Бахшҳо

Тарафдорони Ҳоҷӣ Мирзо хостори бозгашти ӯ шуданд

Тарафдорони Ҳоҷӣ Мирзо (Ибронов), яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, ки қаблан имом-хатибии масҷиди "Ҳилоли Аҳмар"-и шаҳри Кӯлобро ба зимма дошт, хостори бозгашти ӯ ба минбар шудаанд.

Ин рӯҳонии тоҷик дар пайи як “маърака”-и ивазкунии имомхатибони масоҷиди ҷомеи кишвар бо сабабҳои “номаълум” ду соли пеш аз имом-хатибӣ ба истеъфо рафта буд. Ҷонибдорони Ҳоҷӣ Мирзо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, бо ташкили як гурӯҳи махсус гирди ҳам омада, мехоҳанд ин руҳонии саршиноси тоҷик дубора ба минбар баргардад.

Ин гуруҳ дар Фейсбук зери унвони “Мо мехоҳем, Ҳоҷӣ Мирзо болои минбар бошад!” ташкил шуда, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 160 нафар ба ҳайати он шомил шудаанд. Бояд гуфт, ташкили гуруҳи вижа аз сӯи ҷонибдории Ҳоҷӣ Мирзо таҷрибаи нав нест. Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет низ торнамо ё блогҳои зиёде бо номи ӯ таъсис ёфта, фаъолият дорад.

Ин рӯҳонии тоҷик баъд аз барканории аз симати имом-хатибӣ ба Душанбе омада, ҳоло дар пойтахт ба сар мебарад. Ҳоҷӣ Мирзо нахустин рӯҳонии варзида ва шинохтаи исломии тоҷик нест, ки аз минбари масоҷиди ҷомеи кишвар дур андохта шудааст. Дар баробари ӯ як қатор ходимони маъруф, аз ҷумла Мулло Абдураҳим (Раҳим Назаров), имом-хатиби масҷиди "Қазоқон"-и шаҳри Душанбе, Эшони Нуриддинҷон, имом-хатиби масҷиди "Муҳаммадия", домулло Абдумалик, имом-хатиби масҷиди "Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд"-и шаҳри Душанбе низ аз симатҳои худ барканор шуда буданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ягон муллои точикистонро эътироф накунед инхо хма лаганд бардоранд ислом ин як дини поке аст ки ба ин лаганд бардорхо ниёз надорад..........инхо ба ликоби ислом даромада исломро на ба пеш балки ба акиб бурданд.............казоват бо шумост бубинед нимаш суфи нимаш салафи ними дигаш алакай шиъа ...

Нонвои поен,
Нонвои поен,
Нонвои поен,
Бародарон суханхои Хочи Мирзо ва дигар олимову уламоххои Ватан хаамааш пур аз насихатхо ва маслихатхои пандомез мебошанд Умуман ман хамаи мулохои ватанро дуст медорам ки агар ба хотири Худо хизмат кунад Худованд сафи ин гуна шахсонро зиёд кунад ки ба хотири Худо хизмат мекунанд Мошоллох

ХУДОВАН ИН БАРОДАРИ МОЯ ХОЧИ МИРЗОЯ БОЗХАМ МИНБАР НАСИБ ГАРДОНАД ОМИН.

Bosss
Илмат ба амал чу ёр гардад Кадри ту яке хазор гардад.Иншоаллох дуо кунем ки точикистон тенч ва ором бошад .хочи мирзо дар хамон болои минбар бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)