Бахшҳо
18 мар 2013 09:39Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Сӯҳроб Шарифов: "Ҳамсояҳо моил нестанд, ки ҲНИТ ба қудрат бирасад" (ВИДЕО)

Абдулғании АБДУЛВАҲҲОБ

Гуфтугӯи хабарнигори «Озодагон» бо Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.

Ин сӯҳбати мо дар ҳоле доир шуд, ки ҳафтаи гузашта ҷаноби Шарифов дар нишасте эълом кард, дар интихоботи президентӣ Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон рақиб нахоҳад дошт. Дар оғози сӯҳбат мо ҳам аз ӯ хостем, то далели ин гуфтаҳояшро шарҳ диҳад.

Сӯҳроб Шарифов: «Раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, албатта, ҳамчун рақиб метавонанд дар ин интихобот ширкат ҷӯянд. Бар асоси қонуни интихобот ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш ба 35 расидааст, метавонад номзадияшро пешниҳод кунад. Вале сифати ин номзадҳо ва рақиби ҷиддӣ шудан ба номзади эҳтимолии ҲХДТ бисёр душвор аст. Зеро он ҳизби пурқувват аст ва аъзои он ҳам мардуми шинохтаи тоҷик ва таъсиргузоранд. Аз ҷиҳати молию моддӣ низ ин ҳизб пурзӯр мебошад. Ин ҳамаро ба назар нагирифтан кори нодуруст аст. Дар сиёсат бояд, натанҳо як романтизми сиёсӣ, як фантазия вуҷуд дошта бошад. Чи тавре мебинем, аҳзоби сиёсӣ дар ин 20 ё 15 соле, ки арзи ҳастӣ доранд, ягон ҳуҷҷати ҷиддию алтернативии роҳи рушди Тоҷикистонро надоранд. Кӯчак баромад мекунанд дар ин ё он масъала, алоҳида-алоҳида. Масалан, Раҳматулло Зоиров масоили ҳуқуқиро бештар матраҳ мекунад. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бархе масъалаҳои идеологию озодии виҷдонро мегӯяд. Аммо як барномаи ҷадиду комил надоранд, ки фардо сари қудрат оянд, чигуна давлатро идора мекунанд. Он барномаҳои ҳизбие, ки вуҷуд доранд, дар як шакли тезисӣ ва хело ҳам норавшан мебошанд. Аммо барномаи мушаххас надоранд.»



-Чи хеле Шумо кори аҳзоби мухолифро танқид кардед, аҳзоби мухолиф низ дар навбати худ ҳукуматро ба он айбдор мекунанд, ки дар бист соли гузашта натавонистааст мушкили сокинонро ҳал кунад. Дар ҳоле ки ахиран раиси ҲСДТ гуфт, омодааст дар давоми шаш моҳ Тоҷикистонро аз бӯҳрони энержӣ бираҳонад...

Сӯҳроб Шарифов: «Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ҳизбҳо ингуна изҳороти афсонавию хаёлӣ накунанд. Он изҳороте, ки раиси Ҳизби умумиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон намуда буд, ки то моҳи марти 2014 Тоҷикистонро аз бунбасти энергетикӣ мебарорем, ин чизҳо афсона мебошанд ва ингуна афсонаҳоро бояд лидерони аҳзоби сиёсӣ нагӯянд. Инро танҳо бо як роҳ кардан мумкин аст, ки манфиатҳои Тоҷикистонро фурӯхтан ва рафта ба давлати ҳамсоя сархам кардан, ки он ба мо барқ диҳад. Идора намудани давлат кори шӯхӣ нест. Барои мисол, ман дар ним ё як сол аз буҳрони иқтисодӣ ё энергетикӣ Тоҷикистонро мебарорам, ингуна афсонаҳоро бас кунанд. Ба ингуна масъалаҳо ҷиддитар, бо ҷалби коршиносони мушаххас дар ин соҳа назар карда, ба мардум пешниҳод кунанд. Худи идора намудани давлат, механизми ба сари қудрат омадани президент баъд аз интихоб шуданаш, муайян месозад, ки дар ним сол ҳоло ҳукуматро ба миён овардан мушкил мебошад, ҳоло ягон барномаро амалӣ кардан он тараф истад. Инҷо масъалаҳои зиёди вазнине барои ҳизбҳо баъд аз интихобот пайдо мешаванд. Агар он ҳизбе, ки биояд сари қудрат бо ин 18 ҳазор вазирону коркунони давлатии кунунӣ кор кунад, ягон дигаргунии ҷиддӣ дар Тоҷикистон намешавад. Ҳоло номаълум, ки ин вазирону раҳбарон бо он розӣ мешаванд кор бикунанд ё не. Бисёриҳо мегӯянд, ки ҲХДТ метавонист, номзади дигареро пешниҳод кунад. Вале ман бори дигар мегӯям, ки дар ягон давлати ҷаҳон, ҳизби сиёсие, ки як сиёсатмадори бонуфуз ва дорои маҳбубияти мардумро дар тамоми кишвараш ноил аст, дигар касро пешниҳод нахоҳад кард. Инҷо дигар ягон ҷои экспримент нест.»

-Аз ин бармеояд, ки ҲНИТ-ро ҳам бо бештар аз 40 ҳазор аъзояш рақиби ҲХДТ намедонед?

Сӯҳроб Шарифов: «Ҳизби наҳзатро мо нисбат ба коммунистҳо рақиби ҷиддӣ мешуморем. Аммо интихоботи президентӣ нозукиҳои худро доро мебошад. Дар инҷо муборизаи шахсиятҳо вуҷуд дорад, нафақат аҳзоб. Агар мо тамоми он ашхосе, ки дар ҳизбҳои дигар ҳастанду эҳтимол муқобили Эмомалӣ Раҳмон бираванд, фикр мекунам, агар Эмомалӣ Раҳмон таблиғоти худро оғоз кунад, тамоми мардум ӯро дастгирӣ хоҳанд кард. Аз сӯи дигар, ягон давлати ҳамсоя омода нест, ки ин ҳизбро дар сари қудрат дар Тоҷикистон бубинад. Ягон давлат, ба ҷуз Афғонистон. Агар давлатҳои собиқ Шӯравиро мисол биорем, онҳо муқобил мебошанд, ки намояндаи ҲНИТ сари ҳокимият биояд. Инро ҳам бояд ба назар гирифт. Яъне қувваҳои беруна вуҷуд дорад, ки пеши роҳи ингуна корҳоро мегиранд ва ҲНИТ ҳам инро дарк кардааст ва мегӯяд мо ҳоло омода нестем.»

-Яъне, гуфтанӣ ҳастед, ки дар чунин мавридҳо низ кишварҳои ҳамсоя дахл мекунанд ё даст доранд?


Сӯҳроб Шарифов: «Албатта, саҳм мегузоранд. Бе ин сиёсат намешавад. Ҳамаи он давлатҳое, ки манфиатҳои худро дар Тоҷикистон доранд, ҳатман гӯем як «субъект»-и иштироки ин интихобот хоҳанд буд. Албатта, инро бо роҳҳои пӯшида анҷом медиҳанд. Зеро қонун инро манъ менамояд.»

-ҲХДТ аз қабл эълон карда буд, ки номзадаш дар интихобот ширкат мекунад ва он ҳам раисиҷумҳури феълист. Аммо дар ин давра чи тағйиротеро интизор будан мумкин аст?

Сӯҳроб Шарифов: «Ба фикри ман, ислоҳоти ҷиддиеро дар баъзе аз соҳаҳои рушди ҷумҳурӣ аз қабили иқтисодиёту муҳоҷират, озодиҳои ҳуқуқии мардум, масоили озодии виҷдону сухан хоҳад буд. Аз ҷумла тағйири бархе аз қавонин.»

-Ҳафт соли пеш ваъда бар ин буд, камбуди нерӯи барқ рафъ мешавад. Вале ин мушкил ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Ин масъала дар барномаи қаблазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон шомил хоҳад буд?

Сӯҳроб Шарифов: «Масоили энергетикӣ, албатта, хоҳад буд. Зеро се стратегияе, ки мо ва раисҷумҳур пешниҳод карда будем, ҳоло ҷомаи амал напӯшидаанд.»
Мӯҳр
Мучтабо
Як раиси калхоз тавонист призидет бошад, чаро номзадхо ва доктохои илм натавонанд?
"Хамсояхо намехоханд "боз якбори дигар даст нишододаи хамсояхо будани ХХДТ ро исбот намуд огои Шарипов.
Агар ба пирузи номзади ХХДТ бовар доранд мардона конуни интихоботро ва онхом як моддаш ро иваз кунанд ва хузури намояндаи ахзоби сиесиро дар учаскахои интихоботи хатми кунанд.

Шарипов хак аст.....ХНИТ на ирода..дорад..на кадр....Рахмон хамаашро дорост....миллат тарафдори уст...Дигар хизбхо...токат кунед...

alhambr
20 сол эмомалии ту чи кор кард ки бо ту куни!

voi bar holi shumo sharipov, hej yak odami obektivi nashudedu pir shuded...

Аввалан аз хама сийосатмадорон узр мехохам.
Ман як чавоне хастам бе маълумоти олли синам21 аст, вате ин мавзуъро мутолиа кардам вучудам ларзид устухонхоям хорид, имруз ду номзаде, ки болои онхо бахс рафта истодааст ман тарафдори харду хастам, харду лиманд. Танхо хохони онам, ки ба мо барк ва хамин мухочирони чавонро набошад хам хамин падару модарони 45-55 солае,ки имруз дар Ф.Росия ба фаррошию ба корхое, ки номумкинаст карданаш машгуланд ба хона баргардонад. Аввл аллох ва бад Эмомали рахмон ва Абдулло Нури буданд, ки милати моро аз нест шави рахониданд бигзор Эмомали Рахмон боз сари вазифа бошад ва ин суханхоро хонда Мухиддин Кабириро ба назди худ даъват карда якчоя корро пеш баранд,ки милати модигар фараи бозихои сийоси надорад. Ва ба хамаи хонандахо гуфтаниям "Он чизе айон аст хочат ба байон нест" Эмомали Рахмон дар давоми ин солхо корхои зийод кард аммо боз бузургворе мегуяд "ман аз бегонагон харгиз нанолам хорчи барман кард йору ошно кард" охир ин ландахурхои дар байни худи мо будахо гуфтахои чанобро намекунанд хамма 90% ба манфиати хешу хонаи худ кор мекунанд. !!! Хуршеди Муроди хастам гуфтаниям бийоед эй бародарон эй точикон эй ( роднойхо) сафсатаро партоем хама каса басуи ободии худ шавем, бочашмони пур об дили аламнок мегуям Сарвари давлат ту барои мо коре карди бисйорихо холо даркаш накардаанд аз ту як хохиш боз сари хокимят меой хамаи он порахуронро аз идорахои зидикорупсионихо саркарда харки пора мегирад бурда 20 сол махкам кун 10 сол нахуранд мо обод шавем акалан дар хонахомон дар назди падару модар ва фарзандомон дар хамин умри кутох зиндаги кунем дигар намехохам фарзандони падарро дар ин дузахти руй замин бинам ту ва Кабири мардони бузург хастед якчоя кор кунед бахри мо бахри худо...

tojik
salom duston dar injo har kase chize navishta ast man niz mekhoham binavisam ki dar kishvare ki DEMOKRATIYA megued pas boyad hamon tavr boshad yane moned bo rohi durust va oromona be yagon fishorho har hizbe ki mekhohad ki nomzadi peshbari namoyad ozod va be yagon fishorho boshad dar in holat ma,loom meshavad ki ki golib meshavad agar voqean bo usloobi demokrati va shaffof in intikhobot barguzor gardad.
chunone ki dar intikhoboti parlumoni ki soli 2010 guzash hukumat khub donist ki HNIT bo chi niru va ovozho sohib shuda bud vale mutaassifona on qavle ki raisi jumhoor va,da doda bud SHAFFOF barguzor megardad chunin nashud va sukhani raisi jumhoorro shikastand pas biyoyed kholisona va az rui odami yo insongari raftor namoem dar in dunyoi chandrooza ey mardoomi tojeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeek
dar okhir sarbulandu sarfaroz boshed ey millati musalmoni tojeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeek

Аз "хамкорихои мутакобилаи хамсояхо" бо хукумати имрузаи Точикистон ба хулосае омадан мукин аст, ки онхо бо ХХДТ "хамкории зич" доранд ва танхо ба сари кудрат омадани боз намояндаи хамин хизбро мехоханд. Офарин огои Ширипов

Мусохибаи олй! Зинда бошед Озодагон!!!

Ба рости гашам меояд ин саволу чавобро хонда, Огои Шарипов тули рохбари дар Маркази тадкикоти стратеги ягон тадкикот накарда буд ва дар парлумон хам ягон навовари нахохад кард. Солхои пешин хам хини рохбариаш факат дар чустучуи камбудию паст задани дигар хизбхо ба хусус хизби нахзат буд. Вазифаи асосии Шарипов ин дастгирии президенти феъли (ЛАГАНДБАРДОРИ) буд ва мемонад. Хайфам меояд чун андозсупоранда хастам ва пули мо андозсупорандагон ба нигахдории чунин афроди бесавод гаразнок ки ДЕПУТАТ ном доранд сарф мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)