Бахшҳо
02 мар 2013 16:55Рӯ ба рӯ

Посухҳои Акбари Турсонро интизор бошед!

Посухи Акбари Турсон, раҳбари Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон, ба суолҳои хонандагони торнамои “Озодагон” базудӣ дар ҳамин ҷо нашр хоҳад шуд.

Ҷаноби Турсон баҳори соли 2011 раҳбари ин Пажӯҳишгоҳ таъин шуд. Ӯ то омаданаш ба ин мақом, 15 сол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиста, ба таҳқиқ ва инчунин тадриси донишҷӯён машғул буд.

Ахиран номи ӯ дар робита ба баҳси имлои нави забони тоҷикӣ вирди забонҳо шуд. Баъзе расонаҳо аз қавли Акбари Турсон имлои нави забони тоҷикиро ноқис номиданд, дар ҳоле ки худи ӯ баъдан ин ҳама навиштаҳоро бепоя хонд.

Акбари Турсони 74-сола аз донишмандони шинохтаи тоҷик аст, ки дар замони ҷанги дохили Тоҷикистон кишварро тарк карда, баъдан бо даъвати раисиҷумҳур ба кишвар бозгашт. Ҳоло ӯ омодааст, ба ҳама саволи Шумо, хонандагони азиз, посух бигӯяд.
Мӯҳр
Ассалому алейкум муаллим !!

Ман ба Шумо чанд суол доштам

1. Шумо дар як мусохибаатон гуфтед, ки Академияи илмхои як давлати дуняви набояд осори исломиро тарчума ва нашр намояд.
Ба фикри Шумо дуняви будани давлат ба маънои зиддидини будани уст?
2. Имрузхо бисёрихо зиёиёни моро бечуръат ва майзада меноманд, назари шумо дар ин бора.

Устоди гироми! Аз даргохи Худованд саломатиатонро хохонам. Хохишмандам ба ин саволхо посух гуед:
1. Пажухишгох бо махзанхои Чумхурии Узбекистон ягон робита ва хамкори дорад ва ё не?
2. Оё имкон дорад, ки асархои маъруф, ки бо забони точики дар асрхои вусто навишта шудаасту алхол дар Узбекистон карор доранд дар шакли электрони акалан ба Пажухишгох оварда мавриди истифодабари карор дода шавад. Ман дар назар дорам барои корбарии пажухишгарон.
3.Дар рузхои наздик нашри Фехрасти китохои дастхат ва чопи санги нашр мешавад ва ё не?
4. Дар Хиндустон китобхои асили форси бе хонанда мондааст ва имкони онхоро аз ин кишвар ба Точикистон овардан мавчуд аст ва хохиш мекунам, ки Пажухишгох дар ин самт корбари карда барои нигахдории мероси хатиии точикон сахмгузор шавад. Албатта ин кори осон нест аммо чун Шумо олими варзидаед мутмаинам, ки ба ин масъала таваччух зохир мекунед. Дар панохи Худо бошед.

Фирӯз
Ҷаноби Турсон,
Бо бозгашти Тоҷикистон ба хатти порсӣ мухолифед ё мувофиқ? Чаро?

Ассалому алайкум, устоди мухтарам!

Кай ба алифбои ниёгон бозмегардем? Ба акидаи баъзехо бозгашт ва мархалаи гузариш ба хати порси бесаводиро бар бесаводи зам хохад намуд. Ин барои нагузаштан ба алифбои бобои сабаб шуда наметавонад. Хамин тавр не? Ба фикрам сабаби асосиаш мансабдорони мо, ки бо хати порси ошно нестанду майнаашон хеч чизи навро кабул намекунад, бим доранд, ки боз бар сари парта нишастан лозимашон мешавад.
Узбакистон, ки авохири солхои 90-ум ба алифбои лотини гузашт, хати сириликро то хол аз истифода берун накардааст. Хар ду алифбо дар хуччатнигори васеъ истифода мешаванд. Аммо дар мактабхои тахсилоти умуми ва миёнаи махсус таълими насли чавон бо хати лотини сурат мегирад.
Биёед, мо низ ба хати порси зина ба зина гузарем, ва дар баробари хати форси сириликро низ бояд якчанд сол аз истифода берун накунем. Бигзор насли кухан, ки бо сирилик одат кардаанду аз вай дил канда намевонанд, бо хати сирилик хуччатногори намоянд. Дар ин мархила таълими хати порсиро дар мактабхо васеътар намоем, чопи китобхои нави дарсиро бо хуруфи форси ба рох монем. Хамин тарик, дар дар давоми 15-20 сол пурра ба хати ачдодиамон бозмегардем.
Дар ин холат на сих месузаду на кабоб. Андешаи Шуморо дар бобати ин масъала мехостам бифахмам.
Дар хотимаи сухан мехостам, хаминро баён кунам, ки то ба хати порси нагузарем, бахсу мунозирахо дар атрофи имлои забон катъ намегарданд. Ва харчанд зудтар ба алифбои ниёгонамон бозгардем, хамон кадар тезтар онро аз худ карда, босаводтар хохем гашт.

Андешаи шумо дар бораи Комитети 300 ва ё ба ибораи дигар хокимияти ягонаи яхудихо? Оё дар Точикистони мо низ хизматгорони содики он амал мекунанд? Зеро тамоми барномахои супоришии онхо дар кишвари мо низ мушохида мешавад? Оё Шумо дар Амрико ва ё чои дигар бо намояндагони ин шабака боре вохурдаед.?

Дуруд бар Шумо Устод!
Солхои хокимияти шурави аз тарафи олимон хеле кушиш карда мешуд, ки забонхои махалли ба забони адаби наздик карда шаванд. Имруз бошад баръакс забони адаби ба талаффузи ахли Дангара, яъне ватани Раиси Кумитаи ислохот наздик карда шуда истодааст. Масалан дар маххали истикомати раиси Кумитаи ислохоти забон харфи "у"- и дароз талаффуз намешавад ва аз меъёри забони точики дур кардани ин харф имруз аз хамин махал сарчашма мегирад.Агар хар як рохбари нав ба чои ба забони адаби наздик кардани забони махалли худ забони адабиро ба забони махалли худ наздик кардани шавад, окибати ин забон чи хохад шуд?

Саволи ман чунин аст
Ое дар хакикат миллати точик вучуд дорад?
пайдоиши генетикии халки точик - ое мо узбакони форсгашта е эрониени дар канор монда?
фикри шахсии шумо чи аст?

бахшиш аз устод - ин чо чанд саволе дидам дар бораи истифодаи харфи у-и дароз (клавиатура дар ин компутар хуруфи точики надорад)
бисер мутаасифона ки муаллимон ин саволро додаанд - онхо хакки муаллими надоранд агар чунин фикр доранд!!!
Фарки миени у ва у-и дароз аз замин то осмон ва агар шумо инро надонед вой ба холи он донишчуе ки аз шумо сабак мегирад!!
хатто бахс дар ин маврид аз аблахи асту маъние надорад!! ин мисли он аст дар алифбои арабои харфи ъайн нест карда шавад е дар руси харфи -ы- нест шавад
Илтимос ба дасисахои точикони навбаромад гуш надихед ва ба имло кордор нашавен!

Усмон Рахимхода, рузноманигор
Салом Устод Акбари Турсун. Чанд суол дорам, ки хохишмандам ба онхо посух ва назари худро нависед.
1.Оё гумон намекунед, ки дар химояи манофеи милли, гуфтани мушкилоти чомеа имруз аз шоирону нависандагон дида, рузноманигорон бочуръаттаранд, аммо нависандаю шоирон сари ин масълахо эхтиёткори зохир мекунанд? Чаро?

2.Имруз Точикистон дар мухосираи расман эълонношудаи иктисоди карор дорад. Узбекистон ошкоро вагонхои Точикистонро дар каламрави кишвари худ боз медораду монеаи сохтани НОБ-и Рогун аст. Шарики стратегии мо Русия дар ин маврид хомуши ихтиёр намудааст, созмонњои байналмилали, аз чумла СММ , ки мо узви он хастем хеч икдоме дар рохи халли ин мушкилот, ки характери байналмиллали дорад, намекунад. Чаро дар ин бора зиёиёни мо хомушанд ва хеч икдоме ё кумаке ба хукумат намекунанд?

3.Гурухе бар ин назаранд, ки интелигенсияи точик камшумор ва пахну парешон шудааст. Холо онхоро дар Амрикову Аврупо ва Русия пайдо кардан мумкин аст. Кисме аз онњо чои худро дар созмонхову ширкатхои бузург пайдо кардаанд. Сабаби инро дар чи мебинед?

4.Акаллан 5 асари адибони точикро номбар мекардед, ки тайи 20 соли охир эчод шудаанд ва хамвазни асархои Устод Садриддин Айнї, Мирзо Турсунзода, Лоик Шерали, Муъмин Каноат, Бозор Собир, Сотим Улугзода ва гайра бошанд.

Салом устоди гироми! Ман донишчуи факултаи физикаи ДМТ, ихтисоси астрономия. Мехохам ба омузиши космология машгул шавам, Шумо чи маслихат медодед. Каблан миннатдор хастам.

Саид
1.Оё аз нигоҳи шумо кумитаи забон ва истилоҳоти мо барои асолати забонамон амали савобе кардааистодааст.?
Оё институти шумо дар тули сарварии шумо ба дастовардҳои чашмрасе ноил шуд?

Мухтарам устод Турсон, дуруд ба Шумо. Як саволе дорам ва розиям ки посух надихед агар боиси малолатон мегашта бошад: Шумо ба ун олиму шоиру сарояндае ки бо хар усул мекушад ахли охури давлатдорон гардад ва ба ин хотир хам илмро мефурушад, хам фархангро, хам миллатро чи гуна бахо медихед? Чунин персонажхо магар фикр намекунанд, ки фардо хам мерасад ва хукумати гайрилегитимии (ин бахои ман аст) Эмомали Шарипович хам ба охир мерасад ва хакикати инрузро кушода хоханд навист. Фарзандони чунин ахли охур читавр метавонанд сарбаланд бошанд? Фарк байни он чи расман мегуянду дар дил доранд ё дар хона иброз менамоянд магар дахшатнок бузург нест?

Ассалому алекум мухтарам Акбари Турсон ман хамчун як шахрванди Точикистон ва хам як хамиллату хаммеханатон ба Шумо эхтироми зиёд дорам ва хам ба дигароне мисли Шумо. Вале дар бисёри маврид алокаи олимони дунявиро бо олимони ахли Ислом намебинам дар кишварамон ва саволи нахустинам хамин аст, ки чаро чунин аст? Дуюм ин ки оё Ислом мехвари хакикат нест, ки хама падида ва натичахоро аз чихати исломи матрах намоем ва онро истифода кунем? аграр мегуед, ки не, пас далели аники илми биёред. 3 Оё дуруст аст, ки Бозор Собирам аз хукумат умеди вазифаи мухим дошт ва ин орзуяш ки амали нашуд кахр карда рафт? 4 Оё мо аз даври Сомониён то истиклолият давлат доштем? агар бале 5 Пас чаро натавонистем Самарканду Бухорои шарифро сохиб шавем?

Устод ман чунин пешниход доштам, ки Исломшиноси хамчун фан дар макотибхои тахсилоти умуми омузонида шавад, ин хазор бор бехтар аз он аст, ки, фарзандони мо дар пеши муллохои камсавод сабак гиранд. Фикри Шумо нисбати ин масъала

Оё мумкин аст, ки бо духтари таго оила барпо намоем? Фикри шумо оиди ин масъала дар чист.

Дуруд бар Шумо Устод!
Имруз Кумитаи дини назди Хукумати Чумхурии Точикистон тамоми сиёсаташро алайхи ислом ва мусулмонон равона карда, гуфтани азонро тарики баландгуяк манъ кардааст, чавонони то 18-соларо ба масчид рох намедихад, дар чойхи чамъияти намозгузоронро мучозот мекунад. Ба фикри Шумо дар кишваре ки 99 дар садашро мусулмонон ташкил медихад чунин муборизаи руи рост алайхи ислом мумкин аст?
оё ягон давлатеро дар Амрико, Аврупо ва Осиё ном гирифта метавонед,ки чунин сиёсати зиддиисломи ва зидди худои дошта бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)