуроти шоъирона ҳам берун аст. Дар чаҳони тахайюл ҳам намегунчад. Ва сирфан як андешаи носолим аст.

Воқеъият аз ин қарор аст: точиконе ҳастанд, ки медонанд, агар Точикистон ба хатти худаш (порсй) барнагардад, забони Рўдакй хоҳад мурд; точик хоҳад мурд. Ҳамарўза нишонаҳои барчастаи ин марги тадричиро мебинем. Яке аз он нишонаҳо ҳамин матлаби порсиситезона ва азхудбезоронаи як шоъири миллат аст. Лаккаи нангест на танҳо бар пешонии устод Бозор, ки бар баданаи тамоми ин ошуфтабозор, ки ҳар як замзамае дигар зери лаб дорад...

Чанд нуктаи дигар дар мавриди бепоя будани ин мақолаву иддиъоҳояш:

”Ӯ (Ризошоҳи Паҳлавй) буд, ки дар пешгоҳи оромгоҳи Куруши Кабир зонӯ зада гуфт: -Куруши бузург, хоби абадат хуш бод, ки мо бедорем!”

Ин суханонро ("Куруш! Осуда бихоб, ки мо бедорем!") Муҳаммадризошоҳ, фарзанди Ризошоҳ ва Паҳлавии Дувум ба забон оварда буд. Ва на зонузада, балки рост истода, дар маросими бузургдошти 2500-умин солгарди шоҳигарии Эрон дар Тахти Чамшед.

"Ӯ (Ризошоҳи Паҳлавй) буд, ки ба унвони вожаҳои форсӣ созмоне таъсис дод…"

На "созмони вожаҳои форсй", балки Фарҳангистони забону адаби форсй буд, ки Ризошоҳи Паҳлавй соли 1934 мелодй созмон дод. Ва ин ҳамон созмонест, ки истилоҳоти "шиноснома", "раводид" ва "фурудгоҳ"-ро сохтааст. Ҳамон истилоҳоте, ки Бозор Собир дар оғози мақолааш онҳоро "носолим" тавсиф карда буд. Ҳоло чиро аз он созмон тамчид мекунад?.. Худо донад.

“Агар панисломистон ҳайкали Фирдавсиро (дар Душанбе) хароб кардаанд, ӯ (Раҳмон) барпо намуд.”

Тандиси Фирдавсиро нерўҳои зиддикумунистй дар маркази шаҳри Душанбе ба чои тандиси Ленин барпо карда буданд ва устод Бозор ҳам ончо ҳузур дошт. “Панисломистон” набуданд, ки онро хароб карданд. Ҳукумати Раҳмон дар ҳамон бадви вурудаш ба Душанбе тандиси Фирдавсиро канду ба ҳошияи шаҳр ронд. То он замон Душанбе танҳо пойтахти минтақа буд, ки мучассамаи як чомасароро дар маркази пойтахташ насб карда буд, на як сиёсатмадорро. Аммо дигар чунин нест.

“Аз классикон касе нест, ки ба номи ӯ кӯчаву хиёбону мактаб набошад.”

Ҳамон “классикон”-е, ки Бозор Собир дар ин мақола то тавонистааст, ба онҳо баду бероҳ гуфтааст. Пас бояд мояи нохушнудии устод бошад, ки дар Точикистон ба “классикон” арч гузоштаанд.

“Бинои Китобхонаи миллии мо дар минтақа ягона аст.”

Аммо даруни он пур аз китобҳоест, ки мардум мачбур буданд аз хонаҳояшон бикашанду ба китобхона тақдим кунанд. Дар натича китобҳо ъумдатан аз чинси осори шўравист, ки на пештар ва на ҳоло хонандае надорад.

”Хулоса, мо ҷумҳурии мавҷудаю, хати мавҷудаю забони Айниамонро натанҳо ба хати ниёгон, балки ба 70 пуштамон қурбон намекунем.”

Агар устод Ъайнй ин суханони тавҳиномезро шунида буд, дарди 75 зарбаи шаллоқ бар тахтапушташ тоза мешуд. Садриддин Ъайнй, бар хилофи Бозор Собир, ба дабираи порсй вафодор буд ва ҳамаи осорашро ба хатти порсй навишт ва ҳаргиз ба дабираҳои потину пириллик тан дарнадод. Ва ҳатто пас аз омадани Артиши Сурх ҳам бебокона менавишт: “Мо, форсиён!” Пас Бозор Собир ҳаққи маънавии паноҳ бурдан зери сояи Садриддин Ъайниро надорад.

“Бигзор, Эрону Афғонистон хаташонро ба хати мо бадал кунанд.”

Ин хобро мешавад танҳо ба об гуфт. Бо ин тақозоҳои музҳик мешавад ҳатто аз тамоми чаҳон хост, ки ба хатти пириллик бигзаранд. Чаро ки на?

“1 муддат шодихори онҳо шуда хеле масҷидсозию мазорсозӣ кардем, бас аст.”

Ин мавзўъ ҳеч рабте ба ҳувияти миллат надорад. Даромехтани масоили сиёсй бо ҳувият саранчомаш ҳамин мақолаи бесарутаҳест, ки устод Бозор навиштааст. Ойинаи тамомнамои ин ошуфтабозор шуд устод Бозор.
Мӯҳр
Точик
Дориюш бар хилофи Бозор аз ун донишмандонест ки хамеша мисли Лоику Афзалшохи Шоди гами мардуми точики кишвархои ахмсоя хусусан Самарканду Бухороро мехурад хамеша аз онхо бо калами гирову бурроаш дифоъ мекунад чо дорад аз ин бародари шарифу бузургвор ташаккур кунам, хаста набошед бародар!

Ихиёр
Ахсан, Дориюш,ахсан, факат бехуда уро устод гуфтед, у сазовори ин эхтиром нест.

Насибҷон
Сипоси фаровон, Дориюши гиромӣ, барои чунин посухи боодобона ва дандоншикан ба устод Бозор Собир.Ин навишта баёнгари он аст, ки Дориюши Раҷабиён дар забоншиносӣ аз академикҳои имрӯзии мо ҳам як сару гардан болост. Зиҳӣ, Дориюш, фарзанди доно, огоҳ ва бедори миллат! Ба устод Бозор ҳам ман бад намегӯям. Зеро эшонро чун шахсе, ки дар сухангӯӣ(на шеъргӯӣ) басо заиф, ҳанӯз замони шӯравӣ, ҳангоми намояндаи мардум буданашон мешинохтам. Ҳамеша як гуфтаи устод бо гуфтаи дигарашон зид буд ва эшон дар шеър миллӣ буданду дар гуфтори одӣ маҳаллӣ. Аз ин нигоҳ мо бисёр мехостем, ки устод танҳо шеър бигӯянду дар дигар масъалаҳо ибрози назар накунанд. Зеро устод дар шумори он касоне ҳастанд, ки нахуст сухан мегӯянду пас андеша мекунанд...Ва борҳо шудааст, ки устод пас аз баёни андеша дубораву чандбора он гуфтаи хешро ба гунаҳои дигар шарҳу тафсир кардаанд...Чандин навиштаву сухангӯиҳои устод Бозор дар солҳои охир собит кард, ки ҳамон хулосаи мо дар бораи эшон дуруст аст. Дар бораи ин навиштаи устод ман танҳо бас афсӯс мехурам ва ҳатто хорӣ ва гиряам меояд, ки наход ин шоири як замон миллии мо ба ин дараҷаи пастӣ ва бегонапарастӣ поин рафта бошад. Бузургон дунё дида, диду донишашон боло рафта ва асарҳои мондагоре ҳам офарида буданд. Мавлоно Маснавии маънавӣ офариданду Шайх Саъдӣ "Гулистон" бунёд карданд. Вале устод ба он тарафи дунё рафта бошанд ҳам, чизе ба худ наафзуданд, балки як каnме доштаашонро ҳам аз даст додаанд... Хулоса, ба устод Бозор бо сад дареғу афсӯс гуфтаниам, ки "Гар шоири тоҷикон ту бошӣ, Эй вой, ба ҳоли Тоҷикистон!"

Саидчон аз Ёкутистон,
Шоди,
Ин кори Рачабиен баробари "гунчишк очаша чив-чив ед медихад" мебошад Буза чиву.... шохаш чи.....

Забоншинос
Бозор Собирро дар чояш шинондед, фикр мекунад, ки 2-3 бор дар пеши Президент буд, дигар чи гапе гуяд раво бошад, мардум вобаста ба тахкир намудани ислом уро бад мебинанд

Дониш
Дориюш бисер кушиш кардааст ки исбот кунад вале харзагуйии зиеду пуч! Дигар навиштахои Дориюшро чизи дигаре наметавон бахо дод

Наршахи
Илм хамин аст. ин чо мо ду намунаи хеле боризу рушанро мебинем ки хар ду дар ду сангари мунозара карор гирифтаанд. Яке Бозор Собир шоири махалли ( на точик) дигаре донишманди чавону хирадманд Дориюши Рачабиён. Бо таваччух ба андешахои шоири махалли Б С у он чиро мешунавад бидуни онки тахкике бикунад мелофаду менависад, аммо Д Р хеле заки, дурандеш ва чусторгар аст ва то он чиро ки нахонад ва мутакоид нашавад дастёзи намекунад ва бо бурҳони қотеъ ва мустадлал меандешаду менависад. Батхакик Бозор як муллоеро мемонад ки факат харф мезанад бе онки далеле дошта бошад ва хамача хамеша мавриди тамасхури ахли хирад ва дониш карор мегирад.

