Тоҷири “мевафурӯш” алайҳи ҲНИТ садо баланд кард
Фариддуни Исматулло, як тоҷири мевафурӯш аз деҳаи Роғи ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ, ки мегӯяд, то соли 2007-ум узви ҲНИТ будааст, ахиран бо ирсоли як нома ба хабаргузории “Озодагон” дар бораи фаъолияти ҲНИТ дар Ванҷ ва дар маҷмуъ Бадахшон ибрози назар кардааст ва хабаргузорӣ ба хотири гуногунандешӣ ин номаро бетағйир пешкаши хонандагонаш мекунад:
Банда, ҳар рӯз нисфирӯз вориди сомонаҳои хабаргузорӣ мешавам, зеро дар вақтҳои дигар ба хариду фуруши сабзавоту мева машғул буда, вақти холии мувофиқ надорам. Имрӯз чун ҳаррӯза ба сомонаи хабаргузории Оздагон ворид шудам, назарам ба изҳороти Раҳмонов Завқибек, раиси Шӯъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ ва Броимшоева Муслима- иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ дар Бадахшон афтод, ки онҳо изҳороти масъули ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, Асрор Булбулловро маҳкум намудаанд.
Бо далелҳои нокифоя ва бо калимаҳои «шояд ва гумонам» мақомотҳои давлатиро муттаҳам намуда, ибораи ҷаноби Булбулов, ки узвияти 3 ҳазор дар ҲНИТ аз Бадахшонро дуруғ гуфт, инкор намуда, хонандаро ба гумроҳӣ роҳнамоӣ менамояд.
Бо далелҳои зерин факту рақамҳои ҷаноби Булбуловро дастгирӣ менамоям ва ҷонибдори онам, ки калимаи Ислом аз ҲНИТ бардошта шуда, фаъолияти ин ҳизб барои надоштани аъзои воқеӣ дар Бадахшон баста шавад. Дар ноҳияи Ванҷ ташкилотҳои ибтидоии ҲНИТ бо ном вуҷуд дошта, фаъолияти воқеӣ наменамоянд.Дар шаш ҷамоати деҳоти ноҳия узвҳо ва ҷонибдорони ҲНИТ танҳо дар баъзе чорабиниҳои сиёсӣ фаъол мешаванд. Бо истифода аз эҳсосоти бархе аз ҷавонони бехабар дар маъракаи интихобот бо калимаи ислом ҷавононро ҷалб намуда, дар сурати хат кашидан ба калимаи ислом гунаҳгор мешаванд. Аз 320 аъзо доштани ҲНИТ дар Ванҷ бӯи шубҳа меояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар бахши ҲНИТ-и ноҳия танҳо 3 нафар кор менамоянд.
Агар воқеан, бахши ҲНИТ дар ноҳия фаъол бошад, 10 нафар ҳадди ақал дар утоқи кории онҳо дида мешавад. Бо итминон метавон гуфт, ки аъзоёни ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ кайҳо бо ҷорӣ шудани низоми қонун аз сафи ҳизб хориҷ шуданд. Омори қайднамудаи Раҳмонов З. аз ҷониби масъулини ҲНИТ аз ҷумла доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ, супоридани ҳаққи аъзогӣ мавриди санҷиш қарор гирад, ба рӯё монанд мебошад. Шиори онҳо истифодаи номи «Ислом» ба манофеи ҲНИТ аллакай дар байни мардум эътимод надорад. Аслан, аъзоёни ҲНИТ бо аҳли зиё иртибот надошта, инро худи онҳо низ эътироф менамоянд, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба сари омӯзгорон, табибон, аҳли фарҳанг фишор оварда, онҳоро аз арҷ гузоштани сунатҳои миллӣ манъ менамуданд. Аъзоёни бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ, бо истифода аз ҳамагӣ 3 нафар буда, дониши кофии дунявӣ ва динӣ надоранд.
Ҳамчунин аз рӯи мушоҳидаҳо дар шаҳри Хоруғ, ки ба фурӯши маҳсулоти сабзавоту меваҷот машғул мебошам, ҳеҷ вақт номи ҲНИТ-ро нашунидам ва ба аъзоёни онҳо вонахӯрдам, зеро дар шаҳри Хоруғ урфу одати мардум дигар мебошад. Масъулини ҲНИТ дар Бадахшон воқеаҳои шаҳри Хоруғро ба манофеи худ истифода бурда, ном бароварданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |