Бахшҳо

Муродиён: “Вақте Тӯраҷонзода гап зад, хомӯш будед, ҳоло аз Хоналӣ душман метарошед”

Ҳасани Муродиён, устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, бо ирсоли номае назари худро дар бораи муроҷиати як гуруҳ хабарнигорон аз Хатлон ба раиси ҳамин вилоят -- Давлатшо Гулмаҳмадов ва вазири маорифу илм -- Нуриддин Саидов баён доштааст. Ин гуруҳи хабарнигорон аз раиси Хатлону вазири маориф ва илм хоста буданд, ба қазияи рӯзноманигор ва шоири ҷавон Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз) расидагӣ кунад. Ба қавли онҳо, мудири маорифи Хатлон дар чанд ҳолат гӯиё Солеҳавро барои либосаш таъна зада, монеи фаъолияти хабарнигорияш шудааст.


Номаи Ҳасани Муродиён:

“Муроҷиати як гурӯҳ журналистони хатлониро ба раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар сомонаи “Озодагон” оид ба рафтори “ношоям”-и сардори Раёсати маорифи вилоят Хоналӣ Қурбонзода хонда, хеле мутаассир шудам.

Дар атрофи масъалаи “як пула савдо” арзишдошта сад пула ғавғо бардоштани журналистони хатлониро бори аввал мебинам, зеро қаблан садҳо масъалаҳои баҳсноке буд, ки эшон хомӯш буданд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода Наврӯзро ҳаром ҳукм кард, аммо ягон журналисти вилоят профессорони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро дастгирӣ накарданд, вале имрӯз аз Қурбонзода душмани халқ метарошанд. Ман хуб медонам, ки қаблан ин журналистон худро дар либоси дӯст ҷилва медоданд, вале имрӯз алайҳи Қурбонзода табли ҷанг мезананд:

“Дӯст хуни ҷигарам мекунад, эй вой, агар,
Варақи меҳр бигардонаду душман гардад.”

(Толиби Омулӣ)

Ман аз Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз) сар карда, ҳамаи имзокунандагонро мешиносам ва яке аз онҳо фарзанди калонии ман аст (Зокир Ҳасан). Банда ҳайронам, ки шогирди мо ҷабрдида Шабафрӯз чаро худаш ба даҳон об гирифта хомӯш асту дигарон дар атрофи номи ӯ гап мезананд? Охир, ман хуб медонам, ки Солеҳова А. журналисти боистеъдод аст, қалами хуб дорад, шоираи тавоно низ мебошад, вале магар ӯ шарафи худро аз дигарон ҳимоя карда наметавонад? Баъдан, ман низ журналистам. Журналист барои ба даст овардани матлаб агар аз дар зананд, аз бом медарояд ва паси чунин суханҳо намегардад (Оқилон пайи нукта нараванд).

Инчунин, журналистони мо Хоналӣ Қурбонзодаро дар назари мардум чун як шахси дурушту дағали бадмуомила ҷилвагар сохтанд. Дар асл, ҳеҷ кас бе айб нест. Мову Шумо низ. Қурбонзода ҳам дар ин миён истисно нест. Тавре ки шоир гуфта:

“Накӯбин бош, агар ақлат ба ҷо аст,
Ки гар беайб меҷӯӣ, Худо аст!”


Агар муомилаи дурушти Қурбонзода шогирди мо Шабафрӯзро озурдахотир карда бошад, ман ҳамчун устод ба ҷойи Қурбонзода аз ӯ узр мепурсам. Чандин солҳо лозим мешавад, то ки як мутахассиси воқеӣ, як роҳбари кордон ва донишманд ба воя расад, вале барои шикастан ва дилмонда намудани ӯ лаҳзаяке басанда аст. Охир,

“Санге ба сад сол шавад лаълпорае,
Зинҳор ба як нафасаш нашканӣ ба чанг.”


Бинобар ин, журналистони муҳтарам, пеш аз навиштани ин матлаб як бор даст ба пешонӣ бурда, андеша кардан лозим буд, ки киро ва чаро мо сиёҳ мекунем? Оё косаи заррин агар шиканад, қиматаш кам мешавад? Ман оид ба ҷавонмардӣ, камбағалнавозӣ, ятимпарварии Қурбонзода метавонам садҳо саҳифаҳоро сиёҳ кунам. Он журналистон низ дар ин бора медонанд, вале худро нодида мегиранд. Боқӣ ҳакам Худост.

Ҳасани Муродиён,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор,
Аълочии маориф, матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон,
узви Иттиҳодияи журналистон”

Мӯҳр
беном
Сари бемуйро нишони боаклии босаводи мегуянд. Устод! Сари шуморо дидаму навиштаатонро хондам, рости гап дилам шуриду ба боаклии шумо шубха кардам. Шояд ин унвонхоро низ аз лаганбардори гирифта бошед?

Устод! Ба гумонам шумо ин лахза назди Курбонзода одами хуб шудеду назди писаротон бечора мондед, афсус! Муаллим! Сталин писарашро бо чанд афсари немис иваз накард вале шумо писарро ба хотири нарачонидани Курбозода иваз кардед. Ин корро давом дихед, иншоолох сохиб вазифа мешавед.

Муаллим
Мухтарам профессор, наметавонем бо шумо хамфикр бошем. Шумо мурдаро монда тутхури мекунед. Охир таваччухи оммаро ба суйи дигар накашонед (Турачонзода). Гап дар бораи беодобию дагалии Курбонзода меравад. Чаро худаш ба даханаш об гирифта нишастааст? Вай одат дорад, ки мудирони маориф ва директоронро мачбур мекунад, ки ба химояаш номаи чавоби нависанд. Чойи шубха нест ки ин корро мекунанд. Шояд шумо хам зери таъсири у ин номаро навиштаед.
Хайронам ки чаро прокуратура хомуш нишастааст? Барои чи проверка намекунад?
Ин мард кирои пуштигири нест. Шумо бо Курбонзода ягон манфиати умуми доред? Сезони дохилкуни ба донишгох расида истодааст, мумкин аз хамин сабаб устодони донишгох хеле сахт ба Курбонзода часпидаанд, ки "одами худи"-ро аз даст надиханд дар ин мавсим...

Хасани Муродиё хайфи хаму унвонхои Ки ба шумо лоик донистаан,
хатой махз карданд

ОЗУРДА
АЗ ХАБАРНИГОРОН ХОХИШ ИЛТИМОС БА ЧАНОБИ ОЛИ МУХТАРАМ ЭМОМАЛИ РАХМОН НАВИСЕД ИНКАДАР ХУДАТОРО ПАСТ НАКУНЕД БИГЗОР ХАМИН МУДИРИ МАОРИФ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРЕ КИ ХАМИН СОХАРО ИДОРА МЕКУНАНД БА ЧАВОБГАРИ КАШИДА ШАВАНД ХАСАН МУРОДИЁН ГУФТААСТ КИ ВАКТЕ ТУРАЧОНЗОДАХО ГАП ЗАДАН ХОМУШ БУДЕД ИСБОТ КУНЕД МУХТАРАМ ЖУРНАЛИСТОН КИ ШУМО БАРОИ ОЗОДИИ СУХАН ХИМОЯТИ ХУКУКИ ИНСОН ХЕЧГОХ ХОМУШ НАБУДЕД БИГЗОР БА ДИГАРОН ДАРСИ ИБРАТ БОШАД КИ ДИГАР ЗАНОНИ МЕХРУБОНИ МОРО ТАХКИРУ ПАСТ НАЗАНАНД БАХСИ БЕХУДА КАРДАН ДАРКОР НЕСТ БИГЗОР РОХБАРИ ДАВЛАТАМОН АЗ ХАМИН ВАЗЪИ ВИЛОЯТ БОХАБАР БОШАД НАХОД ЗАНИ ТОЧИК ХАМИНКАДАР ТАХКИР ШАВАДУ ДАВЛАТ ЧОРАЕ НААНДЕШАД БОВАРИ ДОРАМ АГАР РОХБАРИ ДАВЛАТ АЗ ХАМИН ВАЗЪИЯТ БОХАБАР ШАВАД ХАМИН МУДИРИ МАОРИФ ВА ШАХСОНЕ КИ ХАМИН СОХАРО ИДОРА (КУРАТОРИ) МЕКУНАНД АЗ ВАЗИФААШОН САБУКДУШ МЕКУНАНД МАН САД ДАР САД БА ХАКИКАТ ПАРАСТИ РОХБАРИ ДАВЛАТАМОН БОВАРИ ДОРАМ

Сайрам
Докториро ин устод дар кучо химоя карда бошад. Мисли тарошаи аз бом уфтода. Мисолу киёсхо хандаовар. Боз профессор будааст. уро аттастатсия кардан даркор. Имзои писари худат хам будааст-ку. Агар хак мебудй писарат ин корро намекард. Дигар ин ки хар кас хак дорад, эътироз ва ё дастчамъона дигареро химоя кунад.

акаи Муродиен
Илтимос хамин бахсора монед ки айб байни падару писар Ман ба чои Зокир бошам дигар журналистиро бас мекунам

Зокир Хасан
"Илтимос хамин бахсора монед ки айб байни падару писар Ман ба чои Зокир бошам дигар журналистиро бас мекунам"
Эй оне ки ин чумларо навиштаи, дар дили ту чи гузашт, аз хамин чумлаат бароям равшан аст. Ту касе хасти нести, маро бисёр хуб мешиноси ва муътакидам, ки дар дил дустам надори. Бидон, ки МАН БО КАСБИ ЖУРНАЛИСТИ ИФТИХОР МЕКУНАМ!!!! Ва дар киёс бо шумо (медонам аз кадом гурухи чамъият хасти) хар амале, ки анчом додаам, аввалан, аз барои ба даст овардани ризои Парвардигорам (ч.ч) ва баъдан, бахри пешрафти чомеа анчом додаам. Сафсатафуруширо фуру гузору асли максадатро навис. Навис, ки дар дил нисбат ба ман ё шояд хамхирфахои ман КИНА дори. Худо хидоятат кунад!

Ба сомонаи Озодагон:дируз 2 шарх, навиштам,яке ба Х,асани Муродиён ва дигаре ба К,урбонзода.Агар Шумо х,ак,ик,атнигоред чоп кунед вагарна ч,ангдозебеш нестед!

Хакикат
Агар дар ин чомеа журналистон набошанд, шиканчаю амалхои номатлуб зиёд мегардад ва мансаб дорон чи коре,ки хоханд баъд кардан мегиранд зинда бод журналистон.

Х,асанбой!Чоплусиатро х,ам фах,мидем.Гумон дори,ки К,урбонзода як бори дигар илтифот карда вазифаашро ба Ту медих,ад,?Набошад то куч,о бешарм ва боизмаги дар китобх,ои навиштаи ту худро х,аммуаллиф карданашро борх,о гуфта буди-ку?!

номаълум
Хангоме, ки хамин навиштачотатонро дар хамин сахфаи интернети чой кардед як бор бо сарлавхаи он мукоиса кардед Ханогме, ки професори донишгох як чизе менависад, ки ба мазмунаш сарфахм намерави вой бар холи донишчуёне, ки онхо дар назди Шумо таълиму тарбия меомузад. Вой, Вой

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)