Бахшҳо

Мулло Абдураҳим Э.Раҳмонро “раҳмати Худо” ва ҲНИТ-ро ифротгаро хонд

Раҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, собиқ қумандони мухолифин, ки бо номи Мавлавӣ Абдураҳим маъруф аст, имрӯз, 2-юми апрел зимни баромадаш дар мавзӯи «Дини ислом ва ифротгароӣ» дар шаҳри Душанбе, пешниҳод кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баста шавад.

Мулло Абдураҳим, ки дар семинари ташкилкардаи Вазорати умури дохилӣ, дар мавзӯӣ ҳамкории мақомоту ҷавонон алайҳи мухолифин баромад мекард, ҲНИТ-ро дар бисёре бадбахтиҳои солҳои 90-уми асри 20-и Тоҷикистон муттаҳам карда, ҳамчун созмони ифротгаро хостори қатъи фаъолияти он шуд. Ӯ илова кард, ки мутаассифона гурӯҳҳои ғайриқонунӣ аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд: “Агар рӯзҳои мудҳиши соли 1992-ро ба ёд орем, маҳз аз нофаҳмӣ, бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ хуни мардуми бегуноҳ рехта шудаву бештари мардум беватан гаштанд”.

Раҳим Каримов ҳангоми суханронӣ аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вохӯрӣ бо марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд ёдовар шуда, гуфт: «Ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба кишвари Афғонистон сафар кард, Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт «Раҳмонов ҳоло вақти омадани Шумо набуд, чунки дар Афғонистон ҷанг рафта истодааст». Дар ҷавоб Сарвари Давлат чунин посух дод, ки «Ман намегузорам, то нафаре аз мардуми Тоҷикистон берун аз кишвар шаҳди ғарибӣ чашад, ҳатто агар лозим ояд ҷони худро нисор месозам!» Аҳмадшоҳи Масъуд аз ин ҷавоби Сарвари Давлат мутаассир гашта гуфт: «Ба давлати Шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед!».

Мавлавӣ Абдураҳим инчунин аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро интиқод намуда, гуфт, «он гурӯҳҳое, ки аз номи Ислом ҳарф зада, ба сӯи Ислом гуфта, ба ҷиҳод даъват мекунанд, ин даъват ба сӯи шайтон аст». Ҳамчунин, аз ояту ҳадисҳои «Қуръон»-и карим ҳарф зада, зикр кард, ки «Ислом – раҳм аст!».
Мӯҳр
Кулябец
Албатта раиси ЧУМХУР гурезахои соли 1991 -93 ро ба Ватан баргардонд ! Ин шоёни тахсин мебошад . Аммо имруз кариб 2 миллион точик гариб мебошанд. Fарибони дур аз Ватан . Набудани чои кор, шароити зиндаги! Садхо нафар хонавайрон мешаванд, садхо нафарро мекушанд, садхо занони чавон дар Руссия ба танфуруши машгуланд! Магар инро Шумо намедонед? Одамоне ки дар Руссия кушта мешаванд онхо хам мисли шумо хак доранд, ки дар Ватан кору фаъолият кунанд! Онхо хам орзуи тарбияи фарзанд ва мехри падару модарро доранд!
Миллат нисбат ба талаботи асри 21 хору залил гаштааст! Инро на раиси ЧУМХУР медонаду на УЛАМОХОИ дини!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)