"Озодагон" ва ҷонибдорону мухолифони Шабнаму Фарзона
Нашри хабари вориди бозор шудани клипи нави хоҳарон -- Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар “Озодагон” корбарони торнамои моро, ки онро хондаанд, ба ду гуруҳи асосӣ тақсим кард. Аммо онҳое низ ҳастанд, ки аз “Озодагон” интиқод кардаанд.
Ин хабар дар як фурсати кӯтоҳ дар қатори матлабҳои серхонандаи торнамои мо барои худ ҷой дуруст кард ва корбарон ҳам зери онро шарҳборон карданд. Мавзӯи аслии баҳси онҳо пӯшиши либосҳои нимбараҳнаи гуруҳе аз раққосон аст, ки дар ин клип мерақсанд. Баъзеҳо одоби баҳсро сарфи назар намуда, ба таҳқиру дашном гузаштанд, аммо масъулини нашри матлабҳои “Озодагон” чунин комментҳоро иҷозаи нашр надоданд.
Ҳоло як чашмандозе ба ин шарҳҳо хоҳем дошт. Тавре болотар ишора рафт, шарҳнависон аслан ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд: онҳое, ки иддао мекунанд, дар ҷомеае, ки мақоми демократиро дорад, ҳар нафар дар интихоби либос озод аст ва онҳое, ки мегӯянд, дар ҷомеае, ки бахши аъзамаш мусалмон аст, набояд нимурёнҳо намоиш дода шаванд. Нахустин шарҳи омада интиқод аз “Озодагон” аст, ки онро корбаре бо номи “Сорбон” навишта: “Хай Озодагон рафта онҳоро дар суд деҳ! Шумо ба либоси онҳо чӣ кор доред охир?” Шояд, ба Сорбон ҷумлаи “...аммо ба назар мерасад, дар баробари ҳаводорон, мунақиддони ин клип ҳам кам нахоҳанд буд. Дар ин клип гурӯҳи духтарон бо либосҳои нимурён рақс мекунанд ва чунин наворҳо дар ҷомеаи суннатии кишвар ҳамеша бо вокунишҳои тезутунд рӯбарӯ мешавад”,-и ин хабар писанд наомадааст. Ва як шарҳнависи дигар низ моро дар паҳн намудани ба қавли ӯ навори фаҳшо муттаҳам кардаву гуфта, мо ҳам дар “гуноҳ”-и Шабнаму Фарзона шарикем.
Нафароне ҳам ба пуштибонӣ аз мо шарҳ коштаанд. Аммо ин ҷо бояд зикр кард, ки ҳадафи хабаргузории мо танҳо пешниҳоди хабар аст ва ҳеч мавқееро пуштибонӣ намекунем. Агар аз ин шарҳ бигзарем, бо комментҳои зиёди мунаққидону тарафдорони клип рӯбарӯ мешавем.
“А” менависад, ки “AЛЛОҲ безор аст аз чунин мусалмонӣ”. Аввалин вокуниши манфӣ дар нисбати ин клипро ҷонибдорони он зуд бо як коммент мусовӣ кардаанд. “Сомон” дар шарҳи худ гуфта: “Ееее Мулоҳо ай паи кори хутон шен кортон чияй? Мон касе да чӣ хеле мефора пуша. Ба шумо боша ами духтарора ҳамаша мекушен меген духтар дар ҷомеаи мо даркор нест”.
“Руслан” мегӯяд: “Озодагон” шумо бо ин мақолаҳоятон якхел "муллоҳо"-и чашмгуруснаи тангфикро аз хоб мехезонед-да”. “А Шабнам басай охи. Бо сар каден”,-навиштааст “Иброҳим”, аммо нагуфта ки чиро дар назар дорад ва ба чӣ ишора мекунад. Корбари дигар ба ин аст, ки “чун ҷои ин ду нафарро дар саҳнаҳои "ҳукуматӣ" танг карданд, бо ин роҳ мехоҳанд гӯянд, ки "Агар маҳдуд ҳам кунед, ҳаводоронамонро аз даст намедиҳем".
“Салим” бошад, ба Фарзона аз “тоату ибодатҳояш” ёдрас кардааст: “Он тоату ибодатҳои дар маҳбас мекардӣ чӣ шуд? Бо Холиқи якто ваъдаҳоят баъди озод шудан ҳамин буд?” Аммо “Алӣ” ба қазияи пурсарусадои соҳибкори маъруф Зайд Саидов ишора кардааст: “Хайрат ин килип аз тарафи Зайд Саидов ба навор набаромадааст агане кормандони Агентии коррупсия боз як делаи нав мекушодан барои вайрон кардани тартиботи миллӣ ё сунатии миллати тоҷик гуфта. Худованд раҳмта хурдай Акаи Зайд”.
“Зафар” бошад, гуфта, ки “ба ҳамааш демократия гунаҳкор”. “Суруш” аз тарафдорони Шабнаму Фарзона ба назар мерасад: “Охир шумоён, ки худ даъвои демократия доред, монед онҳо ҳам озодона фаъолият намоянд. Як кас мегӯяд, ки шумо чӣ кор мекунед? Мо ки ҳоло дар кишвари исломӣ нестем-ку? Дигар ин ки онҳо биҳишт мераванд ё дузах ин кори шумо не. Ин кори Худо. Мисссияи Худоро шумо иҷро накунед. Ба ҷои эрод гирифтан рафта китоб хонед!!!”
“Фирӯз” навишта: “Инҳо боз пеши Ҳоҷӣ Мирзо мераванду дуъо металабанд”.
“Модари тоҷик”: “Ба Шабнаму Фарзона!!! Ба хонандагони ин расона! Рости гап дилам сахт андуҳгин шуд аз хабари клипи нави ин ду санъаткори тоҷик, наход Фарзона ва Шабнам шарм надошта баъди ду моҳ аз даргузаштани падарашон сурудхонӣ ва рақсиданро сар карданд. Куҷост он меҳри фарзандӣ? Ақлу фаросат, нангу номус,муҳаббат ба падару модар, қадрдонӣ нисбаташон... Эй кошки Худованд агар фарзанд атоят намояд танҳо банангу номусдоштаашро... бехтар мебуд агар чунинҳоро насиб нагардонад. Фарзона! Кори нағз накардӣ наход дилат ба падари ғурамаргат насухт ва кайфу сафои ҷавонии худро аз пос доштани хотири падар боло донистӣ... Санъат ин фарҳанг аст, аммо агар дарки он кардан хоҳӣ ақлу фаросат, одаму одамгарӣ, шарму ҳаё дохили онанд ва агар дар ҳақиқат ҳамаи ин шумурдаҳоро санъаткор фаҳмад дар ҳақиқат ҳам санъаткори асил аст...”
“Ростгӯ”: “Аслан ҳамин ду хоҳар хуб медонанд, ки ҳунаре чуз нимурён баромад кардан дигар коре наметавонан ва бо ин роҳ диққати мардуми ба худашон монандро ҷалб мекунанд на овоз доранду на дигараш бо краскаи бисёр рӯи саҳна мебароянд ман бисёр мехостам ки инҳо рафта дар назди Манижа як даҳ сол шогирд мешуданд, аққалан тарзи дуруст хонданро ёд мегирифтанд. Ҳамаи сурудҳои ҳофизони номиро расво кардиян вақте суруди инҳоро мешунавам дилхарош ва бисёр нороҳат мешавам”.
“Сафӣ” танҳо ба гуфтани “шармовар аст” иктифо кардааст.
“Ҳитлер”: “Шабнаму Фарзонаро, ки Худо ҳидоят накунад, касе коре карда наметавонад. Наход ҳамон ҳодисаи бо Фарзона рухдода (аз панҷара мекард нигоҳ, бо ду то чашмони сиёҳ) барояш дарси ибрат нашуда бошад?” Баҳсҳо ҳамоно идома дорад. Муҳаррирон мисли ҳамешагӣ шарҳҳои олудаи таҳқиру тавҳинро иҷозаи нашр намедиҳанд. Зимнан, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки агар мехоҳед шарҳе бинависед, пас, марзи одобу ахлоқро убур накунед.
PS: Имлои комментнависон бе тағйир гузошта шудааст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |