Бахшҳо

ВИДЕО: Пешниҳоди профессор Қосимов барои манъи "идгардак”

Профессор Раҷаббек Қосимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “идгардак”-и кӯдаконро як одати нолозим дониста, мегӯяд, ба мавҷудияташ зарурат намондааст.

Дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазон ва Қурбон, ду иди пайравони дини Ислом, кӯдакон аз субҳ то шом ба хонаҳо гашта, идона мехоҳанд. Соҳибхонаҳо ба онҳо ширинӣ, сақич, пуфак, пул ё монанди инҳо медиҳанд. Бештари мардум ин одатро суннати гузаштаҳо дониста мегӯянд, дар рӯзи ид бояд бештар аз ҳама кӯдакон хурсанд бошанд. Аммо профессор Раҷаббек Қосимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, чунин қоидаро қабул надорад. Ба андешаи ӯ, идгардаки кӯдакон махсусан дар пойтахт боиси хасташавии хотири дигарон мегардад: “Ягон ҳоҷат нест ба гаштан, хуб мешуд, аз ҳамин хонагардӣ даст кашанду ба дигар шакл хурсандӣ кунанд. Ба як шакле хурсандӣ кунанд, ки боиси хасташавии хотири дигарон нагардад”.

Ба андешаи ин профессори тоҷик, барои беҳтар намудани тарбия ва донишманд кардани наврасон аз чунин ҷараёни ба гуфтаи ӯ “бемантиқ” бояд даст кашид. “Кӯдаконро бояд дар як доирае тарбият кунем, ки давраи кӯдакии худро дуруст гузаронанд ва оянда кадри хуб барои ҷумҳуриямон шаванд. Агар мо ба ин равандҳои ҳархелае, ки як мантиқи муайян надоранд, такя кунем, моро пеш намебарад”,-афзуд ин устоди донишгоҳ.

Ба таъкиди оқои Қосимов, одати хонагардии кӯдакон аз деҳот ба шаҳрҳо, махсусан пойтахт кӯчидааст: “Ин дар мо набуд, дар деҳот буд. Кӯчонидани ин одат ба шаҳр қобили қабул нест. Вақе ки мо ба воя расида будем, чунин одат набуд, баъдтар ба шаҳр омад”.

Профессори ДМТ дар идома афзуд: “Шаҳр шаҳр аст, маромномаи пойтах ҳаст, ба ҳамаи ин бояд риоя кард ва аз бисёр чизҳо бояд даст кашид, зеро чизе ки дар деҳот қабул аст, дар шаҳр ҷоиз нест”.

Назари Шумо дар ин маврид чӣ аст? Бинависед.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ап
Ман пешниход дорам, ки профессор Рачавбек барои суханхои игвогаронааш ба махкама кашида шавад.

Ин чо андешахои мардумро хонда ба хулосае омадам, ки мо бо ин тарзи фикрронию суханронию бехурмати нисбати якдигар хеч гох пеш намеравем. На фарханг, на одоби сухангуи, дилхо пур аз кина, чахонбинии танг... На хунари шунидану на хунари шунавонидан...

Бисер пешниходи хуб.Дар дини мубини Ислом ин гуна чиз мисли идгардак нест.Дар мамлакатхои мусалмон,агар як мурдаи нав дар хонадон бошад,мардум ба он хона барои дуъо хондан мераванд,на ин ки барои шикамсеркуниву талбандаги.Баъзе аз нафарон дар хонаашон нони хурдан надоранд,аммо пеш аз ид мачбур мешавад ки карзу кавола кунаду,як дастархон андозад,чунки агар дар дастархонаш ягон чиз надошта бошад,хам мардум механдад ва ба хонаи он камбагал намерад хам.Ин аст мусулмонии мо.Дар бораи нарху наво пеш аз,ягон чиз гуфтани хам нестам.

огои Қосимов аз инда хуб мешуд ки барои соли нав ягон пешниход мекарди зеро ки ин ид аз мо нест дар дини мохам нест. Аммо ин ид аз мост зеро ки мо мусулмонем гаштани кудакон ва хурсанд кардани онхо Сунати Паёмбар С(в) аст. Ин ид ба дехот ягон рабте надорад ин иди мусулмонхост Точикистони мо хаммаш кухистон аст. Мо хама дехотием. Огои Косимов Профессор.

Ин чо шарххои дигаронро хонда, хостам худ низ чанд сухане оиди ин масъала бинависам. Албатта ин чо одамон ба ду гурух чудо шудаанд, ки якеашон аз гуфтахои профессор тарафдори ва гурухи дигар уро маломату сарзаниш менамоянд. Нафароне бо номи 66 ва Одам фикрхои чолибу шунидани гуфтанд. Албатта ки гап сари он ду се пачка жвачка намеравад ва ба хасисиву дилкушодии нафаре дахл хам надорад. Бовари дорам ки хар як оила товони харидани ду се пачка аз ин жвачкахоро дар рузи идхо албатта ки дорад (ба хар сурат ба ин умед мекунам). Вале бояд кабул намуд, ки баъзе кудакон хануз аз соати панч ба гаштан шуруъ мекунанд, ки албатта на он кадар хуб аст. Дар хакикат бояд ба назар гирифт, ки шахсони зиёде беморанду шуру магалро бардошт карда наметавонанд. Кудакон бошанд хеле зиёд магал мекунанд ва ин акидаи он, ки имруз "чизи бепул" ба даст меоранд, на он кадар хуб аст. Бехтар мебуд, ки дар ин рузхо хамон шахсони дорову сарватманд ба чанд тан аз оилахои ниёзманд хурока ва ё микдоре маблаг бурда хайр мекарданду он дастархонхои руз то руз бохашаматтарро оро намедоданд. Мо мегуем ки кудакони мо дар имруз хурсанди доранд? магар ягон рохи дигари хурсанд намудани кудакон вучуд надорад? Мо метавонем онхоро ба ягон чо ба сайру саёхат, ба бог, ба тамошо барем ва ин рузро хамчун "рузи оила" сипари кунем, ки дар хотири кудак накш бандад. Ба хар сурат пешниходи профессор як маротиба аз чихати мантики дида баромада шавад, хеле хуб мебуд.

Сафар
Вокеан гаштани калонсолон хам лозим нест. Ин одати чугихо мебошад. Галагов шуда хона ба хона гаштан хеч маънй надорад. Канй фалсафаи он? Ханагардии калонсолону занакхо ба як контрол ё мусобикаи дастархоноройи табдил ёфтааст, ки дастархони кй бехтар аст. Ин як харочоти барзиёд аст. Инро аз руи конуни танзим бояд назорат кард.

Бе ном
Офарин рузномангор. Суханони хаку халол. Бахусус ба касалон бисёр халал мерасонанд, кандатона занед.

Шахсан ман кудаконамро ба идгардак хона ба хона рафтан намемонам. Аз хамун живачкахо ба чуз зараре хеч чиз нест. Дуруст гуфтанд,ки дар ин рузхои ид дар мо занхо дар ороиши дастархон мусобика мекунанд ва ба хонахои камбагалхо намераванд. Ба хама маълум,ки дар давлатхои мусалмони дар рузхои ин ду Ид ба хонахои аъзодорхо рафта дуо фотиха мекунанд наин,ки ишкам серкуни. Хуб мешуд,ки маданияти Ид гузарония ёд мегирифтанд, кудаконро бо тарзи дигар хурсанд мекарданд.

апы
Сафар,

калонсолон барои дуокуни мераванд. Ту медони ки мардуми мусалмон ба арвохи гузаштагон дуо мекунанд. Не намедони. Тарбияи исломи надори. Шумо баринхо дар гирди арча, бобои барфи ва снегурочка сад граммро бардошта тост мегуед.

Точикзан аз Дехот,

Модоме ки дар чануби кишвар зиндаги дори, расму оини хамин мардумро хурмат кун. Маъкул нест, кучатро банд ба хамон шимол.

саид
Дар мардуми шимол ба гайр аз шахри Хучанд ва гирду атрофи он дигар дар хама нохияхояш идгардаки кудакон мавчуд аст. Масалан мардуми Мастчох идро се руз чашн мегиранд ва дар хама хона дастархонхо (хам барои мардон ва хам барои занхо дар алохидаги) боз хастанд. Ва ба кудакони меомада модармон тухм, канд, пул, жывачка, себ ва гайрахо тухфа мекунанд..Занхо ширини мепазанд ва аксарият мардум курбони мекунанд.. Зинда бод Идгардаки кудако.......

58% Профессорро тарафдори накарданд. Дуруст кайд шудааст, ки идгардак ба ислом иртибот надорад. Рузноманигор пешниходи чолиб намудааст. Хурсандии кудаконро таври дигар ба рох мондан лозим. Ё ин ки ба чойи жевачкаи захролуд, ки барои кудак хоиданаш то 15 солаги катъиян манъ аст (зехни кудакро кунд мекунад) китоб, калам ва дигар лавозимоти хониш дихем.

Муаллим
Профессор хасисӣ накун. Ин одат аст. Бигузор кудакон хурсандӣ кунанд. Мо ҳама инро аз сар гузаронидаем. Аз муаллими оддӣ сар карда то вазиру депутатҳо ва ҳама халқи Тоҷикистон инро аз сар гузаронидааст. Намехоҳӣ даратро қулф зан ва ба ягон тарабхона рафта кори худата кардан гир. Ба кӯдакон додани чизе ё хӯрдание ин садақа аст, ки ҳатто сарвари давлатамон моро ба ин кор даъват мекунад. Ҳой профессор, ту худат дар умрат ягон маротиба ба касе садақа додаӣ?

..
Маслихат ба профессор

Дар рузи ид дар дари хонаат эълон овез, ки мо одамони современни ва аз шимол хастем. Дар мо расми идгардак нест. Ягон кудак дари хонаатро так-так намекунад ва туро аз хоби ноз сахари барвакт бедор намекунад.

Мухочирмард
мухочирзан,
Ман худам аз Хучанд ва ин кори мо (Факат ба хонаи азодорон рафта дуову кироат мекунанд) ягон хуби дар Ислом надорад. Лекин идгардак барои кудакон лозим, махсусан дар шимол барои дар дили бачахо мехри идро зиед кардан. Мардуми мо идхои Рамзон ва Курбонро азодори мекунанд ва соли навро чунон пешвоз мегиранд, ки бачахо факат интизори соли наванд, на идхои дини худамонро.

ол
Мухочирмард,

Офарин бародар. Хайрият дар Хучанд хам шахсони мефахмидаги будаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)