Бахшҳо

Қодири Рустам: "Лентаи Георгий" бо таърихи мо чӣ иртиботе дорад?

Қодири РУСТАМ

"Представительство Российского фонда развития «Институт Евразийских Исследований» в Таджикистане, в преддверии празднования 69-ой годовщины Победы в Великой Отечественной войне (1941-1945 гг.), организует праздничные мероприятия, посвященные этой дате. Об этом «АП» сообщила директор представительства Фонда «ИЕИ» в Таджикистане Галина Назарова. По ее словам, по традиции праздничные мероприятия начнутся с акции «Георгиевская лента» под девизом «Мы помним! Мы гордимся!», которые пройдут в столице 8-10 мая. В широкомасштабной акции примут участие студенты и школьники столицы".


Ин бахше аз хабарест, ки хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи шанбеи гузашта пахш кардааст ва ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикон хонданду гузаштанд. Ва шояд камтар касе таваҷҷуҳ гумошта ва ба худ суол дода бошад, ки чаро мардуми мо - шаҳрвандони Тоҷикистон ба муносибати пирӯзӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, ки бешак падарону бобоёни мо низ саҳми арзанда дар он доранд, бояд ба гиребон ва синаи худ "лентаи Георгий"-ро насб бикунанд??? "Лентаи Георгий" чи иртиботе бо таъриху маънавиёти мо дорад? "Лентаи Георгий" чи рабте бо Ҷанги ҷаҳонии дувум дорад?

Қодири Рустам: "Лентаи Георгий" бо таърихи мо чӣ иртиботе дорад?Мухтасар бигӯям: Орден ва лентаи Георгий ба шарафи Георгийи муқаддас, аз авлиёи дини масеҳӣ, ки дар асри чаҳоруми милодӣ кушта шуда ва ҳомии Русияи подшоҳӣ маҳсуб мешуд, таъсис ва номгузорӣ шудааст. Баъд бо фармони В.И.Ленин дар интиҳои соли 1917 тамоми медалу орденҳои Русияи подшоҳӣ, аз ҷумла – орден ва лентаи Георгийи муқаддас мамнуъ гардид ва дар давоми мавҷудияти Ҳукумати Советӣ на зарб зада мешуд ва на эъто мегардид. То ин ки пас аз фурӯпошии Шуравӣ давлати Русия бо ҳадафи дарёфти ҳувияти гумкарда дар соли 1992 онро барқарор кард… Акнун суол ин аст, оё Тоҷикистон пас аз касби истиқлол аз Шуравӣ ба Русия пайваст? Оё Тоҷикистон музофоте аз Русия аст? Оё тоҷикон дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум зери парчами Георгийи муқаддас ҷангида буданд? Агар ҳеч як аз ин суолҳо посухи мусбат надорад, пас ин ҳамоқат аз куҷост, ин дағдағаро сабаб чист, чаро русҳо дар мулки бегона худро соҳибхона эҳсос мекунанд, магар Точикистон барои онҳо корвонсарой аст???

Аммо кӣ ба инҳо ин иҷозаро дода, ки чанд сол аст, «лентаи Георгийи муқаддасашонро чун тумор ба мардуми тоҷик медиҳанд ва имсол низ тасмим гирифтаанд, ин корро, ки таҳқире беш нест, такрор бикунанд?! Аммо, шояд иҷоза ҳам напурсида бошанд???

Ва агар андаке амиқтар биандешем, сабаби ин амрро ба осонӣ дархоҳем ёфт. Худи ҳамин рузи шанбе (26 апрел) сайти радиои «Озоди» хабари ҷолиби дигареро нашр кард: “Натиҷаҳои таҳқиқ, ки “М-Вектор”, як муассисаи назарсанҷии мустақил дар Осиёи Марказӣ моҳи ноябр ва декабри соли 2013 анҷом додаст, ба тозагӣ нашр шуд. Бар асоси ин пажӯҳиш, тақрибан 62 дарсади аҳолии Тоҷикистон нисбат ба Русия назари мусбат доранд ва назари тақрибан 50 дарсадашон “бисёр мусбат” аст. Юрий Герасимчук, яке аз муаллифони пажӯҳиш ин дилгармии мардуми Тоҷикистон ба Русияро дар муносибатҳои суннатии ду тараф мебинад».

Ман, ростиро ба назарсанҷиҳо, ки бародари хурди омори давлатӣ аст, чандон эътимод надорам, вале ба натиҷаи таҳқиқи «М-Вектор» бовар мекунам, ҳатто итминон дорам, ки дарсади тоҷикони «дӯстдор»-и Русия хеле бештар аз ин аст, ки онҳо эълом кардаанд. Ва рашке ҳам ба ин муҳаббати якҷониба надорам, дӯст доред дӯст доштан бигиред, 99, 9 дар садатон дӯст бидоред. Вале оё касе аз ин миён ҳаст, ки ба мани намояндаи 38 дар сад ё 0, 1 дар саде, ки Русияро наметавонанд ё намехоҳанд дӯст бидоранд, ба таври возеҳу равшан ва мудаллал шарҳ бидиҳад, ки ин дӯстдории булъаҷабро сабаб чист? Албатта, ҷавоби хеле забонзаде ҳаст, ки мукаррар дар нашрияҳо чоп ва мунташир шудааст ва ҳар рӯз ба гӯш мерасад: Фақат Русия ҳаст, ки ба беш аз як млн. шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза медиҳад, дар сохтмону корхона ва бозору мағозаҳояш кор бикунанд ва маоши худу хонадонашонро таъмин намоянд. Ин посухи дар назари аввал дуруст, дар асл хеле содалавҳона аст. Оё мардикори тоҷик дар Русия инсонвор кор мекунад? Оё дар Русия хуқуқи инсонии ӯ муроот мешавад? Магар мардикори тоҷик ба ивази 1 ҳазор рубле, ки кор мекунаду барои аҳли хонаводааш мефиристад, 10-20 ҳазор рубл барои иқтисоди Русиё фоида намеоварад? Оё ҳар рубли коркардаи ӯ омехтаи арақи ҷабинаш ва ашки талхи фарзандонаш нест?... Магар вай ин пулро бидуни ҷабру ҷафо, таҳқиру тавҳин ва хорию зиллат пайдо мекунад??? Суолҳо дар ин замина беохир аст, вале дар ҳамин ҷо қатъ мекунам; ин қадар, ки гуфтем ба гӯшҳо бирасад, худ давлати бузург аст.

Ва давлати Русия – шарики стратегии давлатдорони тоҷик чӣ мекунад? Қарзҳои чандинмиллиардии кишварҳои дури Африқо ва Осиёро мебахшад, аммо ба ивази қарзи каме беш аз 200 млн-ии шарики муттаҳидаш муассисаи нодири муроқибати фазоии «Окно»-ро аз худ мекунад, ба ивази мустақар кардани пойгоҳи низомии 201-умаш дар маҳдудаи Тоҷикистон як рубл ҳам намепардозад ва боз мардуми моро «шарм дорондан мехоҳад», ки мо шуморо аз душманони беруна ҳифозат мекунем, шумои ношукр ба ҷойи изҳори сипос аз мо пул мехоҳед. Дар баҳси ӯзбакистону Тоҷикистон дар иртибот бо «Роғун» амалан аз ӯзбакистон химоят мекунад… Намехоҳам дигар давом бидиҳам.

Ва боз бармегардем ба назархоҳиҳо. Дар Русия низ чандин бор тайи солҳои гузашта назархоҳиҳое дар мавриди муносибати шаҳрвандони ин кишвар ба кишварҳои собиқи шӯравӣ анҷом шуда буд. Арқом дар ёдам нест, вале тамоил муҳим аст, ки то охири умр фаромӯшам намешавад: мардуми рус аз миёни миллату кишварҳои шӯравӣ аз ҳама камтар ба тоҷикону Тоҷикистон эътимод доштаанд, аз ҳама бештар моро бад медидаанд. Сатҳи эътимоди русҳо ба мо камтар аз Литва, Латвия, Эстония, ки пушти по ба Русия заданд ва дарашонро ба рӯйи мардуми рус бастанд ва ҳатто камтар аз Гурҷистон, ки маҷбур вориди ҷанг бо ин Хирси қутбӣ шуда буд, будааст!!!

Кӣ посух медиҳад, ки маънии он «муҳаббат»-и тоҷикона ва ин «нафрат»-и русона чист?

Аз миёни садҳо нафар тоҷикон, ки барои як ғалабаи ночизи тими мунтахаби Русия дар мусобиқоти футболи ҷаҳон шаб то саҳар хоби худу дигаронро ҳаром карда, парчами Русияро ба ҷилва оварда, бо шӯру ҳамҳама – гӯйӣ Самарқанду Бухороро бозпас гирифта бошанд, - мошинҳояшонро дар кӯчаҳои Душанбе ин тарафу он тараф тозонданд, як нафар доное пайдо мешавад, ки сабаби ину ваҷҳи онро шарҳу тафсир кунад.

Аммо медонем, ки посухе дурусту рост надоранд, агар ба ин масоил меандешиданд, ҳаргиз бо чунин ошиқӣ худро расвои олам намесохтанд….
Аммо ман гумон мекунам, ба як сухан, сабаби он нафрату бадбинӣ, ҳамин ишқи яксӯяи беҷавоб аст… Дар ин ки русҳо ба тоҷикон эътимод надоранд, тоҷиконро бад мебинанд, гунаҳкори асли худи тоҷиконанд…

Чун ин муҳаббат бе асос аст, ин муҳаббат заминае надорад, ин муҳаббат маншаъ дар руҳи ғуломона дорад …. Ва чун рус мебинад, ки тоҷик – бо он ки бад мебинадаш, - боз ҳам изҳори муҳаббат мекунад, бо ин ошиқи шалқин чун бонуи сарватманди пурнозуишваи танноз аст, муносибат мекунад…
Аз Уилям Фолкнер, дар бораи шӯҳрат суол доданд. Фолкнер, - Худо биёмурзадаш, ки бузург марде буд, - дар посух гуфт: «Шӯҳрат мисли зани сернозу нуз аст, агар аз пасаш давед, бо чашми ҳақорат ба шумо менигарад, агар тавваҷҷуҳаш накунед, аз пасатон медавад». Ва ишқу муҳаббат низ дар бисёр маворид мисли шӯҳрат аст…

Оё барои мо хақорат набуд, ки Юрий Лужков – шаҳрдори Маскавро пас аз он ки ошкоро тоҷиконро таҳқир кард, ба Душанбе даъват кардем, ба оғӯш кашидем ва бӯсидемаш.

Оё мо набудем, ки скинхедеро ки тоза аз зиндон берун омада буд, ба кишварамон ба меҳмонӣ хондем, аз ин ресторан ба он ресторан гардонда зиёфат оростем ва ӯ хӯрду хуфту р… у баргашту лоф зад, ки барои он ки бо тоҷикон салом накунам, дастам шикаст гуфта, гипс карда будам. (Дар ҷумлаи боло «скинхед»-ро бо сифати аблаҳ оварда будам, баъд кӯр кардам: ростӣ, ки на ӯ, балки он кас (в ё касоне?) аблаҳ аст, ки ӯро даъват карду зиёфат орост ва як миллатро шарманда сохт).

Сабаби дигар, ин аст, ки мо мардуми тоҷик ба худ эҳтиром надорем, ба худ бо чашми ҳақорат менигарем, обрӯямон кайҳо рехта ғуруру ифтихорамонро ба хоки сиёҳ баробар кардааст; машҳуртарин ва маъруфтарин иборае, ки дар бисту анд соли истиқлол эҷод кардем, «тоҷикиш кун», ё «тоҷикиш кардам» аст, ки маънои вайронкорӣ, харобкорӣ, кори нимкора, кори бадсифати сараму диламро дорад. Пас агар мо худро эҳтиром намекунем, агар мо худро дӯст намедорем, чаро мехоҳем, умед дорем, дигарон эҳтиромамон кунанд, дигарон дӯстамон доранд. Чанд сол қабл навишта будам, мардуми мо бо он ки масеҳӣ нест, бо он ки худро мусалмони комилиёр меҳисобад, аммо бештар аз ҳама қавмҳои пайрави мазҳаби насронӣ аз асли исавии «агар ба рӯйи ростат бизананд, рӯйи чапатро пеш ор» муроот мекунад.

Мутаассифона, дар чанд соли охир боварам ба ин амр бештар шудааст. Дар ин ҷаҳони «майдон аз далер аст» ва дар ин асри «хари ҳар ки ақиб монад гӯшашро мебуранд», вақте ки рӯятонро пеш меоред, ҳатман шаппотие мехуред, фиреби падаронатонро нахуред, ки гардани хамро шашмер осонтар мебурад. Ва аммо, ин ки чаро мо чунинем, мавзӯи баҳси тӯлонии дигар аст...
Мӯҳр
шахрванд
Лентаи Георгий рамзи Галаба дар чанги Бузурги Ватани мебошад. Мо набояд инро фаромуш кунем. Як мех ихтироъ накардаеду аз худатон ким-ки метарошед. Рахмат ба Россия, ки моро баъд аз инкилоб сохиби давлату миллат кардаанд.Имруз хам мардуми моро дастгири мекунанд.

холи чон гуе ки русия мемона точикора кор куни намона чи ??? лента набанден тамом неки точик дар чанг иштирок карда бдан бояд аз ёд наброрем ки ранги украина мешем таърих чизи падарка нест

муаллифи макола эхсости будааст ва ба фикрам кадом рус уро хафа кардааст магар ки ин кадар бо нафрат ба ин лентаи мукаддас суханхои нодуруст гуфтааст. ба муаллиф тавсиа медихам ки таърихи русхоро амиктар омузад ва баъд бахои амик бидихад. Ин лента рамзи озодшавии инсоният аз фошизм аст. ва онро бояд гироми дошт. ба фикрам аз акрабони шумо дар ЧБВ шахид нагаштааст ки чунин мегуед.

тамому хаёту мамоти мо бо урусхо сахт бастаги. чизе нагзе ки дорем инро мо аз урусхо омухтем. дар хамсоягии мо афгонистон дар дасти амрикоиу англис буданд чи шуданд. нону намаки мо аз давлати русия аст. конуну коидаро риоя кун ягон кас ба ту бо нафрат нигох намекунад. дар бораи лентаи георги ин танхо лентаи урусхо нест ин лентаи галаба хаст ки хазорхо хазорон дар чанги зидди фашистон чон нисор кардаанд.

мичгона
ту агар дустдори миллат боши, пас бидон, ки аз 1 то 2 миллион точик дар Русия гуломи мекунад, магар ин барои ту тахкир нест!!!???? Харруз аз Руссия мардикорони бехукуки точик садхои милллион рубли руси равона мекунанд, ин барои ту тахкир нест??? 4 млрд долларе, ки аз Руссия хар сол ворид мешавад, ин барои ту тахкир нест? Ин маблаг аз бучаи давлат 2 маротиба зиёд аст, ин барои ту тахкир нест??? Нисфи зиёди ахолии кобили кор дар Руссия гуломи бехукук аст, магар ин тахкир нест??? Зани точик мардикори меравад, магар ин тахкир нест??? Кудаки точик, модари точик, наваруси точик солу моххои ба умеди дидори наздикон чашм ба рох аст, магар ин тахкир нест??? Дар бораи лентаи Георгий!!! Ин рамз дар Шурави буд, вале георгий ном надошт??? Бовар надори?? ба открыткахои даврони шурави нигох кун, ин рамзро меёби?? дар интернет ба муносибати 23 февраль ва 9 май, хатто солхояш хаст!!! барои мисол 1945-1970. Хамаи ин хангома аз хаводиси Украина сар шуд. то ин вакт касе ба ин лента коре надошт. Так что аз беганагон нолидан ин амали хуб нест, мо точикон факат аз узбаку рус менолем, пардаи пеши чашматро поен кун, магар ба хориву зории миллат бегонахо гунахкоранд????
Худатон ба манфиати халк чи кардед, ки боз игво меандозед

Исфара
Кодири Рустам!Ин маколаи шумо ба чузъ сафсатаи хушку холие беш нест.Ин суханхои болохонадори НОЛОЗИМАИ шумо шиками касеро сер намекунад.Худи ман низ нисбати баъзе масъалахо зидди Руссия хастам.Лекин дар замони муосир агар шумо заррачае инсоф медоштед МАРДАКВОР икрор мешудед,ки баъди сари хукумат омадани Рахмон (бо ёрии русхо)ана хамин РУССИЯ моро аз гуруснаги начот медихад.На он 500 сомоние,ки хуккумати Рахмон барои миллати худаш раво мебинад.Махз Руссия хаст,ки холо миллати точик.\каме бошад хам зиндагии миёнахолона дорад.90 фоизи оилаи мардуми точик аз хисоби мухочират зиндагиаш пеш меравад.Хатто он порахурони давлати.Зеро агар пули хамин Руссияе,ки шумо бадаш мебинед,набошад 500 сомони барои як хафта кифояги намеккунад.Хол он,ки барои порадихи.Шумову хаммаслакони шумо оиди "бадии"Руссия гап мезанед,аммо ман боре маколаи шуморо оиди НОДУРУСТ будани тарзи хукмрони,хешутаборбози ва махалчигии дарачаи оли ,фасоде,ки магз магзи чоемаро фаро гирифтааст сухан карда бошед.Барои чи дар ин мавзхуъ шумо хомушед,агар ин кадар дилатон барои милататон бисузад?

Насибҷон
Беҳтарин матлаб аст дар мавриди худро шинохтан ва бегонаро аз дӯст ҷудо кардан. Набояд ин матлабро сарсарӣ мутолиа кард, баръакс ба ҳар як ҷумлаи он мушикофона таваҷуҳ кард ва андешид, ки мо чаро чунинем ва чаро худкушу бегонапарварем. Бояд пажӯҳишгоҳҳое, ки барои ояндаи миллат ва кишвар кор мекунанд, пажӯҳишашонро бар пояи ин матлаб ва чунин навиштаҳо роҳандозӣ кунанд. Аз навиштаи Қодири Рустам, ки шояд дар Тоҷикистон монанди ӯ таърихдону суханшинос ва донишманди тавоно ва тоҷикандеши борикбин кам бошад, метавон хулоса кард, ки ҳама ан бегонапарастии мо ва ҳама гуна тавқҳои бегонагонро тӯмор карданамон аз худношиносӣ ва бедонишии мост. Вақте кас худношиносу бедониш мешавад, ӯ ба осонӣ бардаи дигарон мегардад, ҳама доштаҳои худро бо ду дасти адаб ба дигарон мебахшад, ӯ чун чорпо танҳо дар фикри шикам пур кардан мешаваду бас. Барои ӯ ғурур ва ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ, забон, фарҳанг, таърих заррае арзиш надорад. Ӯ фақат мехоҳад, ки бо ҳар роҳ дег ҷӯшаду кабобаш пазад... Бештари он бародарону хоҳароне, ки аз лентаи Георгийу Русия дифоъ кардаанд, аз ҷумлаи чунин ашхос ҳастанд... Бародарон, бояд мо "бо камтарин либоси хеш ифтихор дошта бошем" ва бидонем ки "он хона қашанг аст, вале хонаи ман нест"... Мо бояд худро биандешем ва дар андешаи обод кардани хонаи худ бошем, на Русияро чун пушту паноҳи худ саҷда намоем. Албатта, дар дунё миллати бад нест, вале бархурди бад ва сиёсатҳои бад ҳаст. Сиёсати бади Русия ин аст, ки он дар домони худ он тоссарҳоро парвардааст ва на ба муқобили онҳо мубориза мебарад, балки то ҷое ба гунаи пинҳонӣ аз онон дифоъ мекунад ва ононро чун силоҳи хеш истифода мекунад. Сиёсати бади Тоҷикистони мо ин аст, ки мо то ҳол барномаи воқеии милли ва арҷгузорӣ аз арзишҳои миллиамонро роҳандозӣ накардаем ва агар дар ин роҳ чизе ҳам ҳукумат гуфта бошад, ба ҷуз сухани хушк чизи дигаре нест. Агар чунин намебуд, мо лентаи Георгий ва боз чандин унсурҳои бегонаро моли хеш намегуфтем... Ҳарчанд нигорандаи матлаб бо дилсӯзӣ мушкилоти имрӯзии моро баён мекунад, вале бо ин ҳама бархе аз бародарон боз бо шамшер ин гуфтаҳоро пешвоз мегиранд ва ба он гуфтаҳои воқеии Қодири Рустам эрод гирифтанӣ ҳастанд. Ман ба чунин бародарон бародарвор гуфтаниам: Чу бишнавӣ сухани аҳли дил магӯ, ки хатост.\ Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост... Бояд чунин суханони дилсӯзонаи муаллифро бо ҷону бил паируфт ва барои ислоҳи он камбудиҳое, ки мову Шумо, миллати гиромиамон дорему дорад ва каме аз онҳоро бародарамон Қодири Рустам баён кардаанд, бикӯшем.

00000
muhtaram kodiri ba savoli hud hudaton 4avob dodaed 4aro az digar millat menoled.in kori hub nest.to4ikon millati buzurg budand va hastand ham dar maorif,ham dar hunar,ham dar mehmondusti,ham dar aklu hirad.man ham bo akidai shumo va ham bo akidai azimov rozi nestam,4unki dar har millati dunyo faktorhoi noshoista mav4ud meboshad.

масур
Чи хуб гуфтиКодири Рустам,рахмат барои шучоати журналстиат !

о чаноби абдуқодир!!!! ин қадар точикдуст бошӣ, пас мубориза бар бар зидии коррупсия, бар зидди нодориву ва ноадолатӣ дар ТОҶИКИСТОН!!!! о мегуи ки муҳоҷирон ончо ҳаққу ҳуқуқ надоранд.. о мо дар ватани худ ягон ҳаққу ҳуқуқи худамона ҳимоя карда наметавонему, боз ту дар бораи ҳаққу ҳуқуқшикани дар руссия гап мезани!!!! гарчанд мусулмон набошанд ҳам, вале мусулмонгарии зиёд доранд, нисбати мо "мусулмонҳо", о чаро мардуми ман точик мегуяду боз барои гирифтани шаҳрвандии руссия чонкани мекунад, чун медонад, ки он пайсаи ночизе ки дар пири мегирад, барои 2 руз ҳам намерасад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)