Ин ҷо Душанбе: Роҳкиро -- 1.60 ё 2 сомонӣ? (ВИДЕО)
Дар мавриди худсарона аз мусофирон 2 ва гоҳо 3 сомонӣ роҳкиро гирифтани ронандаҳои мусофиркаш борҳо гуфтаанд ва мардум ҳам аллакай одат кардаанду касе эътироз намекунад.
Рӯзи чоршанбеи даҳуми апрел вақте ба мусофиркаши 33 (тавре бо ҳарфҳои калон навишта шуда буд-Корвон-Саховат) савор шудем, “кондуктор” аз ду нафар 2 сомонӣ талаб кард. Дар ҷавоб он мард ба навиштаҷоти тирезаи мусофиркаш ишора кард, ки роҳкиро 1 сомониву 60 дирам нишон дода шудааст. “Кондуктор” бепарвоёна гуфт, "инро ҳамин хел часпондаанд".
Дубора пурсида шуд, ки охир он бо қарори раиси шаҳр тасдиқ шудааст. Ронанда ба гап ҳамроҳ шуду гуфт, ин мошин шахсӣ асту ба касе писанд нест, фарояд. Мо ҳам ба он ронанда фаҳмонданӣ шудем, ки қарори раиси шаҳр барои ҳамаи мусофиркашҳоест, ки дар хатсайрҳо ҳаракат мекунанд, дар ҷавоб дашном шунидему бо таҳдидҳои паёпайи ронанда маҷбур шудем, аз он берун шавем.
Он ҳама радду бадалҳо бо ронандаи мусофирбарро дар ин навори видео бубинед:
Хонандаи азиз, агар Шумо ҳам боре бо ин ҳолат рӯбарӯ шудаед, ба мо бинависед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |