Бахшҳо

Додситони Суғд: Пӯшидани либоси мардуми арабу покистониву эронӣ чӣ маънӣ дорад?

Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд аз фарҳанги либоспӯшии занон дар шимоли кишвар нигаронӣ карда, аз онҳо хостааст, ба либоси миллӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Қурбонзода дар мулоқот бо раҳбарони макотиби олию миёна, мудирони шӯъбаҳои мақомоти маҳаллӣ, намояндагони уламои дини шаҳру вилоят, раисони маҳаллаҳои шаҳру шӯроҳои занон ва бибихотунҳои ин минтақа изҳор доштааст, занҳои тоҷик ҳоло аз фарҳанги либоспӯшии ниёкони худ рӯй гардонида, ба тақлиди мардуми арабу покистонӣ ва эронӣ пардохтаанд. Ӯ гуфтааст, “либоси миллии худро пушти по зада, либоси мардуми арабу покистониву эрониро ба бар кардани занону бонувони мо чӣ маънӣ дорад?”

Додситони вилояти Суғд дар идома аз бонувони ин минтақа даъват кардааст, ҳангоми интихоби сару либос фарҳанги ниёкони худро ба назар бигиранд: “Либоси тоҷикии мо чӣ нуқсон дорад? Ҳар давлату халқияту сохтор либоси махсуси худро дорад. Ва ба халқи тоҷик низ ниёкон либосҳои миллии худро ба мерос гузоштааст. Чаро таассуб ба либоси бегонагон мекунем? Амалҳои мо асосан аз урфу одат сарчашма мегиранд ва ҳуқуқҳои мо низ дар асоси урфу одат пайдо шудаанд”.

Ба дунбол, додситони вилояти Суғд фазои динии кишварро мусоид арзёбӣ карда, аз сокинон хостааст, тағйири мазҳаб накунанду зери ниқоби дин ба амалҳои ҷиноӣ даст назананд: “Дар ҳаққи дини мубини Ислом ва иҷозати давлат дар озодии виҷдон хизмати хирсона кардан нашояд. Дар қаламрави кишвар 4000 масҷид амал мекунад. Марҳамат, намоз хонед, рӯза гиред, ибодат кунед! Аммо ба мамлакатҳои ғайр пайравӣ накунед”.

Шариф Қурбонзода дар идома ба шарҳи сабабҳои даст задани шаҳрвандони кишвар ба худкӯшӣ пардохта, дар он бетаваҷҷуҳии раисони маҳаллаҳо ва сокинонро низ яке аз омилҳо донистааст: “Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд омилҳои гуногун доранд, масалан бемории асаб, бемориҳои вазнин ва хушунати оилавӣ. Суоле пеш меояд, модоме 41% ба бемории асаб гирифтор будаанд, чаро дар ташхису рӯйхати табиб наистодаанд? Раисони кумитаҳои маҳаллаҳо чаро аз бемории сокинон ва хушунати оилавии онҳо бехабаранд? Шояд бетарафии ҳамсоягон чунин шаҳрвандонро ба худкушӣ мерасонад? Бояд фаъолияти занон, ҷавонон, калонсолони маҳалла пурзӯр карда шавад”.

Ӯ аз ҳолатҳои хариду фурӯши одамон низ дар қаламрави вилояти Суғд ёдовар шуда, гуфтааст, аз аввали соли ҷорӣ то кунун 19 ҷинояти хариду фурӯши инсон ба қайд гирифта шудааст: “Духтарону занони гумроҳро бо баҳонаи дарёфти кори серпул ба кишвари араб фиристода, бо ин васила маблағҳои калон ёфтани иддае боиси ташвиш ва нигаронии кормандони мақомоти ҳуқуқ ва ҷомеа гардидааст”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ном
Ман хайрон, ки чаро танхо либосхои ирониву арабиву покистониро гуфтаасту аз либоспушии европои калимае нагуфтааст? Ё шояд либосхои милли гуфта либосхои аврупоиро дар назар дошта бошад....

Комил
Ба ин бефаҳм бифаҳмонед, ки либоси нимурёни аврупоие, ки зану духтарҳо ба бар мекунанд, бешак либоси аҷнабиёну бегонагон аст на ин ки либосҳои мусалмонӣ.

rukhshon
Як назар
Хар лаку пак, таку шак, хар гуна масоила шарх медихад. Худо накунад гап сари либос, пояфзол, ё чизи дигар равад факат масъаларо як тарафа шарх надихед. Камтар атрофи пасу пешаш фикр кунед. Ба бахонаи сатру фаранчину пули зиёд духтарони зиёда бурда дар мамлакатхои бо ном исломи фурухта истодаанд. шумо, ки худатонро аз ислом бо хабар мешуморед магар ин кор равост. Кучост номуси миллии шумо, кучост номуси мардии шумо.

Комил
Барои чи ин прокурор либоси нимурёни аврупоии дар тани зану духтарҳояш бударо либоси миллатҳои бегона арзёбӣ намекунаду, либосҳои мусалмониро бегона меномад. Ҷавобашро мунтазирам. Озодагон илтимос ба табъ расонед.

пос ва гироми доштани урфу одатхои милли яке аз вазифахои асосии миллати точик бояд бошад. Хамаи он шахсоне, ки худро ман точик мегуянд бояд анъанахои миллиро хифз намоянд. Вагарна зери таъсири миллатхои бегона аз байн мераванд. Якбор ба миллатхои дигар нигох кунанд. Масалан авгонхо, русхо, киргизу казоку ва гайра, онхо дар хар кучо бо либоси милли ва анъанахои худ фахр мекунанд. Нишонаи дини Ислом дар либоспуши нест, балки дар рафтору кирдор мебошад. Инчунин хар як падару модар нагузорад, ки фарзандаш ва худаш низ либоси аврупои напушад.

Барои чи мо факат яктарафа бахо гузори мекунем холо он ки дар ин мулокот иштирок доштем ва сухан дар бораи аз бар кардани либосхои хосси милли мерафт яъне характери тавсияви дошта ягон шарти мачбуркуни надошт. Инчунин либосхои танхо арабию фаранчи не балки аз бар кардани либосхои миллиро тавстя додаанд.

Аз хондани ин маъруза фикр кардам, ки ин холат дар кучо рух дода бошад зеро дар ин вохурӣ шахсан ман иштирок доштам умуман дар баҳси боло сухан намерафт. Гуфта шуда буд, ки "солҳои охир аз ҷониби духтарону ҷавонзанҳо ба бар кардани либосҳои бегона, ки хоси анъанаҳои миллии мо нестанд, мушоҳида мешавад" дар ин ҷо мақсад аз бар кардани соф либоси миллии тоҷики мерафт на аврупоӣ на минни юбка на фаранҷӣ ва дигару дигар. Оё барои аз бар кардани либоси миллӣ тавсия додан ва аз тарафи хоҳарон занҳо ва модарони тоҷик аз бар кардани дибоси миллӣ "куртаю румолу изор" ганда аст? Ман ҳамчун як зани тоҷик тарафдори либоси милли занона мебошам.

Юрген Клинсман
Дар Точикистони азиз,ки камбизоаттарин кишвари олам аст ва маоши пасттаринро дар сатхи шурави мегиранд асоситарин сабаби худкушии шахрвандон ин як навъ эътироз ба сиёсати носозгори давлат дар рохи таъмини зиндагии шоиста аст на чизи дигар.Дигар сабабхо акалиятро ташкил дода дуюмдарача хастанд.

Телбакшох
Вакти он расидааст,ки мардон низ либоси милли худро дошта бошанд.Киргизхоро бо кулохашон дар тамоми дунё мешиносанд зеро он моли онхост.Токи точикии чусти(аз шахри точикнишини Чуст баромадааст)имруз миллати точикро муаррифи карда наметавонад,зеро чахониён намедонанд,ки он моли точик аст ё узбак зеро узбакхо низ онро истифода мекунанд.Шукр имруз дар Кулобу Дарвоз,Рашту Бадахшон,Хисору Зарафшон токихои миллии точики зебо,ки тибки тадкикотхои илмии олимони шурави накшхои онхо басо кадими буда,рамзи миллати моро ифода мекунанд зиёданд.Бояд истифодаи ин намуд токихо ба чои токии ба номи чусти зиёдтар ба кор бурда шуда,тарки телевизион ва матбуоти чахони ин намуд токихо чун рамзи либоси миллии точикон муаррифи гардад то чахониён бо истифодаи точкии чусти нагуянд,ки:Точик ё узбак он?!

Барои чӣ духтурону занони арабу покистон эрону ҳиндустон қиргизу қазоқ либосҳои тоҷикиро ба бар намекунанд? Шумо бошед тасия медиҳед, ки мо занҳо либосҳои арабию эронӣ ва ғайраро ба бар намоем дустони азиз аз суханронии Шумо маълум мешавад, ки шумо зани тоҷикро барои аз бар кардани либосҳои ғайримилли ҷалб намуда итодаед ва эҳёи либоспушии милиро аз байн бурданӣ ҳастед. Оё Шумо фурухта шудаи давлатҳои дигар набошед?Ман шахсан барои аз бар кардани либоси миллии тоҷики тарафдорам ва ба ин баромади дотситон ягон зиддият надорам.

Насриддин
Хамотон рузи киёмат кур мехезитон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)