Бахшҳо

Саволи Шумо ба Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), омодааст, ба ҳама саволҳои хонандагони торнамо ё сайти “Озодагон” посух гӯяд. Ин сӯҳбати онлайнии оқои Кабирӣ бо хонандагони мо дар остонаи Анҷумани навбатии ҲНИТ ва баъд аз эълони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ баргузор мешавад.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки се моҳ пештар таъсис шуда, ҲНИТ ва ҲСДТ шомили онанд, рӯзи даҳуми сентябр Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива плюс”-ро ба унвони номзади ягона эълон карданд. Ин тасмими ИНИТ вокунишҳое дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Иддае гуфтанд, ҳаққи Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматилло Зоиров буд, ки ба ҳайси номзад дар ин интихобот ширкат ҷуста, бо Эмомалӣ Раҳмон рақобат бикунанд. Ҳарчанд худи Кабирӣ ва Зоиров хонум Бобоназароваро номзади арзанда дониста, аз тарафдорону аъзои ҳизби худ хостанд, то ба пуштибонӣ аз ӯ якҷоя кор кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2007 ба ин сӯ раҳбарии Ҳизби наҳзати исломиро бар дӯш дорад ва ду дафъа вакили парлумон интихоб шудааст. Вай 20-уми июли соли 1965 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, то кунун дар мақоми ёвари раиси Кумисюни оштии миллӣ ва раҳбари Маркази “Диалог” кор кардааст. Оқои Кабирӣ айни замон президенти Федератсияи гандболи Тоҷикистон низ мебошад. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.
Мӯҳр
Собик аъзои ХНИТ
Ба Шумо дигар савол надорам око, чуз ин ===> Икрор мешавед, ки тарсуи раками 1 хастед? Он ихлосе, ки ба Шумо ва хизбатон доштем, хамаро зери по кардед. Хазрати Али (р) мегуяд: "Мусалмоне, ки гайрат надорад, хеч хубиеро аз у интизор мабош". Сад афсусссссссссссссссссссс

maskva
kabiri chand sol shud hizbi shumo shia shudagishba meguyand dar vakti gurezagi va baazeho meguyand pesh az in ham shia budan iltimos haminro khub karda fahmoned mo az har kas meshunavem ki hizbi nahzat khudasha islomi meguyadu dar zohir mardum dar asl daavati shiagi burdestai maksadashon shiaro joi kardan dar tojikiston

Салом устоди бузугвор ,
чун яке аз хаводорони ашадии ХНИТ мебошам мехостам суолхоямро пурра чавоб гирам ва ин хам хаки манаст.
1 устоди азиз шумо худ медонед , ки Исломи азиз миллати мусалмон дар тули торих бо фидокорихои олимону мутафаккирони амсоли шумо сохиби иззат гардид , сабаб дар чист ки имрузхо дигар ин фидокорихо дар аъмоли эшон дида намешавад ?
2 устоди гироми ба рости аз пурсидани ин суол банда них чандон норохатам ва наонкадар бовар дорам , имрузхо хама мегуянд , ки Кабири аз байн рафтани бизнесаш тарсид , шумо чи бизнес доред ?
3 Зоиров дар яке аз мусохибахояш гуфт ,ки фишори баъзе аз аъзоёни ХНИТ сабаб гашт то номзадиаамро боз баз гирам , ки ва чаро ,ки ба эшон хак дода буд ки болои Зоиров фишор орад унхам аъзоёни ХН ?

Дилшод
Салом алайкум. Росташро мухтарам Кабири гуед, ки оё сабаби номзадиатонро намондан аз даст рафтани сарвататон, карор гирифтан дар кунчи зиндон ва эхтимоли карор гирифтан ба дигар окибатхои сангин набуд?
Вале фаромуш накунед, ки мардони бузургро хамеша чунин имтихонхою мучозотхо ва зулми дар хаккашон шуда бузургашон кардаанд.

Умед
Салом саволи ман ба шумо 1 шумо тарсидед аз хукумат ки боз ранги Зайд накунанд ё аз бизнесои худатон тарсидед?
2.Ойнихолро барои грант гирифтан аз хоричахо пешниход кардед?
3.Шумо барои чи акалан Зарафо Рахмониро пешниход накардед? дилу гурдае ки Зарафо дошт хеч кас надошт .
4.Баъди ин коратон шумо ба руи мардум читавр менигаред?

ба УМеди ки ба Кабири суол додааст, ки чаро Зарафоро намондед. ОЁ сухбати устод Зоировро хондед, ки мунофики ва бесаводии ин хонумро ба намоиш гузоштааст ва назари Кабири дар бораи ингуна рафтори аъзоёни хизбаш чи аст ?
Чаро Шумо тарсидед ва хатто мусоидат накардед ки Р. Зоиров номзадиашро гузорад?

Чи Шумо тарсидед, ки Зоиров аз шумо бахои калон мегирад ва баъди интихобот сарвазираш мемонанд?

Чаро Шурои сиёсии ХНИт ки аз 20 нафар зиёд аст номзадии шуморо пешбарик арданд аммо як нафар ё як овози Шумо ин пешниходро рад кард 20 овоз кучову 1 овоз кучо?
Чаро номзадии Бобоназароваро дар ШУрои сиёсии ХНИТ гузаонида тавонистедед, аммо аз Зоировро не?

Тан медихед, ки ХНИТ электроат надорад ба истиснои худатон ва боз хам хамаи чо шумо ва муовинонат чор мезананд ки ХНИТ кави аст?

Тан медихи ба оне, ки Шумо манфиати худро аз ислому хизби сиёси будан мухим медонед?

