Бахшҳо

Шумо атеист, ман мусалмон. Таҳқир чаро?

Далер ШАРИФОВ

Гулнора Амиршоева, ки аз ӯ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ном мебаранд, тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз намогузории оммавӣ дар рӯзи ҷумъа интиқод намудааст. Ростӣ, банда дар тааҷубам, ки як атеистро ба намози мардуми мусалмони Тоҷикистон чӣ кор бошад?! Хусусан, ҷумлаи таҳқиромези ӯ “Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед” ба 99 дар сади мардуми мусалмони кишвар равона шудааст. Магар ин амал паст задан, таҳқир кардан, расидан ба номуси як мусалмон нест? Оё ин гуна ҳарфҳо кинаву адоват, нафрату бадбиниро дар ҷомеа ба вуҷуд намеоварад?

Ин хонуми атеист аз он шикоят кардааст, ки нисфирӯзиҳои ҷумъа наметавонад бисёриҳоро дар ҷои кор пайдо кунад. Ман намедонам ӯ ба куҷо муроҷиат кардааст ва киро дар ҷои кораш пайдо накардааст, ки боиси нороҳатиаш гаштааст. Аммо чанд нуктаро бояд таъкид намуд. Аввалан, дар Тоҷикистон кор аз соати 8-и субҳ оғоз шуда, то 5-и бегоҳ давом мекунад ва дар ин муддат дар ҳамаи корхонаҳои давлатӣ ва ҳатто хусусӣ аз соати 12:00 то 13:00 танаффус барои хӯроки нисфирӯзӣ муқаррар шудааст. Дар ин вақт мусалмонҳо, зардуштиҳо, будоиҳо ва атеистҳо аз кор озод ҳастанд. Кодекси меҳнат барои ҳамаи онҳо ин ҳақро баробар додаст. Дар масҷидҳои шаҳри Душанбе намоз бештари вақт соати 12:50 шурӯъ шуда, соати 13:00 ё 13:10 ба анҷом мерасад ва агар корманде аз идораҳои давлатӣ, вазоратҳо, беморхонаҳо, мактабҳо ё ниҳодҳои дигар дар ин намоз ширкат кунанд, метавонанд сари вақт ба корҳояшон бирасанд ва дақиқае аз вақти шуморо нагиранд.

Баъдан, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои номбаршуда рӯзи ҷумъа бо реҷаи ҳарвақтаи худ фаъолият карда, аз ин ниҳодҳо шояд ангуштшумор нафарон дар намози ҷумъа ширкат намоянд. Аз сабабе ки шумо боре ҳам дар масҷид набудед, намедонед, ба ин ҷо кадом қишри ҷомеа бештар меравад, аз ин хотир интиқоди Шумо дур аз ҳақиқат аст. Ва хоҳиш, камбудиҳои имрӯзи ҷомеаро бар сари Ислому мусалмонҳо назанед!

Ба таваҷҷуҳи Шумо ва ҳамсангарони шумо мерасонам, ки ингуна амалу шиорпартоиҳо дар ҷомеа таҳқир ба ҳуқуқ ва имону эътиқоди мусалмонҳои кишварест, ки 99 дар сади онро мусалмон ташкил медиҳад. Намози ҷумъа дар пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон ба мисли Амрико, Фаронса, Олмон, Русия, Канада, Англия мушкилӣ эҷод накардааст ва Шумо боре шунидед, ки шаҳрвандони фаъоли ин кишварҳо барои ин амал шикоят карда бошанд? Оё дар кишваре, ки 99 дар сади он худро мусалмон медонанд, месазад, ки намоз, риш, ҳиҷоб, Қуръон, мушкил бошад? Магар ин нақзи ҳуқуқи мусалмонҳо ҳамчун шаҳрвандони баробарҳуқуқи Тоҷикистон нест?

Агар мо сар бар замин ё бар осмон мегузорем, ин ҳуқуқ, эътиқод ва имони мо мусалмонҳост. Ман аз атеистҳо хоҳиш мекунам ба Худо, пайғамбар ва намозу ибодати мо кордор нашаванд. Мо дар кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ мекунем. Ман ҳамчун мусалмон ин ҷумлаи шумо “Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед”-ро таҳқир ба яке аз рукнҳои асосии Ислом - намоз ҳисобида, онро ҳамчун амали тундгароёна медонам. Шумо агар атеист ҳастед, ин маънои онро надорад, ки ба торҳои ҳассос ва нозуки эмонии мусалмонҳо нохун бизанед ва бидонед.

