Бахшҳо
10 июн 2014 13:13Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамлаи як гуруҳи сокинони Кӯлоб ба Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ин ҳизб, баъд аз вохӯриаш бо ҷавонони ин минтақа хабар медиҳад. Ба иттилои масъулони ҲНИТ, ҳангоми беруноии иштирокдорони вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон бархе аз сокинон ба онҳо ҳамла карда, сӯяшон тухми мурғу помидор партофтаанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” мегӯяд, масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб ҳузури кормандони амниятиро миёни афроде, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамла кардаанд, шинохтаанд. Ба гуфтаи Сайфуллоҳзода, гӯиё дар роҳи баромади корвони мошинҳои ҳайати ҲНИТ ба шоҳроҳ тамбаи сунъӣ эҷод карда шудааст, то ҳамлагарон ба ҳадафи худ бирасанд: “Теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимол вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд.”



Сардабири нашрияи расмии ҲНИТ меафзояд, афроди ҳамлагар ҳатто сӯи онҳо сангпартоӣ низ кардаанд, ки ба касе нарасидааст. Рӯзи 10 июн дар пайи баста шудани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар ҳавлии раҳбари бахши ҲНИТ дар ин минтақа сурат гирифтааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ, гуфт, қарор буд, ин мулоқот дар дафтари ҲНИТ дар Кӯлоб баргузор гардад.

ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб“Баъд аз он ки дари қароргоҳро муҳр заданд, мулоқот дар ҳавлии Муҳаммадшариф Набиев, роҳбари бахши ҳизбамон дар Кӯлоб, баргузор гардид”,-афзуд ӯ. Файзраҳмонов илова кард, Муҳиддин Кабирӣ тасмим дорад, рӯзҳои наздик бо ҷавонони Хуҷанд низ мулоқоте анҷом бидиҳад: “Дар Душанбе ҳар моҳе як бор мулоқоти раиси ҲНИТ бо ҷавонон баргузор мегардид. Дар ин мулоқот пешниҳод шуд, ки чунин чорабинӣ дар минтақаҳои кишвар низ доир гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуд ва мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ дар минтақаҳои кишвар бо ҳузури ҷавонон баргузор мегардад”.

Субҳи 10 июн масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз баста шудани дарҳои дафтари худ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд. Тавре масъулони ҲНИТ хабар доданд, дафтари ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи нозироти андози ин минтақа ба хотири нагузаштан аз қайди ин ниҳод баста шудааст. Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, ин амали масъулини нозироти андози Кӯлобро ғайриқонунӣ донист. Ӯ гуфт, “кумитаи молиёт чунин як ҳуқуқ надорад, зеро масъулини шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб ҳамчун кормандони ҷамъиятии ҳизб фаъолият менамоянд. Онҳо расмӣ нестанд, маош намегиранд”.

Муовини раиси ҲНИТ аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки масъулини бахшҳои ҳизб на танҳо дар Кӯлоб, балки дар аксар манотиқи кишвар низ бо чунин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Маҳмадалӣ Ҳайит ин иқдоми масъулини нозироти андози Кӯлобро амали тарҳрезӣшуда ном бурда, гуфтааст: “Мақомоти андоз ин корро метавонистанд бо роҳи даъват ё ҳадди аксар бо роҳи додгоҳӣ ҳал кунанд. Вале амали мазкур бо дастури мақомот ба хотири монеа эҷод кардан ба вохӯрии ҷавонон бо Муҳиддин Кабирӣ аст, ки идомаи фишорҳо дар доираи «Протоколи 32-20» мебошад, сурат гирифтааст.”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.


ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб

ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб
Мӯҳр
Ба Начасур аз Кулоб
Ту аз Кулоб нести мардуми КУлоб мислм ту буздил нсетанд ки номи худро часур монанду буздили кунанд.

Инсон
Номарди аз ин зиёд намешавад

Рустам
Хамин мардуми Кулоб, ки нахзатихоро хуш надоранд, кор тамом шуд, гуфтан гиред. Ин мардуми гаюр хамаи инкилобхоро анчом додааст. Бо онхо сар ба сар шудан лозим нест. Хамин ки нахзатро нахостанд, намехоханд. Маслихат ба Кабирй акалан мувакатан фаъолияти ХНИТ-ро катъ кунед. Мардум, ки ором шуд боз фаъолиятро давом медихед. Агар хаиин корро кунед, амали боаклона хохад шуд. Чй лозим авзоъро муташаннич кардан?

ккк
Дигар баъди ин мешавад хар касеро маъкул набошад бо помидор ва тухм зад?

ХНИТ
Рустам
Ту натарсон. Хамон мардуми гаюра дар чонаш русову узбако даромадан, набошад худо медонад чи мешуд.

Вой бар холи шумо робарият ва аъзоёни ХНИТ, ки дар ягон чой обруву эхтиром надоред. Кучое, ки наравед мардум шуморо сангсор менамоянд. Ин хама нишонаи он аст, ки мардум шуморо бад мебунанд ва шуморо чашми дидан надоранд. Охир хамаи корхоатон ба мардум равшан гашта истодааст. Шумо танхо манфиятпарастед ва танхо ба манфияти худ кор мекунед. Мардуми оддиро гумрох намуда онхоро истифода намуда истодаед. Шумо дар хакикат Исломе ки ягон фасод надорад бо ин кирдорхоятон догдор намуда истодаед. Дини Худо барои чудоандозиву ба миён овардани кина миёни мусулмонон нест. Дар хакикат мардуми Кулоб мардуми ба ору номус аст. Дигар ба доми фиребу найранги Шумо намеафтанд. Офарин мардуми Кулоб. Аз ин хам бадтарашро бояд мекардед. Ин харомхо ба куштан меарзанд.

Чаноби Кабири сафари корие, ки соли 2012 ба шахри Исфара доштед бояд барои шумо ва аъзоёни шумо дарси ибрат бошад, ки шуморо мардуми Исфара хуб напазируфтанд. Шумо бояд ХНИТ ро бархам дода, ба фаъолияти тичоратии худатон машгул шуда шукронваи истиклолияти кишвар ва вахдати милли намоед.

Гулрухсор
ман ба Мухиддин Кабири гуфтаничм шумо аз рохи сиёсататон нагардед ин ашхос хаёл мекунанд ки бо ин рох шуморо аз рохатон гардонан ман бо боварии комил гуфтани ам ки ин хаммаи хамлахо ба апазитса пешаки ба накша гирифта омодаги гирифтаанд. Чаро имрузмухтарам президенти мо хомушас ин шармандаги зеро намоянда парлумонро депутатро латукуб карданд ин маънои туф кардан ба хокимияти шумохон, ман бо боварии комил мегуям ки агар президенти мо аз ин ходисахо тафтишу барраси намуда айбдоронро чазо натияд ин давлат бо чунин муносибат нисбати халки худ ба мисли украина мешавад. Мо дидаем чигуна интихоботи ношафоф мегузаронетон лекин акалан инсофро фаромуш накунетон.

Инчо ман коментарияи дигаронро хонда боваркунед шармам мебиёд боз хамун миллатгарои ман кулоби манда хамаи кор мумкин не бародарон ту кулоби ту помири ту касеи ки набоши шахрванди точикистони ва точики дар инчо Мухиддин Кабириро бесавод мегуян фахмиши ин бародарро бинед, ки шахсеки дусе забонро медонад хатмкунандаи донишкадахои бузург мебошад боз бесавод будас, ин ту бародар бесаводи ки чунин шахсро бесавод мебини ва боз як каментарияи дигар гуфтаги ки модарон кулоби писаронашонро мурда ёфтан ин хизб гунахгор не ту хато мекуни чиба писарони мурдаи мардуми кулобро гапмезани писарони мурдаи мардуми минтакаи дигарро гап намезани, мегуяммку холям ин миллатгароихо аз байн нарафтан кайки ин милатгароихо аз байн раванд баъд точикистони мо обод хохад шуд шумо мошинхои ин хизбро мебинеду мошинхои кормандони хукумату хешони онхоро намебинед хар як мошини онхо ба маблаги 100 долар меистад агар адолат бошад аввал кумитаи андоз шахсони порахури хукуматро тафтишкунад баъд мо гуем ки ин кумита адолат аст инкумита факат ыармонро ичро мекунад ки ин фармонхо хилофи конунад.

Сафар
Интихобот наздик асту хизби хоким бо сад найранг мехохад галаба кунад.Чун хама медонанд,ки миллат на дар дохил ва на дар берун обуру надошта,чун Чукча(Чамшуд)шинохта мешавад ва оморхои дуругин низ рохрав нестанд.Ин калачунбонхо аз интихоботи соли 2010 сахт метарсанд,зеро хизби хокимашон овози кам гирифта буд.Дар байни халк махбубияте надоранд ва халкро чун подаи беакл истифода кардан мехоханд.

Мухиддин Кабири фикр кардааст, ки халки Кулобро мисли падараш ё устодаш бошад М.А.Нури ва Турачонзодахо, ки солхои навадум халки водии Вахшро гумрох карда буданд ва бо ин восита сохиби мансаб шуда буданд, чунин истифода мекунад. Аммо, тираш хок хурд. Тухму помидорро Кабири аз Файзобод петар бурда ба онхо додааст, ки обруву нуфузашро аккалан бо чунин васила бардорад.

Кабири ба Кулоб аз ахлки камбагал "аъзохакки" ё барои ояндааш нафакачамъкуни рафтааст, ки ин амалашро фахмидаанд, бо хамон тухму помидораш барои овоз чамкуни таксимнамуда буд, шатта хурд

Я свет барои фабрика чавоб: шмо бешармо барномарези ку карда наметонен акалан коментариетона кутох ва лахчави нависен ки мардум фикр КНА ки ягон чавон фикрша баен кардай як шахрванди Одди хечгох ранги шмо беномусо коментари наменависа. Якбори дигар ба рахбару сардори Миллат устод Кабири Ташакур ва эхтироми хоса Кабул фармо Устод. Кабири ояандаи Миллат!

olimu raisu mulovu emomi islom agar raftoru guftoru tabligu amri ma'rufash maksadnok ya'ne niyat baroi nafsu vazifavu pulu molu fitna andozi boshad-munofik(josus predatel) ast.

Снайдер
Шумо аблахон ба Хумайни ва Ирон чи кор доред?Ироне,ки 5 сол барои пешгирии чанги 5 солаи точиккуши аз дасти туркон ва славянхо чон канд!Ироне,ки шарики "стратеги" Руссия вакто,ки собик калтакдори фронти халки ва катли омкунандаи точикон Каримов роххоро баст ягона кишваре,ки овоз баланд карда аз хамзабонони худ дифоъ кард.Бас хаст тафрикаандози холо муллохои масчид зидди вахдати форсзабонхо тарики шабакахои чосусии гузбакону туркон ва ИМА ва яхуд кор карда истодаанд наход ба хамин чизи содда аклатон нарасад.Эй худобехабарон!

Инчо касе гунох надорад.Гунахгор вазъи вазнини иктисодии Точикистон ва овози бехад зиёд гирифтани хизби нахзат дар интихоботи парлумонии соли 2010 аст бародарон на чизи дигар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)