Бахшҳо
04 окт 2013 10:13Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон: “Агар аз боварии мардум набаромада бошам, қадр мекунанд”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло дар бораи пешбарии номзадиаш ба мақоми президентӣ ризоият надодааст ва дар сурати пешниҳод шудан ҳам мардуми тоҷик медонанд киро интихоб намоянд.

Оқои Раҳмон, ки рӯзи 3-юми октябр зимни вохӯрии худ бо сокинони шаҳри Ваҳдат дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, агар аз боварию эътиқоди мардуми тоҷик набаромада ва барои онҳо хидмате карда бошад, шаҳрвандони Тоҷикистон ӯро қадр хоҳанд кард: “Дар бораи шахсияти ман агар гап равад, ман фикр мекунам, мардуми кишвар хубу бад, рафтори неку зиштро мефаҳманд.”

Раисиҷумҳур таъкид дошт, ҳеч гоҳ ба қонуншиканӣ роҳ надодааст ва нахоҳад дод: “Ман даст болои Конситутсияи Тоҷикистон монда савганд ёд намудаам, ки ба қонуншиканӣ роҳ намедиҳам. Ман ҳоло ваколатам ҳаст.”

Эмомалӣ Раҳмон дар идома илова намуд, ҳоло аҳзоби сиёсӣ номзадҳои арзандаи худро ба мақоми президентӣ ба интихоботи моҳи ноябр пешниҳод намудаанд ва ҳама фарзандони ин кишваранд ва мардуми тоҷик бояд ҳуқуқи конситутсионии худро истифода карда, озодона овозашонро ба фарди дилхоҳ диҳанд: “Мо бояд имрӯз гӯем, ки чӣ кор кардем ва чӣ мушкилот дорему кадом корҳоро кунем, ки зиндагии халқамон беҳтар мешавад. Дар зиндагиамон кадом камбудиҳо ҳаст.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки 61 сол дорад, то кунун дар се интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок карда, баранда шудааст. Вай то замони такя задан ба ин курсӣ ду сол раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам буд. Дар сурати иштирок ва пирӯзӣ дар интихоботи шашуми ноябри соли ҷорӣ вай барои бори чаҳорум раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб хоҳад шуд.
Мӯҳр
Эй бародарон ман худ як коргарии одди хастам як фарзандам дар мухочират аст ва ба хамааш шукр бояд кард. таърих гувох аст. Пас аз 1100 соли давлатдории Исмоили Сомон Эмомал Рахмон дуюмин сарвар аст, ки давлати Точиконро пойдор намуд. Мо хохем нахохем ин дар таърих монда ва бо хатхои зарин навишта мешавад. Мо точикон набояд хатогии мардуми Ирокро такрор намоем. Онхо ба дасисахо дода шуда Садом Хусейнро сарнагун сохтан ва имруз чи хеле як барномаи телевизонии Россия НТВ нишон дод ва дар он чо гуфта шуд, ки мардуми Ирок дар орзуи он аст, ки часади Садом Хусейнро ебанду кафояшро буса намоянд локин сад афсус, ки ин ба онхо муяссар намегардад. Он мувафакатхое, ки мо дар давоми 20 сол ба даст овардаем дар 70 соли Шурави ба даст наоварда будем. Он тинчиву амоние, ки дорем бехтарин неъмат аст ва мо бояд инро ба ягон сарват иваз нанамоем. Ё шумо хам мехохед, ки Точикистони мо мисли давлати хамсая Афгонистон як умр хамчун далати чангзада боки монад. Худо аз хамаи ин нигох дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)