Бахшҳо

"Тоҷикистони нав"-е, ки мардумаш аз мондан рафтанро беҳтар мешуморанд

Ҳумайрои БАХТИЁР

Тоҷикистони нав. Ҳама акнун атрофи ҳамин ибора баҳс мекунанд. Бархе Тоҷикистонро аз дидгоҳи худ нав мебинанду бархеи дигар нав дидан мехоҳанд.

Дар баъзе долонҳову маҳфилҳо дар бораи бунёди Тоҷикистони нав миш-миш мекунанд. Чун медонанд, ки ошкор андешаронӣ кардан дар бораи сохтани як ҷомеаи мутамаддин маънои табдил шудан ба хоинро дорад. Зайд Саидов чӣ гуфт? Ӯ танҳо гуфт, мехоҳад як ҷомеаи озод, на аз лиҳози маънавӣ, балки аз лиҳози иқтисодӣ бисозад. Ин ошкоргӯӣ боис ба 26 соли маҳкум ба зиндон шуданаш шуд.

Зайд Саидов мехост, барои сохтани Тоҷикистони нав саҳм гузорад, яъне таҳаввулоте дар вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба вуҷуд орад. Имрӯз аксари коршиносон ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон таҳаввулот ба миён наомадааст. Аммо ба назарам тайи ин бист сол дар Тоҷикистон навигарӣ, тағйироту таҳаввулоти зиёде ба вуҷуд омадааст. Фикр мекунам, Тоҷикистоне, ки мо алъон зиндагӣ мекунем, нав аст. Тоҷикистони муосирро масъулини ҳукумати кунунӣ барои мо ба миён оварданд.

Ба ёд оред, то замоне ки ин ҳукумат сари қудрат омад, мо як зиндагии мӯътадил ва мувофиқ бо ҳамон давра доштем. Ҳатто дар солҳои мудҳиштарини бархӯрдҳои низомӣ ҷумҳурӣ бо барқу газ мунтазам таъмин буд. Ин сиёсатҳои ҳамин ҳукумат буд, Тоҷикистонро зина ба зина, қадам ба қадам ҷадидтару муосиртар кард. Инак, Тоҷикистон комилан нав шуд. Агар дар гузашта Тоҷикистон истеҳсолот дошту яке аз кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти хому тайёр ба ҳисоб мерафт, ҳоло - баръакс. Мо ҳатто ҳамон ҳаҷми истеҳсоли 50 соли пешро нигоҳ дошта натавонистем. Имрӯз мо қариб маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намекунем. Чизе ба ҷуз алюмину пахта содирот наменамоем.

Моро барои зиндагӣ дар чунин ҷомеа ва шароит омода карданд ва ё ҷабран одат кунонданд. Дар қарни фанновариҳо, ки мардуми ҷаҳон дар фикри фатҳи кайҳон аст, мо ҳамоно дар торикиву сардӣ зиндагӣ мекунем. Инро набояд бо давраи ҳукмрониҳои низомҳои қадим муқоиса кард. Он давраҳо мутобиқ бо замону имконияти худ буданд. Ҳамакнун даври дигар, замони пешрафту тараққиёт аст. Дар замони муосир зиндагӣ кардану дар хусуси Тоҷикистони бидуни газ, чароғ, нақлиёт сухан гуфтан, хеле дардовар аст. Аммо аз воқеият ҷои гурез нест. Ва метавон гуфт, ин ҳама нишонаҳое аз таҳаввулотест, ки ҳукумати муосир ба Тоҷикистони муосир овард.

Таҳаввуллоти дигаре, ки дар Тоҷикистон ба вучуд омад, ин дар равони мардум ҷой намудани эҳсоси тарс аст. Дар гузашта барои мо афсонаҳо аз қаҳрамонӣ, ҷасуриву далерии мардуми тоҷик мегуфтанд. Садҳо қиссаҳо нақл мекарданд, ки мардуми тоҷик яке аз мардуми донишманду тавоно ва ҷасуру нотарс буд. Шубҳа дорам. Чун мегӯянд, рӯҳияи инсони озодпарасту далеру донишманд шикастнопазир аст. Пас, барои чӣ имрӯз мардуми тоҷик мазлум аст? Ё наход ин ҳама сифатҳо афсона бошанд?

Имрӯз Тоҷикистонро тарзе бароямон сохтанд, ки дигар ҳар ҷо аз пастӣ, фасодкорӣ, бесаводӣ, маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ, беадолатӣ ранҷ мекашем. Дар мағзҳои мо ҷой кардаанд, ки барои расидан ба зиндагии беҳтар зарур нест, инсони бофарҳангу донишманд бошӣ. Донишу ҷаҳонбинӣ гӯиё дар ҷомеаи мо комилан арзиш надоранд. Чунин менамояд ин низом то андозае моро мутаҳҳам карда, ки дигар ҳатто орзу кардан инҷо имконнопазир гардидааст. Чанд даҳсола пеш орзу кардан барои тоҷикон низ як падидаи маъмулии инсонӣ буд. Аммо ҳоло ҳамин ҳаққи равониро низ аз мо рабудаанд. Охир ҳамин Зайд Саидов танҳо орзуи Тоҷикистони наверо дошт, ки ҳаққи инсонии ӯ буд. Мегӯянд, низоми Шӯравӣ, ки худкома буд, давоми 70 соли ҳукмронии худ дар Тоҷикситон он қадар муваффақ нашуд, ки ҳукумат дар 20 сол гардид. Бо вуҷуди низоми номусоид аз лиҳози фарҳангӣ тоҷикон зиндагии роҳаттар доштанду кӯдакон орзу мекарданд. Як кӯдак то замони ба мактаб рафтану хатм кардан орзуҳои зиёди мутахассис шуданро мекард. Бо ҳавас дониш меомӯхт. Ҳоло чӣ? Кӯдаки тоҷик дигар гӯиё орзу намекунад. Ҳанӯз аз тифлӣ ҷомеаи носолим эҳсосашро бар бод медиҳад.

Кӯдаке, ки модараш бечораву падараш муҳоҷир аст, чӣ орзу карда метавонад? Тифле, ки бояд кӯдакиаш бо ширинӣ, бозиву афсонагӯшкунӣ гузарад, дар фикри гурусна намондан аст. Кӯдаки тоҷик субҳи содиқ аз хоб хеста роҳ тарафи бозору хиёбонҳо мегирад, то пул биёбад. Онҳое, ки филми “Манқурт”-ро дидаанд, агар ҷомеаи имрӯзии моро қиёс кунанд, дарк хоҳанд кард, ки мо дар ҳолати баддтар аз “Манқурт” қарор дорем. Мо ҳам манқурт шудаем, аниқтараш манқурт кардаанд.

Вақте орзуи кӯдак серу пур зистан аст, вақте наврас бе ҳавас мактаб меравад, вақте донишҷӯ ноогоҳона маълумот мегирад, вақте ҷавон бо ихтисоси хеш кор пайдо намекунад, бо кадом далел мегўем, дар Тоҷикистон навигарӣ ё тағйирот нашудааст?

Ин аст Тоҷикистони нав. Инро ҳеч хоҷаи хориҷӣ дар ҳамдастӣ бо “хоину хиёнаткорон” насохтааст. Ин Тоҷикистони навро барои мо расман, озод, роҳат ва ба таври “демократӣ” сохтаанд.

Тоҷикистоне, ки мардумаш аз мондан рафтанро авлотар медонанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
АЙНИ
ХУМАЙРО ХОХАРАМ! АЗ СУХАНОНИ ТАХКИРОМЕЗИ БАЪЗЕ КОСАЛЕСОНЕ, КИ ШИКАМАШОН СЕР МЕБОШАД РУХШИКАСТА МАШАВ. ИН ГУРУХ ХАР ЖУРНАЛИСТ Ё ХАР РАВШАНФИКРЕ, КИ АЗ МУШКИЛИИ МАРДУМ ХАРФ МЕЗАНАД УРО ХАМЧУН ИГВОАНГЕЗ, ФИТНААНДОЗ, ТЕРОРИСТ, ДУШМАНИ ХАЛК УНВОН МЕДИХАНД. ВА СОЛХОИ 1991-92-РО МИСОЛ ОВАРДА МАРДУМРО МЕТАРСОНАНД ВА НАМЕГУЗОРАНД,КИ ПАЙРАВИ СУХАНИ ХАК БОШАНД. ИН КАБИЛ ЧОПЛУСОНИ БА ЗОХИР ХИРАДМАНД ВА ХАМАДОН ОБОДИРО ТАНХО ДАР ТУНЕЛХОВУ РОХХОИ ПУЛАКИ, ИМОРАТХОИ БАЛАНДОШЁНА КИ БО НАРХХОИ АЗ 50 ТО 300 000 ДОЛАР ВА СУЛХУ ШУКРОНАКУНИИ ДИДААНД. ИНЧУНИН ИН СУХАНХОРО ХАМЧУН ТОРСАКИ ЗУД-ЗУД БА РУИ ИН МАРДУМ МЕЗАНАНД. ПЕШРАВИИ ЗОХИРИИ ДАВЛАТРО МЕБИНАНД БЕБАРКИИ ДЕХАХОИ ГУРМОНАНДИ ДЕХОТИ КИШВАРРО НЕ, 10-СОЛ ПЕШ МУХОЧИРОН 500 000 ХОЛО 2 МИЛИОН. ШОЯД ОБОДИ, ПЕШРАВИ ГУФТА САФИ МХОЧИРОНРО ЗЕРИ НАЗАР ДОРАНД. ЗЕРО ЗИЁДА 1 МИЛИАРД ДОЛАРЕ, КИ СОЛОНА ВОРИД МЕШАВАД БОНКХОЯШОН ДАРОМАД МЕГИРАД ВА АГАР ИН РАКАМ БА 2 НАФАРИ ОИЛА ПУЛ ФИРИСТОНАД 4 МИЛИОН АЗ ГУРУСНАГИ НАЧОТ МЕЁБАД. ПАС МАРДУМ НЕ ШУМО ШУКРОНА КУНЕД, КИ ИН 2 МИЛИОН НАФАРРО ПЕШ НАКУНАНД, ОНГОХ МЕФАХМЕД, КИ ПАСИ ИН ПЕШРАВИХО БОЗАМ ИН МАЗЛУМОНИ ХУКУКПОЙМОЛШУДАИ МУХОЧИР МЕИСТАД. ЖУРНАЛИСТ ТАБИБИ ЧОМЕА БА ХИСОБ МЕРАВАД ВА ИН ХАМ АЗ ХАР ГУРУХЕ 2-3 НАФАР,КИ ХЕЛЕ ХУРДАБИНОНА ДАР РАФТИ ТАЪЛИМ ДИКАТ КАРДААСТ БОКИМОНДА ЧОПЛУСОНИ ТУТИНАМОИ ВАССОФ. ХЕЧ КАС НАМЕХОХАД ТИРЕ АЗ КАМОН ЧАХАД ТАНХО МЕХОХЕМ САРКОНУНРО БОЗ СОЛИ 2015 МИСЛИ КАБЛ БА МАНФИАТИ ХУД ТАГЪИРИ ЧИХАТ НАДИХАНД, ХУДАШОН КОНУНРО ЭХТИРОМ КУНАНД. ИН КИШВАР ВА ИН МАРДУМ ДАР ХАМАИ МИНТАКА БОСАВОДУ БОИСТЕЪДОД ТАРБИЯ КАРДААСТ. ДЕМОКРАТИЯ Ё ХОКИМИЯТИ ХАЛКИ ТАНХО ДАР РУИ КОГАЗ ВА НАМОИШ ДОДАН БАРОИ ЧОМЕАИ ЧАХОНИ НАБОШАД.ОЗОДИИ БАЁН, ХАКИ ИЗХОРИ НАЗАР КАРДАН ХАКИ МУСАЛЛАМИ ХАР ШАХРВАНДИ КИШВАРИ ДЕМОКРАТИ ХАСТ. ШАРМ БАР КАСЕ БОД, КИ ДЕМОКРОСИТАРИН МАРДУМОНРО БО ОН ИБОРАХОИ ОБШУСТА ВА АЗ САРИ НОЧОРИЮ ДАРМОНДАГИ ЧУН "ФИТНААНДОЗ" ......., МУТАХАМ МЕКУНЕД. МАРДУМ ДУШМАНИ ЧАНГ, ДУШМАНИ ЗУРГУИВУ ФИШОР АСТ. БОЯД ДАР КАТОРИ ОРОИШИ ШАХРХО ДИЛИ МАРДУМУ ЗИНДАГИАШОНРО НИЗ ОРОИШ ДОД. БАРОИ БА ИН ОРМОНХО РАСИДАН БОЯД ТАВОНМАНДОНРО ХЕЧ НАБОШАД ДАР ПАХЛУЯШОН ЧОЙ ДИХАНД НА ДАР КУНЧИ ЗИНДОН.

Вайс
Куҳандиёро, диёри ёро, дил аз ту кандам, вале надонам, вале надонам,
Ки гар гурезам, куҷо гурезам, ва гар бимонам, куҷо бимонам, куҷо бимонам
На пои рафтан, на пои мондан, чи гуна гуям, дарахти хушкам
Аҷаб набошад, агар табарзан тамах бубандад, дар устухонам, дар устухонам
Дар ин чаҳанам гули биҳишти чи гуна руяд, чи гуна буяд,
Вале баҳорон аз абри найсон, чи баҳра гирам, ки худ хазонам, ки худ хазонам
Садои ҳакро сукути ботил, дар он дили шаб чунон фуру бурд, чунон фуру бурд
Ки то қиёмат, дар ин мусибат гулу фишорад, ғами ниҳонам, ғами ниҳонам
Айё Худоё, гиреҳкушоё, ба чораҷуи маро мадад кун,
Бувад ки бар худ даре кушоям, ғамии дарунро бурун кашонам, бурун кашонам
Куҳандиёро, диёри ёро, ба азми рафтан, дил аз ту кандам,
Вале ҷуз ин чо Ватан гузидан, наметавонам, наметавонам,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)