Бахшҳо

“Айбдор” шудани Орзу Исоев ва тавсияи Шӯро ба Радиои “Имрӯз”

Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Орзу Исоев – муҷрӣ ё барандаи собиқи барномаи Баҳси Имрӯз дар Радиои Имрӯзро ба нақзи муқаррароти чор банди Меъёри ахлоқии журналист “айбдор” кардааст. Масъулони ин Шӯро мегӯянд, агарчӣ Орзу Исоев ҳоло дар “Имрӯз” кор намекунад, аммо бо ирсоли номае ба роҳбарияти радио машварат додаанд, ки хабарнигоронашон ҳангоми таҳияи матолиб ба эҳсосот дода нашаванд.

Тавсияи Шӯрои ВАО дар пайи шикояти Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” (Q-Net) дар Тоҷикистон, аз болои Орзу Исоев навишта шудааст. Оқои Ҳомидов иддао карда буд, ин хабарнигори тоҷик ҳангоми суҳбаташ дар бораи ширкати Q-Net онҳоро мавриди таҳқиру туҳмат қарор дода, шаъну этиборашонро паст мезанад.

Қироншоҳи Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО, мегӯяд, ба далели он ки маводи барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳаҷман хеле калон буд, ҷаласаи онҳо ду дафъа - 18 июл ва 15 августи соли ҷорӣ баргузор шудааст. Ба қавли ӯ, ба намояндагии ширкати “Квестнет” ҳам маслиҳат дода шудааст, ки “дар ҳолати ба нишастҳои матбуотӣ ва ё барномаҳои радиову телевизионӣ даъват шудан аз ҷониби ин ё он ВАО, иштироки намояндагони масъулашро таъмин намояд”.

Дар охир аз роҳбарону кормандони расонаҳо хоста шудааст, “ба хотири таъмини озодии сухан дар фаъолияти ҳамарӯза принсипҳои бунёдии журналистикаро риоя намуда, дар ин замина ба халалдор шудани Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳ надиҳанд”.

Барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳар субҳ аз соати ҳафт то даҳи рӯз дар Радиои Имрӯз мустақим пахш мешуд. Яке аз мавзӯъҳои доғе, ки дар ин барнома тавассути Орзу Исоев матраҳ гардида, бо вокунишҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид, фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон буд. Оқои Исоев ахиран, ба дунболи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми мудири кулли ширкати Ориёно-Медиа, ки шомили Радиои Ориёно ва Имрӯз асту ба Ҳасан Асадуллозода, роҳбари Ориёнбонк марбут дониста мешавад, аз кор рафт.
Мӯҳр
шахрванд
радиои "Имруз" баъи рафтани Орзу хомуш нест ..дигар хамкоронаш корро идома медиханд..хеч фочеае хам нашудааст..Орзу рафт , Орзуе боз меоянд..хама дар самти кори худ нафъе ба чомеа мерасонад ва е мехохад ки раоснад..танхо ором берекломи кори худ.. гуе танхо Орзу хама мушкилро кушода метавонист..ман аслан зидди Орзу нестам ягон- ягон садояшро дар наклетхо мешунидам..хайр мегуфт чи , рисолати корашро ичро мекард..ин чо комментхоро хондам бародар Шамсулло чизе навиштааст хондам ..хулоса кардам ки ин худи Орзу аст..чаро ин тавре ки худи Орзу Орзуро мешиносад Шамсуллое уро хеч вакт нахохад шинохт....дигар тавфик Орзу , барори кори туро мехохам..

Нест бод куинет я шатахурдаш карибки манум 91микр-да эх Орзу хаккию чихе кнем

Комменти "Шамсулло ба шахрванд"-ро сар дихед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)