Посухи Академия ба Кабирӣ: Хатари ҲНИТ аз ДИИШ-у Толибон камтар нест!
Як гуруҳ кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо пахши як изҳорот нашри матлабҳои зиддинаҳзатиро аз ҷониби худ тасдиқ карда, афзудаанд, ки ин вазифаи онҳост. Дар изҳороти ин гуруҳ, ки аз ҷониби Шодибой Атоӣ, як масъули Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улум нашр шудааст, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки ҲНИТ баробари ДИИШ ва Толибон барои ҷомеа хатар дошта, бояд аз байн бурда шавад. Ба иддаои онҳо хатари ҲНИТ рӯзафзун аст, чун вақтҳои охир дар худи Академия низ ҷонибдорони сиёсати Кабирӣ пайдо шудаанд. Онҳо таъкид кардаанд, ки барои ҳар ҳарфашон омодаанд, дар додгоҳ посух диҳанд.
Кормандони Академия бо нашри изҳорот тасдиқ кардаанд, гуруҳе, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мавриди назар қарор додааст, онҳо мебошанд.
Дар изҳороти кормандони ин бахши академия, аз ҷумла омадааст, “муҳтарам Кабирӣ, як гурӯҳе, ки дар назар доред, кормандони илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ мебошанд. Мо вазифадор ҳастем, ки тамоми равандҳои муосир, аз он ҷумла Исломи сиёсиро омӯзиш ва таҳқиқ намоем. Ҳамчун муҳаққиқ ва шаҳрванд вазифадор ҳастем, ки фаъолияти Шуморо таҳлил кунем, дар бораи фазосозии ғайримиллӣ, ғайридунявӣ ва ғайриилмии ҳизби Шумо ҷомеаро низ огоҳӣ диҳем.”
Кормандони Академияи улуми Тоҷикистон иддао доранд, ки “ин иқдом ба хотири таҳкими арзишҳои дунявӣ ва таъмини зиндагии осоишта ва шарафмандонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мо набудани ҳизбҳои диниро дар ҷомеа имрӯз ва оянда низ пайгирӣ мекунем ва ҷомеаро аз ин хатар огоҳӣ медиҳем.”
Пажуҳишгарони равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи улуми Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар таҳияи наворҳои зиддинаҳзатӣ даст надоранд ва танҳо матолиберо нашр мекунанд, ки асоси илмӣ доранд. Онҳо мегӯянд, омодаанд, ки ба ҳарфҳои худ дар додгоҳ посух диҳанд: “Тӯли моҳҳои охир мақолаҳое, ки кормандони ин марказ навишта бо чоп расониданд, моҳияти илмӣ-оммавӣ дошта, фақат дар натиҷаи омӯзишҳои илмӣ омода гардидаанд. Ин кормандон мисли шумо сиёсатмадор нестанд ва ба ягон ҳизбу ҳаракате ҳам вобаста нестанд. Онҳо ҷаҳонбинии илмиро тарғиб мекунанд ва соҳиби унвон ва ихтирооти илмӣ ҳам ҳастанд.”
Дар идома кормандони Академияи улум иддао кардаанд, ки ҲНИТ тавони сохтани ҳуввияти миллии тоҷикро надораду сокинони Тоҷикистон бояд барои аз саҳнаи сиёсат берун кардани он тасмим гиранд. Ба қавли онҳо, гӯиё аҳзоби сиёсии хусусияти исломӣ дошта, ҳамеша боиси нооромии кишварҳо шуда, хидмати хирсонаи ҲНИТ ба сокинони Тоҷикистон камтар аз ДИИШ ва Толибон нест: “Ин ҳизб бояд барвақт аз фазои сиёсии Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷик барканор мешуд, аммо бо шиори озодии анархистона ва бесарусомони демократигуна боқӣ мондааст. Аммо ҷомеаи тоҷик бояд тасмим гирад, ки чунин чеҳраҳои ифротгар ва тавтиаангезро ҳар чӣ зудтар аз фазои сиёсӣ берун созад, зеро бо ҲНИТ миллати тоҷик дар оянда наметавонад, як қадам ба пеш равад. Ҳизби Шумо таҷассумгари симои миллати тоҷик нест ва дар оянда ҳам нахоҳад буд.”
Масъулини Академия аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон хостаанд, аз омезиши дин бо сиёсат ҷилавгирӣ кунанд. Онҳо мегӯянд, вақтҳои охир дар Академияи улуми кишвар, аз ҷумла дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ҷонибдорон ва таблиғгарони идеологияи пешгирифтаи Муҳиддин Кабирӣ пайдо шудаанд, ки “ба ҷои таҳқиқоти илмӣ дар бораи масъалаҳои мубрами ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳон ба тарғиби фарҳанги туркӣ дар зери ниқоби “Исломи таҳаммулпазирии Фатҳулло Гулен” тарғиб ва фазосозӣ мекунанд. Муаллифони изҳорот барои мисол, маҷмӯаи мақолаҳои Н. Одилов, Р. Назаров, К. Олимов, А. Шамолов, Х. Зиёев ва дигаронро бо номи «Ҳикмати таҳаммул» зикр кардаанд, ки аз ҷониби нашриёти «Ирфон» ба нашр расидааст.
Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ 1 июни соли 2014 дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳадафи аслии Марказ тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ ва омӯзиши равандҳои муосири сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, оянданигарии илму технологияи пешқадам ва роҳу усулҳои амалигардонии ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳои илмӣ арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |