Бахшҳо

“Агар русҳо набуданд, дар банди ҷаҳли асримиёнагӣ монда будем”

Дар пайи нашри нуқтаи назари Қодири Рустам, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, дар бораи “лентаи Георгий” ва иртиботи он бо миллати мо даҳҳо нафар шарҳи худро фирстоданд. Дар ин миён хонандае бо номи Ҷамшед Азимов як номаи бузурге фиристодааст, ки ҳоло дар шакли комил чоп мекунем.

“Салом бар Шумо бод, устод Қодири Рустам. Ман дарди Шуморо хуб мефаҳмам. Дарди Шумо дарди миллат, дарди ин марзу бум аст. Ва "лентаи Георгий" барои гуфтани ин дардҳо баҳонае беш нест. Хеле хуб. Аммо устоди гиромӣ, Шумо низ чун бештари ҳангомасозони расонаҳои хабарӣ "лентаи Георгий"-ро аз "лентаи гвардия" фарқ накардаед. Байни ин лентаҳо фарқ зиёд аст: аввалӣ моли Русияи подшоҳист, ки аз се банди сиёҳ ва ду банди зарди тиллоӣ иборат аст, дувумӣ моли СССР аст, ки ба Ҷанги ҷаҳонии дуюм рабт дорад ва аз се банди сиёҳ ва ду банди норанҷӣ иборат аст. Ин лентаҳо, ки имрӯз рӯйи он баҳс мекунед, "лентаи гвардия" (Гвардейская лента) аст, ки ба иштибоҳ "лентаи Георгий" мегӯянд ва Шумо, устоди гиромӣ, инро мехоҳед ё на, "лентаи гвардия" ба таърихи мо рабт дорад. Инкори таърих инкори падару модар аст.

Дигар, устоди азиз, пурсише дорам: мегуфтед, ки ин русбадбинии Шумо аз куҷост? Дар маҷмуъ, ҳеч миллате ва ҳеч халқе бад буда наметавонад, нодурусткорӣ аз роҳбарони манфиатҷӯст. Инҷониб ба ҳамаи халқу миллатҳо эҳтиром дорам, бавежа ба русҳо. Шумо таърихи Бухорои амирӣ ва ба Осиёи Марказӣ даст ёфтани русҳоро аз ман хубтар медонед. Дуруст аст, ки нодурусткориҳо ва иштибоҳҳо зиёд буданд, вале ин нукта мусаллам аст, ки агар русҳо набуданд, кӯчиён миллати тоҷикро аз байн бурда буданд, агар русҳо набуданд, имрӯз мо дар банди ҷаҳли асримиёнагӣ монда будем, на ин Душанберо доштем, на шаҳрҳои дигарамонро ба ин гуна ки ҳастанд, месохтем, банди эзорамон як метр, ришамон ҳафт ман, ба манғитиҳо зану духтаронамонро фурӯхта мегаштем (нигаред ба "Рисолаи таърихӣ-и Аҳмади Дониш"). Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки Аҳмади Дониш пас аз сафарҳо ба Русия дар Бухорои ба рӯзи сиёҳ (дар ҷаҳлу торикии асримиёнагӣ) нишаста хишти аввали маорифпарвариро гузошт. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки русҳо Устод Айниро аз обхонаи Бухоро берун кашиданд ва аз марг наҷоташ доданд. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки русҳо пояи ҳукумати манғитияро аз Бухоро барчиданд. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон таъсис шуд ва Устод Айнӣ моро аз зери хокистари таърих кофту ёфт. Ё ин ҳамаро инкор мекунед? (Рӯйи масъалаи Самарқанду Бухоро гуфтаниҳо зиёд аст, вале на ин ҷо).

Дигар, (баҳсҳои Узбакистону дигару дигар баҳсҳои сиёсианд, ман рӯйи инҳо чизе намегӯям) устоди гиромӣ, агар русҳо дар умум ба мардуми тоҷик эҳтиром надоранд, айби мост, на онҳо. Дуруст аст, ки онҳо ба тоҷикони бофарҳанг зиёд эҳтиром мегузоранд. Ман инро дар суҳбат бо аҳли фарҳанг ва маорифи ин кишвар борҳо шунидаам, ки мегуфтанд миллати тоҷик ягона миллати порисгӯи Осиёи Марказист, ки таъриху фарҳанги қадима ва бой дорад. Ҳатто соли гузашта, вақте шаш нафар хонум аз кормандони соҳаи маорифи Русия бори нахуст ба Тоҷикистон омада буданд, пас аз нишасти (семинари) серӯза ва баҳсу суҳбатҳо бо мутахассисони мо эътироф карданд, ки назарашон ба тоҷику Тоҷикистон дигар шудааст. Гумон мекардаанд, ки тоҷик ҳамон кӯчарӯби чиркину бефарҳанги Маскав аст (бубахшед, фикри онҳоро навиштам).

Оре, ин ҷо айби худи мост, вақте меравем ба кишвари дигар, чаро ба одитарин қоидаи он ҷо риоят намекунем, чаро ба дину мазҳаб ва ба расму одати он мардум эҳтиром намегузорем? Магар ҳамин мусалмонист, ҳамин эҳтиром гузоштан ба одобу расми мардуми рус аст, ки соли гузашта дар кӯчаҳои Маскав хуни даҳҳо сар гӯсфандро (қурбонӣ карда) равон кардем, ки мардуми Маскав ба ваҳшат уфтод? Ин дар назари мо ид аст, вале дар назари он мардум ваҳшигист, ки ҳатто ба ин Владимир Путин дахолат кард. Канӣ эҳтиром? Барои ин мехоҳем, ки онҳо моро эҳтиром кунанд? Устод, агар, зиёд не, пагоҳ панҷсад нафар рус (чиркину жӯлида) биёяд ба Тоҷикистон ва мазҳаб, расму одати мардумро ба масхара гиранд, занону духтарони тоҷикро таҳқир кунанду дастдарозӣ кунанд, Шумо чӣ кор мекардед? Агар ин миқдор русе, ки гирифтем пагоҳ ба Тоҷикистон омаданд ва ба мактаббачаҳои хурдсоли Тоҷикистон нӯшокиҳои спиртӣ пешниҳод карданд, маводи мухаддир пешниҳод карданд ва бештари ин мактаббачагон масту аласту бангӣ шуд, Шумо чӣ кор мекардед?

Тоҷик рӯзгоре ба ҷаҳон дониш дод, бо нури маърифат ниме аз ҷаҳонро рӯшан кард, имрӯз чӣ? Имрӯз ба Русия нос мебарад, героин мебарад. Чанд моҳ пеш аз як шабакаи телевизионии Русия барномае дар бораи носкаш шудани мактаббачаҳои Русия (бахусус дар вилояти Новосибирск) пахш шуд ва бо далелҳои раднашаванда дар ин "кори хайр" (паҳн кардани нури нос) даст доштани тоҷикбачаҳо гуфта шуд. Чаро боре ба ин гуна рафторҳои ношоистаи ҳаммиллатони худ дар Русия чизе намегӯем? Чаро аз маҳалбозиву ҳамдигарро ба хотири пул ва ғаразҳои шахсию маҳаллӣ куштани ҳаммилатонамон чизе намегӯем? Далелҳо зиёданд, ки бештари куштори тоҷикон дар Русия ба дасти худи тоҷикон будааст. Вале чашми мо инро намебинад, дар ҳама бадбахтиамон русҳоро гунаҳкор медонем. Чанд кушторе, ки тоссарҳо кардаанд, мебинем, ба тамоми ҷаҳон ҷор мезанем, вале кушторҳое, ки худи ҳамватанонамон кардаанд, намебинем. Худамон ба хотири маҳалламон, ба хотири деҳаамон дар Русия ҳамдигарро чашми дидан надорем, боз аз русҳо эҳтироми худро мепурсем. Ин маҳалбозии мо нишон медиҳад, ки мо ҳоло миллат нашудаем. (На ҷойи масъала аст, вале сару садоҳое, ки чанд бефарҳанг имрӯзҳо рӯйи номи Устод Айнӣ баланд кардаанд, низ нишон медиҳад, ки мо ҳамчун миллат ташаккул наёфтаем, ҳама маҳалбозу дағалбозем. Агар Устод Айнӣ аз маҳалли он бечора Асрор мебуд, номашро ҳамчун бузургтарин алломаи давру замон дар тамоми шаҳру рустои кишварҳои ҷаҳон менавишт).

Ин ба худ бо чашми ҳақорат нигаристан нест, устоди гиромӣ, ин воқеият аст, ки мо бояд дар пайи ислоҳи он шавем. Инро бо бадбинӣ ба русҳо, бо дӯст надоштани Русия, бо инкори "лентаи гвардия", бо коштани тухми низоъ дар байни тоҷику рус, бо лофи дурӯғини мусалмон будан (мусаллам аст, ки русҳо мусалмонтар аз моанд), бо таҳқири бузургони миллат наметавон ислоҳ кард.

Дигар, дар бораи мардикорони тоҷик дар Русия бо дард сухан мекунед. Дуруст аст, ки шароити кори мардикорони тоҷик дар Русия хуб нест. Вале боз ҳам (ҳарчанд дарднок аст) ҳамин Русия ба тоҷикон ҷойи кор дода. Чаро ҳамдинонатон (ки ҳама лоф мезанем, муъмин бародари муъмин) дар Арабистони Саудӣ, ки миллиард-миллиард долларро барои мусаллаҳ кардани изм-измҳои бисёре сарф мекунад, ба ҳамдинони худашон ҷойи кор намедиҳанд? Шумо хуб медонед. Чунки ин оқоҳо (бо ҳама эҳтироми ман ба онҳо) ману шуморо дар қатори одам намешуморанд, чӣ расад, ки ҷойи кор диҳанд (агар одам меҳисобиданд, ҳазорҳо нафар фарзандони нафароне, ки навад-сад сол пеш аз ин сарзамини моро тарк карда ба он ҷо рафта буданд, бо меҳнати сахт он кишварро обод кардаанд, то имрӯз шаҳрвандӣ надоранд ва дар ҳеч мақоми давлатӣ пазируфта намешаванд). Ва боз ҳам бо сад дарду ранҷ ҳам бошад, тоҷик дар сарзамини рус ҷойи кор ёфта, ҳамин рус аст, ки нонашро бо тоҷики меҳнатӣ якҷо мебинад, ва ҳамин рус аст, ки "муъмин бародари муъмин"-ро беҳтар аз кишварҳои арабӣ риоят мекунад.

Дигар, устоди азиз, Шумо низ чун муллоҳои содаандеши мо ба зоҳири масъала менигаред ва сухани "агар ба рӯйи ростат бизанад, рӯйи чапатро пеш ор" на ин маънӣ дорад, ки гӯсфанд бошӣ ва дар баробари рӯйи ростат рӯйи чапатро пеши бадхоҳат гузорӣ. На. Асли мазҳаби насронӣ муҳаббат, дӯст доштан аст, дӯст доштани душманонат чун худат ва наздиконат аст. Агар касе ба ту бад гӯяд, ту бо муҳаббат ба ӯ посух деҳ, агар касе ба ту бад кард, ту муҳаббаташ кун, ки ба гуфтаи Мавлонои Рум "аз муҳаббат талхҳо ширин шавад". Аз ин назаргоҳ, устоди гиромӣ, биёед ба касе бад нагӯем, ба кишваре бо чашми бад нанигарем, ба ҳеч миллате сухани сард нагӯем, ки сухани сард тухмест, ки аз он душманӣ рӯяд. Ба ҷойи ин ҳама миллатро тарбия кунем, насле худшинос ба воя расонем, ки дар ин гирдобҳои ҷоҳонишавӣ манфиатҳои миллату Ватанро ҳимоят кунад, ҳар ҷо равад сухан аз Ватану миллат гӯяд (на аз маҳалаш), сухан аз муҳаббат, аз бародарию дӯстӣ гӯяд, ҳар ҷо равад фарҳанги волои тоҷикро муаррифӣ кунад; насле тарбият кунем, ки ибораи нохуби "тоҷикиш кун"-ро ба маънои мусбаташ табдил диҳад, ба ҳамон асли орёияш, ки созандагию бунёдкорӣ ва маърифатгустарист, баргардад. Ман бовар дорам, ки мо метавонем. Ва ин вазифаи муқаддаси ману Шумост (ҳамчун зиёӣ), устоди гиромӣ.

Худо Шуморо саломат нигоҳ дорад! Дар дили ҳар фарди миллат нури хирду дониш тобида бод!”
Мӯҳр
Ватандор
Ман бо муалиф Садри Чалол хам фикрам, ки набояд аз кори кардааи русхо дар асри гузашта имруз мо мардуми точик фахр кунему барои оянда ибрат гирем.... Локин хаминро кайд карданиам, ки дар даврони рустабори ё хукумрони (шурави) пешравихо буд, аммо на барои мардуми точик...
Саводи мардуми форсро аз 1935-инчониб мариз кардан бо иваз кардани хуруфот... оё ин аст далели таърифи ин "агар русхо намебудан..."
Моро хамчун кувваи кори истифода бурда, бо медалхои модар кахрамон ва дигару дигар фанду фиреб кардаву рафтанд...кани ягон пешравии саноату истехсолоту коркарду дигару дигар барои мо набуду боки хам намонд...
Халки рус агар аз таърих нигох куни дуруябози худманфиатчи буданд, ки дар даврони пешхам аз хисоби дуруягии инхо чандин империяхо аз байн рафтаанд.... Шахсан барои ман хамин мавкеъе, ки Точикистон дорад дар назди Россия умуман писанд нест, чун ки давлати мо 200% аз сиёсати Россия вобаста мебошад......
Бинобар ин биёед таърифи дигаронро бас кунему.... бехтараш ба ободии насли оянда ба илму маъориф, техникаву таракиёти ватан таърифу тавсифу пешниходхову пешравихои ватан машгул шавем.....
Обод бошед!

sazovor
табрик бародари муаллиф - занчири гуломи то абад дар гарданат!
русхо обод намекарданд - англисихо меомаданд
аз онхо мероси хубтаре мегирифтем - демократия ва конун - на аракнушиву дуздиву масчидсузиву китобсузиву кулаки ва колхоз!!!

Озод
Урус миллати хуб мешуд, имруз бародархои словяниашон - украинхо аз онхо безори намечустанд. Муаллифи макола маълум аст, ки чуз Русия дигар аз хеч давлати китъаи Аврупову Амрико дидан накардааст ва бад ин чихат чахонбиниаш нихоят тангу махдуд аст. Дар Амрико бекадртарин миллат - миллати рус шинохта мешавад. Боре як дусти амрикоиям икрор шуд, ки мо мардуми амрикои русхоро дар вокеъ умуман хурмат намекунем. Бемаданияти ва майхорагияшон имруз кучахои Ню Йоркро ба тамом фаро гирифтааст, вале хукумати мо, ки тахаммулпазир аст, онхоро депорт намекунад, мисле, ки бо андактарин чурм онхо мардуми точикро аз кишварашон меронанд. Мисли мехмонхои нохонда хар тобистон озими Амрико шуда, менушанд, мешикананд, хароб мекунанду мераванд. Дигар тахаммул мекунему чашм мепушем. Умедворам давлати мо дар нисбати ин тоифа "мехмонхо" коидахои сангинтареро чори намояд.

бале агар русхо намебуданд мо дар Туркестанский округ бокй мемондем.

Садри Jalol,иштибох мекунед-накши Руссия дар Ирон бузург аст-махз сарвари казокхои рус Ризо Пахлави,родмарди ориёни силсилаи хазорсолаи салтанати турктаборонро шикаст ва ахди пахлави растохези озодмардони ирони ва калимаи Иронро хам ин бузургёд накши кишвар кард,аз торих бигуем-аз 35000 сол торихи ориёни 32000 солаш дар буми Руссия буд ва пойтахти аввалини мо Акраим вокеъ дар остони Челёбински сибри аст.Равобити орийнажодони дуньё,ки алкариби 2биллион астанд ва устодони инсоният дар тафаккур ва худшиноси шинохта шуданд ба Руссия хамеша барчо ва тарафайн буд,мисоли рушан устоди Хайёми бузургвор Агапити вали аз хавзаи Печори Рус буд-аслияти самошиноси ва хузури нур ва садо будани офариниши олам аз тафаккури ишон буд,ки олимони Гарб-чун Ньютон,Парцельс,Дирак моли худ карданд ва вахои дигар-имруз чадидтарин теории олами хасти-кайхони нурнакш моли ин нобигаи бехамтои инсони аст.Русия ин кишвари мост,ватани мост,тухмаи моро офаридагори хасти дар Русия кишта буд-марзхои имрузаи ориёнажодон бо хузури мо беш аз 3000 сол нист.Ховаршиноси,зинда кардани таммадуни мо бешазбеш марбут ба олимони рус аст,ки ишон хам рушди кавми худро аз хуни ориёни дарьёфт карданд,яъне баъд хамхуни мо хастанд ва имруз точик дар Русия мехмон нист-дар кишвари худ аст-бехабари аз аслу насаб хам аз русхо ва хам аз точикхо буда хусни тавохум эчод мекунад ва чи туре ки мефармоед мо хама рустаборем ва ин хикмати умдаи торих.Арзи иродат.

MK
Чамшед Азимов рост мегуяд, агар русхо баданд, ба кишвари онхо наравед, дар Точикистон истед, кор кунед. ё русхо омада точиконро дар Точикистон азият медиханд?
Ба маълумоти баъзе бародарони дигар: "Таджик и хирец (хироти дар назар аст) непрестанно от бога просят, чтобы из-под озбецкого не сносного хомута скорее вырваться" Беневени (посланник Петра 1 на Востоке. первая половина 18в). Ба гуфте кариб 20 тирамох (20 сол пайи хам) дар огози асри 18 хосили чамъкардаи мардуми мехнаткаши точикро кабилахои нодидаи узбак (дар тухмашон оташ!) ки беш аз 30-то будаанд, омада ба ягмо мебурдаанд. Мо русхоро хуб гуфтани нестем, аммо дар ватани худатон зиндаги кунед, пеши рохи ноадолатиро гиред, аз дигарон гила накунед. Хар бадие ба саратон омад, аз худатон бинед.

хеч намефахмам барои чи россияро гитлерихо, бандеровцы, амрикоихои исломбадбин ин кадар бад мебинанд.боз бар замми ин точикон ки нони хурдаашон аз он кишвар аст онхоро бад мебинанд. аз руи таърих Россия кишвари бузург ва ва таърихи бой дорад. чандин аср русхоро нест кардан мехостанд вале Худованд онхоро баъди хар чанги аз сарашон гузаронидашуда кавитар мекунад.сарзаминаш ин кадар бой аст халки тозаи русро гуед дар деревня чунон рахмдилу инсондустанд, ки хеч нагуед. водопроводи хавлиамон вайрон шуд. точикро даъват карда суми хуб додем, лекин онро дуруст карда натавонист. баъд русро даъват кардем у масто маст водопроводро чунон дуруст кард ки чандин сол вайрон нашуд.рафикони рус дорам чунон инсонхои хубанд вале намефахмам чаро ин кадар онхоро ношуд бад мебинанд.

гурдофарид
офарин ба шумо Ҷамшедҷон!!!!Ҳақ ба ҷониб ҳастед, ин бесаводҳо ғайр аз ило било балора намедонанд! ин русия агар намебуд мумкин инчо одамкушию одамхури мебуд... аз афғонистон ҳам бадтар мешудем....

Сафар
Чамшед Азимов бародари азиз браво!Офарин! хаки гапро гуфти.Имруз бархе аз таърихбехабару худобехабаронашон аз босмачихо,ки хамаги турку мугул буда,хатто пеш аз инкилоб низ дар роххои Бухорои Шарки точикро кушта,молашро горат мекарданд мехоханд,ки кахрамони миллат созанд.Нозамбиллох!Аввалан бар касофатии истифодаи рухониёни Бухоро ва Самарканд дар хамбастаги бо иниститутхои эшону эшонзодахо дар зарфи 1000 соли бедавлатии точикон,амирону хонхои турку мугул ончунон миллати озодагонро пахш ва манкурт карданд,ки соли 1924 хатто миллати худро надонист,ки кист!Холо он,ки туркману узбаку казоку киргиз миллати худро бо хама бесаводияшон медонистанд.Ба замми ин фуру пас аз солхои 50 -уми асри 19 эисарони Туркияи Усмони зиёд ба Бухоро омада дар зарфи 70 соли то аз тахт фуровардани мангитихо идеяи туркиятро чори мекарданд.Точики беаклу хафтафахм на саводу на куввати чанге дошт.Агар диккат дода бошед,забони мардуми Самарканду Бухорои солхои 20-уми асри пор пур аз турки гашта буд.Ин чи нишона аст,нишонаи ба тадрич,охиста-охиста аз байн рафтани забону миллати точик буд.Инкилоби Уктабр бо хама бешу камаш барои точик пеш аз хама давлат дод ва ба у дубора чон бахшид.Касе мегуяд,ки не Бухорои амри аз мо буд хатто мекунад.Итминони комил дорам,ки агар аморат то солхои 50-и асри гузаштамемонд бо таъсири радио ва рузномахои замонави ва сиёсати турки точик умуман аз байн мерафт.Ин мисли офтоб равшан аст.Хоса,ки имруз низ чараёнхои пантуркисти аз беаклии точик ва бефахмию содагияш истифода бурда,уро бар зидди Ирон бар асари бефахмияш истифода бурда истодаанд,яъне мисли садсолахои гузашта,ки точикони мовароро аз лихози мазхаби аз форсхо дур нигох медоштанд холо низ ин корро давом медиханд.Бешаку шубха агар Инкилоби Уктаб намешуд на Душанбе буд на Точикистон.(Идеяхои марксисти ва ленини оиди инкилоб ва имперализми сархур ба хуби дурусти худро дар мочарохои Амрико,Европа дар мукобили халкхои захматкаши Шарк,Америкаи Лотини,Африка ва капитализми вахши ва беадолати нишон дода истодаанд,банда коммунист нестам,лекин чун назарияхои хондаи худро бо социализму имперализм ва мочарохои имрузаи олами сармоя ва пулу моли капитализм ва истифодаи миллионхо кувваи кории бехукук аз чониби импералистон мехонам хайратам ва дурустии суханхои онхо меафзояд).Оре хар халк беаклхо низ дорад.Хам русхо ва хам точяикон аз ин ори нестанд,лекин дар умум халки рус халки хайрхох аст,намеарзад,ки зиёии асили русро бо Жириновскый ва Рогозин барин яхудитаборон мукоиса кард.Точикони бедониш ва бесавод низ дар Руссия зиёданд ва бо зиндагии паразитонаи худ ва муносибати бефархангонаи худ имичи миллати моро паст мезанд,Ин факт аст.Соли гузашта дар подмосква,ки 300 хазор точик кор карда ризку рузи меёбад ва чун халки мехнати обуру ва эхтиром доранд гурухи точикони дайду ва чиноятпеша зиёда аз 30 дачаи ахли зиёи русро горат карда,ба даст афтоданд ва шумо бубинед,ки чи гуна андеша ба сари зиёии рус ва корфармо пас аз ин меояд!

"Ин лентаҳо, ки имрӯз рӯйи он баҳс мекунед, "лентаи гвардия" (Гвардейская лента) аст, ки ба иштибоҳ "лентаи Георгий" мегӯянд ва Шумо, устоди гиромӣ, инро мехоҳед ё на, "лентаи гвардия" ба таърихи мо рабт дорад. Инкори таърих инкори падару модар аст." --- Дустони гироми худ мулохиза ва тафаккур кунед ба акидаи ин" зиёи" - они давраи охирузамон. Руссхо ки омаданду сарзамини моро гасб карданд ва то хол ин ахвол аст ин аз кучо суханрони дорад. Яъне инкори падару боби худро бешарафона руирост ва бешармона икрор карда истодааст. Воой бар холи ин миллати пур иллат!!

Русхо харгиз барои мо хуби наовардаанд ва намеоранд.Ин ахмаки аст касе ки мегуяд русхо моро начот доданд.Русхо буданд ки моро 70 сол аз дин дур карданд ва холо хам окибаташ вучуд дорад.русхо хастанд ки имруз миллати моро пешпо зада истодаанд .мо мусалмонхои точик бояд обруро аз Аллох талаб кунем на аз русу амрикову дигархо
Умар разияллоху анху гуфтанд:мо кавме хастем ки Аллох моро ба сабаби ислом иззат дод ва агар мо иззатро аз гайри Аллох талаб кунем Аллох моро хор мегардонад.
пас барои мо мусалмонхо иззат факат аз Аллох талаб кардан аст на аз русе ки аз табакаи пасташ то баландаш моро бад мебинад.шояд у касе ки русхоро таъриф мекунад у ягон дастпарвари рус бошад чун ки дар байни мардуми мо хастанд касоне ки барои русхо чоплуси мекунанд
ва ин русхо оянда кишвари моро ба мисли Украина ба чанг кашида вайрон мекунанд инхо факат сиёсати худашон боло аст на миллати мову на дигар миллатхо

Rahmat Mahmad
Бародар! Русхо касти нест кардани миллати точикро доранд ту боши "Русия" мегуи. Агар " русхо" намебуднд миллати мо ба ихтиёри худ буд ва хар кор мехост мекард бо хар ки мехост хамкори мекард лек афсус ки ба монанди ту бесаводхо дар хамон вакт миллатро фурухтанд ва мо Fулом шудем ва то холи хозир.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)