Бахшҳо

Эшони Қиёмуддин: “Ёдоварӣ аз қатли Ҳусайн ба маънои пайравӣ аз шиа нест”

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни тоҷик, бар ин аст, ки баргузории маросими Ошӯро ё ёдоварӣ аз ин рӯз ба маънои пайравӣ аз мазҳаби ташайюъ нест.

Рӯзи Ошӯро, ки дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам аз он таҷлил карда мешавад, аз сӯи пайравони бархе аз мазоҳиб рӯзи мотам эълон шудааст. Қиёмуддини Ғозӣ, ки дар саҳифаи Фейсбуки хеш дар ин бора ибрози назар карда, мегӯяд, баргузории маросими Ошӯро ин маънои ёдоварӣ аз рӯзи ба қатл расидани Ҳусайн, набераи паёмбар (с) мебошад. Ӯ гуфтааст, “магар Ҳусайн аз бародарони шиа мебошад, ки Ошӯро аз онҳо бошад?! На Ҳусайн аз шиаҳо ҳасту на Ошӯро.”

Ба гуфтаи ин рӯҳонии тоҷик, маросими “Ошӯро” ҳам моли пайравони аҳли суннат ва ҳам ташайюъ мебошад: “Ҳусайн ва Ошӯро ҳам аз шиа ҳаст ва ҳам аз суннӣ. Гиря дар азои Ҳусайн, гиря ва ашк дар азои Расули Худо(с) маҳсуб мешавад. Чунки паёмбар (с) фармуданд: “Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайн.” Ин дар ҳолест, ки Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон дар мавриди маросими Ошӯро назари дигар дорад. Ӯ дар як суханронии худ дар намози ҷумъаи гузашта гуфта буд, "бар асоси мазҳаби Имом Абуҳанифа ва аҳли суннат ва ҷамоат дар рӯзҳои 9 ва 10 моҳи муҳаррам ҳеч гуна мотамгирию хушҳолӣ ва худзанию гиребончоккунӣ нест".

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват намуда буд, аз мотам ва хурсандӣ дар ин рӯз худдорӣ кунанд. "Ошӯро" аксаран аз ҷониби шиамазҳабҳо дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам ба хотири ёдбуди қатли Имом Ҳусайн, набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва писари ҳазрати Алӣ (р) дар дашти Қарбало қайд карда мешавад. Дар ин рӯз бархе аз пайравони ин мазҳаб бо абзори оҳанин ба бадани худ зада, тани хешро хуншор менамоянд, ки баъзан мунҷар ба ҳалокати бархе аз ин ашхос низ мешавад. Моҳи муҳаррам тибқи солшумории мелодӣ рӯзи 4 ноябр фаро расид ва интизор меравад, маросими Ошӯро рӯзи нуҳуми моҳи муҳаррам баргузор гардад.
Мӯҳр
Шумо гуфтед ислом аз панч мазхаб иборат аст кадомхоянд мебахши навис он панч мазхабро....???
Чанде, ки хама медонанд дар ислом чор мазхаб аст. :
Ханафи
Шофеъи
Молики
Ханбали
...... (Мумкин хато карда боши)

abdurahmon
Dar baini musulmonon tafrika naandozed ba nomi mazhab hama musulmonon yakan bandai khudo umati muhahamad s.a.va s digar ba olimonu va mazhabu kabila judo nakuned shia az umati muhamad nest az toifai abdulo ibn saba yahudi ast
ozodagon ozod boshi chop kun

Барои ҳар як мусалмон марду зан суннат аст, ки дар ин рўз (яъне: рўзи даҳуми муҳаррам) рўза гирад. Суннат аст, ки як рўз пеш аз ин рўз ва як рўз пас аз ин рўз рўза дорад.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:

« خالفوا اليهود صوموا يوما قبله ويوما بعده ».
رواه الإمام أحمد في (مسند بني هاشم) بداية مسند عبد الله بن العباس برقم (2155) ، ورواه البيهقي في (السنن الكبرى) باب صوم يوم التاسع برقم (8418).
"Яҳудонро хилоф кунед, як рўз пеш аз рўзи ошуро ва як рўз пас аз он рўза доред".
(Ривояти Аҳмад дар «Муснад»-и Банӣ Ҳошим: 2155 ва «Сунани кубро»-и Байҳақӣ: 8418.)
Дар ривояти дигар омадааст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:


« صوموا يوما قبله أو يوما بعده ».
رواه الهيثمي في (مجمع الزوائد) باب الصوم قبل يوم عاشوراء برقم (4315) .
"Як рўз пеш аз рўзи ошуро, ё як рўз пас аз он рўза доред".
(«Маҷмаъуз завоид»-и Ҳайсамӣ; 4315.)
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро аз ҳукми рўзаи рўзи ошуро пурсиданд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоб гуфт:
« يكفر الله به السنة التي قبله ».
رواه مسلم في (الصيام) باب استحباب صيام ثلاثة أيام من كل شهر برقم (1162) .
"Худованд ба сабаби рўзаи рўзи ошуро, гуноҳони як сол пешинаро мебахшад".
(«Саҳиҳ»-и Муслим; 1162.)
Мана далеле, ки дар рузи ошуро бояд руза бигирем як хадиси заъиф ё гариб бехтар аз миллион олимаст...
ЭЙ ХАЛКИ МУСУЛМОН БО ГУФТАХОИ ИН ФИТНААНДОЗОН ФИРЕФТА НАШАВЕД.!!!

Бародар FREEDOM дуруст гуфтанд,ки Точ,икистон ч,ои шиъа ва салафи(вах,оби)нест.Ва бояд к,айд кард,ки аз мазх,абих,ои таъасуби х,ам дури бич,уем.

Аз мазх,абих,ои таъасуби ва мулох,ое,ки нияташон барои ч,амъоварии моли дунё х,аст бояд дури бич,уем

hamza
Barodaron iltimos ahli suna va jamoaro nom guzoshta judo nakuned misli salafi vahobi ahli hadis hanafi

ravshan
Ashoni kiyomidin kai shia shudagi shunidem modarzod shia budaast hakikat dorad

sirojidin
Iltimos ozodagon digar in besavod kiyomidinro roh nadihed dar saitaton aib ast digar odam nayoften in ilm nadorad malang devona ast in gaphoyash az devonigiyash

ОДИЛ
Агар Точикистон чойи шиъа набошад пас шумо даст кашед аз Рудакиву Сино Фирдавсиву Носир Румиву Саъдиву Хофиз Лохути Икболу Санои Хамадони ва дигархо хайкалхояшонро барканед вонгох " нигари точикистонро чун кафи даст" ё чун лакайистон бидуни шоиру олим...

ризо
бахси шиъаву сунни дар Точикистон як амали зиёновар бар манфиати миллат ва ватани азизамон аст. аввал ин ки бигузор сари ин мавзуъ арабхо бахс кунанд ва собит намоянд ки шиъа ба Пайгамбар наздиктар аст ё сунни. зеро далелхои бештар доранд. 2 чамъияти точикистон ба ин бахс омда нест аксар нодону м мутаасиб ва бехабар аз илми дини аст. масалан бубинед яке навишта ислом аз 4 мазхаб иборат аст ханафи шофеъи ханбали ва молики. Уй чаноби бесавод инхо шохахои мазхаби суннианд на тамоми ислом. Тслом аз шиъа суни исмоили ва г мазхабхо иборат аст ки хар кадомашон боз шохахои хешро доранд. Олами ислом басо мкраккаб аст. Он омехтаи мочарохои зиёди кавмиву апвлодиву милливу наыфсонист. аге якехо суннихо хадисхоро САХЕХ гуянд дигархо шиъаъо онхоро бо як дирам намехаранд хадису ахбори мазхаби худро доранд.. так что бигузоред точикистони кучак берун аз чанчоли мазхаби орому осуда зиндаги кунад бо ИРОНИ шиъамазхаб иртиботи кавми дошта бошад ки фардо поймоли лагади туркону мугулон нагардад...

ОДИЛ,
ВАЙХО ШИЪА НАБУДАНД.......
Мегуянд, ки Рудаки дар равияи караматия будааст лекин ин равия хам бошад аз шиъа набуд барои оне, ки дар соли 858 те ки Рудаки таввалуд шудааст такрибан 225 сол баъди пайгомбар (сав шиъа вучуд надошт...

РИЗО
ОДИЛЧОН ба бесаводият койилам.. ту намунаи боризи насли нави миллати ки аз таърих, илм ва донишу хаводиси мухит бехабар аст. дар сар факат афсонаи дини дорад ва кме тичорат он хам ханноти, боки хеч. Рудаки шиъаи исмоъили буд як доъии исмоили. уро ба тухмати карматия ки он хам як равияи игроки шиъа буд чазо доданд, кур карданд.
Рудаки:
Шукри биллах, ки аз барои Али
чашм кандандам на аз барои Умар
Чашм кандандам нагаштам аз уй
Нагардам аз уй гар буррандам сар.

said umar
Islom ba paikgambar muhamad alihi salom megardad na ba jomi sadi va digaron kadomash az shiaho boshad az mo musulmonon nest

Салом бародарони назарнавис!!! пеш аз навистан каме ба зиндагии худатон фикр кунед, дар иваз шудани сол чи кор мекунед баъд ба шахсиятхои бузург назар нависед. Хазрати эшони Саидкиёмидин донишманди хуби ислом аст. Дар ин маколааш Имом Хусейнро на аз шиъа ва на аз суни гуфтааст. Дар ин сухан чи бар зидди ислом хаст,ки мисли душманони ислом назар менависед!!! Агар назари шахсиатонро менасивед донед, ки Имом Хусейн аз тамоми мулусмонхои дунёст!!! ХУДОВАНД БОБОИ ЭШОНРО ДАР ПАНОХАШ НИГОХ ДОРАД.....

эшони киёмудин ин як бехтарин шиааст ки мехохад мардуми мусалмони точикро шиа кунад ........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)