Бахшҳо

Соҳибкорзан: Агар Ҷаноби Олӣ фаҳмад, ҷилави хусурбачаашро мегирад (2 ВИДЕО)

Орифӣ Қосимов, намояндаи Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев, ки даъвои 50 дарсади саҳмияҳои бозори “Ином”-и Шаҳритусро доранд, гуфтаҳои соҳибкорзан Санавбар Абдуллоеваро, ки гӯиё хусурбачаи президент талош дорад, бозорашро аз дасташ гирад, беасос хонд.

Қосимов имрӯз, 5-уми апрел ба дафтари “Озодагон” дар Душанбе ҳозир шуда, изҳор дошт, ки баҳс на барои кулли бозор, балки нисфи саҳмияҳои он рафта истодааст. Ӯ изҳор дошт, ки шавҳари Санавбар-Бурҳон Абдуллоев, ки феълан бозори “Ином”-ро дар ихтиёр дорад, қаблан дар хатсайри Душанбе-Шаҳритус ба мусофиркашонӣ машғул буда, дар миён бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳур шинос мешавад: “Саъдуллоев барои харидорӣ ва бунёди бозор ба Бурҳон Абдуллоев маблағ медод ва Холназар Достиев, шахси бовариноки Саъдуллоев низ дар ин кор иштирок мекард. Баробари ин Абдуллоев зимни бунёди бозор аз соҳибкорони дигар низ маблағ гирифта, барояшон ҳатто дар бозор ҷой надодааст.”

Қосимов афзуд, ки дар додгоҳ инчунин аз ҳаққи соҳибкорони дигари “фиребхӯрда” низ ҳимоя мекунад, ки барои бунёди бозор баъзеяшон то 40 ҳазор доллари амрикоӣ додаанд, вале Бурҳон Абдуллоев ҳаққи онҳоро надодааст: “Худи Муҳибулло Саъдуллоев дар додгоҳ ба сифати шоҳид баромад кард. Даъвогар Холназар Достиев аст.”

Қосимов илова намуд, ки зимни яке аз мурофиаҳо бо Абдуллоевҳо ба созиш омаданд, ки ба ивази 900 ҳазор доллари амрикоӣ бозорро мегиранд: “Аммо мо вақте хостем, ҳаҷми хароҷот пешниҳод гардад, онҳо қарзҳои барои хонаю чорводорӣ гирифтаашонро пешниҳод карданд. Дар миён соҳибкорони дигаре пайдо шуданд, ки даъвои саҳмия дар бозорро карданд, чун барои бунёди он маблағ додаанд. Баъд мо аз раъямон барои пардохти маблағ гаштем.” Ин мусоҳиби мо илова намуд, ки комиссияи давлатии даъваткардаашон арзиши бозорро 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ муайян кардааст. Ин намоянда инчунин аз ишораи Санавбар Абдуллоева ба миллияти шавҳараш, ки узбак асту гӯиё мавриди фишор қарор дорад, интиқод намуда, гуфт, алайҳи Бурҳон Абдуллоев тоҷирони узбактабори Шаҳритус ба мақомот муроҷиат карда, ҳаққашонро талаб доранд.



Қосимов иддаои Абдуллоеваро, ки гӯиё Саъдуллоев бо сӯиистифода аз наздикияш ба оилаи раисиҷумҳур мехоҳад, бозорашро гирад беасос хонд: “Назди қонун ҳама баробаранд ва Саъдуллоев низ тариқи қонунӣ ҳаққашро талаб карда истодааст.Баррасии ин қазия дар додгоҳҳо идома дорад.”

Дар ҳамин ҳол Санавбар Абдуллоева дар суҳбат бо “Озодагон” иддаои Қосимовро, ки гӯиё шавҳараш-Бурҳон Абдуллоев зимни сохтмони бозор аз Саъдуллоев маблағ гирифтааст, рад карда, таъкид намуд, “мо дар мурофиаи додгоҳӣ исбот кардем, ки ягон маблағ аз ин одам нагирифтаем.” Ин соҳибкорзан гуфт, тамоми далоилро ба додгоҳ пешниҳод кардааст ва илова кард, ба матбуот ба он хотир муроҷиат кардааст, ки "Ҷаноби Олӣ аз қазия огоҳ шавад. Ман бовар дорам, худи раисиҷумҳур агар огоҳ шавад, ҷилави хусурбачаашро мегирад ва намегузорад, ноадолатӣ содир шавад." Ӯ рӯзи 3-юми апрел дар шарҳи қазия ба "Озодагон" гуфта буд:



Феълан баҳси додгоҳӣ барои бозори “Ином”-и Шаҳритус идома дорад.
Мӯҳр
1213
хамин мардак аз сохаи хукук хабар надорад Дар вакти пул додан карз бу ё сахм. Агар сахм бошад шартномаи таъсиси оиди Чамъият мешуд. Агар карз бошад аз 10 нишондиханда ба тарики хатти. Ин ранги занакои лаби об гап мезенад. Хамин Чавобгар аъзои ХНИТ аст. бигерен молу мулкаш.

Озоди
Косимовро як адвокати мустакил мешиносам, земоне дар бахси хочагии Озоди хукукхои сахмдорони онро химоя карда, аз дастдарозони минтака чашми тарс надошт. Имруз ки адвокати як чониби пулдор аст, набояд нисбаташ носазо гуфт. Охир духтур ва хомии хукук хаки маънавии чудо кардани мардумро ба табакахо надоранд. Косимов рисолати касбии худро ичро намуда истодааст ва бовари дорам, ки у то хол як хукукшинос аст.

1. Дар суханронии Абдуллоева ягон факту ракам нест , чи хел сохиби бозор шуд, танхо узбаку точик мегуяд халос, ё ин ки фитнаву чангу чанчол байни ин ду миллат мехохад биандозад. Узбак будани шумо чи дахл дорад. Мухтарам Абдуллоева мегуяд ки дувунним сол боз судкаши давом дорад ва боз мегуяд ки аз дасти шавхари ман ду карат ду гирифтани бозор барои он ки Саъдуллоев додараруси чаноб мебошад ва шавхари у як узбак. Агар ин зани хуб мешуд дар васоити ахбор шавхари худро чунон паст намезад як латта борин муаррифи карда. Дуввум ин ки агар шумо бо додараруси чаноб дуввуним сол боз бахсу судкаши карда бошед пас маълум мешавад ки Саъдуллоев бо рахи хак мехохад сохиби моли худ шавад вагарна агар аз додарусии чаноб буданаш истифода мебурд дар як руз мегирифт бозорро. Ва шукрона кунед ки дар чунин мамлакти демократи зиндаги мекунед шукронаи чаноб шукронаи хамин давлат кунед. Чун агар як точике дар васоити ахбор дар узбакистон додаруси президенташро чунин тухмат мекард ва чунин судкаши мекард намедонам ахволи вай точик чи мешуд...дар як руз ба фикрам нобуд мекарданаш... шукрона кунед ки чунин демократияро таъмин кардаст чаноби оли.
2. Барои чи рузноманигор ба чои факту ракам пурсидан гапхои Абдуллоеваро тасдик мекунаду халос, дар оташ бензин рехта истодааст...
3. Дар кадом асос Абдуллоева тамоми судхои Точикистонро тахкир мекунад, магар барои ин чавобгар намешавад?
4. Дар хотир дорам вакте дар Шахритус кор мекардам сокинони ончо мегуфтан ки ин автобусчи баъди бо Мухибулло "рафик" шудан аз автобус ба Лексус гузашт....
5. Ин зан мегуяд ки ба ман фишор меоранд ва тахдид мекунанд ки туро раиси нохия мекунем, нестай ягон кас морам хамихел фишор биёрад????Хандаовар аст суханони ин зан....

як вакт Бурхон аз Сафар Точиев бозорро кашида грифтаги буд. Акнун навбати дигархо шуданд. Бурхон читавир грифти хаминхел буспор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)