Салом!
Бо сипос аз бародари гиромӣ,Дориюши азиз! Бозор Собир ба назар бемор менамояд ,ва аз ин рӯ муддатест,ки ба ҳарфи ин таваҷҷӯҳ намекардам.Вале воқеъан ин ,ки ҳамеша ба фарҳангу дину ойини миллати мо тавҳин мекунад имрӯз бо истифода аз фақри маънавӣ дар кишвар ва поин рафтани сатҳи дониш бо ҳамон андакмоягӣ низ метавонад,тӯдаҳои ноогоҳро гӯл бизанад.
Ҳамин Бозор буд,ки чанде пеш "Руссия рӯят сияҳ" гуфта буд ва ҳоло дар ситоиши Руссия ҳозир аст,озодии миллати моро низ ба бод диҳад.Ҳамин Бозор Собир ки дирӯз Раҳмонуфро таҳқир мекард,ҳоло мисли худо парастиш мекунад.Шояд ,барои он ки аз баракати Раҳмон соҳиби ҷоҳу ҷалол шуд...Ҳамин Бозор Собир буд,ки ба беҳтарин фарзандони миллат тавҳину таҳқирро раво дид ,ҳамин Бозор Собир аст,ки террористи ҳаромзода Бен Ладенро "зинда бод" мегуфт,ҳамин Бозор Собир аст,ки аз заъфи саводи мардуми мо сӯиистифода карда як маҳалро ба маҳали дигар муқобил мегузошт,ҳамин Бозор Собир аст,ки бо пуррӯӣ ва нобакорӣ,худро шоъир ҷилва медиҳад ва ғайра...Вале ҳоло мебинем,ки ин ҳарзагӯ ба хату забони мо низ душманӣ дорад ва бо ҳамон мардуми бечораи моро гӯл мезанад,ки "”Хулоса, мо ҷумҳурии мавҷудаю, хати мавҷудаю забони Айниамонро натанҳо ба хати ниёгон, балки ба 70 пуштамон қурбон намекунем.”! Магар касе мехоҳад,меҳанашро аз даст бидиҳад ва ё забонашро?!Бозор Собир,ки иддаъои забондонӣ мекунад,мутаассифона ҳарчӣ менависад,ҷанбаҳои сиёсӣ ва иғвогарона дорад ва ҳеч нисбате ба забон ва илми забоншиносӣ ва мантиқи баён надорад! Ҳарчӣ дар ин навишта бародари гиромӣ,донишманди фозил, Дориюши азиз,(ки на танҳо забони модариамон порсӣ (тоҷикӣ)ро ба дараҷаи аъло фаро гирифта аст, балки чандин забони бегонаро низ омӯхта аст), оварда аст,комилан огоҳонаю олимона буда посухи мантиқӣ ба ҳарзаҳои Бозори дурӯғгӯй ва ҳарзагӯй аст. Даҳҳо тан аз рӯшанфикрони тоҷик чунин фикр мекунанд,вале баҳс кардан бо ин мудаъӣ ва нобакор,ки беҳтарин фарзонагони миллати моро борҳо таҳқир ва нафрин карда аст бо далоиле шоистаи худ намедонанд. Вақте устод Шакуриро таҳқир кард,хеле касонеро дидам,ки мегуфтанд,Бозор касе нест,ки аз ӯ гила кард..Ӯ як бемор аст,ва ҳарчӣ дар даҳсолаҳои охир гуфта асту суруда аст,зидду нақиз мебошад ... Ман пас аз хондани ин посухи дандоншикан ба натиҷае расидам,ки бояд посух дод,зеро аз хомӯшии мардум ӯ худро бисёр доно ва диловар мепиндорад,дар ҳоле,ки бо камоли таасуф ҳамон шоъирие,ки дар оғоз дошт,ҳамонро ҳам аз даст дода ба як шиъорпарто табдил шуда аст!

khoja Nasriddin
"Kal dodari kur" az rui tarzu tasrif, ham Rajabiyonu ham Sobir, az yakh khamirand. na ghami rushdi millat balki ba ta'nazani mashquland. az kitobi ilmi nazar kard, na gaphoi safsata guft. chi hurufi arabi, chi kirili moli mardumi tojik nest. mo boyad avval roho hurmati kheshro omukht pas ba guftor mashgul shud.

Шоди,
"Kal dodari kur" az rui tarzu tasrif, ham Rajabiyonu ham Sobir, az yakh khamirand. na ghami rushdi millat balki ba ta'nazani mashquland. az kitobi ilmi nazar kard, na gaphoi safsata guft. chi hurufi arabi, chi kirili moli mardumi tojik nest. mo boyad avval roho hurmati kheshro omukht pas ba guftor mashgul shud.

tajik
Ахсант бародар! Мо ба чунин чавонони богайрат ниёз дорем. Бо чунин маколаат хамаро тасхир карди!!!!!

Ахсан ба Дориюш!!!
т ба Бозор!!!
Чаноби Оли ини Бозорро бо чи максад ба Точикистон даъват кард?
Шояд барои тахкири миллати мо?
Бозор бо гуфтахояш хатто аз Рахмон шапкаи Лениниро боло донисту,аммо чанобу чанобпарастон хомушанд!

Abdulloh
Yak nuqta bas ast agar shuur ast,
Var -na chu charog peshi kur.
OFARIN BARODAR !!!
Zinda bod zaboni TOJIK

Мухтарам Дориюш,
Дар кулл посухи муносибе ба андешахои устод Бозор Собир нашуд. Боз садхо далелу дагдагаи дигаре хам меовардед, ахир 0. Дусти азиз, мехостам пурсам, ки Шумо мабодо гумоштаи хадамоти чосусии Эрон (ин кишвари хурофотзадаи форсизабон) набошед. Забондустдори хуб, аммо эхтиёт шарт. Ин насихат нею хамту маслихат. Чунин менамояд, ки бар подоши милионхои музд амал мекунед. Шояд "онхо" то хол чунин шеваи муносиб наёфтаанд.
Дабираи дустдоштаи Шумо харгиз форси нест. Арабист. Шояд дар мархилахои факри маънавии мардуми Форс пазируфта шудааст, ки комилан душворнавишту барои забони форси ва сохти навишти он душворфахм аст. Мо аз истифодаи накардани ин хат зарар надидем. Каблан гуфта будем, то чое, ки бародарони бурунмарзии форсизабон намудоранд, моро хати кирилию забони руси хеч кам накардааст. Магар вазъияте, ки мо метавонем озодона Канадаро Канада ва Рассияро Рассия гуфта нависем, муваффакият нею бадбахтист. Хати кирили ва забони руси ба мо точикон хизмати хуб кард, вагарна забони чисмонии мо карахт монда, мисли эронихо тавоноии хамгашти талаффузи садхо вожжаи тагйирнопазири байналхалкиро намедошт. Хату баён гилофи магзанд. Онхоро ба хадди магз сутудан хоччат нест. Забондони мухтарам, дар ин хирмани ибора якбора Бозорро бо Базар мукоиса кардани Шумо густохист. Айниеро, ки посдори дабираи форси хондед, у ташаббускори тагйири алифбо ба кирили буд. Чун надонистани забони руси, ба хати кирили балад набуд, набошад дигар насабашро ба форси (алифбо) наменавишт. Хуб хам кард, вагарна имруз миёни игвою дасисаи хазорхо матлаби тунду ифроти ва адабиёти акибмонда будем.
Модом, ки дар хар тори риши устод часпиди, нагуфти, ки андешахои у перомуни классикони занкуш ва динполис чи киммат доштанд. Одами аз сахву хато холи нест. Бозор шояд хато мекунад, аммо нияташ аз Шумо дида бехтар аст. У умре дар тугёни адабиёт сайр карда, магзи мантикро чашид. Хатохо карду аз онхо гузашт. Шумо баъди хафтод соли сайри илму фан, ки танхо аз гап иборат аст ва он замон, ки камтарин иштибохи худро барои рахоии дигарон икрор шудед, баъд киммати шахсияти Бозор Собирро хохед шинохт.
Бародар, ин навбат диккат дода бошед, хилофи шарт тавассути як дуруги бузург ба масоили сиёси пардохтед. Дар холе, ки намедонед ва агар бадбини азиятатон намедод, метавонистед, ки ин хакикатро нарасед. Яъне, кай мучассамаи Фирдавсиро хукумати Рахмон (аслан ин хукумати халк аст) ба чои дигаре кучонд.
Ман ин забонамро ба туфайли андешахои воло, софи бегубор ва холисонаю бегарази устод Бозор дусттар хохам дошт.
Хулоса, дустам озурда нашавед, мо илоче карда, бо ин хату забон менависему фикри худро ба дустон мефахмонем, аммо ба хизмати хирсонаи дигарон эхтиёч надорем.

Пайи таъмири ин девор, меъмор инчунин бояд.
Офарин Дориюши Рачабиён !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)