"Ин ҷо зӯргӯӣ, дурӯғ, қаллобӣ ва ин гуна пастиҳо меъёри аслист"
Зафари Суфӣ
Ростӣ намехостам чанд рӯзи дигар чизе дар бораи қазияи боздошти Абдураҳим Шукуров бинависам. Зеро як усули доимӣ барои навиштан доштам, ки эҳтимолан имрӯз барои аввалин бор ва умедворам барои охирин бор шикаста мешавад. Ман ҳеч гоҳ бар мабнои бардошт аз нигоҳи нафрат чизе нанавиштаам, ҳарчанд ҳамарӯза ва гоҳо сари ҳар қадам рухдодҳои нафрангезро шоҳид будаам, тамоми тавонамро ба кор гирифтаам, ки дар бораи он чизе нанависам ва бардоштамро дар қалбам бигӯронам. Дарк мекунам дилам як қабристони бузурге шуда ва шояд рӯзе битаркаду ману ин қабристонро бифиристад ба водии хомӯшон...
Агар милиса инест, ки тайи ин ду рӯзи ахир бо он рӯ ба рӯ шудам ва дидам, ки барои хуш омадан ба касе ва дар талоши рӯйпӯш кардани амали ғайриқонунии ҳамкораш тамоми арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро зери по мекунад, ман безорам аз ҳафт пушташ ва аз ин пас онро душмани ҷони худ медонам!
Агар милиса инест, ки худро ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳофизи назми ҷомеа мехонаду огоҳона тавтеагарона ва дар камоли ҳамоқат ҳуқуқи шаҳрвандонро зери по мекунаду ҳеч масъулияте дар баробари амали ғайриқонунияш ҳис намекунад ва дар камоли такаббур назми ҷомеаро барҳам мезанаду қудратнамоӣ мекунад, ман нафринаш мекунам! Ҳаром бод ноне барои худашу фарзандонаш аз ҳисоби буҷа, ки ҳосили пардохти андози шаҳрвандон ва аз ҷумла ману ҳамкоронам аст! Ман аз ҳамаашон безорам! Ҳоло шояд иддао бикунанд, ки байнашон хубу бад ҳаст. Набуд! Бовар кунед, бо ҳар кадомашон бархурд доштам, ҳосиле ҷуз фиреб, найранг, дурӯғгӯӣ ва бадӣ надошт. Оне, ки ширинзабонӣ мекард, дар камоли номардӣ фиреб медод! Тасаввури мани сода дар бораи милиса, ки бояд афроди ростгӯ, ахлоқмадор, ҷавонмард ва қонунгарову ҳомии ҳуқуқ мебошад, саробе беш набудааст.
Ман солҳо пеш ба низоми додгоҳӣ боварамро аз даст дода будам. Аз он вақте ки як қозии порахӯр ва қаллоб дар додгоҳи олии кишвар се нашрияи мустақилу вакили мудофеъро барои нашри изҳорот ба додгоҳ кашонду як солу ним саргардон кард, ман безори низоми додгоҳӣ шудам. Ҳарчанд пас аз гузашти соле чанд ин қозиро ба ҷурми қаллобӣ дар ҳамон парванда, ки мо перомунаш навишта будем, гунаҳкор донисту барои ҳашт соли зиндон маҳкум кард, безории ман аз низоми додгоҳӣ бештар шуду камтар не! Дирӯз ҳам кирдори қозии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар баррасии ғайриқонунии парвандаи ҳамкорам Абдураҳим боз як бори дигар безориям аз низоми додгоҳиро бештар кард.
Ба назар мерасад дигар дар ин ниҳодҳо меъёр қонун, ахлоқ, номус, шараф, мардӣ ва аз ин қабил арзишҳои инсонӣ нест. Ин ҷо зӯргӯӣ, дурӯғ, фиреб, қаллобӣ ва ин гуна пастиҳо меъёри аслист ва муҳим ҳисобот додану пеши роҳбарият ҷойгоҳи худро ҳифз кардан аст. Инҳо ба ҳадде оҷиз, нотавон ва беғайрат, ки сахт бовар доранд, агар аз ин мавқеи доштаашон барканор шаванд аз гуруснагӣ мемиранд. Инҳо ризқро аз Худо неву аз бандаи Худо мехоҳанд. Чун худашон гирифтори ҳама навъ таҳқир будаву ҳастанд, мехоҳанд дигаронро низ монанди худашон бибинанд. Яъне, ҳама гирифтори маризии худкамбинӣ ҳастанду бо зери по кардани ҳуқуқи дигарон, нодида гирифтани арзишҳову қонун мехоҳанд ин худкамбиниро ҷуброн кунанд. Ман аз ҳамаатон нафрат дорам! Ман безори ҳамаатон!
Дар қазияи Абдураҳим ҳеч пирӯзие дар миён нест! Дарвоқеъ, агар пирӯзие ҳаст, он пирӯзии беадолатӣ бар адолат аст. Мо дар камоли мазлумият дар баробари поймол шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ҳирфаии як ҳамкорамон қарор гирифтем.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо зери по кардани тамоми меъёри қонунҳои кишвар наворбардори “Озодагон”-ро маҳкум ба ҳафт рӯз боздошти маъмурӣ кард. Пас аз ҳамраъйии ҷомеаи рӯзноманигории кишвар ва роҳбарони расонаҳои хабарӣ буд, ки мақомоти ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба таку дав уфтоданду бо сад роҳ Абдураҳимро розӣ кардаанд, ки ба додгоҳи шаҳри Душанбе ариза бинависад. Ин ҷо аз ҳамаи рӯзноманигорон ва азизоне, ки моро дар ин қазия пуштибонӣ карданд, сипосгузорем. Шумо воқеан нишон додед, ки дар баробари беадолатӣ хомуш нахоҳед буд!
Аммо корзор барои барқарории адолат ҳамчунон идома хоҳад дошт ва мо ба ҳеч ваҷҳ ҳозир нестем худро мадюни илтифоти ин ё он мансабдоре бидонем. Мо хостори пирӯзии қонун будему ҳастем ва то охир чунин хоҳем буд ва барояш талош хоҳем кард. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |