Бахшҳо

Мавлавӣ: Бо касе муқобала мекунанд, ки аз дасташ коре меояд

Гуфтугӯи хабарнигори “Озодагон”, Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб бо Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, яке аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик ва узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ).

Озодагон: Бисёриҳо ба ин назаранд, ки баъд аз дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо рӯҳониён зоҳиран маъракае алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ роҳандозӣ шудааст. Далелашон ҳам ин аст, ки бештари рӯҳониён алайҳи ҳизби динии сиёсӣ суҳбат карданд. Ин маърака то куҷо ҷиддист ва паёмадаш ҳам чӣ хоҳад буд?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Дар ҳақиқат ин нақшаҳое, ки алайҳи ҲНИТ матраҳ шуда истодааст, як тавтиа, тарсондан ё нодида гирифтани ин ҳизб мебошад. Воқеан, бо касе муқобала менамоянд, ки медонанд, аз дасташ коре меояд. Агар ин ҳизб дар қатори дигар аҳзоби кисагӣ мебуд, шояд кӯшиш мекарданд, инро ба пой хезонанд. Касе, ки иттилооти хуб аз дин, бахусус аз сиёсати Ислом дорад, ин сиёсатро ҷонибдорӣ мекунад. Ман фикр мекунам, агар нафаре аз дидгоҳи Қуръону суннат тааммуқи назар кунад ё аз таърихи паёмбар бохабар бошад, аз таҳти қалбаш бо ин ҳизб мухолафат нахоҳад кард. Зеро ин як ҳизби эмонӣ, эътиқодӣ ва ҳизбе мебошад, ки ҳар мусулмон хоҳони он аст. Устувории пайравони Ҳизби наҳзат мустаҳкам мебошад ва ба ин низ бовар ҳаст, читавре баъзе мақолаҳо ҳастанд, ки “Саг садо мезанаду корвон ба роҳи худ равон аст.” Мо аз ин фишорҳо зиёдашро дидаем, вале таҳаммулу таҳаммулпазирӣ имрӯз дар ҳизби мо шиор шудааст. Ҳар чӣ ояд бар сари одам бигзарад. Мо аз он дар ҳаррос мебошем, ки гуноҳе назди Худованд содир накунем. Инҳо фитнаҳое мебошанд, ба мисли чанги болои санг. Агар як борони хуб биборад шуста мешаванд.

Озодагон: Дар бораи вуҷуди ҳизб дар Ислом дидгоҳҳо мухталифанд. Бо ин ҳол, мухолифони ин ҳизб мегӯянд, Ислом ба ягон ҳизб ниёз надорад. Ҳатто якеи онҳо гуфт, паёмбар дар вақташ билети ҳизбӣ надошт. Вале рӯҳониёни ҲНИТ дар ин маврид чӣ далел доранд?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Инҷо як гумроҳкунӣ ва гулзании мардуми мусулмон вуҷуд дорад. Барои мисол, аз як сухане, ки гӯиё Ислом аз сиёсат ҷудо бошад, ин назар худаш назари ғалат аст. Тору пуди Ислом бо сиёсат омехта шудааст. Ҳамин “Ло илоҳа иллаллоҳ” худаш сиёсат аст. Дини Ислом дар давраи бутпарастӣ дар қораи араб тавассути Муҳаммад (с) эҳё шуда, мактаби паёмбар дар рӯи замин таъсис ёфт ва аз ин мактаб мардум аввалин бор дарси сиёсат омӯхтаанд. “Ло илоҳа иллаллоҳ” гуфтанд. Яъне гуфтанд, эй, мардум ин сангу чӯб қобилияти парастиш надоранд, ҷуз Аллоҳ. Якка будан ва сиёсат будани ин дин аз ин ҷо шуруъ мешавад. Паёмбар танҳо барои Худовандро яккаву ягона гуфтанд тули 13 сол мубориза бурдааст ва касе, ки мегӯяд, Ислом аз сиёсат дур аст, Ислом сиёсӣ намебошад ва онро ба сиёсат омехта набояд кард, инҳо фикрҳои ғалате мебошанд, ки аз дигар равандҳо таҳмил мешаванд. Барои мисол вақте дини масеҳӣ аз масираш мунҳариф шуд, дин аз давлат ҷудо, сиёсат аз канисо ҷудо гуфтанд. Воқеан он раванди секуряристие, ки барои мисол дар дини масеҳӣ як чанд аср ба вуҷуд оварда, гӯиё динро аз сиёсат ҷудо карданд ва мактабро аз канисо ин ҳолат ба дини Ислом ҳеч мувофақат намекунад. Дини Ислом як мактабест, ки ҷомеа ва шахсро месозад ва ихтиёротеро, бахусус озодӣ, чӣ фикрию чӣ ақидатӣ дар дасти фарди мусулмон мегузорад ва таъкид мекунад, ки фарди мусулмон худро ба ҷуз Худованд ба ҳеч чизу касе алоқаманд ва мадюн надорад. Ин худ як сиёсатест, ки дунёро такон додааст. Ин як сиёсатест, ки аз он имрӯз зиёда аз ду миллиард пайравӣ дорад. Ман дар ашхоси ба ном муллоҳо, ки аслан онҳо муло намебошанд, ҳайронам. Зеро агар онҳо аз фиқҳ огаҳӣ дошта бошанд, худи таҳорату закоту намозу рӯза гирифтан низ сиёсати як фарди мусулмон мебошад. Закот худ айнан як сиёсат аст, масалан кумаки бойҳо ба дастнигарҳо. Худованд як миқдоре муайян кардааст, ки агар молат ба он расид, як қисмат ҷудо намуда ба камбизоатон медиҳӣ. Инро як сиёсати иҷтимоӣ мегӯянд, ки Ислом онро ба назар гирифтааст. Ман намедонам онҳо чиро дар назар доранд, ки аз сиёсат ҷудо бошад. Ҳоло ин ки ин динро аз сиёсат наметавон ҷудо кард. Ин як беақлӣ ҳаст, ки моҳиро гирифта аз об ба замин партоӣ. Паёмбар аз меҳроби масҷид ба зинокор ҳад эълон кард. Дуздро дасташро бурид. Агар ин сиёсат имрӯз дар ҷомеаи мо ҷорӣ бошад, ин қадар тифл бепадару маҳбасҳо пур аз дуз намешуданд. Чун медонистанд, ки ҷазои дуздӣ чист. Ин аст сиёсати воқеӣ. Ҷудо намудани дин аз сиёсат, ин ғалат фаҳмии дин аст, мардумро гумроҳ менамоянд, коре мехоҳанд, кунанд, ки гӯиё мусулмон ҳаққи даъвои ҳуқуқашро надошта бошаду рафта дар кунҷи масҷид бо тоату ибодаташ машғул шавад. Муҳаммад (с) сиёсатро дар арсаи ҷаҳонӣ чунон ба роҳ монд, ки имрӯз дунболи он сиёсат атрофи ду миллиард инсон чарх мезанад. Дар мавриди далели руҳониёни ҲНИТ барои вуҷуди ҳизб дар Ислом, мо қаблан низ гуфта будем, ки дар Қуръон сурае бо номи “Аҳзоб”, яъне ҳизбу гуруҳҳо вуҷуд дорад. Масалан ҳамин намози ҷамоат, ки даҳ нафар мехонанд, ин худаш як гуруҳ ё ҳизбе аст, ки гирди ҳам омада, мехонанд. Ман фикр намекунам, ки ҳаминро он одамони ин назарро дошта чӣ мегӯянд? Ин ҷамъ шудан ва як касро имомхондан ва садҳо нафар аз паси он намоз гузоридан чӣ аст? Ислом инро барои мунсаҷим сохтани ҷамъият муайян кардааст, ки ҳадди ақал мусулмонҳо аз намозхондан шуруъ кунанд. Касе инро намехоҳад ӯст, тафриқаандоз миёни мардум. Яъне ҷамъияти мусулмононро намехоҳад, то дигарон аз он истифода кунанд..

Озодагон: Оё дар замони таъсиси ин ҳизб чунин баҳсҳо вуҷуд доштанд ва ё ҳамаи он рӯҳониёне, ки дар таъсиси ҳизб нақш доштанд, тарафдори ҳизб дар Ислом буданд?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад:
Ин ҳама ба огоҳии шахсиятҳои вақт вобастааст. Ин табиист, ки дар ҳар ҷомеа ҳама баробар маълумот надоранд. Яке баланду дигаре паст. Аслан ба хотири тарбия ва таълиму огоҳии ҷавон аз дин ин ҳизб таъсис ёфтааст. Он вақтҳо на ягон мадраса ва донишгоҳе набуд, ки инсон як калимаи исломӣ биомӯзад. Вақте ин ҷавонон мебинанд, ки мардум динро хеле дуст медоранду аз он огоҳӣ надоранд, сипас муассисин даст ба ин иқдом зада, ин ташкилотро шакл мебахшанд.

Озодагон: Вале мо аз яке шунидем, Мавлавии Ҳиндустонӣ, ки устоди аксари рӯҳониёни тоҷик дониста мешавад, гӯиё мухолифи Исломи сиёсӣ будааст. Аз ин хабар доред ва далелаш чӣ буд?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Не, ин чиз туҳмат мебошад. Устод Мавлавии Қуқандӣ, ки маъруф ба ҳиндӯстонӣ буд, ман чанд сол назди ӯ дарс гирифтаам. Худи он кас низ 23 солро дар маҳбас гузаронида, азобҳои сахтро дида буданд, ҳар вақт мо дарсгирӣ мерафтем то газетаи “Правда”-ро ба ӯ мебурдем, то бихонанду аз сиёсати рӯз огоҳ бошанд. Фақат ҳар чизе гуфтаанд, ба хотири эҳтиёт кардан мебошад, то чанд ҷавонеро, ки таълими Ислом гирифтааст, аз байн набаранду тавассути онҳо мардуми бештаре аз дин огоҳ шаванд. Ҳатто дар бархе маврид сахтгӯӣ низ кардааст, ки ин корро накунед, то аз байн наравед ва инро ба гӯши худам шунидаам, албатта ин аз тарсу ҳароси аз байн бурдани ҷавонон буд. Ман шахсан худам аз ӯ пурсидам, ки устод ин ҷавонҳо бо раҳбарии Муло Абдуллоҳ(он вақт устод Нӯриро бо ин исм ном мегирифтанд) мехоҳанд, як ҳукумати исломиро дар асоси хоҳишоти исломӣ таъсис бидиҳанд, вақте инҳо ба як натиҷае расанд, мо ҷавонон чӣ кор кунем? Маро гуфт, Шумо бо онҳо бошед, вақте кор ба ин ҳад расид, бо онҳо будан фаризаи як мусулмон мешавад. Яъне танҳо аз тарси нобудшудани ин ҷавонон мегуфтанд. Барои мисол як узви ҳизби моро бурда, чунон лату кӯб кардаанд, ки омада алайҳи ҲНИТ сухан меронад. Мо ба ӯ офарин мегӯем, бояд аз ин зиёд гӯяд. Зеро дар сурати ғайр ба ҳалокат мерасад. Агар ингуна зулму фишор бошад, мардум ҳеч гоҳ аз ақидаи ростини худ ҳарфе намегӯяд, ҳатто аз он пайравӣ намекунад. Ба ҳар сурат, чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад, агар ҳам ки сӯзад шабе, шаби дигар намесӯзад.

Озодагон: Ҳоло мақомот дар фикри таҳияи маош барои имомхатибонанд. Шумо ин чизро чигуна қабул доред. Ҳоло имомхатиб мебудед, ба ин пешниҳоди мақомот чӣ ҷавоб мегуфтед?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад:
Аслан агар гӯем, ман низ тули чанд сол дар ноҳияи Панҷ сархатиб будам ва мо ҳамин иқдомро онҷо қабул накардем. Дар давраи шӯравӣ 150 рубли русӣ маоши сархатиб ва 120 аз муовинон буд. Ин пул аслан аз ҳисоби мардум, яъне сандуқҳои хайрия ҷамъ мешуд. Мо вақте дидем, вазъияти масҷид бар асари андозу нархномаҳои баланди барқу дигару дигар... дар як ҳолати бади иқтисодӣ қарор дошт, қарореро содир кардем, ки аз маош даст мекашем. Мо барои намоз хондан ба масҷид меоем ва ҳамзамон боз маош гирифтан ба мантиқ рост намеояд. Танҳо як нафар имом мухолафат кард, ки ман аз роҳи дур меоям. Агар пул нагирам, рафтуоям мушкил мешавад. Инчунин ба ин имомхатибон низ тавсия мекунам, агар ҳиммат карда тавонанд, ин чизро қабул накунанд. Зеро барои онҳо нагирифтани он хеле зебанда мешавад. Агар гирифтан ҳам бояд даст нигари дигарон набошанд. Ислом як дини бисёр озод ва манфиатовар барои ҷомеа мебошад. Озодиҳои Исломро салб накунанд. Ба хотири бархе аз сиёсатбозиҳои номаъқул мардумро дар як тангно қарор надиҳанд. Агар метавонанд пайравӣ аз сиёсати Ислом кунанд ва агар не, ба ҳамон сиёсати бетарафии худ ҷавонмардона идома дода, ба ягон ҳизбу ҳаракат худро пойпанд насозанд.

Озодагон:
Дар ҳамин вазъияти кунунӣ агар худи Шумо имомхатиб мебудед, чӣ кор мекардед?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Воқеан бояд гуфт, ки аввалаш имомхатиб шудан дар ин вазъият бисёр мушкил аст. Барои мисол, ман як имомхатибро дидам, ки пеши як раҳбари шуъбаи ҳукумате мисли бечора нишаста, ҳаққи ҳарф задан надорад. Дар давраи мо раиси ҳукумат ҷуръати ворид шудан ба масҷидро надошт. Агар ба ӯ чизе лозим мешуд, ба мо муроҷиат мекард ва моро касе дикта ҳам карда наметавонист. Фаразан агар гӯем, ҳоло, ки ман хоҳиши имомхатиб шудан надорам дигар, агар мешудам, то андозаи зарурӣ талош мекардам, ки ин ҳаниати диниро нигоҳ дорам. Ба касе ё ба одами бенамозе иҷозат намедодам бо пояфзолҳояш ба меҳроби масҷид барояд. Дар давраи имомхатибии ман як милиса ба тарафи масҷид дашном дода буд. Ман гуфтам ба ӯ, ту масҷидро таҳқир кардаи бояд ба ин кори худ назди мардум ҷавоб диҳӣ. Омад бо падараш дар назди мардум тавба кард. Хатиби имрӯза бошад милисаро бинад аз намозхонӣ мемонад. Инқадар беғайрат шудаанд. Ин дин шараф аст, танҳо бешарафҳо инро паст мезананд. Имрӯзҳо мебинем, челаки сафед, либосҳои ҳоҷигӣ ба бар намуда асту агар корманди ГАИ ӯро боз дорад, зуд давида наздаш меравад. Ақаллан сари ҳамон чамбарак нишинад, ки ҳамон корманди ГАИ худаш пеши ӯ ояд. Ҳадди ақал инро намекунанд. Зуд пиёда шуда, наздашон медавад бо домани дароз ин як таҳқир нисбати худаш мебошад. Ҳоло мешунавем, ки хатибро раиси ноҳия наздаш даъват карда, соатҳо банд мекунад, пешин қазо мешавад, чун барои намоз хондан иҷоза пурсид, мегӯянд, қазоӣ мехонӣ, яъне раисони ноҳия имрӯз ингуна хатибҳоро таҳқир мекунанд, онҳо ҷуръат надоранд, ки гӯянд, эй раис ту каме дам гир мо рафта намоза хонем. Вақте ба хотири гапи як раис намози фарзро қазо мекунанд, дигар аз онҳо чӣ умед аст?!

Озодагон: Аз гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки имрӯз дар имом-хатибон ҷуръату ҷасоратро дигар намебинед?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Албатта, на ҳамаашон чунинанд, яъне як идаи камсаводи буздилашон чунин мебошанд. Мо Худоро шукр нафароне дорем, ки дар назди Фиръавн низ гапи худро мегӯяд. Вале аксари боҷуръатҳоро аз вазифа гирифтаанд. Барои мисол, Эшони Нуриддинҷон ҳар куҷо бошад гапашро мегӯяд, домулло Абдурраҳими Қазоқонӣ як ҷавони хеле боғайрат мебошад.

Озодагон: Шумо мегӯед, аксари имом-хатибони боҷуръат аз минбарҳо рафтанд, ба андешаи Шумо фазои динии кишварро чӣ интизор аст?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Акнун, вақте ҷавонҳо ҷойгузини онҳо мешаванд, аз ҷовонон умеди зиёд дорем. Чун ҷавонон он қадар беғайрат нестанд. Барои мисол, агар фармон ё маҳдудиятеро то андозае иҷро кунанд, вале боз ҳақиқатро дарк карда метавонанд. Ҷавони имрӯза он ҷавони пешин нест. Ҷавонони ҳозира ҳушёрию огоҳии зиёдтар дорад. Мо умед дорем, ки ҳеҷ гоҳ теша бар решаи дини худ намезананд.

Озодагон: Шумо дар боло гуфтед, ки агар имом-хатиб мешудед, ингуна рафтор мекардед. Ҳоло ба андешаи Шумо формулаи ҷолиб барои роҳандозии муносибати хуби миёни мақомот бо диндорон кадом аст?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Дар он замон як формулаи аҷоиб пешниҳод шуда буд, ки дин ё масҷид озод ва дар умури сиёсӣ дахолат накунад. Дар ҳамон замон ин ба манфиат буд. Яъне дар ҳамин асос ҳеч кас наметавонист дар умури динӣ дахолат кунад ва ман ҳам дар даврони имом-хатибии худ аз он истифода кардаам. Яъне Ҳизби коммунист, ки ҳизби яккатози замона буду райком шахси аввал, дар умури масоҷид дахолат карда наметавонистанд. Имрӯз як бенамоз меояду аз имомҳо гузориш талаб мекунад ё мисли ҷинояткор хатибро даъват намуда, барои он ки ту чаро ин тавр гуфтӣ истинтоқ мекунад ё мактубаш мефиристаду ӯ бурда онро дар масҷид мехонад. Ба назари ман, ё комилан динро ба сиёсат омехта кунанд, ки бо сиёсати динӣ ба сар барем ё ҳамон сиёсати қаблиро, ки ба масҷидҳо кордор нестанд, ҷорӣ кунанд. Агар аз ҳамин ду яке муайян шавад, ба манфиат хоҳад буд. Вале инро хатибҳо ё Шӯрои уламои қавӣ метавонанд талаб намуда, ҳаққи худро эмин нигоҳ доранд. Бигӯянд мо низ ҳарф дорем, агар ҳарфи мо ҳарф нест, пас бигзоред кори худро дар масоҷидамон анҷом диҳем ва болои сари мо сиёсатҳои худро пиёда насозед. Ақаллан ин талабро бояд кунанд. Мо то вақте дар Комиссияи оштӣ будем, ин даъвҳои худро доштем. Ҳатто гуфтем ҳамин никоҳ, ки мо мусулмонҳо аввал як домлоро оварда никоҳ мекунем, баъди он назди як зане меравем ва ӯ барои мо хатти ақди никоҳ ё худ ба қавли имрӯза закс менависад, ин чиз барои мо мусулмонҳо бегона мебошад. Инро танҳо як қонуни ғайриисломӣ талаб дорад. Биёед инро бар асоси талаботи мазҳаби ҳанафӣ, яъне ду шоҳид ҳузур дошта бошанду домло хутбаро хонад ва сипас шаҳодатномаи никоҳро навишта, муҳр зада диҳад. Вале қабул накарданд. Мегӯянд, боз мо ба мулло як кори дигар диҳем.... Охир ба мулло ягон кор додан гуноҳ аст?!

Озодагон: Шумо мегӯед, пешниҳодҳои моро қабул надоранд. Ба назари Шумо мушкил куҷост, дар пешниҳодҳо ё ироагарон?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Далели аслӣ ҳарос аз ҳамин дин-Ислом мебошад. Онҳо метарсанд, ки агар ба як чиз иҷозат диҳанд, гӯиё Ислом пеш меравад. Инро низ худи онҳо иқрор мекунанд, ки агар мо як чизакро иҷозат диҳем, Ислом ҳама чизро аз худ мекунад. Ин ҳама дар ҳолест, ки мусулмонон тамоми корҳои худро бар асоси Ислом анҷом медиҳанд, вале танҳо бояд дар назди қонун як фарди секуляр бошанд.

Озодагон: Ҳоло дар телевизонҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дар суханронии раисиҷумҳур ин ҳарфҳо садо медиҳанд, ки Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ ҳамагӣ 30 масҷид дошту ҳоло чаҳор ҳазор дорад, дар гузашта 14 ҳоҷӣ дошту ҳоло ҳазорҳо дорад. Ин муқоиса карданҳо далели чист ва то куҷо дуруст аст?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Дар асл то оғози ҷанг шумораи масоҷид то 4 ҳазор рафта буд. Ҳоҷиҳо низ ман дар ёд дорам, дар шумораи 500-нафара рафта будам. Соли аввал 100 нафар, соли дуюм 500 нафар ва соли сеюм 1 ҳазору 500 нафар ҳоҷҷӣ рафта буд. Инҳоро набояд касе ифтихори худ бидонад. Инҳо чизҳое мебошанд, ки қабл аз ҷанг ё ба сари қудрат омадани ин нафарон ба чаҳор ҳазор расида буданд. Агар касе бо шумораи масоҷид ифтихор карданӣ ҳаст, бигзор аз чаҳор ҳазор зиёд иҷозад диҳаду пас фахр кунад. Шумораи масҷидҳо дар давраи қозӣ будани Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода ба чаҳор ҳазор расида буд. Ман дар хотир дорам, дар ноҳияи Панҷ 6 масҷиди ҷомеъ ба нақша гирифта будем, вале то ба имрӯз шумораашон ба 5 нарасидааст. Ҳадди ақал як масҷид аз буҷаи давлат бунёд кунанд ва баъд ҳар нафаре даъво мекунад, ош шавад. Мегӯем нӯши ҷон! Ҳар фарде даъво мекунад, ки ин қадар масҷид иҷоза додем, ҳадди ақал замини масҷидро аз андоз озод ё вазоифи болои он гузошта шударо кам ё баробарӣ дигар заминҳо кунад. Бечора масҷидро сохтааст, ҷуръат намекунад дар дохилаш намоз гузорад. Бо пули мардум масҷид бино ёфтааст, ҷои ҷамъиятӣ эълон мекунанд ва онҳо ҳаққи намоз хонданро дар он надоранд. Дар онҷо тамокукашию нардабозӣ иҷозат, намозхонӣ не. Агар ҳазор таърифам кунанд, таърифи беҷо боиси шармандагист. Касоне ингуна даъво доранд, бояд шарм кунанд.

Озодагон: Ҳоло интихоботи президентӣ наздик аст. Дар бораи иштироки наҳзатиҳо бо номзадашон дар ин интихобот чӣ фикр доред?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Мо бисёр ҷонибдор ҳастем, ки ҲНИТ дар интихобот бо номзади худаш иштирок кунад. Ин чизҳоро дар ҷаласаҳо пешниҳод карда будем. Худо хоста бошад, ин пешниҳодҳо ба назар гирифта шудааст. Аммо ба хулосаи умумӣ ҳоло наомадаем. Иштироки ҲНИТ-ро дар интихобот ҳатмӣ ва зарурӣ медонам. Вақте ҳизб, ҳизби сиёсист, ҳатман бояд дар сиёсатҳои рӯз иштирок кунад. Дар оянда фикр дорем, ки ҲНИТ бо камоли имону ақидааш дар интихобот иштирок карда, он номзади худро дошта бошад.

Озодагон: Бисёриҳо мегӯянд, ҲНИТ ба ҷуз Кабирӣ дигар аз муллоҳо иборат аст. То куҷо ба ин розиед?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад:
ҲНИТ аслан худ то ойиномааш ҳама аз арзишҳои волоии исломӣ пайравӣ мекунад. ин ҳизб як ҳизби сиёсии тобеи кишвар ва дар вазорати адлия ба қайд гирифта шудаааст. Чӣ мулло бошад ё ғайримулло мо ингуна одамҳо зиёд дорем. Ҳастанд касоне, ки мулло намебошанд, вале мо онҳоро баробари муллоҳо медонем. Масалан Сайфуллозода мулло нест, вале хидматаш аз бисёр муллоҳо бештар мебошад. Ҳамон муллоҳо ҳам монда бошанд, се чаҳор нафар дар раёсат боқӣ мондаанд. Мулло ягон вазифа ё масъулият нест. Танҳо мардум вақте мебинанд, шахсе се чаҳор калима аз дини Ислом медонад, ӯро мулло мегӯянд.

Озодагон: Шумо худро ба унвони як узви Шӯрои сиёсӣ, кӣ мешуморед, мулло ва ё сиёсатмадор?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Ман пеш аз ҳама як мусулмон мебошам. Вале оне ки мулло ҳастам ё сиёсатмадор онро ҷомеа медонад, ин тараф ба худи ҷомеа вобастааст. Ман як мусулмони диндор мебошам ва аз сиёсати дини худ пуштибонӣ хоҳам кард. Орзӯи онро дорам, ки дини ману Қуръон ҳамеша боло бошад. Яъне иззати дини худро мехоҳам ва зиндагиамро низ аз оилаам шуруъ карда, бар ҳамин асос ба роҳ мондаам ва дунёро низ хоҳони онам, ки бо калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ паруд гӯям.
Мӯҳр
Бероҳа
Маҳз ҳамин гуна мулоҳои соягӣ солҳои 90ум мардумро ба шур оварда буданд.
Беҳтараш Мавлавӣ мегуфт, ки чаро ҳокимиятро аз даст доданд. Лофи беҳуда задан аз гузаштаи худ, "дар вақти мо..", "дар замони мо..", "масҷиди мо..." дар сиёсат кори оқилон нест.

Nakhod bo chunin besavod ham suhbat kunanad,dune az dasti chunin chalasodon sukhtu,Islom dar dune chun yak dini besavodu khunkhor shinokhta meshavad,.111,
111,

ба Маҳмад
Гуш кун бародар мумкин ма ҳамсоли падарат бошам. Дар он солҳо ман аз дур тамошо кардаги нестам ва берун аз кишварҳм нарафтам. Дар бари мардум будам.
Баҳс ҷои асабони нест. Мардуми ваҳдат як ҳафта мурда ҷамъ кардану мардуми Хатлон не а?
Мардуми ваҳдат марду будасту мардуми хатлон ки дар чоҳҳо ва дар баняи вахш даҳҳо ҳазор аз дасти зархаридони ин мавлавиҳо кушташуда мардум набудаст а? Бародар сабти видиои ҳаст, ки мавлавиҳои шумо гуфтаанд: ШУМО БА ТАРАФИ МАРДУМИ КУЛОБ ТИР ХОЛИ КУНЕД, ТИРИ ХАТОИ ШУМОРО ХУДОВАНД БА ҶИГАРИ ОН МАРДУМИ БУРДА МЕРАСОНАД.
Э БАРОДАР ин сабт аст. Ин инкор карда наметонед. Лозим бошад ютуб дарро меёби ки гуфта буд. Одами хуб набудай бародар. Аз худо тарс. Ҳамароба як чашм нигоҳ кун. аз дасти ин мавлавиҳо на танҳо мардуми ваҳдату хатлон азоб кашидааст. Аз дасти инҳо тамоми миллат то ҳол дар азобанд. Гапҳота фикр карда зан. Боз ҷанг мехоҳед ба фикрам. Лекин иншоллоҳ худован бузург аст, шумо ба мақсад намерасед. Бадхони касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд. Худованд ҳақ аст. ва ҳақиқатро дуст медорад. Худованд касеро ки хоҳад, ва ҳар чи ки хоҳад ба бандаш медиҳад. Гуфти худат пақ пақи зиёдакти накуну дуо кун ки мардуми тоҷик дигар он рузҳоро набинад.

Аввалан шумо хаки худро мавлави гуфтанро надоред Шумо мегуед ки бисер шудани масчидхоро касе ифтихори худ надонад хато мекунед як ба чумхурихои хамсоя раведу дар масчид намоз гузоред (дигар шуморо дар руи замин касе намеебад) Ногуфта намонад шумо дар майдони шахидон хам бисер талошхо карда будед.Сиесати дурусти пешвои миллат аст ки мо мусулмонхо озодона дар масчид намоз мегузорем. Агар лозим шавад барои озодии ин мулк чон месупорем. Ногуфта намонад шумобаринхо дар гирду атрофи Спитамен Темурмалик Муканнад хам буданд. АЛЛОХУ АКБАР

Ба Хусрав аз Понгоз
Суханота дониста зан худат чи хасти? Намозота хон, аз паи корот шав ё хамаи корот буд хаст, бо худата мусулмон мегири. Бра дасти ягон касаи нотавона биги ана ин кори хуб ин млохо дигар кор надоранд. Бо ба иёра вазифа даркор шудай яке агар дунё нотенч шавад рохи дигар даввлатхор мегиранд бо шумо дахандон кандаги нона хоб мебинед ё нона ксеракопия карда дар таги саратон мемонеду кр-кри шакамтона гуш екунед. Бо гуфтани хастам ки ба ин нархар, ки ягон каси калонсол инхели гап назан. ту насихати калона нашунида боши. Шумоворира бараи нар меган Т гапи мара бигир намозота бхон, хурмати калонро бдон, ба падару модарат хизмат кун ана ин аст чиходи ту. Бахшиш ба хонандагон, ки камтар аз боби насихат ба ин хусрав гуфтам

Салом. Хизб танхо барои ба сари хукумат омадани баъзе одамон ташкил мешавад. Ин мавлавии бузург дилаш хохиши хукумрон шуданро дорад. Эй бародар ин кадар илм дори ба одамон ёд дех на ин ки одамони хила зиндагиашонро ёфтагиро саргаранг накун.
[u]Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Ман пеш аз ҳама як мусулмон мебошам. Вале оне ки мулло ҳастам ё сиёсатмадор онро ҷомеа медонад, ин тараф ба худи ҷомеа вобастааст. Ман як мусулмони диндор мебошам ва аз сиёсати дини худ пуштибонӣ хоҳам кард. Орзӯи онро дорам, ки дини ману Қуръон ҳамеша боло бошад. Яъне иззати дини худро мехоҳам ва зиндагиамро низ аз оилаам шуруъ карда, бар ҳамин асос ба роҳ мондаам ва дунёро низ хоҳони онам, ки бо калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ паруд гӯям.
Агар сиёсатмадор боши дар зери никоби ислом худатро нигир баъд натарсед агар одамон шуморо эътироф кунанд идеяи шуморо кабул кунанд бе калимаи ислом шуморо бо хизбатон кабул мекунанд. Ё дигар хизбхо одамонро ба калбасахури даъват мекунанду шумо бошед ба халол кори? Мард бошед дар сиёсат гарамбози накунед .......

Озодагон барои чи шахри маро нашр накардед боз худро озодагон меноманд шарм доред!

mavlavi sharm namedori?bachahoi rashtu panju vahdatro fireb dodivu puli kalonro girifta xonahovu moshinhoi dakadang girifti.sag gufti hukumatro dar nazar dori?sag tu hasti ki vatanu milatro notinji mekuni bo guruhat.inshoalloh kalimai lo iloha ilallohro nasib namegardi.chunki dilaton siyohu bad ast.shumoro hej kasam hukumat dodaniham nest.bakuvvat bakuvvato hukumatu pasi hukumatda istodagiyand.az dastaton hej chiz namiya.xalka gumroh nakuned misli xudaton.

Салом Бародарон, Як чахон ташакур ба сомонаи Озодагон, чашми мардумро мекушояд. Хонед ва худ казоват баред чи мехоханд ин «мулохо» Бисерзанаги? Дастбури? Мардумро чудокуни? Хукумат мехоханд феодализм мехоханд! Асримиёнаги мехоханд! Куръони каримро бар манфиати худ истифода меберанд. Худои таъоло хеч гох ин одамонро хукуматдори Точикистон накунад. Сад хайф, ки дар ЧТ ягон сиёсатмадори, ки гами халкро хурад нест. Хама барои мансаб ва хукумат кушиш мекунанд. Нагз мешуд агар насли бешрафтаи чавонон бо сиёсат завкманд мешудану ягон дигар гуни дар ЧТ мешуд.
80% и шахрхоро лаганбардоронашон менависанд ва ба хулосеи меои ки наход фахмиши халк чунон кунд
аст ки сиёхро аз сафед фарк намекунад. Мардуми бо аклу маърифат хап нашинед беахамият набошед чунин одамон фитнаанг меноманд. Дар охир Худоё халки азияткашидаи моро дар панохат нигах дор..

safar
hamin odam domullo muhamadali mustahik ast baroi sukhanguftan dar ozodagon savodi kofi nadorad jize foida nafsiash taarif mekunad hakikat nameguyad


АФСУС, КИ ҚАДРИ ИЛМ НОПАЙДО ШУД.
АЗ КИНАВУ БУҒЗ ҲАР ЯКЕ ДОНО ШУД.
ҲАР КАС, КИ ДУРУҒ ГУФТ, ИН ДАМ ШАЙХ АСТ.
ҲАР КАС, КИ ҲАРОМ ХУРД МАВЛОНО ШУД.

Саломат бошед

Ман факат мехостам бигуям, ки дини поки исломро набояд бо сиёсаи омехта кард...

Sibir@mail.ru

кози
тамоми динхои чахон худо гуфта нигохбонии дину китобхои динии худро мехоханд. худо чи кор кунад, мисли мохи ва мохигир ин яке зори дорад ба шаст наафтад дигари бе ризк намонад. ин хама шуру киём дар майнаи шумост худо агар дар дилатон бошад сухан гум мешавад ва факат ту мемониву У. Омули бузург хамон саркохин аз кинои Юсуф низ динашро сиёсат медонист чунки дини у онхоро мехуронд ва сохибкудрат карда буд обру ва кудрат табиати нафс аст на дин. худоро низ бо фахми худ сохтаед.

student
mullo mahmadaliro chandbor shudki mekhonam hamchun failasuf shinokhtamash nainki khudo shinos va paikgambar shinos lekin meguyam islom ba failasuf muhtog nest inho az khud ziyodu kam karda din mesozan

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)