Бахшҳо

Интиқоди Садриддин аз “Озодагон”: Зуртон ҳофизода мерасад? (ВИДЕО)

Садриддини Наҷмиддин, хонандаи номовари попи тоҷик аз охирин барномаи “Weekend”-и “Озодагон”, ки дар мавриди клипҳо суҳбат мекард, интиқод кардааст.

Дар навиштае, ки аз номи ин овозхон ба Фейсбуки расмии хабаргузорӣ омадааст, кормандони “Озодагон” дар “тарсончакӣ” муттаҳам мешаванд. “Зуртон ҳофизода мерасад. Канӣ проблеммаҳои ҷомеаро бардоред. Худатонро хабарнигор мегиред, тарсончакҳо, аз Орзу ибрат гиред”,-омадааст аз Фейсбуки Садриддин. Бештари огаҳони шоу бизнес тасдиқ карданд, ки ин саҳифаи худи Садриддини Наҷмиддин аст.

Дар посух ба як номаи хабаргузорӣ, Садриддин дубора навишт, "баробари камбудиҳои клипҳо пирӯзияшро ҳам гӯед. Шумо худатон ба худатон савол диҳед, ки барои пешрафти ҷомеа ва номи тоҷик чӣ саҳм ё хидмат кардаед?" Ба дунбол, хабаргузорӣ аз ӯ дархост кард, дар мавриди силсиласафарҳои ҳунарияш ба Австралия, ки қарор аст моҳҳои декабр ва январ сурат пазирад, барои нашри як хабар маълумоти бештар ироа кунад. Аммо бо гузашти панҷ рӯз ҳеч ҷавобе нагирифтааст.

Мавзӯи “Викенд”-и ахир клипсозӣ дар Тоҷикистон буд ва онҷо аслан клипсозон мавриди назар буданд, на сарояндаҳо. Дар ин барнома аз ду клипи Садриддини Наҷмиддин ҳам мисол зада шуд.

Барномаро инҷо бубинед. Интизори назари Шумо ҳам ҳастем.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
Мардуми мо хунарманди бесаводро дуст намедорад. Пеш аз назаратонро навиштан, аввал онро хуб тахрир кунед.

Садриддин, хаел карди шунавандахои ашулахот он кадар чахонбини доранд ки рузнома хонанд? Онхо дар даруни похсадевор кох бод мекашанду клип тамошо мекунанд. Ту бояд тарзе хони ки аввал ахли пешрави чомеа туро эътироф кунад, ба иронихо таклид ку мекуни акаллан тарзи рафтор ва гуфтори онхоро бин ед гир чи гуна маданият доранд. Дар як шабака (nex-1) гапзаниву чахонбинии шумо точиконро дида бо иронихо мукоиса карда одам шарм медорад, бузургии онхо аз хоксориву озодона харф задан аст, шумо хоксориро дигар фахмидаед... Ман то хол чуз Зафар Нозиму Далер Назару дигараш касеро пайдо карда наметавонам ки ба талабот чавоб дихад то ки гуш кунам... Афсус... Ин навиштахои ту шахсияти туро бори дигар рушан мекунад, аз чахонбинии "кишлок" берун набаромадаи, хафа нашав, сиришти фитрият ин аст ва менталитетат хамин, аз ин чордевори танги тафаккурат берун баромаданат душвораст, вале агар кушиш куни шояд бехтар шави. Хондану омухтан даркор то ки чахони шави.

E gap nest shumoda Ozodagon ofarin>>>> sukhanton 100 dar 100 dai

САДРИДДИН РОСТИ ГАП МА ШАХСАН ШУМОРО ГУШ НАМЕКУНАМ ВА МУХЛИСИ ОВОЗАТ НЕСТАМ. ШУМО БОЯД АЗ ИН ЧИЗ ХАФА НАШАВЕД. ЛЕКИН ХАМИН ГАПИ "Зуртон ҳофизода мерасад" РАНГИ КУДАКЕ ГИРЯ КАРДА ГАП МЕЗАНАД, ХАМИН ХЕЛ ШУДАСТ. АНА ХАМИН АСТ МАЪРИФАТИ ХОФИЗОНИ МО, АНА ХАМИН АСТ ФАРХАНГИ ХОФИЗОНИ ЧАВОНИ ТОЧИКИСТОН АНА ХАМИН АСТ ДУНЁИ ХОФИЗОНИ ЧАВОНИ МО. АЙБ АСТ, ШУМО АЗ ИН СУХАНХО БОЯД ХАФА НАШАВЕД. ЛЕКИН МУТААСИФОНА РОСТ АСТ ИН СУХАНОНИ ЖУРНАЛИСТ. ЧИ БА ХАФА МЕШЕН А. БО ЗАНАКИ ЛУЧ ДАР ДОХИЛИ КАФАСУ ВА Ё ДАР ДОХИЛИ КОХ САБТ КАРДАН ИН ФАРХАНГИ БАЛАНДИ ШУМОРО НИШОН НАМЕДИХАД. КАМТАР ЗАМИНИБА ФАРОЕД АКОЧОН

муаллим
Ҳамин Садриддин худаш як бесавод аст. Маънии сурудаҳояша намефаҳмад, то куҷо пас маънии клипҳо ва саҳнаҳои онҳоро сарфаҳм равад. Мактаби миёнаро базӯр тамом карда буд. О, Садриддин! Худата ин қадар баланд мегирӣ, намефорадат, аз Тоҷикистон рав. Охир ту қаҳр карда будӣ-ку. Аздусар дар ТВ тоҷик нишонат намедиҳанд! Ҳамин Озодагон аст ки мо ба хотири он дар интернет мешинем. Ҳоло ҳам бошад аз Озодагон ва журналистон бахшиш пурс! Садриддин, ҳоло ки дар Тоҷикистонӣ шарми тоҷикиро риоя кун!


Устод Хаёл
Аз шабакаи телевизионии форсизабонхо Фарзонаро бо клипаш нишон доданд.Ин як шармандаги буд.Охир намешавад,ки хамон Манижа ва Нигина бо либосхои шинам ва чехраи зебои худ оромона хонанду точикро муарифгар шаванд.Кучои ин Шабнаму Фарзона артист хаст намедонам.

Устод Хаёл
Дарвокеъ имруз ба холи зори санъати эстрадаи точик мургони хаво низ мегирянд.Гурухи хофизакони бесавод,ки на дониш доранду на биниш ва ба маънии шеъри ноби классики ва муосири точик сарфахм намераванд хар чи ки пеш омад хуш омад гуфта мехонанд.Бо ин амалашон шавку завки шеърфахмии халк ва пеш аз хама кудаконро хело паст карда,теша бар решаи фарханги миллат мезананд.Боз шарм надошта худро ситора меноманд.Аслан бигирем онхо шихобпора(зузанаб)-хое хастанд,ки як дурахшида аз кафаяшон фавран дуд баромада осмонро губоролуда мекунанд.Акалан ба фарханги олии эстради ва композитории хамзабононамон,алалхусус ирониёни Гарб дида намедузанд,ки фахманд,ки эстрада чист.Агар Борбад зинда мешуд,фавран аз чунин бемасъулии ворисонаш зиндадаргур мешуд.

Ф 420
О МАН НАВ ФАХМИДУМ, КИ ХОФИЗИ БАРОИ ПЕШРАФТИ ЧОМЕА БУДИЯ. Э АКАИ САДРИДДИН ХУДУТ ХАМУ САВОЛА БУТЕ КИ БАРОИ ЧОМЕА ЧИ КОР КАДАЙ.
ХАЁЛАТ ХЕЛЕ МАРДАКИ БА МАЪНИИ ЗУРИ, НЕ ХОЛО ЧАВОНИ ПЕШААТРО ДИГАР КУН, ХОФИЗ ЗАФАР НОЗИМ, ОДИНА ХОШИМ БУД ХУДО РАХМАТ КУНАД. ХОЗИР ХАМ МУХЛИС ДОРАН. ШУМО ДАР ЗИНДАГИТОН МУХЛИС НАДОРЕН БАЪД ХАЙ БУФАХМЕН ХУДТОН...

Akai Sadridin khafa nasha ai i khabarnigoro rost megan hamio

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)