Бахшҳо

Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ва баҳси Амонуллозода бо Эшони Нуриддинҷон

Се рӯз пештар дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шудааст, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Одноклассники, “сайр” дорад ва мавриди баҳси зиёди корбарон қарор гирифтааст. Ин намози ҷаноза ду ҳафтаи қабл дар маҳалли “Оли Совет”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шудааст.

Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, ки гуфта мешавад писари муфтии собиқи Тоҷикистон будааст, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”



Амонуллозода дар идома таъкид мекунад, ки Ҳоҷӣ Қурбоналӣ муриди падараш буд ва ӯ намегузорад, каси дигаре дар намози ҷанозаи ӯ пеш бигузарад. Ҳарчанд Ҷамолиддин Амонуллозода Эшони Нуриддинҷонро барои “фитнаандозӣ” муттаҳам мекунад, ӯ танҳо бо изҳори “астағфуриллоҳ” қаноат варзидааст.

Дар ин намози ҷаноза, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва бархе аз муовинонаш низ ҳузур доштанд, ҳамроҳи Эшони Нуриддин ба гӯшае рафта менишинанд, то баҳси кӣ пеш гузаштан дар намози ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ба поён бирасад. Дар ин навори видеоӣ, ки 18 дақиқа тӯл дорад, дида мешавад, баъзе аз ҷамъомадагон аз ҳузури Ҷамолиддин Амонуллозода, имомхатиби масҷиди Ҳазрати Маволонои ноҳияи Рӯдакӣ норизоӣ карда, борҳо хоҳиш мекунанд, то бигузорад, Эшони Нуриддинҷон ҳамин намози ҷанозаро адо кунад. Ҳатто яке аз наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ бо садои баланд мегӯяд, ки “ин майит аз они мост ва мо касеро хоҳем, намози ҷанозаро мехонад”.

Ин видео дар ҳоле сабт ва ин навор дар ҳоле ба майдони баҳс кашида шудааст, ки Эшони Нуриддинҷон тайи се соли охир мавъиза ироа намекунад ва аз имомхатибии масҷиди “Муҳаммадия” низ барканор шудааст. Дар гузашта ин рӯҳонии шинохта қабл аз ҳар намози ҷумъа амри маъруф мекард ва диски сӯҳбатҳои ӯ аз ҷумлаи серхаридортаринҳо буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Дилшод
"Изои муьмин харом аст" мегуяд Расули акрам (с) дар яке аз хадиси муборакашон. Ин гуна "муллохо" нотавонбин ва хеле мугризанд. Бо ин амали худ на ин ки обу руйи бобои Эшон, балки аз хешро мерезонанд, агар дошта бошанд. Намедонам, инхо бо ин аьмоли худ дар пешгохи Худо (ч) чи чавоб мегуянд.
Онхое, ки дар чанозаи Кори Суннатуллохи хисори (р.а.) писари Домулло Мухаммадшарифи хисори (р.а.) иштирок доштанд, ба хуби медонанд, ки аз чониби як нафар чунин "муллои худнамо ва магрури бериш", ки хар замон худро дар ВАО реклом низ мекунад, нисбат ба бобои Эшони Нуриддинчон хамин гуна амалро раво дид, яьне хангоми суханрони баландгуякро аз дасташон кашида гирифт. Хол он ки ин бузургвор сухани Худовандро ба самьи хозирин баен мекард. Ин амал дар навбати аввал як навь чашми дидан надоштани дустони Худованд бошад, дар навбати дигар беэхтироми ба каломи мукаддаси Оллох Таьоло мебошад.
Аз ин ру, ба бобои Эшони Нуриддинчон хаминро мегуям, ки аз ин рафторхои ночо харгиз озурда нашавед, зеро Шумо рузи Киемат ба инхо пируз хохед шуд ва иншооллох, аз сафи мучохидини рохи Оллох бармехезед!

Ораз
Аз Аллох битарс домуло гайбати олим захри катол асту тахкираш куфр

Яъкуб.
Ахмади Фархори чашмота калон кушода тамошо кун, ки маъракаро ба беобруги овард.....

рохгузар
Эшона худо иззат додай душманош месузан,хазорон корвон рафтанду давдав, ханузам ин сагон доранду хавхав.

умар
Кани он мурдае ки сар аз тобут боз кунад ва дар руи ин имоми маддоху чоплус туф кунад!!!!

