Ҷавоб ба матлаби “Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон”
Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ доир мегардад. Дар ҳошияи он алоҳида ашхос мекӯшанд, ки бо истифода аз озодии сухан масоили доғи рӯзро яктарафа ба қалам дода, мардумро ҷониби иштибоҳ баранд.
Мақолаи охирини Ҳумайрои Бахтиёр таҳти унвони Аз интихобот то интихобот: Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон (Сомонаи «Озодагон», 28 сентябр 2013) маълум аст, ки ба баҳсҳои интихоботӣ равона шудааст, вале билкулл якҷониба иншо шудааст.
Ҳумайрои Бахтиёр бояд медонист, ки аз рӯи принсипи касбият, меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, кодексҳо ва дигар санадҳои байналмилалӣ рисолати аслии соҳиби ин пеша инъикоси воқеъбинона, мунсифона ва ҳаматарафаи ҳодисаву рӯйдодҳост. Ҳумайрои Бахтиёр мақолаашро «Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон» номидааст. Мутаносибан, ӯ бояд дар баробари «камбудӣ»-ҳое, ки меоварад, ваъдаҳои додаву иҷрошударо низ нишон медод.
Ҳумайрои Бахтиёр менависад, ки «мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ кишваре амнияти ғизоӣ дорад, ки агар 70 дар сади мардум бо маҳсулоти дохилӣ таъмин бошанд. Дар Тоҷикистон акси ин муқаррарот дида мешавад, ки бо ин вазъияти бахши кишоварзӣ даст ёфтан ба амнияти озуқаворӣ имконнопазир аст: 60- то 77 дарсади маҳсулоти ғизоӣ аз хориҷа ворид мешавад». Номбурда ин рақамҳоро бо истинод ба Зулфиқори Исмоилиён меорад.
Аҷиб, хабарнигор далелеро пеш меорад аз забони шахсе, ки аз соҳаи иқтисодӣ дур аст ва мисли худаш журналист аст. Нафарест, ки боре дар самти иқтисодӣ таҳлили амиқу ҳамаҷониба анҷом надодаву наметавонад анҷом дод, чунки мутахассиси соҳа нест.
Тавре аз навишта бар меояд, Ҳумайрои Бахтиёр ҳафтаҳои охир дар ягон бозори шаҳри Душанбе набудааст. Зеро агар ба дилхоҳ бозори пойтахт ворид мешуд, медид, ки картошкаи Покистону Афғонистон, пиёзи Русия, ки муаллиф зикрашон кардааст, шояд ҳатто барои «доругӣ» ёфт намешаванд. Тамоми бозорҳо бо картошка, пиёз, сабзӣ, себу анор, ангуру тарбузу харбуза, тамоми намуди меваю сабзавоту полезӣ лабрезанду навиштаи муаллиф ва ақидаи коршиноси ӯ комилан ғалат мебошанд. Магар ин фаровонӣ самараи сафарҳои доимии Сарвари давлат ба манотиқи гуногун ва тавсияҳои ӯ дар хусуси рушди соҳаи кишоварзӣ нестанд?
Тарафи дигар масъала ин аст, ки сиёсати тамоми давлатҳои минтақаю ҷаҳон дар асри 21 бо назардошти вусъати муносибатҳои тиҷоратӣ поягузорӣ шудааст ва табодули мол миёни кишварҳо ҳарчи бештар шавад, ҳамон қадар ба манфиати давлату миллат аст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ, бозгӯи ҳамин ҳақиқат аст. Ҳатто ин тарафи масъала низ хато будани ақидаи хабарнигору коршиносашро собит месозад.
Ҳумайро бо такя ба гуфтаҳои «коршиносаш» менависад: «Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки чор соли охир бозорҳои кишвар комилан бо маҳсулоти воридотӣ пур шуда, ҳоло бештари меваву сабзавот истеҳсоли Покистону Афғонистону Хитой аст». Истифодаи калимаи «комилан»-ро чӣ гуна метавон пазируфт? Бо кадом мақсад ин калима истифода шудааст? Агар далеле ҳаст, чаро мушаххасан оварда нашудааст, ки фалон бозор комилан бо маҳсулоти хориҷӣ пур карда шудааст? Фикр ҳамеша бо далел бикр мегардад.
Агар хабарнигору коршиносаш ба фаҳми иқтисодӣ мерасиданд, ба рақамҳои расмӣ сар мезаданд ва ҳамчун журналист, ақаллан барои муқоиса меоварданд. Маҳз барои онҳо ёдовар мешавам, соли 2012 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид. Дар маҷмуъ, ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4600 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011-ум 17,7 фоиз зиёд аст.
Ҳумайрои Бахтиёр менависад: «Тавре, ки 7 сол қабл мардум бо реҷаи махсус бо барқ таъмин буданд, ҳамоно таъмин мешаванд».
Бо чашми ҳақиқатбин ба масъала бингаред! 7 сол қабл маҳдудияти барқ чи қадар буду аз кадом моҳ оғоз мегардид ва имрӯз чӣ? Танҳо дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар се неругоҳи хурди барқи обӣ ба истифода дода шуда, дар маҷмуъ шумори нерӯгоҳҳои хурд ба 305 адад расид. Ин нерӯгоҳҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 11,7 млн. кВт/ соат неруи барқ истеҳсол карданд, ки қариб талаботи солонаи минтақаҳои алоҳидаро таъмин мекунанд. Бунёди НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2, оғози НБО «Роғун» ва ғайра, магар иҷрои воқеии ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон нест? Дар самти иқдомҳои Сарвари давлат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мисолҳо ҳазорҳоянд, вале зикри ҳамаи онро зарур намешуморам. Ҳар фарди солимақл худ мебинаду қазоват мекунад.
Ақидаи ғалати дигари Ҳумайрои Бахтиёр нисбат ба фаъолияти Президенти ҷумҳурӣ ин аст, ки гӯиё ӯ натавонистааст кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонад. Вай менависад: «Печидатар гардидани бунбасти коммуникатсионӣ. Мутаассифона, дар ин бахш низ мо ба муваффақият нарасидем. Баръакс, назар ба соли 2006 аз соли 2009 вазъи иртиботи кишвар мушкилтар гардид».
Гӯиё муаллиф ба ҷуз ноҳияҳои тобеи марказ ба ҳеҷ манотиқи дигари кишвар сафар накардааст, вагарна ба ҳеч ваҷҳ ин гуна наменавишт. Ӯ ҳатто дарак надорад, ки шимолу шарқи кишвар давоми ним сол бо марказ пайвастагӣ надоштанд. 7 сол пеш, мардуми вилоятҳои Суғду Бадахшон наметавонистанд, ҳатто тавассути роҳи ҳавоӣ ба маросими тӯй ё ҷанозаи наздикони хеш раванд. Оё ин ҳама фаромӯш шуд? Агар шумо фаромӯш кардед, миллат фаромӯш намекунад. Кушодани нақбҳо, бунёд ва таҷдиди роҳҳои мошингард, сохтмони пулҳо ва амсоли инҳо магар талош барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ нест? Ин ҳама натиҷаи ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мардуми тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба осонӣ дар тамоми фасли сол бо ҳам иртиботи доимӣ доранд. Чунин хизматҳои шоистаро дидану пазируфта тавонистан лозим.
Мавриди зикр аст, ки бонуи муҳтарам хешро журналисти варзида пиндоштаву ин ҳамаро ба риштаи таҳлил кашидааст, чаро аз бунёди корхонаҳову дастгирии рушди соҳибкорӣ ҳарфе нанавишта. Бо иқдомҳои созандаи Президент Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон садҳо корхонаҳои хурду бузург бунёд шуда, рушди соҳибкорӣ ҳамаҷониба дастгирии амиқ меёбад. Зарур намешуморам, ки ҳар яки онро инҷо дарҷ намоям, зеро ҳамагон, бахусус Ҳумайрои Бахтиёр худ шоҳиди зиндаи бунёдкориҳову созандагиҳо ва рушду нумӯи Тоҷикистонанд. Фақат ҳаминро гуфтаниям, ҳар назаре ба масъала бояд ҳирфаӣ бошад, на сарсарӣ.
Иқтисодиёт майдони шеърбозию руҷӯи лирикӣ нест. Таҳлили иқтисодӣ далелу исботро металабад, аз ҳар касе, ки назари хайр ба масъала дораду мехоҳад ба манфиати миллату давлати хеш хизмат кунад. Мушкилро меёбад, исбот мекунад ва роҳи рафъашро тавсия мекунад. Бо даромадан ба як бозор, ки он ҳам маълум нест кадом, кӯшиши таҳлили вазъи иқтисодии кишвар ва гузашта аз ин баҳо додан ба фаъолияти Сарвари як давлат, фақат як ҳақиқатро бозгӯи мекунад. Муносибати сарсарии масъулини сомона ё расонаи хабарие, ки чунин маводро интишор месозанд. Дар кишварҳои мутараққӣ чунин матлаб ҳатман дар паяш ҷавоб мехост, ҷавоби ҳуқуқӣ ва ҳатман боиси муфлисшавии чунин расонаҳо мегардид. Аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии чунин иқдомро ҳатман таъқиби журналисту сомонаю рӯзнома талаққӣ мекунанд. Оё беҳтар нест, ки худ ислоҳгари хатои хеш бошем.
Қодир АМОНОВ,
коршинос
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |