Бахшҳо

Ҳиҷобдор чӣ мегӯяду аврупоипӯш чӣ? 2 назар ва 2 мавқеъ

Хабарнигори “Озодагон” бо ду сокини шаҳри Душанбе, ки яке ҳиҷобдору дигаре аврупоипӯш аст, сӯҳбате орост ва аз ҳардуи онҳо далели дилбастагӣ ба либосҳояшонро пурсид. Назару мавқеи онҳо бидуни таҳрир нашр мешавад.


Меҳрангез -- донишҷӯи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон:
“Сатр, пеш аз ҳама, барои занҳои мусалмон фарз аст. Ман дар яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербург таҳсил мекардам ва баъд аз хатми донишгоҳ ба Душанбе омада, дар назди як зан сабақ гирифтам. Пеш аз сабақ гирифтан, бо либосҳои аврупоӣ мегаштам ва ҳаракат мекардам, либосҳои гаронарзиш бихарам. Ба сатрпӯшҳо муносибати хуб надоштам, чун мегуфтанд, баъзеяшон корҳои ношоям мекунанд. Аммо муаллимае, ки асосҳои дини Исломро таълим медод, бо панду насиҳатҳои худ маро ба пӯшидани ҳиҷоб ё рӯсарӣ водор кард. Ман ҳоло либосҳои ба қавле исломиро аз маркази савдои “Саодат” харидорӣ ва ба бар мекунам, ки қиаматаш аҳ 200 то 600 сомонист. Аз ин кор пушаймон нестам ва худро ором ҳис мекунам. Бо он ки дигарон чӣ мепӯшанд, коре надорам. Ин хоҳиш ва интихоби ҳар нафар аст, ки чӣ бипӯшад ва ё напӯшад. Вале агар либос нимбараҳнаву шаҳватбарангез набошад, хубтар аст. Ман ҳоло дар Донишгоҳи исломӣ таҳсил мекунам ва аксари духтарон бо ҳиҷобу рӯсарӣ мегарданд. Ҳоло ба ин муҳит одат кардаам.”

Таҳмина, хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:
“Бештар либоси аврупоӣ мепӯшам, чун барои ман мақбул аст. Ман худро бо ин гуна либосҳо озод эҳсос мекунам. Либоси кӯтоҳ, танг ва кушодро танҳо дар тобистону аввалҳои тирамоҳ мепӯшам ва ҳамеша мехоҳам, ки аз дигарон фарқ кунам. Вақте ман ба харидкунӣ меравам, албатта, барои худ либоси босифат ва замонавиро интихоб мекунам ва бисёр вақт ҳаракат мекунам аз либосҳои хонаҳои муди “zara”, “fendi”, “gucci”, “prada” бошад. Нархи он либосҳое, ки ман ба бар мекунам, аз 300 то 800 доллари амрикоист. Ба фикри худам низ хеле гарон аст, аммо ҳаракат мекунам, ҳадди ақал чоряки нархи он либосҳоямро бо маошам рӯйпӯш намоям. Медонам, ки мардум дар ҳаққи мо ҳар хел сухан мегӯянд, вале ҳар кас хуб медонад, ки ба ӯ чӣ зебанда аст. Гузашта аз ин, агар ҳиҷоб дошта бошиву бештар гуноҳ кунӣ чӣ? Магар ҳоло сафи онҳое, ки сару рӯи худро пӯшондаву дар паси парда чи корҳое намекунанд, каманд? Хуб нест, ки ошкор бошиву ба роҳи рост биравӣ? Худо инсоф диҳад, вагарна на ҳиҷоб кумак мекунад, на панду насиҳат.”


Акс аз Интернет

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Модарон ва хохарони азиз САТР (Хичоб) ин фармудаи Худованди ягона хаст, хар касе, ки хох дилаш соф бошад хох не агар худашро мусалмон мегирад бояд ба чо орад. Он шахсоне, ки Шумо мегуед дар сар сатр доранду лекин корхои бад мекунанд ин сухан бояд аз забони мусалмон набарояд. Худованд худаш медонад, ки САТРО бо кадом максад бастааст. Аз барои як ду шахси ба ном мусалмон аммо амали шайтони дорад на бояд САТР (ХИЧОБ)-ро гунахкор кунем. Дониста гиред хар зане агар гуяд, ки дилам соф хасту лек САТРО ба чо намеорад, монанди имруза занхо, ки хар хел гапхои ночо мезананд МАСАЛАН: (Дилам соф хаст, Нафасам мегирад, Ба зебогии ман халал мерасонад,) агар ба ин акидааш устувор бошад ба фикри ман инхел зан мусалмон нест. Ва инчунин САТР (Хичоб) бояд хаминхел либосе бошад, ки аврати занро пушонад на ин ки худашро чилодор кунад. Худованд ба хамаи Модарон ва хохарони азиз Хаё ва иффатро насиб гардонад. ОМИН!!! Худованд хамаи моро хидоят кунад, биомурзад ва аз рахматаш бо насиб гардонад! ОМИ!!!

Ту чи мехохи ки бо чандин гунох дохили чаннат шави эй русиех гап дар дил нест гап дар амал аст сатр пуш эй хохари исломи бо ин либосхои аврупоит гурт месуза

khalil
ман ба камол гуфтаниам,ки ей бесавод дар инчо айби хичоб чи?
ислом базоти худ надорад айбе,
хар айб,ки хаст дар мусалмонии мост.
варзоб рафтани сатрпуш ин маънои онро надорад ки уро сатр ба ин рох мебарад,балки барои ин кор худи у гунахкор аст
у барои ба чо овардани амри Аллох подош мегирад,аммо барои корхои бадаш низ дар назди Худованд гунахкораст ва чазояшро хохад гирифт
инчо масъалаи хичоб аст на масъалаи хичобпуш.

Агар ба коментарияхоятон назар кунем шумо Худоро хамин кадар золим тасвир мекунед ки барои хар як кадамамон дар пеши у чавобгар мешавем е инсонхо нахо Худо ин кадар золимай, барои у хам зану хам мард яканд ва У ба мо зиндаги дода марамат зиндаги кунеду зиндагихатона пеш баред вале шумо занхоро аз худ паст мефахмед ва паст мезанед чиба занхо даруни хамон сатрихатон бизусанд аз гарми агар нафсамонра мебаранд ба гуфтаи шумо пас чаро мо мардон нафсамонро гирифта наметавонем факат зани бечораро паст зада уро айбдор мекунему аз Худо як диназавор месозем магзи саратона кати фикри кунед.

bitars az kase ki-nametarsad az xudo.

satru namoz farmoni xudovand ast-charo mo farmoni kase ki moro ofaridaast ijro namekunem?bitarsed az xudo ki kahrash biyoyad joihoi luchat mesuzadu meshikanad.

шухрат
Вой бар холи ту! Дар хакки модарону хохарони исломи чунин суханхо нагу!

Маъоши миёна 600 суму ту либоси 800 долларара аз кучо мехари?

Камол,
Бародари азиз Камол, дохии плоретиариати чахон В.И.Ленин гуфтааст:
Хонед хонед ва боз хонед.
Хамчунин дар Куръони низ борхо омада IQRA , хонед.
Худ медонед бародар Сарт чист? Сатр ин либос нест! Сатр ин зохири ва ботини аст. Зохири ин тарзи (коидаи ) пушидани либос хаст. Агар ин коида бошад хар шахс тарз ва коидаи ба худ хос либос мепушад, пас хама бо сарт хастанд. Пас Шумо чи тавр мегуед, ки занхои точик сатр надоранд? Сарт вочиби хам мард ва хам зан аст. Он чи оиди сатр Ислом мегуяд ин Сатри аврат аст. Яъне тарзи (коидаи пушидани либос барои мардон ва занони мусалмон аст (агар худро мусалмон хонанд). Дар Куръон омада ки зан бояд аврати худро нигох дорад ва хамчунин мард низ, аз хамин лихоз боз кайд мешавад, ки либос тарзе бошад, ки шахвати бегонагонро (хох марди номахрам ва хох зан ) наорад. Лек афсус холо сатри (тарзи либоспушии ) занону мардони точик ба талаботи Ислом чавобгуй нест. Либос бигузор аврупои бошад, хинди, чини ва дигару дигар лек бояд ба сатр, яъне коидаи либоспушие ки Ислом муайян кардааст чавобгуй бошад. Дигар он ки Сатри Ботини-сатри ботини чи тавре бисьерихо мегуянд дилу нияти соф... ё одди тар карда гуем нигохи рахмат нисбати хам мард ба зан ва хам зан ба мард , на нигохи Шахват ки холо бештари зану мардони ба хам номахрам нисбати якдигар доранд!
Бародари азиз боз хам мегуям IQRA. IQRA, IQRA -Хонед, Хонед ва боз Хонед!

точик
Одам ба он дунье на ба сатру чомаву салла балки бо як кафан ки хамон хам агар насибаш бошад меравад. Монед бахси сатру салларо,бахелию дуздию зинову ахмакиро партоед худаш мусулмонист.

Хочи Зайнулло
Аввалин хадисе, ки Имом Бухори ривоят мекунад аз хазрати Умар(р), аз Паёмбар(с) "Иннамал аъмолу биниёти". Амалхои мо ба ниятхоямон вобастаги дорад.Дар вакташ кисмате аз хичраткунандагон барои ризои Худову Паёмбараш хичрат намуданд. Яки дигар барои зане хичрат намуд ва яки дигар барои тичорат. Ин харсе гурух як корро анчом доданд: ХИЧРАТ, вале ниятхо гуногун буд. Онхо мувофики нияташон подош мегиранд. Дар замони хозир агар яке барои пешрафти савдояш сатр кунад, дигаре барои таваччухи мардум ва дигар аз тарси Худо. Инхо низ мувофики ниятхояшон подош мегиранд. Вакте инсон аз корхои гайришаръи худро бозмедорад, максадаш факат як чиз: бояд РИЗОИ АЛЛОХ бошад. Инсон вакте сатр мекунад то ин ки уро сатрпуш гуянд ин ТАВБА нест, инсон вакте духтур мегуяд арак ба саломатиат зарар дорад ва у майнуширо бас мекунад ин ТАВБА нест, инсон вакте аз зино даст мекашад ва метарсад, ки ба СПИД гирифтор нашавад ин ТАВБА нест. Ба хама корхои шаръиат фармуда чангзадан факат як максад бояд бошад:РИЗОИ АЛЛОХ. Худованд ба хамаи мо тавфики ТАВБАИ НАСУХО карданро насиб гардонад ва аз мову Шумо РИЗО гардад! Омин:

Гуш кун Тахминаи долари, бисьер худро боло набар ман медонам сад дар сад ту як бесаводи мактаби олихам тамом карда боши бесаводи барои ки одами боакл хечгох худро тариф намекунад ин ки ту дар 800 долар харид мекуни медони ки ин пулхоро падарад дузди мекунад аз мардум ,оилики мардум 100 сомони ту боши дар 800 долар либос мехари

Сайрам
Бародаро мусулмонй ба дил аст, на ба сару либос. Агар дар дил ба худову расул ихлос дошта бошем, давлати бузург аст. Хамин сатр аввалтар аз хама дар Юнону Рим пайдо шуда буд, ки онро занони бераха (куртизанка)-хо мепушиданд. Онхоро мачбур мекарданд, ки сатр пушанд, то ки аз бонувони покизаву боиффат фарк намоянд. Дигар ин ки чомеа пеш меравад, на ба кафо. Садхо бор талош кунем хам молу технологии чадид аз Гарб аст ва ин шевахоро мепушонад. Он чизе, ки имруз сатр гуфта бонувон пушида истодаанд, пештар аз хама барои муд аст. Ва сонй барои шавхар кардан. Онхо гумон мекунанд, ки сатрпушхоро тезтар келин мекунанд...

Хозир муллохои чаласавод ва чавонони бесавод ки аз пушти муллохои чаласавод рафта истодаан. дигар гап надорад факат дар бораи занакхо сухан мекунанд дар кучое набошанд хох дар наклиёт, дар чойхо чамъияти ва хох дар масчид. Чи дар Куръони шариф факат дар бораи зан навиша шудааст. чаро ягон маротиба сухан дар бораи рафтори беадолатонаи мардакона намегуед. зиёда аз 70% занакхо дар дарёфти рузгоранд, гарчанде, ки мард бояд дар бораи рузгор фикр кунад, зан бояд дар тарбия фарзанд бошад, Дутарон агар хондаги савод дошта бошанд фарзандро дуруст тарбият кунанд давлати мо тараки мекунад. Вале базе аз шумоён факат дар бораи либос сухан мекунед чаро дар бораи бесаводии духтарон сухан намекунед. якум сатри ин дар урфу одати точикон нест, чи дар 23 сол фаромуш кардед ки модарону бибихои шумо чи хел пушида буданд. ин хама таклидкори хам дар занакхо ва хам дар мардакхои точик. чи хеле ки базе мардакхо риш мода як либоси намешудаги бадар карда аз баданаш 7 буи хар омада ришхое, ки мисли бузе ки ришошон ба хар тараф парешон,чиркин тарафашон нигох карда намешавад, акун ба ин чи мегуед. Дар бораи либоси мардакхо (нимчамардакхо) чи гуфта метавонед чи вайхо ба мумкин хас ришхои ????. ба тамоми точикон либоси точикии худамон зебанда аст чи ба занакхо ва чи ба мардакхо.

дуст дорам хамеша дар либосе бинамат, ки онро ислом бароят тахия намуда.

Салом:
Худатон довари кунед! Мехрангез, сатрро амри Худо медонад, худаш интихоб кардааст, эхсоси амният мекунад, ба дигарон кор надорад, либоси арзон 200 то 600 мепушад ва ...
Аммо Тахмина аз амри Худованд хабар надорад, барои чалби дигарон мепушад, аз либоспушии дигарон айб мегирад, эхсоси амният намекунад, либоси гарон 300 то 800 мепушад ва... саломат бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)