ВИДЕО: Ифшои номи ронандае, ки корманди БДА-ро кашола кард
Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе алайҳи ронандае, ки ба фармони нозири роҳ итоат накарда, ӯро дар болои қисмати пеши мошинаш то 100 метр кашола карда бурдааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
Мақомоти Тоҷикистон аз ин ронанда, ки дар хатсайри рақами 8 бо мошини “Опел-астра”-аш ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул будааст, Баҳриддини Наҷмиддин ном мебаранд, ки зодаи шаҳри Кӯлоб буда, феълан дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат дорад. Ба иттилои манбаъ айни ҳол ронанда дар боздошт ва воситаи нақлиёташ дар ҷаримагоҳ қарор дорад.
Ин қазия баъди он вирди забон шуд, ки 20-уми март навори кашола кардани нозири роҳ аз ҷониби ронанда, ки дар кӯчаи Айнӣ, дар назди маҷмааи фурӯши “Садбарг” сабт шудааст, дар интернет нашр гардид. Бисёре аз корбарон ин амали ронандаро маҳкум карда, қисме аз ӯ таъриф карда, изҳор доштаанд, ки нозирони роҳ бо фасодкорияшон ронандаҳоро азоб дода, маҷбур ба фирору саркашиҳо мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |