Вокуниши тунди Шабдолов: Президент, ҳар чӣ ҳоҳад кардан гирад...(ВИДЕО)
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шарҳи натиҷаи интихоботи парлумонии якуми март, гуфт, "ин интихобот нест, он як фарс, як таъинот аст, ки бо супориши зимомдорон анҷом ёфт".
Раиси коммунистҳо, ки ҳизбаш бо 2,3 дарсади овозҳо ба парлумон роҳ наёфт, натиҷаҳоро супоришӣ унвон карда, афзуд, дар мулоқотҳои пешазинтихоботияш аз намояндаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ шунид, ки тибқи супоришҳо коммунистҳо бояд 2 фоиз овоз гиранд: “Мо бо Шермуҳаммади Шоҳиён ин масъаларо ба миён гузоштем ва гуфтем, агар ҳузури мо дар парлумон лозим набошад, мо иштирок намекунем ва интихобкунандаҳои худро низ саргардон намесозем. Аммо ӯ гуфт, ки иштирок кунед. Аммо то ин дараҷа дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон набудааст. 24 сол мо барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар паҳлуи Президент кор кардем. Ин чӣ хел шудааст, Ҳизби аграрӣ, ки дирӯз ташкил шуд, овози зиёд гирифту мо ду фоиз?”.
Ба гуфтаи Шабдолов Ҳизби аграрӣ, ки дар парлумони нави кишвар 3 мандат гирифтааст, давоми ҲХДТ аст, ки бо супориши Президент таъсис ёфтааст: “Инҳо ҳамааш як қанотанд, аммо шумо дар куҷо дидед, ки парранда бо як қанот парвоз кунад? Ҳукумати мо мехоҳад, парламент бо як қанот парвоз кунад. Марҳамат!”
Дар мавриди вокуниш ба натиҷаи интихобот Шабдолов изҳор дошт, ҳеч ҳамоиши эътирозиро ташкил карданӣ нестанд: “Ба кӣ шикоят кунем, ба прокуратура, КМИР, ба кӣ? Ҳамааш дар дасти як ҳизб аст, ки роҳбарии онро Президент ба уҳда дорад. Ҳеч ҳамоиши эътирозие намекунем, аммо оқибати ин интихобот хуб намешавад. Намедонам ба Президент кӣ инро маслиҳат додааст, аммо одам бояд натиҷаи корашро фикр кунад”.
Шабдолов илова намуд, маъракае, ки якуми март дар кишвар баргузор шуд, интихобот нест, балки таъинот аст: “Ман эътироз мекунам. Президент ҳар чӣ коре мекунад, кардан гирад. Мебанданд моро ҳар чӣ хоҳанд кардан гиранд...”
Шабдолов таъкид намуд, шахсан он қадар хоҳиши вуруд ба парлумони навро надошт, чун шаш бор ба парлумони Тоҷикистон интихоб шудааст: “6 дафъа вакил шудаам, мумкин аз ҳузури ман безор шуданд, дар парламент. Аммо мо даҳҳо қонунро қабул кардем, аммо аҳзобе, ки чанд баробар аз мо зиёд мегирифтанд, чӣ кор кардаанд”.
Шабдолов муътақид аст, агар интихобот шаффоф баргузор мешуд, ҲКТ дар бисёре аз минтақаҳои ҷумуҳурӣ ҷойи якумро мегирифт.
ВИДЕОИ вокуниши Шабдолов ба натиҷаи интихобот дар BAMBUSER
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |