Абдулқодирзода: “Кӯдаконро аз 7-солагӣ ба намозхонӣ ташвиқ кунед”
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бори дигар ба намозхонии кӯдакон аз 7-солагӣ таъкид кард. Абдулқодирзода ин ҳарфҳоро дар охири хутбаи намози ҷумъаи 28 март дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баён дошт.
Ӯ бо овардани иқтибос аз ҳадисҳои паёмбар (с) таъкид кард: “Ба фарзанд аз 7-солагӣ намозхониро омӯзонеду амр ба намоз кунед. Агар нахонданд, дар 10-солагӣ танбеҳ кунед.”
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома илова кард, ҳар нафаре, ки аз 40 – 50-солагӣ намозхониро шуруъ кардааст, саҷдаву рукуи ӯ аз оне, ки дар ҷавонӣ омӯхтааст, фарқ мекунад: “Касе аз ҷавонӣ, намозхонӣ ё ибодатро ба худ касб кардааст, мебинед, бисёр устувору хотирҷамъ ва дурусту дақиқ анҷом медиҳад.”
Сайидмукаррам Абдулқодирзода қаблан низ аз омӯзишу хондани намоз аз айёми кӯдакӣ ҷонибдорӣ карда, гуфта буд, “вақте кӯдак аз хурдӣ намоз хондааст, яқин бидонед, ки аз ҷониби ӯ ноҳурматӣ нисбати волидайнаш намешавад. Албатта ин намоз агар намози воқеӣ бошад, на мисли дона чидани мурғ.”
Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон рафтани афроди то 18-сола ба масоҷид манъ буда, дар аксар маврид иштироки наврасон дар намози ҷумъа бо боздошти онҳо аз сӯи кормандони пулис анҷом меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |