Бахшҳо

Чопи нахустин шеъри Бозор дар васфи Эмомалӣ Раҳмон

Нахустин мисраъҳои шеъри Бозор Собир, шоири тоҷик дар васфи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нашр расид.

Ин шеъри Бозор Собир, ки он “Қаҳрамони ваҳдат” номгузорӣ гардида, дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон суруда шудааст, аз 24 мисраъ иборат буда, дар шумораи 90-уми “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 4-уми июл рӯи чоп омад.

Шеъри “Қаҳрамони ваҳдат”-ро, сарояндагони тоҷик инчунин рӯзи 27-уми июн дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдат дар Наврӯзгоҳи марказии шаҳри Душанбе хондаанд, ки чунин аст:

Чун халқи холиқи мо ҳар сӯ зи ҳам ҷудо шуд,
… Беҷо ба зери гардун барҷои мо зи ҷо шуд.
Ҳарфи муҳаббати ту, ҳарфи зи ваҳдати ту,
Бар ҷумла ҷони хаста, монандаи даво шуд,

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Номус парчамат шуд, бас ёди нанг кардӣ,
Дар роҳи сулҳи миллат бо чанг ҷанг кардӣ.
Садҳо гиреҳ кушодӣ, пайваста қалбҳоро,
Бо меҳр сад бағалро холӣ зи санг кардӣ.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Ҳар роҳи ту чу роҳи бахти сафеди халқ аст,
Неругаҳат чу барқи чашми умеди халқ аст.
Чун марди ваҳдатовар, ҳастӣ саодатовар,
Ҳар рӯзи неки умрат, рӯзи саиди халқ аст.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Сад минбари баландат маъвои роз бодо,
Иқболи халқи хешат, умре ниёз бодо.
Кӯтоҳ агар бигӯем, сӯи саодати халқ
Дастат дароз бодо, умрат дароз бодо!

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!


Дар лаҳзаҳои хондани ин шеър тариқи телевизион ду бор Бозор Собир ва як бор Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир аз нахустин шоирони тоҷике ба шумор меравад, ки дар даврони Шӯравӣ аз сурудан ё навиштани шеър дар ҳаққи ҳизбу ҳукуматдорони коммунист худдорӣ намудааст.

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, пас аз нунздаҳ соли ғурбат бегоҳи 27-уми май барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.
Мӯҳр
Махмад
Ба у падараш дар вакташ номи сазовор монда будааст, дигар чои гап нест.

Оё шоир як ба ин тавзиҳоти хонандагон, ки уро ээҳтирому қадр мекарданд, таваҷҷуҳ мекарда бошад. Воқеан, дарборӣ буданашро собит намуд. ин худ бори дига нишонаи рейтинги пасти раҳмон аст дар остонаи интихобот, аз ин ру низоми ҳоким намехоҳад интихоботи озоду шаффоф гузарад, барои ҳамин нахостанд депутатҳои ҳукумати дар қонуни интихобот тағирот ворид кунанд, зеро медонанд, дар ин сурат ҳеҷ гоҳ пируз намешавад. Мардум чашматонро кушоед, то овозҳои шуморо надузданд.

Аскар
Дар хотир дорам, тахмин солхои 90 буд, дар хобгохи№ 3 кучаи Репини шахри Душанбе, Бозор Собир ки барои депутати талош мекард, дар назди донишчуён баромад карда, халки он суи агбаи Анзоб (вил.Ленинобод)-ро узбак хисобида буд. Баъд хама аз назди ин маддох рафтанд. Лекин рахмати Саломидин Шаропов галаба карда депутат шуд. Аз хамон вакт ба худашу ашъораш нафрин дорам. Бовари дорам, ки дар бараш се чор байрак дорад ва бо мурури замон ва ивази хокимият хамон байракро мебардорад!

БОЗОР ТО ПУЛ НАГИРИФТ ЬАДХИЯ НАНАВИШТ.

Salom Ozadagon.Az ruznomai shumo fakat ba gair az igvo digar chiz dida nameshavad.Ohir kamtar az rui insof navised.
Yakum, in sheri Bozor Sobir nest va az shumo hohish mardumro gumroh
nasozed.
Digar on ki Bozor Sobir shumo hohed e na dar tarih memonad,ammo
bahilii shumo daruni shumoro koftan megira to ohiri umraton.
Chunki tabiataton hamin turi.
P.S. Afsus hurufoti tojiki nadoram..

ozoda
Voi bar halk! Sadkai shoir shaved. Yak odami bevigdon navisht,ki in

sheri Bozor Sobir digaron poddai ' baranov' az kafoyash. In sher az
Nizom Kosim va sheri hub ham ast.
Dar oyanda bo magzi hudaton kor kuned, agane ' tupoi ' shudan megiri.

Эй бародарон, ин кадар нотавонбини дар хакки як ШОИР аз кучост?! Чарост?! Охир, у ки чавонмард аст, чавонмардона намакро пос доштааст.Магар поси намак оини чавонмарди нест?! Ое шумоен бо дили моломоли кинаву бо забони нопок хакки довари доред ?! Пас , Шумо кучову номи поки Бозор Собирро ба забон овардан кучо?! Биравед вузуи зохиру ботин бигиред, то покиза шавед! Эй бародарони "хакгуву хакчуй", шумо кучову УСТОД кучо?! Охир, у сипехру шумо кафи хокед, як мисраи баландаш аз кулли шумоен-- харзанависон волотар аст!

Sadqai nomi ШОИР shawed!

Ташаккур дустам Бозор бенихоят шеъри хуб. Точики асил, инсони оликадр ва шоири забардасти точик хастед. Мо бо шумо мефахрем. Дар ин шеър таърихи халки точик, чонбозихои сарвари давлат барои вахдати миллии точик кушода дода шудааст.

Аммо ин ба хоинони миллати точик маъкул нест. Аз ин ру ин суханони пучро менависанд. Сарвари давлат шуда ба халк хизмат кардан, мамлакатро обод кардан, ба кадри шоиру фарханг расидан ба хар кас муяссар намешавад.

Ғариб аз Маскав
Шарм бояд кард аз Бозор Собир 10-руягиашро нишон дод чанд
сол пештар гуфтаю навишта буд,ки агар Президент маънои баромадщояшро дар вохури бо зиёиён мефащмид Ӯ (Б.С) ба забони қароқаллпоқӣ шеър менависад. Шояд оянд дар бораи И. Каримов у Ҷ Сорос ҳам чизе бинависад.Ҳайфи шоирони дарбории мо ки ба ҷой он,ки роҳи ришваю фасоду дарбадарию ғарибии ҳаммиллатонашонро бошеърҳояшон бигиранд ҳануз ҳам лаганбардорӣ мекунанд......

Вираж
Шумо кучову як мисраи "забони точики", "Исмоили Сомони девори Бухоро буд" е "Ману як хайкали Ленин точик" кучо. Бемантикхо, хоинхои миллат. Шарт нест баьди завол едовари намоем, ки Эмомали Рахмон ки буду чи кард, курхои ношукр.

АНИСИ ХУЧАНДИ
БА БАРОДАРОНЕ КИ НОДИДАВУ НОСАНЧИДА СУХАН МЕГУЯНД!
"Аз дуруг гуфтан хамин кофист ки ШУНИДАРО ба дигарон бигуи" Бародаро чаро дар хакки Бозор Собир ин кадар суханхои носазо мегуед ки на хамаи он асоси вокеи доранд Агар максади ин хама носазо гуфтанхо нисбати Бозор Собир ма.нои норози будан аз давлатдории Эмомали Рахмон бошад хато мекунед Чунки аз хама пушида нест ки Эмомалии Рахмон тамоми хастии худро ба Точикистон бахшидааст ва бемории табобатнашавандаи у ин дарди миллат мебошад.
ИНРО БЕ МУХОБОТУ БЕ ТАМАЛЛУК МУГУЯМ !

дилшод
Бародарони азиз.Пеш аз оне ки маломати шахсеро мекунед,аввал дар сурат ва сирати хеш назар афканед.Оё шумо худ заррае ба миллат ва давлати худ фоида ё манфиате овардаед.Нисбати шахсе сухан мегуед,ки обрую эътибори баъзе аз шумо барин бо ном точикро дар арсаи чахон баланд бардоштааст.Боз гуфтании дигаре дорам,ки баъзе аз шумо хатто бо забони зебои точики харфи дуруст навишта наметавонед.Касе ки ин шоири бузурги асрро зери танкид карор додааст у аз мо нест;нафароне мебошанд ки даруни синахояшон пур аз фитнаву бухлу чохилист.Касе ки дар хакки ин марди шариф суханони носазо мегуяд у худ узбак ё инки пасмондаи хамон мугулони хунхуре хастанд,ки давлати калони зебои точиконро ана ба хамин кухистон мубадал гардониданд!!!!

джага
Бозори чангандоз магар ин шери у нест соли 1992 нависта буд (золимин золимин марг банайрангатон хуни шахидони мо мерезад аз чангатон)ин шиори бозорак

Гарени
Одамои содда. Нест дига ягон коре ки акалан ба фоидаи оилаи худатон бошад?? Шумо паразитхо аввал масалаи оилавии худатона хал кунед ба ба Хукумату давлат кор гиред. Вакте, ки нони хурдан наёфти и айби бемиёнию нохуши аблахию тамбалии худат аст айби давлат нест. Газалу шеърхои Саъди, Хофиз, Бедил хама аз Куръони Карим гирифтаанд барои баъзе бесаводоера, ки забони арабира намедонанд. Онхо ах ишки Худованд месуруданд. Ибодати онхо бо хамин рох буд. Баъзеатон оли як калима бо хатти кирили ёд гирифта падари худатонро гапзани намемонен.

дусдори аллох
озод,
Ин бозори. дар як видиош лелина ай хама. Боло. Мега. ххато ай пайгамбаронам болло мега

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)