Бахшҳо
01 авг 2014 10:59Тоҷикистон / Сиёсат

Иттиҳоми “Ҷумҳурият” алайҳи Шӯҳрат Қудратов: Аз тазоҳурот то ҷосусӣ

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо чопи матлабе Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ ва муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократро, барои нақшаи ташкили “тазоҳуроти зиддидавлатӣ” ва “ҷосусӣ” муттаҳам кард. “Ҷумҳурият” дар шумораи 146-и худ навишт, гӯиё Қудратов аз афроди боэътимоди Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” низ будааст.

“Дар арафаи маъракаи муҳими сиёсии соли 2013 таҳти роҳнамоии Додоҷони Атовулло нақшаи ташкил намудани тазоҳуроти зиддавлатиро дар шаҳри Душанбе тарҳрезӣ карда буд, ки ба мақсад нарасид”,-омадааст дар матлаб.

Дар идома аз Шӯҳрат Қудратов интиқод шудааст, ки пайваста, ба гуфтаи муаллиф, “парвандаҳои хиёнаткорон ва душмани миллату давлати тоҷиконро пеш мебарад. Аз ҷумла, дар парвандаи Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов, соҳибкор Зайд Саидов, инчунин, дар пешбурди парвандаҳои якчанд нафар аъзои «Ҳизбуттаҳрир» ва намояндагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ - Ашуров Димон ва Мамадбоқиров Мамадбоқирро ба уҳда дошт. Бо мақсади ҳимоя кардани Д. Ашуров ӯ моҳи марти соли 2013 бо истифодаи хешовандони наздики гунаҳкорон кӯшиш кард, ки намояндагони гурӯҳҳои муташаккили ҷинояти шаҳри Хоруғро ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ бархезонад. Ҳатто мардумеро ҳам, ки оромии Хоруғ ва умуман Тоҷикистонро мехостанд, таҳрик медод”.

Рустам Қурбонов, муаллифи матлаби “Ҷумҳурият”, гуфтааст, Қудратов гӯиё бо яке аз намояндагони хадамоти махсус ё ҷосусии кишвари хориҷӣ низ мулоқот доштааст. “Магар пас аз чунин мулоқот ба Қудратов бовар кардан мумкин аст?”,-суол гузоштааст ӯ ва ҷавобашро ҳам навиштааст: “Албатта, не. Натиҷаи чунин мулоқот буд, ки дари баъзе сафоратҳо барои Шуҳрат Қудратов пайваста боз асту аз ӯ пуштибони ҳуқуқи инсон метарошанд”.

Дар ин матлаби “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, гуфта шудааст, Қудратов ҳамчун намояндаи ҳизби сиёсии мухолиф бо масъулони сафоратҳои Амрикову Бритониё дар Тоҷикистон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ робитаи зич дорад. “Сабаб дар чист, ки намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба касе аҳамият намедиҳанд ва танҳо бо ӯ суҳбату мулоқот мекунанд. Ҳатто барои тарки давлат кардан хоҷагонаш ёрӣ расонда буданд. Бо чӣ сабаб бошад ин нақшаи вай амалӣ нашуд. Дар нимсолаи якуми соли 2014 Қудратов кӯшиш дошт, раводиди Амрико ва ё дигар кишварҳои аврупоиро дастрас намуда ба хориҷа сафар кунад. Тасаввур кардан душвор нест, ки ӯ гумоштаи кадоме аз ин давлатҳо ва ё созмонҳо ба ҳисоб меравад”,-навиштааст муаллиф.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 10 июли соли ҷорӣ ба гумони пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт гардид. Мақомоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ҳоло бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ алайҳи Қудратов парванда боз шуда, тафтиши қазияаш идома дорад.
Мӯҳр
точик
Худо нигахбон, Шухрат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)