Бахшҳо

Дастури Раҳимзода алайҳи либоспӯшии ғайримиллӣ ва ҳисоботи тобеин

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар пайи интиқоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз пайравии занони тоҷик ба фарҳанги бегона дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар ҷилавгирӣ кунанд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, имрӯз, 28-уми март сардорони раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ ба муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар мавриди корҳояшон барои ҷилавгирӣ аз либоспӯшии ғайримиллии занон ва тақлидашон ба фарҳанги бегона ҳисобот додаанд.

Манбаъ мегӯяд, зимни ин ҳамоиш Аламшозода Абдураҳмон Аламшо изҳор доштааст, ки «ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад".

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ зимни ҷаласа Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ супориш додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо пурзӯр карда шаванд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи равон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.

Дар идома раисиҷумҳур гуфтааст, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.
Мӯҳр
Ин кор кори хуб нест, на аз чихати ахлок ва на аз чихати маданият холо он ки дар бораи дин суханехам намегуем!

абду
матои атласи шумо 90 ё 100 сола тарих дорад аз вай пеш чи мепушидед минни юупка либосхои нимурёон сари луч оё инхо фарханги точикон нестку..

Хасбуналлох ва ниъмал вакил!

Мастура,
Ееее мардуми Худо бехабар зоги сиёх наген
Пагах пеши Аллохда чи чавоб метен
Аз пайдоиши дунё то имруза ва то киёмата
Душманони ислом бар зидди конунхои Аллох
Ва гуфтахои Аллох кор кардаистодан
Хамикадар фиравнои кудратманд ва лелину сталин

Худованд хамаро хидоят кунад! Азизон ин раванд мусибати миллист ва нишонаи огози интихост.

Саидшо
Миллати мо таърихи 90-сола надорад пас агар манзури Шумо аз "пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар ҷилавгирӣ кунанд" бошад мо 100% розӣ.
90-соли пеш занону модарони тоҷик чодару фаранҷӣ бар тан доштанд. Вақте, ки либоси миллӣ мегӯем ин либосҳои аврупоӣ, нимаурён ин гуна либозҳо оё бегона нестанд? оё ягон кас дар таърих ёд дорад, ки миллати тоҷик пеш аз инқилоби октябр либоси нимаурён ба мисли ҷинс, топик ва ғ. ё либоси аврупоӣ мепӯшид?

мухолиф
Ошпаз,
пешниходашон мини юбка хаст чаро мини юбка мумкин будааст дар мактаб хову кор хонахо либоси милли точики манъ асат

бухтарин пешниход харчи тез тар ин сияпушхоро аз шахр кам ардан даркор. либоси точики бар кардан даркор .миллати бой

Кулоби
Агар инҳо фарҳанги миллиашонро дуст медоштанд, аввал либосҳои худашонро миллӣ мекардан,аммо фақат зурашон ба занҳои бечора мерасад.

Мо либоспушиамонро таклид ба фарханги бегона накунем, чунки мо дорои фарханги миллии худамон хастем. Баъзе аз чавондухтарони мо ки тарики оинаи нилгун намоиш дода шуд, таклид ба либосхои афгони намуда зохиран дигар хастанду дар амал дигар. Ин кор ба духтари точик намезебад. Мо бояд худамонро бо либосхои милли худамон муаррифи намоем, фархангамона поянда нигох дорем.

Чаноби вазир ана хамун юбкаю футболкапушии занхои точика низ ай хотир набароред илтимос амушани манъ кардан даркор. Хамин юбкаю ним урёнаш хам аз точикхо нест, манъ кардан даркор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)