Тан медихед, ки бозингар бо хукумат хастед ва ХНИТ хеч кудрати сиёси надорад ва хама аз ришу латаву руймол ва пул иборат аст?

шерхон шерхонов
Салом ба М Кабири мехохам ба як чанд саволхои ман чавоб бигуёд

777
Мухтврвм Кабири Майдони интихобот майдоне буд.ки Шумо ва пайравонатон метавонистед программма.максад,тактика ва стратегияи давлатдории исломиро ба мардум фахмонед.Бо пешниходи О.Бобоназарова ин ташабусро аз даст доденд.яъне шанси таърихи ( аз офаридагор буд ё тасодуф ) аз байн рафт? Пас аз ин оё Шумо хукуки маънавии раиси ХНИТ шуданро доред?

Инҷо шояд розе нуҳуфта бошад, зеро Бобоназарова дар Фонди Сорос чанде қабл роҳбарӣ мекарду имруз созмони як кадом ҳуқуқиро ба ӯҳда дорад, М. Кабирӣ ва Р.Зоиров шояд нигарони он бошаднд, ки пас аз интихоботи ба ном "шаффоф" Э. Раҳмонро ба судди байналмиллалӣ дода манфиатро ба ҷониби Бобоназарова кунанд. Шояд. Огоҳ бошед, ки фонди СОРОС яҳудиёнанд, шояд Ойниҳол ба инқилоби баҳори тоҷик замина гузорад! Аммо аз М. Кабирӣ пурсиданиям мақсади хуро кушоду озод ва ошкоро байён созед, ҳадаф аз пешбарии номзадии Ойниҳол Бобоназарова дар чӣ аст?

Хакгуй
Ба Дилшод

Кадом вакте ки рохбари шумо истеъфо дихад.

Салому дуруд устод Мухиддин Кабири! Дар хакикат дурандеш хастед дар баробари ин тарсу хастед инро бояд кабул кунед ин хислат ба Шумо зебанда нест! 1) Агар анчуман шуморо номзад пешбари кунад кабул хохед кард ?

2)Зойиров мегуяд пешниходи номзадии Бобоназарова аз суи ИНИТ ин хадя ба ХХДТ аст,Шумо чи мегуед?

Хакгуй
Ба ДИЛОВАРШО

Дар солхои 90 ум мегуфтел ки ин хизби ВАХХОБИХО аст. Акнун рофизи мегуед.Баъд аз дах сол хизби салафихо ва г. Хол он ки акидаи ВАХХОББИ зидди РОФИЗИ аст. Ба кадом тухмати шумо бояд бовар кунем. Аз Худо битарсед ва аз ФИТНА даст кашед

далер

Фикри хуб Далер. Ту хам ба тамалук гуфтани рохбаронат давом додан гир.Як латта гир барои пок кардани таги рохбаронат. Лекин агар пул надиханд ин корро накун. Ин хам тичорат аст.

Агар шумо президент шавед иҷозат медиҳед ки фарзандони шумо ба вазорату идораҳои давлатӣ ва мисли фарзандони президенти кунунӣ фишор биёранд ва ё ба кори роҳбарони вазорату идораҳо дахолат кунанд?
чунки дар ҳама кишварҳое ки инқилоб сар зад, асосан дардаш ин буд ки оила ба кори давлатдорӣ дахолат кардааст.

Умар аз Исфара
Окои Кабири!Якум суоли ман ин,ки Барои чи шумо номзадии худро нагузоштед!?Саоли 2-юм боз бо воситаи фишангхои худ нагузоштед АРЗАНДАТАРИН номзад ба президети Р Зойиророт номзади ягона кабул кунанд?Барои чи шумо дилу гурдае надоред,ба мисли ЗОИРО,ки акалан ЯК маротиба президент а оилаи УРО танкид кунед?Охир холати иктисодицу ичтимоии мо ГИРЯОАР аст а хамагон медонанд,к гунахкори асоси ин Рохюари чумхурпи а тарзи далатронии уст!Наход барои 2 курсии парлумон шумо азоёни хизби худро кидат кунед!?Охир бисёрии азоёни ХНИТ ин шахсоне хастанд,ки тарафдори худи шумо нестанд!Ин шахсоне хастанд,ки аз ислом тарафдори мекунанду,зидди ин хукуматанд!Барои шумо ин кадар дар сиёсат тарсу хастед!?метарсед,ки бизнеси шумо аз даст меравад:?Аз рафтору кирдор ва гуфтори шумо ман чунин хулоса буровардам,ки барои шумо шароити хозираи миллату давлат таби дил аст!Зеро гуфти атовулло мисли турист дар тамоми дунё сайр карда гаштаед.Барои хукумати ЧТ бошад шумо "намунаи"исботи демократия,то дар назди гарб худро демократ нишон диханду карза зер карда гиранд.Ба рости гуфтанихои зиёд дорам.Хулоса хамин,ки агар хуб мешуд аз раисии ХНИТ мерафтед,зеро шумо хатто аъзоёни одди хизби худро аз рафтори гайриконуниит макомот мухофизат карда наметавонед.Як чизро боз бояд кайд кунам,ки щумо хатто аз такдири зайд барои тарафдории у сухани бисёре нагуфтед

Умед
Салом.рости мехостам номзад зоиров йо худи кабири мешуд.вале акнун боядки онхо кушиш кунанд то номзади инитро ба мардум муарифи кунанд.савол барои чи махз о.бобоназарова интихоб шуд.2.хадафи хнит дар интихобот чи аст.3.дар бораи номзадии э.рахмон чи андеша доред хамчун мухолиф.рахмат.!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)