Тайи чанд соли охир аз ҷониби баъзе ба қавле зиёиён ва рушанфикрон, монанди Бозор Собир, Комили Бекзода, Зиё Абдулло ва монанди хонум Гулнора Амиршоева фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарфу шиорпартоиҳои ноҷо шунида мешавад, ки оқибаташ хайр нест. Аслан, шумо, ки Худоро қабул надоред, атеист ҳастед ё зардуштӣ ин ба ҷаҳонбинӣ ва интихоби шумо рабт дорад. Аммо шумо ҳақ надоред ҳеч яке аз муқаддасоти Исломро таҳқир кунед, бад бигӯед ва ё пешниҳоди манъ кардани онҳоро дошта бошед. Ин амали шумо метавонад ба унвони тундгароӣ ва ифротии дунявӣ таъриф шавад ва метавонад миёни мусалмонҳо хашму ғазаб ва бадбиниро ба вуҷуд биёрад.

Ман аз Шӯрои уламо, имом-хатибон, ниҳодҳои таъмини амният дар Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш мекунам ба масъалаҳое, ки адоват ва нафратро бармеангезад, расидагӣ намуда, пеши роҳи ин гуна шиорпартоиҳои таҳқиромезро бигиранд.

Ман мусалмонам ва аз мусалмон буданам ифтихор дорам! Тундгароӣ, ифротгароиро аз ҳарду ҷониб қабул надорам, аммо набояд касе арзишҳои эътиқодӣ, имонӣ ва боварҳои ману бародарону хоҳарону падарону модарони мусалмонро таҳқиру тавҳин ва нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ кунад.


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Атеист хак
Хайрон мемони, модоме ки 99% ахолиро мусулмон мехисобанд? Модоме ки хамаи ин фиску фасод, беадолати, бенизоми, вахшиенат чомеъаро гулугир кардааст, мардум хама ру ба тарки ватан шудааст, кучост он мусолмонии шумо? Ин чомеъаи 99% ба ном мусулмони шумо, аз кофаристон хам бадтар аст. Рост мегуяд Гулнора, ин пешоникубии шумо факат ба он хотир аст, ки хама мекубанд, ман хам мекубам, тамом. Намози чумаъ як бахонаест барои аз кор гурехтан. Агар 20% мусулмони асил мебуд, хаети халк ин кадар талх намебуд. Офарин Гулнора, хакикатро гуфти.

Шухрат
Махди ба фикрам барои ин чумларо фахмидан шарт нест ягон онро тахлили морфологи кунад.
“Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед”.
Ё худ агар точик набоши узр мефахмем.
Далер бародар ахсан Аллох аз Шумо рози бошад барои суханони бехтарин.
Кани муфтии Точикистон бар зидди интикоди ин хонум харфе бигуяд??

манучер
бехтарин суханхо зинда боши ДАЛЕР як мушкили асосии дигар хаст дар точикистон камбуди об нест дигархо ба оби точикистон зарурат доранд имрузхо бошад дар як оила сари хар нафараш 6 сомонию 40 дирам хар мох пул меситонанд бачои он ки об дар точикистон бепул бошад хади акал як маоши хуб надорад бо ин хама мушкилихо чи шароитхое чур мекунад ба мардум хохиши ман аз шумо рузнома нигорхо хамин хаст ки сари ин масала тахкик бубаред

дурандеш
саломат боши чавони ба гайрат хасти ДАЛЕРИ хаккони хасти ман сад дар сад рози хастум

Субоҳоноллоҳ!!! Далерҷон Худованд аз ту розӣ бошад!!!

Ин ходиса ва бадгуихо нисбати дини мубини Ислом дар Точикистон бори якум нест!!! Уломохо ва алалхусус улмои масчиди маркази чаро факат хушоматгуи мекунанд??? Чаро ин гуа мавридхо хомушанд? Худро ворисони Расул мехисобанд фардо пеши Худо чи мегуфта бошанд? Ва он зани бехудо дигар мушкилоте наёфтааст??? Холо ин ки чомеаи имрузаи Точикистон пураз мушкилотхост???

