Бахшҳо

Раҳим Масов: “Ҷонибдори мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ ҳастам”

Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улум, мегӯяд, тарафдори статус ё мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ дар Тоҷикистон мебошад. “Шахсан ҷонибдори додани сатуси давлатӣ ба забони русӣ дар Тоҷикистонам ва аз он ҳимоят мекунам”,-изҳор доштааст ӯ дар суҳбат бо торнамои русзабони “Евразийское развитие”.

Масов дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, дар ниҳоди зертобеи ӯ гузаронидани таҳқиқоти илмӣ на танҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо забони русӣ низ ба роҳ монда шудааст, чун ба гуфтаи Масов, забони русӣ забони мубодилаи илмӣ дар кишварҳои пасошӯравист. “Бо тавсияи мо Шӯрои дисертатсионии ҳимояи доктории Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон тавонист, ба ғайр аз забони англисӣ забони русиро ҳам ворид созад”,-илова кардааст ӯ.

Раиси ин пажӯҳишгоҳи Тоҷикистон таъкид кардааст, ҳоло дар кишвар забони русӣ паҳну барои рушду пешрафти он талошҳо бояд анҷом дод: “Агар дар зовия қарор гирифтани забони русӣ ба мисли 20 соли охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад, пас дар ин ҳолат фосилаи фарҳангӣ зиёд хоҳад шуд. Барои муваффақ шудан дар рушду пешрафти забони русӣ мавқеи ҷиддии Русия дар робита лозим аст. Маскав набояд аз дастгирӣ ва сармоягузорӣ дар мавриди рушду пешрафти ин забон ҳарос дошта бошад. Чун аз ҳама роҳи таъсирноку умедбахш ин сармоягузорӣ мебошад.”

Ба гуфтаи ӯ, Русия дар рушду пешрафти тамаддуни АвруОсиё ва тақвият бахшидани равобити мардуми Иттиҳоди Шӯравии собиқ нақши калидӣ бозидаасту мебозад. “Нақши муҳимро дар рушди тамаддуни Шӯравӣ забонӣ русӣ дошт”,-афзудааст Масов.
Мӯҳр
масов сад дар сад рост гуфтед. махсусан забондони барои халки точик хеле зарур аст чунки мардум ба гайр аз забони худаш ягон забонеро намедонад мисли чуркахо хастанд аз хама бадаш он аст ки вакте бо забони адабии хозираи точик сухан кунед чашмонашон во шуда бо аломати савол мепурсанд, ки " и чи мега?". ин бадбахтии мо аст. бехуда намегуянд ки забон дони чахон дони. мутаассифона инхо намефахманд , кай онхо аз ин торики рахо мешаванд ?

Рустам
Чавобба хамаатон. Чанобон як чизро донед ки бе донистани забони Англиси ва Русси пешрафт карданамон ба вакти зиёд даркор. барои хамин ман пешниход мекунам ки дар баробари пешбурду рушди забони Точики забонхои Русию Англисиро низ бояд донем. Як чизи дигар хаст ки тахкурсии хамаи илмхо аз ин ду забон хело сахт вобастаги дорад. Масовро дуруст фахмед. мегуянд ки барои он ки шеъри Умари Хайём ё Саъдию Хофизро хубу ба маънои томаш фахми забони точики форсиро бояд донист. Ман фикр мекунам ки бе донистани забони русси наметавон тамоми чузъиёти илми Кимиё ё таблитсаи Менделеевро дарк кард. Такрибан 8 сол кабл аз Эрон тамоми олимони илми кимиёву физикаш ба мухлати 3 сол дар шахри санкт-петербурги руссия забони руси ва такмили ихтисосро гузаштанд.

Кетман
Ин маънои онро надорад,ки иронихо забони илмии кимиёи надоранд дустам Рустамбек.Олимони ирони дар тамоми сохахо дар марказхои илмии Аврупо ва Чопону Австаралия дар такопуянд.Онхо забонхои зиёдеро медонанд ва забони порси,ки забони илмист пайваста аз тарчумонхои зиёди сохахои гуногуни илм китобхои нави нави бо порси тарчумашударо мегирад.Суръати тарчума дар Ирон реактиви аст.Махсусан аз англиси хар китоби имсол чопшуда,соли дигар бо порси ончо чоп мешавад.Хукумати порс барои ин маблаги хангуфт чудо мекунад.Дар мо?Кани иниститути тарчумони бо штати лоакл 500 нафа,дар 23 соли истиклолият,хеч чиз надорем.Кор то он дарача омада расидааст,ки хукуматдорони хоричи чун диданд,ки ин миллат забон надорад,ба кишвар ашхосе,ки порси-точикиро намедонанд ва русиро балад хастанд сафир таъин мекунанд.Дар кишвархои хамчавор бошад вазъ ин гуна нест,чун,ки ончойхо забни милли худро эхтиром мекунанд ва сафирон инро зуд хис мекунанд!

точик
Огои Рахим Масов
дахони баста сад танга гуфтаанд.....

Ф.Д
Одам,ки пир шуд гапои кудакона ва хандаовар мезанад. Олим шудан осон одам шудан душвор да.

доно
Бозор Собирро санг задед бо навбати Масов шуд? дусткушони душман парвар....Гуфтааст на гуфтааст аз кучо медонаду?

Ватандуст
Яке аз шахсиятхои шинохтаи кишварамон дар бораи Рахим Масов гуфта буд, ки вай агенти Русия аст ва дар нихоят вай хамеша манфиати Русияро химоя мекунад. Ба ин гуфтаи он шахсияти махбуб беш аз дах сол гузашт ва бо гузашти замон дурустии сухани он азиз хар сол бештару бехтар собит мегардад. Ин русипарастии Масов хам идомаи хамон кори агентии вай аст. Аз суи дигар, мо точикон ва хатто бузургонамон хам басо худхох хастем ва дар хар кор суди хешро мечуем ва хеч парвои суди миллату Ватан надорем. Агар Масов забони модариашро ки забони шеъру мухаббат аст, медонист, шояд чунин суханони бемагз намегуфт. Вале медонад, ки агар забони форсии мо ба чойгохи худ бирасад ва забони вокеии давлати шавад, масовхо бо забони русиашон нон ёфта наметавонанд... Яъне барои масовхо нон мухим аст, на ному забону Ватан. Онхо хамеша дар фикри об додани хари лули хастанду гирифтани пули лули...Ман хам ба андешаи як бародар, ки аз мансаб барканор кардани Масовро ба миён гузоштааст, сад дар сад хамнаво хастам. Дар кишваре, ки рус хатто ним дарсади ахоли нест, ба миён гузоштани чунин пешниходхои беаклона. худ як андешаи гуломист ва агар дакиктар бигуем, хиёнат ба забон, миллат ва Ватан аст. Албатта, шояд пас аз хондани ин андешахо баъзехо ба сари мо шамшер гирифта бигуянд, ки Масов бузургтарин точик асту фалон китобро навишту фалон кор карду ба фалон хуччат бо Чин имзо нагузошт... Вале ман ба онхо мегуям, ки Масов ё чунин корхоро худ накардааст ва агар карда хам бошад, чунин суханони бепояаш хама он корхоро ба истилох ду пул мекунад ва Масовро ба мо на чун ватандуст, балки хамчун як бадхохи миллат ва забонфуруш, ки миллатфуруш хам хохад шуд, нишон медихад.

Сомони
Масов, ки хамчун олим дар доирахои илми чандон обуру надорад ва асархои илмиаш хам чандон арзиш надоранд, мехохад бо пуштибони аз забони руси мавкеашро нигох дорад ва аз пуштибонии Русия бархурдор шавад. Яъне дар пушти ман Русия аст, ба ман кордор нашавед. Ба акидаи у бо забони точики бояд факат дар хона, куча ва бозор гап зананд ва забони илм ва коргузори бояд руси бошад. Зидди забони давлати будан амалан маънои зидди истиклолияти Точикистон буданро дорад. Як шахрванди катори метавонад дар ин масъала акидаи худро дошта бошад. Аммо шахсе бо чунин акидаи зиддидавлати наметавонад директори муассисаи мухими илми бошад.

Мухтарам Масов Шумо фикрхои дуруст кардед вале ба ин торикхо ин чизро фахмонда намешавад. ана барои хамин икишвар пеш намеравад .

Сухроб
Гумон дар бораи он, ки бо додани макоми давлати ба забони руси Точикистон пеш меравад асос надорад. Мухим баланд бардоштани савияи илми ва маърифати чомеъа мебошад ва инро бо хамон забоне анчом додан лозим аст, ки густариши бештар дорад. Барои Точикистон ин забони точики аст. Хушбахтона забони точики собикаи хуби илми, фарханги ва коргузории давлатиро дорад. Русиро донистан ин маънои босавод буданро надорад, русхо ва русидонхои бесавод зиёданд. Албатта дар катори забони модари донистани забонхои руси ва англиси муфид аст.
Агар ба ин ва ё он забон зарурат бошад мардум онро ихтиёрона меомузанд. Масалан, забони англиси дар ягон кишвари гайрианглисизабон макоми давлати надорад, аммо хама онро ихтиёран меомузанд. Масъалаи макоми давлати додан ба забони руси ин як сиёсатбозиест, ки академик Масов хар дафъа онро брои ба худ чалб кардани афкори чомеъа чолокона истифода мебарад ва ин дар холест, ки у хуб медонад, ки давлат ва чомеаи Точикистон инро хеч гох кабул намекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)