Бахшҳо

ВИДЕО: Суҳбати ошкорои Убайдуллоев: Аз ишқи Раҳмон то ҳушдор ба мухолифон

Дар шабакаи интернет навори 10 дақиқаинаи суҳбати ошкорои Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо муҳоҷирони тоҷик дар Маскав нашр шудааст, ки аз меҳри раисиҷумҳур нисбат ба давлат то ба забонбозиҳои мухолифону хандахариши тоҷиконро фаро гирифтааст.

Убайдуллоев, ки ахиран дар садри як ҳайати волоқмақоми давлатии Тоҷикистон дар Маскав қарор дошт, дар оғози суҳбат бо зикри ашъори бузургони адабиёти тоҷик муҳоҷиринро ба муттаҳидӣ ва эҳтироми миллатҳои дигар даъват намуд: “Сарфи назар аз минтақа бояд бо ҳам бародар бошем, вагарна боиси хандахариши дигарону таги пои онҳо мемонем, ки мегӯянд, инҳо ҳатто бо якдигар забон намеёбанд. Баробари ин бобоёни мо гуфтаанд, ки шаҳри якчашма рафтӣ, якчашма шудан даркор. Аз дигарон худамонро боло нагирем ва мо ҳам ҳеч вақт намегузорем, ки моро паст зананд.”

Раиси Маҷлиси Миллӣ илова намуд, ки дар мулоқот бо мақомдорони Русия низ таъкид намудааст, ки ягон давлат ҳаққи фармонравоӣ болои дигар давлатро надорад: “Мо дуруст фаҳмондем, ки мо дар як давлат будем, агар мо камбудӣ дошта бошем, камбудии шумо низ ҳаст. Аз як нигоҳ раҳмат гуфтан даркор, агар Русия набошад чӣ? Куҷо меравем ягонтои мо на Арабистони Саудӣ ва на ба ягон давлати дигар рафтан наметавонем.”

Ӯ дар идома муҳоҷиратро як раванди маъмулӣ дар ҷаҳон хонда, илова намуд, ки “ягон давлати абарқудрати дунё наметавонад ҳамаи шарвандонашро ба ҷойи корӣ, ба шароит мувофиқ таъмин намояд. Ин хел давлат нест. Бинед, ки дар Душанбеи мо амрикоӣ ҳам, бритониёӣ, хитоӣ ҳам омада кор кардааст. Сад шукри Худо, ки имрӯз тоҷикони мо дар тамоми дунё кору фаъолият мекунанд, фарзандонамон мехонанд. Мо аввал бояд, ки Худоро шукр кунем.”

Инчунин Убайдуллоев ба масъалаи мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дахолат карда, афзуд, ки мухолифин гуфтанӣ гап нест дар кишвар ва даъват намуд, ки ба забондарозию забонбозии бархе афрод дода нашаванд: “Он нафароне, ки Тоҷикистонро танқид мекунанд, нону намаки Тоҷикистон онҳоро кур мекунад. Ягон қувва ба умед нашавад, ки сулҳу оромии ҷомеаи моро халалдор месозад, ки ҷаноби олӣ ва мо ду-се нафар аз рӯзи аввал барои он кӯшиш кардем. Мо ҳам метавонистем мисли шумо соҳибкор шавему рузи худро мегузарондем. Фарзандонамро медонед, ки ҳамаашон магистр, номзади илм, рӯзашонро мегузаронанд.”

Убайдуллоев таъкид намуд, ки зимомдорони феълӣ дар Тоҷикистон аз даруни обу оташ гузаштаанд ва ҳокимиятро ба роҳҳои ғайриқонунӣ намедиҳанд. Ӯ ҳушдор дод, ки мо намегузорем, ягон қувва бо роҳи ғайриконститутсионӣ ҳокимиятро ғасб кунад, хобашро равад дар об гӯяд, то рӯзе, ки мо ҳастем: “Касе хоҳиши ҳокимиятро дорад равад, ҳизб ташкил кунад, мардум интихоб кард, ошаш шавад. Мо аз даруни обу оташ гузаштаем, ҳамаи мо Тоҷикистонро дуст медорем ва ҳамаи мо бо ин миллат зиндаем ва Худованд насиб гардонад баҳри Тоҷикистон то рӯзе ҳастем хизмат мекунем, зеро назоратчии ҳар инсон баъд аз Худо, худи ӯ ва имону қалби ӯст.”

Убайдуллоев илова намуд, ки дар ягон давлат баъд аз Худо, ягон кас аз роҳбари давлат дида, давлаташро зиёд дуст намедорад: “Шахсан роҳбари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои беҳбуди зиндагӣ дар Тоҷикистон андешида истодааст. Мо бузургем, барои он, ки Худо дорем, мо соҳибдавлатем, камбудӣ ҳам дорем, бекамбудӣ кист? Ман боз ҳам таъкид мекунам, роҳбарияти имрӯза тамоми талошашро барои беҳбудии ҷомеаи имрӯза равона мекунад.”

Дар ниҳоят раиси Маҷлиси Миллӣ бо зикри гуфтаи бузургон-“Даст ба кору дил ба ёр, Ёр кист? Парвардигор!” аз ҳозирин даъват намуд, ки “ҳамеша дар забонатон номи Оллоҳ бошад, такя ба Худо кунед, ба ҳама чиз мерасед.”




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мухамадсаид Убайдуллоев фарзанди фарзонаи милати Точик аст..

Мухтарам Убайдуллоев! Хамааш нагзу лекин хамин масъалаи наклиёти шахри Душанбе хеч сомони худро наёфт ки наёфт. аз овози гушхароши кондуктрохо сар ба чархзани меояд. Ин ча да биё, ун чада биё! О ин чи гуфтани гап а? Маданият ва фаросати шахрдориро аз хучандихо омухта, дар Душанбеи бедарвоза рохандози кунед намешавад магар! Нархи рохкиро 1.60 дирам, аммо 2 сомон мегиранд. Дар се чои нишаст чахор нафарро савор мекунанд., ба сари мусофирон дод мезананд. Карори раиси шахрро поймол мекунанд. Як шахрро сару хисобаша ёфа наметавонед, хама пуштдор, хама тагодор. Ин чи бедодии асри 21! Рохашро ёбед! Камерахоро хам ба назар намегиранд. Дар Кароболо аз овози Корвон да биё, 46 да биёи сагирахои бесохиб гуши одам кар мешавад. Дар дигар кисматхои шахр низ чунин бетартибихо. Рохгузархо аз гузаргоххо гузашта наметавонанд, мухтарам Раиси шахр. Пешгири кунед! Мехмонхо аз ин холати колхози дар таачубанд! Маданияти кишлокро дар шахр чори кардан аз руи одоб нест! ояндагони мо аз мо чи мерос мегиранд. Мухтарам Раиси Шахр!

То он рузе, кимонополияи мафияи шумо аз сари иктисодиет ва молияи давлати Точикистон канон наравад, аз ободи умедвор будан эхтимоли сифри дорад !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)