Бахшҳо

Даъвати Муҳаммадӣ барои кору зиндагии тоҷикон дар Дубай

Дар пайи афзоиши ҳолатҳои таҳқир ва куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, яке аз корбарони “Озодагон” бо ирсоли номае ба унвони хабаргузорӣ ҳамватанони худро барои кор ба Иморати Муттаҳидаи Араб даъват менамояд.

Абдулқодири Муҳаммадӣ, ҷавони тоҷик, ки чанд соли умри худро дар муҳоҷират сипарӣ кардааст, мегӯяд, барои муҳоҷирони кории тоҷик макони беҳтаре ҷуз Иморот наметавон пайдо кард.

Ба гуфтаи ӯ, Иморот аз Русия дида бартариҳои зиёд дорад. “Тавре мушоҳида кардам, дар шаҳри Дубай бачаҳои тоҷик зиёданду вазъи эшон аз ҳамватанони дар Русия будаашон беҳтар аст. Ҳар вақт инҷо ба коре қабул шудед, аввалин гоме корхона мебардорад, ин дуруст кардани ҳуҷҷатгузории Шумо, таъмини сару либос ва ҷойи зисту ғизо мебошад. Инчунин, ҳар моҳ як ё ду бор аз тарафи шаҳрдорӣ хонаҳои муҳоҷирин мавриди санҷиш қарор гирифта, дар сурати ҷой доштани камбуд соҳиби корхона ҷарима баста хоҳад шуд. Аз қутии ёрии аввалияи тиббӣ сар карда, то болишту болопӯш ва кондитсонеру яхдон бояд дар ҳуҷраҳо бошад. Албатта, ин ҳама аз ҳисоби корхона таъминанд. Бар иловаи ин рӯзҳои истиоҳат бидуни ягон мушкил озод метавонӣ дар кӯчаву хиёбонҳо пиёдагардӣ кунӣ. То агар ягон қонуншикание накунӣ бо пулис рӯбарӯ нахоҳӣ шуд. Имтиёзи дигар ин аст, ки ширкатҳо дар сурати рафтани коргарони худ ба ватан ҳар сол ё як тараф ё рафту баргашт пули чиптаи ҳавопайморо пардохт менамоянд”,-навиштааст ӯ.

Оқои Муҳаммадӣ мегӯяд, дар ҳоле ӯ ҳамватанони худро барои кор ба Иморот мехонад, ки шахсан чанд соли умрашро ҳамчун муҳоҷири корӣ дар Русия сипарӣ кардаву аз рӯзҳои сахти онҳо дар ин кишвари бегона огоҳ аст: “Вақтҳои охир дар матбуот ва интернет ҳамааш аз тақдири муҳоҷирон ва будубоши онҳо дар Русия менависанд. Банда бо ин ҳарфу пешниҳод танҳо мехоҳам, чизеро, ки худ дорам бародарону ҳамватанонам ҳам дошта бошанд. Банда қариб се сол дар шаҳрҳои гуногуни Русия будам, аз ҷумла дар Маскав. Тоҷикон дар Русия бадтарин ҷои корро доранду шароити пасти зиндагӣ нисбат ба дигар қавму миллатҳо насиби онҳост. Барои мисол озариҳо ё қавму миллатҳои дигар ба тиҷорат, муҳандисӣ машғуланду аммо тоҷикҳо дар бозор аробакашӣ, дар сохтмонҳо корҳои пастро мекунанд. Ин воқеиятест, ки наметавон инкораш кард. Бар замми ин ҳама, аз дасти пулис ва русҳои миллатгаро ҳамеша дар азобанд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистони дорои шиносномаҳои русӣ дар муноқишаи Душанбею Маскав дар соли 2011 мавриди фишору таъқиб қарор доштанд. Шиносномаҳои онҳоро ба табааи Русия доштани эшон низ нигоҳ накарда, пора карданду ба ватан ихроҷ намуда буданд.”

Хонандаи мо гуфтааст, ҳоло ҷомеаи Иморот ба мардони соҳибкору дорои маълумот ва тоҷирони муваффақ ниёз дорад. “Албатта, барои ҳамватанони дорои маълумоти миёна низ корҳо зиёданд, ҳоло бисёре аз бачаҳои тоҷик дар марказҳои савдову ошхона ба ҳайси корфармою иҷрогар фаъолият доранд. Фазои ин минтақа низ барои ба роҳ мондани нақшаҳои тиҷорию соҳибкорӣ бисёр мувофиқ мебошад. Барои фаъолияти ин қишр ҳамагуна шароитҳо фароҳам мебошад. Чизи аз ҳама муҳим ин ки тоҷирон аз аксар намуди андозҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон месупоранд, дар инҷо озоданд”,-таъкид доштааст Абдулқодири Муҳаммадӣ.
Мӯҳр
Асалому алайкум бародар мухаммади ман абдукахор аз точикистон ман мехохам ба дубай рафта дар ончо кор кунам ман донишкадаи давлатии забонхои хоричи забони англиси арабиро дар душанбе хатм кардам мехохам дар хорича кор ва фаолият кунам бародарам мухаммади илтимос ба ман кумак кунед.

Салом алейкум ва р/б Ман чавони 24 сола мехостам ки маро дар кор гиред , дар руссия да дасти падари худ 5сол кор карда будам дар охир падарам маро охир кидат дод. Бе пулу мол мондам кудрати зангирифтанхам надорам, корхои барои ман мувофик бошад масалан касбам Электро Сварщик, грузчики ва разнорабочи бошад рози! Аз душанбе 900885557

ИЛТИМОС НИШОНИИ Абдулқодири Муҳаммадиро ирсол намоед

Ман мехохам Ба Дубай биравам амо намедонам чихел. Мехохам дар он чо кор кунам.
Агар касе донад илтимос хабар дихад.89269377541Анвар,

салом чи кор дар дубай хаст бародар пулаш чика чои хоб ягон диплом даркор ёне бародар чавоб те

ман ҳам мехоҳам дар Дубай кор кунам

ман чихел номерхои шумора ебам сухбат кунам барои кор бародари азиз Абдулкодири Мухаммадй. ташакури зиед барои фикру акидахатон худованд нигахбонатон бошад...

Сухайли
Ман забони арабиро медона ва мехохам ба дубай барои дар ёфти кор равам метавони баман кумак куни бародар
Юсуф,
Карим,

salom barodar metavoned dar borai cor malumot dihed?

Али
агар кор бошад. созаст бародарон агар ягон имконият бошад амин кор рохи аник мешуд.тез да танкиси дорем бародарон "точикбача"аз Точикистониен

мехохам кор кунам

БАРОДАРИ ТЧМ МУХАМАД НОМЕРОТА МОН МАН МЕР МЕКОБАМ ИН ДУНЁ ВА ОХИРАТАТ ОБОД БОШАД АММИН

салом чикор аст ва чан пул медихан

Мухаммад
Ба доги суди чи назар доранд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)