муаллим
Маълум аст Чамолиддин хеч парвой аз Худову Паембар с. надорад ва дар воке намунайе аз муллохойи дарбори аст.бо ин суханронияш душманони Исломи Азизро шод намуд.чо дорад сари масъалаи пешомада аз назари фиркх бахо дода шавад.

абдул
АФСУС 100 АФСУС...
имруз масчидхо дар дасти чунин ашхоси бефарсат
мондааст,шармандахо муттахамхо уламои дарбори
бандахои хокимон.........ФУ
АФСУС

саидчон
чавоб ба домуло ба фикрам шумоҳам тарфдори ин мулои дарбори ҳасти ки нисбат ба эшони нурддинчон ин чумлаҳора навишти оҳ шумо кур буди ҳамин наворо тамошо карди ки якум суханронира ба як тафриқадози ин мулои дарбори огоз кард

Абдуллох
Хаминро гуфтаниямли кучобуданд он мулохоеки вакте Зафари кабуд пайомбарро инкор кард йо кучо буданд онмуллохоеки вакте то хаждасоларо бамасчид омаданаша маън кард аъзои порлумон факат бародари исломи Нуридин садо баланд касам ба он зотеки чони Абдуллох дар дасти Уст пагох дар назди Оллох чавоб хохед дод уэшон будки чавон писарону духтарон аз бад гаштанд.Аммо онкозии имруза дар назди оллох чи чавоб мегуяд агар аз назари мани омми пурсед намози чанозаба эшон гузаштанаш чоиз дигарон тарсуянд

Abu Abdulloh
Салом хамватанони гироми! Ман як шахрванди Ч Т беадолатии судиро дар кишвар мебинам, агар нисбати Чамоли Амонуллозода парвандаи чинои боз карда нашавад, аз мансаби хатиби сабук душ карда нашавад. Зеро номбурда тартиботи чамъиятиро вайрон намуда, мардумро ба баланд намудани сару садохо водор намудааст. Ва инчунин баъд аз тахкир намудани шахрванди ЧТ.Э. Нуридинчон дар байни мардум ва зикр намудан аз чанги шахрванди, боиси хашми мардум гардид.

Тоҷик
Ахмади Фархори,
Агар Кабирии бечора як гап мегуфт "ФАБРИКАИ ҶАВОБ" туҳматборонаш мекард ва кумитаи бедин барои барҳам задани назм ба андозаи 100 маош ҷаримаш мекард
Ту дар бораи Эшон ки ғайр аз истиғфор чизе нагуфт ин ҳа ма туҳмат ва кинаварзӣ мекуӣи аммо дар бораи он ки якбора ба тавҳину ҳақорат гузашт ва назми маъракаро барҳам зад чизе намегуӣ!?
дар назди Худо яке аз бузургтарин гуноҳ(гуноҳи кабира) китмон(пенҳон)и ҳақиқат аст

шамсиддин
ин шарманда ки бошад ки чунин бузургони хакгуи мусалмонро беобру мекунад охир шарм намедори э муллои тарсончак агар хамихел имомхатибони бе илм бе амал зиёд шидан гирад точикистон боин чои расво намешад ина фахметон .

Манучехр
Э халки точик дар Россия калимаи( феъли) нави "таджичит" муд шудааст,бояд гиряву нола кард,ки маънояш "гуломи кардан".Шумо мурдаро монда тутхури доред!!!Бедор шав ,илм омуз эй миллати шармандагашта!!!

сауд
бародархо комент хои хамата хондаи шумохон ки набудаед дар ончо хар гапи хавои назанед гунахгор мекнед худатона хаволаи одами бад ба худо тамом мо ки набудаем дар ончо чи даркор гов суд кардан

Амонуллозода ТУ АГАР МУСАЛМОНИ ХАКИКИ МЕШУДИ КАДРИ МЕХМОНА МЕДОНИСТИ ЧИХАЙ ДАР ИСЛОМ. БОБИИ ЭШОН МЕХМОН БУД ВА АШ ПЕШИ ХУД НАОМАДА БУД УНРО ДАЪВАТ КАРДАН 2 МАГАР ЧАНОЗА ЧОИ ЧАНГАСТ. ВОЙ БАР ХОЛУТ ФАРДО РУЗИ КИЁМАТ ЧИ ЧАВОБ МЕГИ БАРОИ ИН КОРУТ МАГАР ТУ АБАДИ ХАСТИ ДАР ИН ДУНЁ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)