Бахшҳо

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон, рӯзи даҳуми декабр ба қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард.



Як гурӯҳи тазоҳургарон, ки вориди қароргоҳи ҲСДТ шуда буданд, гуфтанд, Зоиров яке аз ташкилкунандагони ноамниҳо дар тобистони соли гузашта дар Хоруғ, маркази Бадахшон, буд. “Ӯро гӯш накунед. Зоиров кист, ки рафта дар Украина ва Қирғизистон эълон медорад, интихобот дар Тоҷикистон ғайридемократӣ баргузор шудааст ва Эмомалӣ Раҳмон президенти қонунӣ нест? Ба гапҳои вай гӯш надиҳед”,-таъкид карданд онҳо дар хитоб ба журналистон.

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи ЗоировЯке аз ин занҳо, ки худро Назокат Алиева муаррифӣ кард, гуфт, ӯ дар тазоҳуроти шаҳрвандон дар назди сафоратхонаи Амрико дар моҳи апрел низ иштирок кардааст. Вай афзуд, аслан хабар надошт, ки дар дохил чӣ мешавад: “Аз пеши дарвоза омадам, гуфтанд, ки дарову сӯҳбат кун. Ман ҳам даромада гапҳоямро гуфтам. Охир, ҳамин тинҷии кишвар ба кӣ намефорад? Ҳамин президенти мо Эмомалӣ Раҳмон аст.” Ин дар ҳолест, ки тамоми гурӯҳи тазоҳургарон худро дар дохили дафтари Раҳматилло Зойиров ҳамчун ҳамсояҳои ӯ муаррифӣ карданд.

Ин гурӯҳи занон худро муаррифӣ накарда ва гуфтанд, хабари нишасти матбуотии Зоировро аз Интернет фаҳмидаанд. Ҳарчанд Зоиров ва дигар масъулони ҲСДТ гуфтанд, ин нишасти хабарӣ ба президент Раҳмон дахл надорад, вале занҳо бовар накарданд. Чун ба гуфтаи онҳо, “Зоиров ҳамеша ва дар ҳама ҷо дар бораи ҳукумату Раҳмон менависад ва сухан мегӯяд.” “Мо як гурӯҳ заноне ҳастем, ки оромӣ мехоҳем. Монед, оромона зиндагӣ кунем”,-афзуданд онҳо.



Дар пайи чунин шӯру мағали тазоҳургарон нишасти хабарии Раҳматилло Зоиров қатъ шуд ва худи ӯ эълон кард, ки сӯҳбатро дафъаи дигар идома медиҳад. Тазоҳургарон дар қароргоҳи ҲСДТ ба эътирозгарон дар назди сафорати Амрико монанд буданд, ки 5 апрели соли ҷорӣ, баъд аз раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон аз боздоштгоҳе дар Киев, баргузор гардид. Қисми аслии эътирозагронро донишҷӯён ташкил медоданд ва дар миёни онҳо занон низ буданд. Ҳарчанд эътирозгарон дақиқ намегуфтанд, ки бо ташаббуси кӣ ё кадом гуруҳ ҷамъ омаданд, вале алайҳи Абдуллоҷонов шиор медоданд ва ӯро дар дуздии пулу ноамнӣ муттаҳам мекарданд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ ин тазоҳуротро ғайриқонунӣ дониста, чор нафарро барои ташкили он ба ҷавобгарӣ кашид.


Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

[center]Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров


Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров[/center]

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
мард
Ин занакхои курутовхонаи бозори корвон мебошанд.

давлат
ин занхоро ба назарум шухошонро дар русия дар мухочирати мехнати куштаанд дигар инхо бе сохиб мондаанд касе неки инхоро хакикатро фахмонад

Э Р
армияи занакимон шумода басай мухолифҳо.хаааааааахаааааааааахааааааааа

ин занхо шавхар надоранд хонаву дар надоранд хакикатро намедонанд шахсе ки хакикатро баен мекунад ба зидди у эътироз мекунанд.эй биравен дар хонатон фарзандоя дар рохи ислом тарбия кунен бозичаи дасти мансабдорн

Ман намедонам онхо модар ва ё хохри кас бошад на бошад. Аслан ин гурухи занхо монандан.Зарра хам номус надоранд.Хайф ба шавхару писарони ин гурухи беномусхо . Озодогон озод бош !!!!!!!!!!!!!!!

dar borai Nizom Juraev malumote dored navised

Фаридун
ин ами беваи бетаълим касе аст ба фикрм ду се сомон доданшан ин хел коро кадестай. Зоиров гапи хака мезана дар Точикистон гапи хака зади ё хоиги миллат меброранта ё мебаран судт мекнан

ВИЧДОН
ТУФ БАР РУИ ШУМО БАРИН МОДАРОНИ ЧОПЛУСИ КОСАЛЕСИ ТОЧИК ТАЗОХУР ВА БА МАЙДОН БАРОМАДАН ТАНХО БАРОИ ШУМО ШАГОЛОН ИЧОЗАТ АСТ, ОЗОДАГОН ОЗОД БОШИ ЧОП КУН.

номвар
Марде,ки ин гуна зан дорад набояд лофи марди занад. Е инзанхои бева бошад? Худое аз ин занхои беномус панох

банда
И шайтонзанои чашбечора ага да хов бини талхакаф мешай, аммо и зоиров мужик будай.

Ин гвардияи занонаи миллист.

Ин занхо мисли сагхои кучаги))))

Fakhriddin
tojik,

Dar videoi avval zanaki dar peshi dar istodaro bined chi meguyad; Membran az bajoi one ki guyad memurand, az reshai murdan.

Afsus in zanho ki ba'zeashon kun-ge-be meboshand obrui modaronro merezonand. Vale in zanho gunoh nadorand, hamon nojavonmardone ki inhoro ba chunin provokatziya peshi roh kardaast, mard ba chunin nomard bod.

Sardor
In hama spektakil regesyori halol nadoshtaast. O memured yak rezhesyori kaspiro da'vat kuned? Yagon zani banomus ba in kor nameravad.

tojik,

In bo farmoishi u akkos mezanand

хукуматдорон метарсанд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)