Бахшҳо
12 май 2013 13:23Тоҷикистон / Тема дня

Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)

Додситонии шаҳри Душанбе бо пахши як иттилоия хабар дод, ки рӯзи 11 майи соли 2013 бо моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои серзанагӣ, алайҳи Зайд Саидов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассосиатсияҳои соҳибкории кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Додситонӣ мегӯяд, мувофиқи маълумоти мавҷуда, Саидов Зайд дар як вақт бо чор зан зиндагонӣ менамояд, ки ин хилофи меъёрҳои умумибашарии тамаддунӣ мебошад.

Ин ниҳод меафзояд, ки Саидов аз зани аввалааш – Тоҳирова Латофат, соли таваллудаш 1962, соҳиби 5 фарзанд, аз зани дуюмаш – Юнусова Фирӯза Муҳамадиевна, соли таваллудаш 1966, соҳиби 3 фарзанд, аз зани сеюмаш – Аминова Парвина, соли таваллудаш 1982, соҳиби 2 фарзанд буда, зани чорумаш – Орлова Марина Сергеевна, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Курски Федератсияи Россия мебошад. Барои серзанагӣ қонунгузории Тоҷикистон ду соли маҳрумият аз озодӣ ва ё ҷарима дар ҳаҷми то 80 ҳазор сомониро пешбинӣ кардааст.

Ҳамин тариқ дар ҳоле, ки Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” шаби 10-уми май ба хориҷа рафтааст, мақомоти Тоҷикистон, рӯзи 11-уми май аз ифтитоҳи ду парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва изофанависӣ хабар дода, хонаи ӯро бозҷӯӣ ва аҳли хонаводааш, аз ҷумла атфолро барои бозпурсӣ ба додситонӣ бурдаанд. Худи Саидов, ки ҳамчунин раиси Федератсияи тенниси рӯи мизии Тоҷикистон ҳаст, айни ҳол дар садри дастаи теннисбозони кишвар дар шаҳри Пориси Фаронса қарор дорад ва ин чанд аксест, ки зимни сафарашон гирифта шудаанд:

Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)

Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)

Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)

Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)
Мӯҳр
Сорбон
Эй бесаводон аввал ин ки чор зан доштан фарз нест! Дуввум агар ин акамон шароити хуб дошата бошад, хеч гап не нафси шахвонии худашро бо хамон як зани никохиаш конеъ мекарду се бечораро оиладор мекард хело савоб мешуд. Айб нест,ки моро эронихо зан диханд! Наход мо ба хадди шиахо савобро дарк накунем!

Молодец Зайд.А все остальные министры, начальники и воры наверное "ангелы"))).Кому вы мозги пудритие?Любой гражданин РТ знает,что сейчас любой чиновник и бизнесмен имеет несколько жен.Или думают,что мы все совсем идиоты?

Хама 4 завчахои ин бародари мо конуни никох дар назди Аллох Субхана ва Таъала доранду якдигарро хеле хуб медонанд ва хурмат мекунанд! Хама фарзандон бо якдигар калон шуда, додару бародари мекунанд!!!
Харомихои дуззахи ин бародари моро тухмат зада хабс карданиянд!
Ба ватани бессохибамон барнагардед акаи Зайдулло, ба ахли дуззах имконият надихед то ки дастгиратон кунанд!
Аллох Субхана ва Таъала шуморо дар панохаш нигах дорад, амин

офарин ба шери нари точики бономус, ки чанд духтари дигарро сохиб шуда тарбияташон мекунад.
на мисли дигархо , ки духтарони точикро ба бегонагон мефурушанд.
миллати точикро паст кардаанд. кадди роххо пур аз духтарони фохиша шудааст, ки ин беномусист барои касоне, ки зидди чунин масмъалахои ичтимои хастанд.
Хар кас Зайд барин шери нари бочурат шуда наметавонад.
балки баъзехо чун рубох дар дарахои Варзобу Ромит ба номуси духтарони точик даст зада умрашонро месузанд, инхоро мо бояд танбех ва чазо дихем на......

Офарин Зайд Саидов бо чунин чавонмардиатон.президент чандто зан дорад раиси шахри душанбе чандто зан дорад ва дигаронашон чандто зан дорад инро тафтиш кунанд чаноби ъоли камуш 3 зан дорад парвина шукруллоева боша зани убайдуллоев аст!

салом бародарон ма такрор кардан намехохам он чи ки шумо навиштед бале огои /Зайд Саидов дуруст кардаанд ки серзананд ман факат мехохам ба он бародаре ки навиштааст ки бояд дигаронро зан медод на онкадар мувофикам зеро ки огои зайд саидов занхоеро зан кардааст ки онхо мухточи мард хастанду дигар онхоро чавон писарон ба зани намегиранд ва дигар тули чанги хонумонсуз саршумори мардони точикро кам карданду боз мехоханд мардум як зани дошта бошанд ба фикрам ин огоён саршумори зан ва марди точикро мукоиса накардаанд ва ё шиками сер парвои гуруснаро надорад

Офарин, монедаш мардак биравад. Ин чор зану 12 фарзанда сер кардан-ша гуед. Чаримаашро ба бачахош бахшед. Ин илтимоси як нафар шахрванд.

фирдавс
ОФАРИН РАИСИ КАЛОН ХУДО ТЕЗТАРАК ОЗОД ШАВИ!!!
Абдуррахмон С.,

точик
худованд нигахбонатон боша

каримджон
Бег Зухуров се зан дорад,барои чи хама хап.

ин кори норавост нисбати шахси бообуруи точик

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)