Бахшҳо

Бозор Собир: Худогӯию худоҷӯии шоирони ҷавонро хуш надорам

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки таҷлили 75-солагияш имрӯз, 22-юми ноябр, дар бинои Театри опера ва балет дар назар аст, атрофи шеъру шоирӣ изҳори назар кардааст.

Ин шоири маъруф дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Миллат” дар посух ба суол, ки кадом тамоюли эҷодӣ дар шеъри имрӯзи тоҷик ба Шумо хуш намеояд, гуфтааст, “дингароӣ хуш намеояд, «Садои Шарқ» (маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) гӯё журнали кадом як масҷид аст. Алалхусус худогӯиву худоҷӯии шоирони ҷавон хуш намеояд. Дар китобхонаи миллӣ ғарам-ғарам музахрафи динии сафоратхонаи Эрон хуш намеояд. Ғазалсароӣ хуш намеояд. Ғазали классикии мо аз барги як фасли хазон бештар аст ва ба дарде намехӯрад. Ман одатан шеъреро, ки дар шакли кӯҳна гуфта мешавад, намехонам.”

Дар мавриди муносибати шеъру сиёсат ва суол, ки дар кадом маврид шеър ба сиёсат хизмат мекунад, Бозор Собир гуфтааст: “Дар ҳар маврид. Шеър ҷузъи сиёсат аст. Шеърҳои сиёсӣ моли бузургтарини адабиётанд. «Шоҳнома» моли сиёсати Сомониён буд. Шеъру достонҳои Маяковский бузургтарин мероси сиёсати инқилоби октябр мебошанд. Адабиёт аз сиёсат берун буда наметавонад. Нависанда, агар одами пешқадами замон бошад, чи хел вай ба сиёсат наметавонад сарукор дошта бошад? Агар сарукор надошта бошад, одами замонавӣ нест. Ва зимнан, адибу зиёие, ки «ман ба сиёсат кор надорам» мегӯяд, аблаҳи ҷоҳил асту бас. Сиёсат қутбнамои вақту замон ё замону макон аст.”

Бозор Собир рӯзи 20 ноябр ба синни 75 расид. Вай аз ин ҳисоб 19 соли умрашро дар Русияву Амрико гузаронда, моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Ватан баргашт. Ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, ба сар мебарад. Бозор Собир соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар Ҳисор гирифтааст. Баъд аз хатми факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 барои кор ба нашрияи “Маориф ва маданият” рафта, баъдан корро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияи “Адолат” идома медиҳад.

Вай аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеъри ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.

Бозор Собир нафаре дониста мешуд. ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон низ шеъре нагуфтааст. Вале баъд аз ҳиҷраташ ба Амрико вай дар тамоми маҷмӯаҳои шеъри худ ёде аз Ленину Сталин ва хубиҳои Шӯравӣ карда, низоми давлатдории Амрико ва муттаҳидонашро ба боди танқид кашидааст.
Мӯҳр
Бародаро саратона гаранг кардаву вахтотона бехуда нагзаронед. Ин шоири Бозори аз номаш маълум, ки Бозор номдорад. Як матал хам хаст( Бозор бардошт зам кун , набардошт кам кун) замонаш омадаги худаш ошкоро гуфта истодааст!$$$$$$$$$$$$$$$$?

Устод Бозор зархариди кадом, абаркудрат бошад? Амрико, туркия ва ё....
инкадар нафрат ба динро дар ботини ин (ватандуст ) ки чо карда бошад?
ин фарханги амрикову аврупо нест, ки имруз духтарони точик хаё доранд, ки дигар либосхои милли бипушанд. Ман то хол Устод Бозор-ро ба хотири ана хамон шеърхои ватандустияш, шеърхоеки тачасумгари таърихи мост эхтиром мекунам вагарна....

Дорогой Бозор Собир, относительно "Худохохи" и "Худочуии" молодежи я Вас полностью поддерживаю. Это крик души в ответ на нынешнее наше таджикское общество больное радикальной религией, особенно в части полуграмотной и тупой части молодежи. Эта болезнь привела его к своего рода умственной летаргии и отсталости нации. Эти люди выполняют религиозные обряды механически, не понимая подлинной ценности ислама, которая далеко не исчерпывается внешними формами поклонения. Хочу подчеркнуть только важность сохранения традиционного ислама, а не радикальных течений в виде ваххабизма и салафизма, о чем так часто говорится в нашей республике. Насколько это актуально, чтобы сохранить религию прежде всего в сердцах верующих. Я против лицемерия, показухи, ханжества и трусости исламистов, которые прикрывают внешней религиозностью свои глубокие внутренние пороки, недостатки и необразованность.

Миллати точик ин хиёнат,динфуруши ва чоплусии туро эй хоини дину ватан харгиз фаромуш нахохад кард!!

Салим
Бозор Собир нафаре хаст, лагандбардору чоплуси мансабдорон ва боварии
комил дорам,ки дар назди мардуми точик кадру киммате хам надорад.
У айни хол роли Намруд (а.л)-ро бозида истодааст.

Ту худатро ки мегирӣ? Як шеъри ҳалол надориву худатро ба дараҷаи Ниёгони Бузургамон баробар мекунӣ, Мавлоноро дар ҷанозааш яҳудиву насорову маҷус баробари мусалмонон мегиристанд, Туро дар мурдаат айб нашавад гуфта 2-3 рафиқат, 1-2 ҳамкасбони лаганбардорат ва 2-3 нафаре ки худоихури омадагист дигар одами боақлу фаросат иштирок нахоҳад кард. Оё дар он 60 соли болиғият барои ин миллат ягон дарахт шинонидӣ, умедворем ки охир мисли Ленину Усталин мурда, ҷи тавре ки имон дошти ҳамон тавр муомила мебини, дасту даҳоне, ки зидди Ниёгони Бузурги ман менависанд, хушку шикаста боод!!! Аҷдодони Бузургамро Худоё рӯҳашонро шод куну ин бандаи сарҳушро ба ту месупоремм

Беҳтарин тӯҳфа дар зодрӯзи Б.С, ӯро нодида гирифтан аст. Аз тағйири ақида, наҳзаниҳо ва ҳарзагӯии ӯ мардум дилтанг шудаанд. Фикр мекунам равони ӯ низ чандон солим нест. Дар ашхоси гирифтори бемории диабети қанд ин гуна ҳолати манфии равонӣ (психика) муқаррарӣ мебошад. Б.С. бояд дар Амрико мемонд. Онҷо доруҳои хуб аст. Дар Тоҷикистон табобати мувофиқ гирфта наметавонад. Худо шифояш диҳад.

Мансур
Бозор Собир кору худта кадан бги вазифат шеър навистан боша шеър навис чи ба дин кор мегири

Аз ту хам безорем ва аз шеърхои туам)))аз худо битарс ( Иттаку Раббакум )

Холо дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, ба сар мебарад. Намунаи хуби нотавонбинии точики. Ҳуй сурога ва раками хучраи ин точики ростинро хам навишта медодед, то ягон пучмагз рафта уро бикушад. Арбоб камолхо дар кушкхои мучаллал нишаста кайфу сафо доранд, кудрататон намерасад онхоро ангуштнамо кунед ба як шоири шурбахти точик, ки анъанаи дар гариби чон доданро ба як мушт хоки ватан иваз кардааст, бо кинаву маломат санги надомат меандозед....

Ин Бозор на шоир асту на сиесатмадор балки як манфиатчу харзагуй ва тафрикаандоз беш нест. Аз дуруггуияш аврохи Ленину Сталин ва дигар комунистхои хакики мезанад Агар у дар хакикат Ленину Сталинро ва сиесати комунистхоро тарафдор буд пас чаро дар интихобот барномаи Шабдолов ва Талбаковро дастгири накард ки акалан суханаш ба рафтораш муносиб мешуд Худатон хулоса кунед

Магар, ту набуди, ки солхои аввали истиклолият муллохоро дунболагири мекарди? Имруз бошад... Хайфи одами. хайфи шоири...

Точак
Бозор Собир Ленинро ин кадар таъриф мекунад, ки гуиё даврони ленинизму сталинизм як чаннат буд. Кучои СССР чаннат буд, чаноби Бозор Собир? Аз 70 соли СССР факат дахсолаи 80-ум мардуми совети як каме нонро ба сери ёфта мехурданд, ки хамон хам ба шарофати карзи СССР аз кишвархои хоричи буд. Дигар то солхои 70-ум мардум гуруснаву тарсону зери фишор буд. Миллионхо дар Гулагу Голодомору чанг мурд. Факат одами ахмак бозгашти он давронро орзу мекунад, чунки он бебозгашт рафт. Аз ин нолахои ленинпарасти чи фойида, устод? Ба хусус ба мардуми точик.

Дуруду салом ба дусдорони худо лаънати худо ба бадбини суханони худо китоби мукадаси у ва пайгомбараш. Хазорхо бор лаънат инхел одам иншоалохх руи чаннатро намебинад аз паси ин одам(лаънатшуда) шояд сухан гуфтанхам чоиз набошад хаста накунетон худотонро аз гайбати бисер ногохдортон забонотонро худо худаш инро ва онкасе ки хамин гапро ба хамин фиссин омузонда аст чазояшро медихад

Дуруду салом ба дусдоро ни худо лаънати худо ба бадбини суханони худо китоби мукадаси у ва пайгомбараш. Хазорхо бор лаънат инхел одам иншоалохх руи чаннатро намебинад аз паси ин одам(лаънатшуда) шояд сухан гуфтанхам чоиз набошад хаста накунетон худотонро аз гайбати бисер ногохдортон забонотонро худо худаш инро ва онкасе ки хамин гапро ба хамин фиссин омузонда аст чазояшро медихад

Салом! Эй ту нохалаф бозор собир, ту хезуми дузах хасти, ва иншоАллох хамрохи ленин дар чаханам мехези,Аллох агар туро лоики хидоят надонад пас туро лоики газаби у хасти, ту бе эмон номи точик бар ту харом,худо занад туро!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)