Бахшҳо

Жириновский: "Тоҷикистонро мо сохтем, чунин кишвар набуд" (ВИДЕО)

Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия, бегоҳи 23-юми феврал, зимни баромадаш тариқи шабакаи телевизионии «Россия 24» ба ҳаводиси Украина дахл карда, таъкид намуд, ки он ба сифати округи Малорусия ва Осиёи Миёна низ ба сифати округ ба тобеияти Русия дароварда шаванд.

Жириновский таъкид намуд, ки тамоми ақаллиятҳоро дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ русҳо наҷот доданд: “Халқи рус дар ҷабҳаи пеши ҷанг қаҳрамонӣ мекарданд ва дигар халқҳо асосан ба таъминот дар ақибгоҳ машғул буданд.”

Ӯ дар дақиқаи 23-юми баромадаш ба масоили Осиёи Марказӣ низ дахл карда, гуфт кишварҳое чун Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистонро мо худамон фикр карда сохтем: “Бояд округи Осиёи Марказӣ бо марказаш дар Верний, ки ҳозир номи бегона, Алматоро дорад, дар ҳайати Русия ташкил карда шавад.”

Ин изҳороти Жириновский аллакай норозигии Остонаро ба бор овардааст. Душанбе низ қаблан ба як суханронии иғвоангезонаи Жириновский вокуниш нишон дод ва аз Маскав посух гирифт, ки изҳороти эҳсосии хоси ин сиёсатмадорро ҷиддӣ нагиранд ва он ҳеч рабте ба мавқеи расмии Русия нисбати Тоҷикистон надорад. Ин аст, ки интизор меравад ин дафъа Душанбе изҳороти Жириновскийро сарфи назар кунад.


Мӯҳр
Комил
Фунтик,
Ту баринҳо - ғуломони шикампарвари дунёвӣ воқеан дар Тоҷикистон бисёр шудааст. Зеро аз арзишҳои диниву нангу номуси мардонае, ки мардуми қафқоз доранд, кайҳо боз дур шудаанд. Аз ин лиҳоз дар тамоми гушаву канори дунё, мисли гусфанд туъмаи гургҳо мешавед. Бидон ки ин дунё мисли ҷангал аст ва тобеу ғуломи касе бошӣ ё набошӣ, агар гусфанди охурбин бошӣ, оқибат хуроки ҳайвонҳо мешавӣ. Бояд, гург ё шоҳини баландпарвоз бошӣ, яъне номусу нанг ва қудрати ботинӣ дошта бошӣ, на ин ки ғулом бошӣ, фаҳмидӣ шикампарвари беномус.
Дину донишро ғулом арзон фурухт,
То баданро зинда дорад, ҷон фурухт.
Пеши по зан тахти Кайковусро,
Сар бидеҳ, аз даст мадеҳ номусро (Иқбол)
Агар гусфанд намешудӣ, ҳоло ин қадар зиёд ту баринҳоро русҳо намекуштанд.

Жириновский як бетамизе аст ки суханашро фикр накарда мегуяд.Вай худаш руси яхуди табор аст.

Агар ба таърих назар андозем,шохиди он мегардем,ки сувханхои Жириновский рост аст.Пеш аз революция ба чои Узбакистону Точикистон.Туркманистону Киргизистон.ягона давлат Аморати Бухоро буд.Пас барои чи ва бо кадом сабаб сиесатмадорони навбаромад инро инкор мекунанд?

Ситора
Рости аз суханронии ин бародарони ватанфуруш шармам меояд. Гарчанде зан хастам, аммо гурурам ва номусам намемонад то ман хомуш бошам. Шукр кунед, ки ватан доред ва сулху салох хукмфармост. Чи? Гумон мекунед, ки дар дигар давлатхо проблем нест? Ё Русия шуморо аз бари боло мешинонад? Аз афтатон безоранд!!! Шуморо кирр мекунанд ва озодона аз сарватхоятон истифода мебаранд. Ватанфурушони аблах!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)