Бахшҳо

(ВИДЕО) Ҳафиз Холиқзода: На танҳо бо ҲНИТ, балки бо мақомот ҳам бархӯрди идеологӣ дорем

Маркази оянданигарӣ ва омӯзиши равандҳои муосири Тоҷикистон. Ниҳоде, ки ҳамагӣ ним сол пештар дар Академияи улуми Тоҷикистон ташкил шуд ва коргаронаш баҳсҳои зиёде дар расонаҳо доштанд. Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон” бо мудири ин марказ -- доктори фалсафа Ҳафиз Холиқзода (Бобоёров) гуфтугӯе анҷом дод, ки пешниҳоди хонанда мегардад.


МУТААСИФОНА ЭЪТИҚОДИ ДИНӢ ВА АТЕИСТӢ ИҶОЗА НАМЕДИҲАД, КИ ШУБҲА КАРДА ШАВАД

Озодагон: Маркази Шумо тозатаъсис аст ва шинохти фарогире дар ҷомеа надорад. Фикр мекунам агар дар оғоз хеле кутоҳ дар бораи ҳадафҳои ин марказ бигӯед, хуб аст.

Ҳафиз Холиқзода: “Сипосгузорам, аз ин даъват. Маркази мо дар назди Академияи улуми Тоҷикистон моҳи июли 2014 таъсис ёфт. Муддати ним сол аст, ки мо ба таҳияи барномаи илмӣ машғул ҳастем ва ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳам як барнома бо унвони “Масъалаҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ” пешниҳод кардем. Мунтазир ҳастем, ки аз ҷониби ҳукумат барои муддати се сол, аз соли 2016 ба баъд маблағгузорӣ шавад. Ҳоло ҳам мо ҳамин ҳадафро пайгирӣ мекунем, яъне омӯзиши мушкилоти ҷаҳонбинии илмӣ дар Тоҷикистон”.

Озодагон: Маркази Шумо мехоҳад ҷаҳонбинии илмиро бар дигар навъҳои ҷаҳонбинӣ бартарӣ бидаҳад ва ё фақат ҷаҳонбии илмӣ бошад? Бо ин мехоҳед, ки эътиқодро аз батни ҷомеа ва дигар равандҳои иҷтимоию сиёсӣ бикашед?

Ҳафиз Холиқзода: “На, аз батни ҷомеа, бахусус аз имону виҷдони мардум баровардани эътиқоди динӣ ғайри имкон аст ва ҳато гуфта будем, ки мумкин нест. Ҳато яке аз омилҳои субот эътиқоди динӣ аст ва аз омилҳои бесуботӣ ҳам эътиқоди динӣ аст. Вақте ки эътиқоди динӣ аз кори шахсӣ, аз кори як кас табдил меёбад ба кори умум, табдил меёбад ба сохтани ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ. Бубинед, ки ҳам таҷрибаи Шӯравӣ, таҷрибаи атеизмро мо дорем. Атеизм ҳам худаш як навъи виҷдон аст, аммо вақте ки ба сиёсату идеология табдил ёфт, як қудрати бузурги ҷаҳониро аз байн бурд. Дар ҳар кишваре, ки дин ба сиёсат табдил ёфт, оқибати он хеле мушкил мешавад, пеш аз ҳама худкомагӣ тавсеа меёбад ва фарҳанг суннатӣ, ортодокс ва консервотив мешавад. Барои илм ҷо намемонад, чун принсипҳои илм дигар аст. Усули илм пеш аз ҳама шубҳа кардан аст, мутаасифона эътиқоди динӣ ва ҳатто атеистӣ иҷоза намедиҳад, ки шубҳа карда шавад. Бубинед, дар ҳамаи ҷабҳаҳо вақте ки эътиқод ба кори гуруҳӣ табдил ёфт, ҳатман мушкилӣ эҷод мешавад. Аз ҳамин нуқтаи назар мо мехоҳем, эътиқоди динӣ кори ҳар шахс бошад ва ин яке аз принсипҳои озодии виҷдон аст, кори ҳар нафар аст, ки бо Худо розу ниёз дошта бошад ё бигузор бедин бошад. Аммо ҳамин дину мазҳабу бединии худро набояд кори груҳӣ кунад ва таҳмил ба дигарон намояд”.

Озодагон: Аммо баъзе аз назарияпардозон, онҳое ки бо нуқтаназарҳои Шумо мухолиф ҳастанд, мегӯянд, Шумо бо доғ кардани баҳси эътиқод ва дину дунявият ҳамун назарияи “бархӯрди тамаддунҳо”-и Самуел Ҳангтинтонро ба дохили ҳуввияти тоҷикӣ меоваред, ки ин наметавонад ба манфиати давлатдорӣ ва миллатсозии мо бошад. Шумо ба ин фикрҳо чӣ ҷавоб доред?

Ҳафиз Холиқзода: “Назарияи бархӯрди тамаддунҳоро Самуел Ҳангтинтон пешниҳод кард ва гуфт, ки дар ҷаҳон 8 тамаддуни бузург аст, ки динмеҳвар ҳастанд, яъне тамаддуни ғарбии масеҳӣ, тамаддуни русии провословӣ, тамаддуни шарқии мусалмонӣ, тамаддуни чинии кунфутсиянӣ, тамаддуни ҳиндии будоӣ ва ғайра. Ӯ пешгӯӣ кард, ки дар ояндаи дур ё наздик бархӯрди ин тамаддунҳои динмеҳвар рӯйи кор хоҳад омад ва ба ин гуфтан хост, хусусан байни Ислом ва масеҳият. Ҳатто баъзе назарияпардозон мегӯянд, ҷанге, ки дар Ховари Миёна ҳаст, ҷанги тамаддунҳо мебошад, яъне ҷанги ислому масеҳият мебошад. Ба ҳамин хотир, мо хостем баҳси ҳузури динро дар сиёсат берун кунем, то ҳамин гуна замина барои бархӯрди тамаддунҳо набошад. Фарз кардем, агар мо дар оянда ба як ҷомеаи исломӣ табдил ёфтем, ин замина мешавад барои бархӯрд бо дигар тамаддунҳо”.



ДАР ДАВРАИ СОСОНИЁН БУТ БАЙНИ ХУДО ВА ИНСОН ШОҲ БУД

Озодагон: Аммо бо ин ки Шумо тарафдори ин ҳастед, ки ҷомеаи мо як ҷомеаи аз эътиқод дур бошад, ба ин маъно ки дину эътиқод кори фардӣ бошад, вале фикр намекунед, ки мо таҷрибаи ҳазоручандсадсолаи исломиро дорем ва арзишҳои исломӣ дар таркиби ҳуввияти мо бисёр қавӣ вуҷуд доранд. Ва бо ин, хоҳ дар сатҳи давлат аст, хоҳ дар сатҳи баҳсҳои илмӣ, мехоҳем, ки муқобала кунем, шояд натиҷаҳои хуб надошта бошад?

Ҳафиз Холиқзода: “Бубинед, ҳамин 1400 сол, аслан, 1400 солӣ нокомӣ буд. Баргардем ба наздиктарин таърих. Чанд мисол. Давраи Темуриён, Хоҷа Аҳрори Валӣ. Ин шахсияти исломӣ буд, ҳам роҳбари тариқати нақшбандия ва ҳам муътабартарин шахсияти исломии ҳамон замон буд, муршиди набераҳои Темур буд, де-факто ӯ роҳбари ҳукумати Темуриҳо буд, дар давраи Саид Темурӣ. Худкомагӣ дар ҳамин давраи Хоҷа ба дараҷаи аъло буд, худкомагии сиёсӣ ва худкомагии иқтисодӣ. Тамоми бозорҳои Самарқанду Бухороро ғасб кард. Даҳҳо ҳазор гектар замини гандум дошт ва дар як шаб 13 тоҷиреро, ки ба бозори Самарқанд гандум оварда буданд, кушт. Ҳамин худкомагӣ, мутлақият, таҷрибаи таърихии мо ҳаст. Ё баргардем ба манғитиҳо. Рисолаи Аҳмади Донишро дар мавриди манғитиҳо бубинем. Нома менависад ба амирони манғитӣ, ки ба Русия меравед дар бораи обёрии биёбонҳои кишвар дархости ҳамкорӣ кунед ва ҳоказо. Аммо ҳамаи инҳо ба эътибор гирифта намешуданд. Агар ҳамин таҷрибаи таърихиро бубинем ҳамеша ноком будем. Пеш аз ҳама ҳамин табақаи руҳониҳои мо пеши роҳи пешрафт, пеши роҳи муборизаҳои озодихоҳиро мегирифтанд. Махсусан, суфиҳои мо, ки миёнарав буданд, таваҷҷуҳ кунед, байни мазлум ва золим. Ва инҳо ҳамеша мазлумро ба итоаткорӣ, ба шукр, ба қаноат ва ба ин чизҳо даъват мекарданд”.

Озодагон: Шумо фикр мекунед, бутҳое, ки дар ин ҷомеаҳо сохта шуда буданд ва ниҳодина шуда буданд дар шакли як институт ба эътиқод ва дин рабт доранд ё онҳо мехостанд барои манфиатҳои худашон чунин як зеҳниятҳоро бисозанд?

Ҳафиз Холиқзода: “Ба эътиқод рабт доранд, зеро эътиқод як манфиати сиёсиву иқтисодӣ мешавад. Ба эътиқод рабт нахоҳанд дошт, агар эътиқод озодии виҷдон бошад. Ман бояд бо Худо худам розу ниёз дошта бошам, на тавассути кадом як шайху кадом як эшон. Дар ҳамин давраҳое, ки гуфтем ва ҳато дар давраи Сосониён бут байни Худо ва инсон шоҳ буд. Ҳамин бармегардад, ба як қолаб, ба як зеҳнияти фарри каёнии мо, ки ҳамеша фикр мекардем, шоҳ пайғамбар аст, буте аст байни инсону Худо. Ҳамин зеҳният дар асрҳои миёна буд ва ҳанӯз ҳам ҳаст. Бори дигар, чун эътиқод сиёсӣ ва иқтисодӣ шуд”.

Озодагон: Аммо агар баргардем ба ҷомеаи Тоҷикистон ҳатман эътиқоди аксарияти мо мусалмониву Ислом аст. Ислом мисли масеҳият ва дигар навъҳои эътиқод нест. Ислом як консепсиюни мушаххаси худро барои ҷомеасозӣ, барои давлатдорӣ дорад. Ва бештари тарафдорони ҷомеаҳои исломӣ бар ин назаранд, ки бояд ба Ислом аз нуқтаназари умумие, ки ба ҳама эътиқодот баҳогузорӣ мешавад, баҳо дода нашавад. Чун Ислом таълимот ва дине ҳаст, ки барои ҷомеасозӣ барномарезиҳояшро дорад ва мисол мезанад, ки мо дар ҷаҳон ҳам дар торих ва ҳам ҳоло таҷрибаи низомҳои сиёсии исломиро дорем. Дар минтақаи мову Шумо ҳаст. Дар ин тараф Туркия дар ун тараф Покистону Афғонистону Ирон дар Шарқи наздик Қатар ва ғайра. Аз ин дидгоҳ чӣ мегӯед? Яъне, шинохт якхела аст дар таҳқиқоти Шумо?