Боре як бародари Эрони дар бораи намози чумьа гузоштани мардуми мо хайратовар гап зад,ки чаро мардуми мо дар рузи кори корхонаро тарк намуда ба намози чумьа мераванд,зеро ба масчид рафтан ва баргаштан ба камаш як соати кориро пас мезанад ва кайд кард,ки дар Эрон чунини нест ва корфармо чунин коргарро намеписандад.Мачбур чавоб додам,ки мардуме,ки ба намози Чумьа меравад аслан бекор аст.Дар хакикат ин мавзуъ чидди аст ва дахолати хукуматро талаб дорад.Зеро дар хакикат рузхои Чумьа роххои атрофи масчидхо касногузар мешаванд,мардум хатто дар рохравхо намоз мегузоранд,ки дар ягон давлати исломи ин тавр нест.Гарчанде дар аксари корхонахо барои намозгузори чой чудо карда шудааст,лекин коргарон бо хар рох мекушанд,ки ба масчиди калон раванд.Аз ин лихоз иддаои Гулнора А.-ро набояд хамчун тахкир хисобид.Дар хакикат барои аксари мардуми мо гузоштани намози чумъа дар масчиди калон аз кор афзалтар аст.Тассавур кунед,ки масчиди калонтарин дар Осиё барои 150 хазор нафар дар ш.Душанбе ба кор дарояд.Хазорхо автомобилхо дар атрофи он чамъ хохад шуд.Дар тамоми шахр пропка пайдо мешавад.Шояд он гох Хукумат рузи истирохатии якшанберо ба чумъа иваз намояд.Вагарна?

пудина
ИН ДАВЛАТИ ИСЛОМИ НЕСТ АГАР НАМОЗИ ЧУМЪААТ МЕФОРАД ДАР СОХТОРХОИ ДАВЛАТИ КОР НАКУН ВА УМУМАН ОЗОДАГОН БАРОИ ШУРАНДОЗИ ЧИ ФОИДА МЕГИРИ Е МЕХОХИ КИ ЯК ТОЧИКИСТОНИ ОБОДРО ТАКСИКАДА БА ХОЧАГОНИ КУЧМАНЧИЯТ ТУХФА КУНИ ММОО ННААММЕЕГГУУЗЗООРРЕЕММММ

Дилшод
Дарелчон хамеша шер буди шер бимони! Ахсан, ки масъулияти имонии хешро адо карди. Хайф бар мо, ки раддияе ба ин бонуи "фаъол"-и чомеаи шахрванди навишта наметавонем. Аслан у кист, ки пешниходаш кобили кабул бошад? Барои ман шахсан оне, ки зидди арзишхои динам харф мегуяд, кас ё худ шахс нест!

Бародар Далерчон Худованд аз шумо рози бошад
Ман мебинам ки гайр аз шумо касе сухан намекунад

Парвина
Далер худата тема накун, ки кишвар дунявист агар кишвар дуняви бошад пас чаро замбур барин ба занхои бе румол мечаспи соф темахот ба тахкири одамоне равона шудаанд ки арак мехуранд, дискатека мераванд агар кишвар дунявист пас кори ту хам чи ба ин кишри чомеа ки ба чи кор машгуланд як хеле гапе мезани ки гуё факат худат дилсузи ислом хасти...медунмт ки хасти ту...сирфошкунак шавад як сирхоета медонам ки ...

Муслим
Офарин Далерчон! бехтарин посух

Атеист 2
Офарин Гулора, барои хакгуи ва поквичдоният. Рузи чумаъ кариб як рузи истирохати гайриконуни шудааст. Садхо одам дар ин руз мансабдоронро бенатича поида вакти худо бефоида назди идорахо мегузаронанд. Бояд хукумат ба масалаи ба хач рафтани мансабдоронро хам ахамияти чиди дихад!!!! Аз хисоби кадом маблаг мансабдорон ба хач мераванд, ба касе пушида нест, аммо касеро коре нест!!!???? Хач рафтани тамоми амалдорон бояд бади ба нафака баромадан ичозат дода шавад. Набошад калимаи дунявиро аз сарконун бардоред, ва чумхуруии хочикалонхои хизматгори домуллохо ном гузоред.

Меҳмон
Намози ҷумъа худ як намоишкорӣ шудааст. Мошинашро дар миёни роҳ кундаланг гузошта "ала, намозай" гуён ба Намози ҷумъа медарояд. 7 август аз сабаби дар роҳ гузоштани КАМАЗ дар роҳи назди Масчиди Нурӣ мошини "Ёрии таъҷилӣ" натавонист роҳ ёбад...
Ё ин ки баъди Намози ҷумъа, дар атрофи масочид фақат изи нос мебинед.
Ислом ба ин намозгузорон ниёз надорад ва аз эшон б е з о р аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)