(ВИДЕО) Ҳафиз Холиқзода: На танҳо бо ҲНИТ, балки бо мақомот ҳам бархӯрди идеологӣ доремҲафиз Холиқзода: “Дар ҳақиқат мо ба ин бовар ҳастем, ки аслан худи Ислом ягона нест. Исломе, ки мо дар асри 9-10 доштем, куллан дигар буд, исломи то андозае эронишуда буд. Яъне, дар шакли қармативу исмоиливу ин гуна ҳаракатҳо. Исмоилие, ки имрӯз мо дорем ин арабӣ аст, исмоилии асри 9-10-и мо нест. Чун дар ун вақт байни инсону Худо имом вуҷуд надошт. Имоме, ки ҳозир ҳаст ун вақт вуҷуд надошт, чаро ки он аз батни ҳаракатҳои миллию озодихоҳии ҳамун мардум баромада буд. Дигар, Шумо гуфтед Ислом бояд аз дигар динҳо фарқ гузошта шавад, хуб дуруст аст. Аслан аз назари инсоншиносӣ, вақте мо ба Мирчэ Илиаду Лукману Бергеру инҳо муроҷиат мекунем мебинем, ки дин метафизикаи сиёсат, иқтисод ва муносибатҳои мост. Яъне, муқаддасоте, ки ҳамин зиндагии ҳаррӯзаи моро месозад. Ислом ҳам ҳамин гуна муқаддасот пешниҳод мекунад ва бубинед, ки чӣ гуна муқаддасот пешниҳод мекунад. Пеш аз ҳама дунявият инкор карда мешавад. Агар мо ба таври мушаххас гӯем, дар Қуръон консепсиюни дунявият инкор мешавад. Ва дунявият ҳатман бо охират муқобил гузошта мешавад. Дар Ислом ҳам бологузории қабилаҳо ҳаст. Қабилаи Сауд дар Арабистон аз ҳама боло аст”.

Озодагон: Инҳо муносибатҳои қавмӣ нестанд то динӣ ё исломӣ?

Ҳафиз Холиқзода: “На, инҳо муносибатҳои қабилавие ҳастанд, ки дар Ислом таҳким ёфтаанд. Агар Шумо ба сураи “Тавба” муроҷиат кунед мебинед, чӣ гуна қабилаи Қурайш бо дигар аъроб дар муқобилат қарор дода шудааст. Берунтар аз ин агар бубинем ҳамин табақабандӣ дар тасаввуф ба шайху суфиву эшон инҳоро аз ҳам гусехта кард. Таҳқиқоти ман дар минтақаҳои Тоҷикистон нишон дод, ки дар мо ҳам ҳастанд, як қисми мардум, ки худро аз қавми содот медонанд ва худро на тоҷик медонанду на узбаку на дигар. Ҳамин гуна табақасозӣ боиси он гардидааст, ки ҷомеа дорад пош мехӯрад”.

НИҲОДИНА БУДАНИ ДИН МУШКИЛИ РАҚАМИ ЯК АСТ

Озодагон: Баргардем ба як чизи дигар. Ба назари Шумо ва муҳаққиқини Маркази Шумо мушкилоти Тоҷикистон фақат ҳамин эътиқод аст? Дин аст? Ё ҷомеаи мо боз мушкилоти дигаре дорад? Чун мунтақиддони Шумо мегӯянд, мушкилоти дигареро, ки дорем, мисли мушкилот дар низом, мушкилот дар қудрати сиёсӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоиро нодида мегиред.

Ҳафиз Холиқзода: “Дуруст аст. Ин мушкилот ҳам вуҷуд дорад. Фақат мушкилот ниҳодина будани дин нест, гарчанде мо бовар ва далел дорем, ки мушкили рақами як аст. Дар дигар соҳаҳо мо алакай кор кардем. Дар мавриди бекорӣ на фақат гуфтем, балки мақолаҳо навиштем, барнома сохтем ва пешниҳод кардем, яъне бекории ҷавонон. Роҳҳояшро ҳам нишон додем. Мо ба ин масъала хеле ҷиддӣ муносибат кардем ва ҳоло ҳам муносибат мекунем. Дар масъалаи бебарқӣ ҳам тавассути шабакаҳо, ҳам тавассути расонаҳо ва ҳам тавассути барномаҳо назарамонро гуфтем. Дигар дар масъалаи бемасъулиятии мансабдорон”.

Озодагон: Дар мавриди бемасъулиятии мансабдорон мушаххасан чӣ назар доред?

Ҳафиз Холиқзода: “Мансабдорон ин гуна зеҳниятеро сохтанд дар мардум, ки тамоми мушкилот дар ҷомеа ба як фард рабт дорад, яъне ба фарди Президент. Ва онҳо ҳеч масъулият надоранд ва дар пайи ин ҳастанд, ки мушкилоти мавҷударо пинҳон доранд. Ҳато мушкилии дар пушти сояи Президент пинҳон шудани мансабдоронро ҳам гуфтем”.

МО “ФАБРИКАИ ҶАВОБ” НЕСТЕМ

Озодагон: Баъзеҳо Шуморо ҳамчун “фабрикаи ҷавоб мешиносанд”. Шумо чӣ гуна собит мекунед, ки “фабрикаи ҷавоб” нестед?

Ҳафиз Холиқзода: “Бояд мақолаҳои мо мушаххасан номбар шавад, ки монанд ҳастанд ба мақолаҳои “фабрикаи ҷавоб”. Мо на танҳо дар расонаҳои давлатӣ, балки дар расонаҳои мустақил ҳам чоп мекунем. Ва ҳатто як суҳбате бо масъулини расонаҳо доштем. Мо ба онҳо гуфтем, моро пазиред, бо мо ҳамкорӣ кунед. Ҳатто як маводи моро на “Нигоҳ”, на “Озодагон” нашр накард. “ИмрӯзНюс”, ки як муддат нашр мекард, он ҳам қатъ кард. Борҳо дархости мо рад шуд аз тарафи расонаҳои мустақил ва эҳсос мекунем, дар як вазъияти шадиди муҳосира аз тарафи расонаҳо қарор дорем. Мо дар мавриди ташкил ва вуҷуди оппозитсиюни созанда ҳам шояд яке аз ташаббусҳои аввалинро нишон додем. Дигар, дар расонаҳои давлатӣ ҳам суннати танқид карданро ворид кардем. Ин чизҳое аст, ки дар мақолаҳои марбути “фабрикаи ҷавоб” аслан вуҷуд надоранд”.

Озодагон: Яъне, Шумо комилан рад мекунед, ки “фабрикаи ҷавоб” нестед?

Ҳафиз Холиқзода: “Мо аслан нестем. Агар нафароне, ки ҳамин гуна назар доранд, гӯянд далелу бурҳонашонро. Ягон нафари мо дар пайи он нест, ки аслан мақолаи мустаъор нависад. Муваффақияти мо ин аст, ки фақат бо номи худ менависем. Масъали дигар ин аст, ки мо фақат бо ҲНИТ не, балки бо баъзе мақомоти давлатӣ низ дар бархӯрд ҳастем. Назари мо ин аст, ки дар давлати дунявии Тоҷикистон калавиши идеологӣ вуҷуд дорад”.

ҲИЗБҲО ДИГАР НАМЕТАВОНАНД МОДЕЛИ РУШД ПЕШНИҲОД КУНАНД

Озодагон: Шумо ҷонибдори он ҳастед, ки дин бояд сиёсӣ набошад, вале арзишҳои динӣ дар шакли як институт дар ҳуввияти мо ҳузур доранд. Бештари назарияпардозон ҳам мегӯянд, ки ба хотири дучори мушкилот нашудан мо бояд муколамае дошта бошем, ки ҳарду ҷонибро бо ҳам созиш бидиҳад, то ба пешрафт бирасем. Билохира, мақсади ҳамаи мо пешрафт аст, ё не?

Ҳафиз Холиқзода: “Ман ҷонибдори он ҳастам, ки муколама бошад, вале берунтар аз баҳси дин, чунки дар сурати ворид шудани дин дар баҳси сиёсӣ, иқтисодӣ кадом моделе аст, ки мо ӯро қабул карда тавонем. Бубинед, дар ҷомеаҳои исломӣ чӣ модел вуҷуд дорад, ки мо метавонем онро қабул кунем? Дар кишварҳои арабие, ки низоми исломӣ надоранд. Умуман, ҳизби исломии сиёсӣ вуҷуд надорад. Фарзи мисол, дар давлати исломии Арабистон ва Қатар ҳизб вуҷуд надорад. Дар давлати исломии Эрон ҳизби сиёсӣ вуҷуд надорад ва баҳсе, ки Рафсанҷонӣ сар карда буд аз ҷониби худкомаҳои сиёсӣ қатъ шуд. Чун ӯ гуфта буд, ки мо бояд ду ҳизби сиёсӣ дошта бошем, то ки давлати исломии мо пойдор монад. Дар таҷрибаи ин кишварҳо модел вуҷуд надорад. Дар таҷрибаи Покистон ҳизбҳои исломии сиёсӣ берун аз фаъолияти расмӣ ҳастанд ва ифротгароӣ ба андозаи хеле бузург аст. Дар Афғонистон зиёда аз 20 ҳизби сиёсӣ бар пояи Ислом вуҷуд дорад ва ҳар кадоми онҳо даъвои ҳақиқати мутлақ мекунанд. Масалан, дар байни ҳизбҳои “Содот”, “Ҷамоати исломӣ”, “Ҳизби исломии Ҳикматёр” ва дигарон даъвои мутлақият мекунанд. Ҳамин гуна як моделе, ки бар пояи эътиқоду дин оварда шавад, вуҷуд надорад. Туркия то ба наздикӣ як кишвари дунявӣ буд ва имрӯз, ки оҳиста –оҳиста ба як кишвари исломӣ табдил меёбад. Айни ҳол мо дар мавриди имкониятҳову дастовардҳои ин давлати дунявӣ, ки дар асри 20 дошт дар ҳамин маврид тасаввур дорем. Дар ояндаи наздик ба кадом вазъият дучор мешавад, маълум нест. Кишвари Молези мисли як пойгоҳи иқтисодии кишварҳои абарқудрат аст. Дар ин кишвар модели исломӣ ба хотири нигоҳ доштани ҳуввият аст. Модели исломӣ на дар сиёсат ва на дар иқтисод аст”.



МО АТЕИСТОНИ ҶАНГАНДА НЕСТЕМ

Озодагон: Имкон дорад, ки ин модел сохта шавад? Як моделе, ки на ба сӯи мухолифатҳову чолишҳо, балки моро ба пешрафт бирасонад?

Ҳафиз Холиқзода: “Пешниҳоди мо ин аст, ки Тоҷикистон як модели хос дошта бошад, чун барои ин заминаи таърихӣ ва фарҳангӣ дорад. Тоҷикистон кишваре аст, ки фарҳанги бисёр амиқ, фалсафӣ ва устувор дорад. Дар инҷо миёни мардум истиқлолхоҳӣ, озодихоҳӣ ва фардгароӣ вуҷуд дорад. Агар ба оини Ҷамшед баргардем аввалин нафаре аст, ки дину давлатро аз ҳам ҷудо кард. Мо ҳам имконияти фарҳангӣ ва ҳам таърихӣ дорем, ки як модели хосе созем, ки дин бигзор кори фардии ҳар нафар бошад. Тамоми гуруҳҳои сиёсии мо берун аз дин фаъолият кунанд. Мафҳуми ҳизб чӣ аст? Партия чӣ аст? Модели рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аст. Модели ҳизби сиёсӣ чӣ аст? Модели мазҳаб аст. Баҳсҳое, ки имрӯз ҳизбҳои мо мекунанд дар чорчӯбаи моделҳои мазҳабӣ ҳастанд. Яъне, моделӣ мо бояд куллан дунявӣ бошад”.

Озодагон: Шумо то куҷо муваффақ мешавед дар ин роҳе, ки пеш гирифтаед?

Ҳафиз Холиқзода: “Назари мо дар бораи рушди ҷомеа ин аст, ки ҳизбҳо дигар наметавонанд модели рушд пешниҳод кунанд. Пешниҳоди мо ин аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар рушд ёбад ва гуруҳҳои ташабус ба вуҷуд ояд, ки бидуни ба даст овардани қудрати сиёсӣ коре ба анҷом расонанд”.

Озодагон: Ин ба диктатура намерасонад?

Ҳафиз Холиқзода: “На, баръакс. Вақте мушкилоти мардум дар маҳаллу минтақаҳо ҳал мешавад, ҳамон гуруҳҳои ташаббуси шаҳрвандӣ барои ҳукуматҳои маҳал як алтернативаи хубе мешаванд. Бо ҳамин бовар ҳастем ва маркази мо ин самтро тарғиб хоҳад кард. На модели дуҳизбӣ ё бисёрҳизбӣ. Чун таҷрибаи таърихии инсоният нишон дод, ки ҳизб наметавонад модел бошад. Мо иддао мекунем, ки Амрико як кишвари демокративу пешрафта аст. Ҳамеша як тавозун вуҷуд дорад. Як панҷсол як ҳизб панҷсолаи дигар ҳизби дигар аст. Вале, муносибатҳову догмаҳое, ки дар ҳамин абарқудрат аст, иваз намешаванд. Бисёр мушкилоте, ки дар ҷомеа аст ё сарчашмааш ҳамин абарқудрат аст ё дар зери таъсири ин кишвар ба вуҷуд меояд. Магар ин зулм нест? Бинобар ин мо дигар дар ҳизб модели рушд намебинем.

(ВИДЕО) Ҳафиз Холиқзода: На танҳо бо ҲНИТ, балки бо мақомот ҳам бархӯрди идеологӣ доремХуб, то куҷо мо дар ин роҳ муваффақ мешавем? Эҳсос мекунем, ки мардум назари нек доранд. Чун бархурди идеологӣ бо гуруҳҳои мухолиф дорем ва ҳамчунин як навъ калавиши идеологӣ дар ҳукумат вуҷуд дорад, мо танҳо нестем. Мардум моро аввал нафаҳмид, вале имрӯз хеле беҳтар мефаҳмад, ки мо бар зидди эътиқоди онҳо нестем. Мо атеистони ҷанганда нестем ва таъкидан гуфтем, ки сабаби шикасти Шӯравӣ ҳам ҳамин буд. Мо ҳамчунин медонем, ки мардуми мо 70-80 дарсад намехоҳад дар давлати исломӣ зиндагӣ кунад ва медонем, ки мардум медонад мо ба принсипи дунявият, ки озодии виҷдон аст, бовар дорем ва пайгирӣ мекунем. Ба ҳамин хотир мо бовар дорем, ки мардум моро дуруст мефаҳмад, ҳарчанд дар атроф ҳам калавиши идеологӣ вуҷуд дорад ва ҳам бархурди идеологӣ бо мухолифон”.
Мӯҳр
Кайковус
Тачрибаи дахсолахои охир нишон дод, ки гояхои исломи сиёси дар бораи бо рохи террор ва зуровари барпо кардани режимхои мазхаби ва хатто хилофати исломи ба чуз катлу куштор 100 -хо хазор мусулмон дигар натичае надод. Давлати исломи ин авчи идеологияи террористи аст ва дер ё зуд он аз байн меравад. Берахмии дахшатовари Давлати исломи нокомии исломи сиёсиро нишон медихад. На исломи сиёси ва на мафкураи дини дар асри 21 фановари оянда надоранд. Ягона гояе, ки чомеаро метавонад пеш барад ин илм ва хирадгароист. Афсонахои дини имруз ба дарди чомеа намехурад. Як омили мухими тараккиети Аврупо динро аз давлат чудо кардан буд. Дин як падидаи консервативи аст ва дер ё зуд монеи тараккиёт мешавад. Акидаи Холикзода дар бораи инфироди сохтани афкори дини ва бартари додан ба илм ва хирадгарои дар сатхи давлати чолиб ва кобили мулохиза аст.

АЗ ХУКУМАТ ХОХИШ КАРДА МЕШАВАД КИ ХАМИН МАРКАЗРО БАРХАМ ДИХАД ВАГАРНА ОН МЕТАВОНАД ИХТИЛОФХОИ ЗИЕДЕРО БА ЧОМЕА БОР НАМОЯД. БАРОИ МАНСАБ ИНСОН БА ЧИ КОРХОЕ ДАСТ МЕЗАНАД.МАН ГУМОН МЕКАРДАМ КИ ФАРХОД РАХИМОВ ШАХСИ БОАКЛ АСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)