Бахшҳо

Дархости СММ барои қатъи озори мусалмонҳо дар Бирма

Кумитаи ҷаҳонии хадамоти универсалӣ (Unitarian Universalist Service Committee) аз Ҳукумати Бирма даъват кардааст, ки тавсияҳои асосии Кофӣ Аннан, собиқ дабири кулли СММ-ро вобаста ба ҳалли вазъияти Рохин ба инобат бигирад.

Тибқи иттилои СММ тайи 5 рӯзи охир, то 30-юми август, теъдоди мусалмононе, ки аз Мянма ба Бангладеш фирор кардаанд, ба 18,500 нафар расид. Ба иттилои Идораи байналмилалии муҳоҷирати СММ инчунин ҳазорон нафар наметавонанд вориди Бангладеш шаванд.

Бахши форсии BBC иттилоъ додааст, ки як ҳайати таҳқиқи байналмилалӣ аз давлати Бирма хостааст, маҳдудиятҳоро алайҳи ақаллияти мусулмони Рохин (Рӯҳинго) лағв кунад.

Ин ҳайат, ки сарпарасти онро Кофӣ Аннан, дабири кулли пешини СММ ба уҳда дорад, изҳор доштааст, ки давлати Бирма бояд ба мусулмонони ин иёлот озодӣ дода, барои онҳое, ки аллакай хоки Бирмаро тарк кардаанд, имконияти бозгаштро фароҳам орад. Ин ҳайат ба давлати Бирма ҳушдор додааст, ки бархӯрди хушунатомез бо мусалмонони Рохин метавонад боиси гароиши онҳо ба сӯи гурӯҳҳои тундрав шавад.

Дар пайи оғози амалиёти "мубориза бо терроризм"-и артиши Бирма аз иёлоти Рохини ин кишвар наздик ба навад ҳазор сокин фирор кардаанд. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар артиши Бирмаро ба шиканҷаи густурда, қатл ва таҷовуз муттаҳам мекунанд.

Мақомоти Бирма мегӯянд, мусулмонони иёлоти Рохин, шаҳрванди Бирма набуда, онҳо аз дигар ҷой ба ин минтақа кӯчидаанд ва ба онҳо табаият дода намешавад.

Низомиёни Бирма ҳамлаи гуруҳи шибҳанизомӣ ба постҳои марзии ин кишвар, ки моҳи октябри соли гузашта рух доданду чандин кушта барҷой гузоштанд, кори дасти мусалмонҳо арзёбӣ карда, амалиёти густурдаи поксозиро роҳандозӣ намудаанд.
Мӯҳр
Шер
Али ту дар кадом дунё зиндаги дори? ин конунхои шаръия дар точикистон мехохи амали куни ё мехохи исбот куни ки бовар ва акидаи ту айни хакикат аст. Дунёи имруз мисли дунёи замони паёмбари ислом дунёи якранг ва якандешаги нест. дунёи имруз дунёест пур аз дигарандешихо пур аз ханчорхову ангорхои мутафовит ва хел андар хел. "дини ислом дини зартуштро нобуд кард" чи гуфтоан мехохи аммо пайравони дини зартушт хануз хам хастанд ва баракас бисёр файласуфон ва доноёни чахон хануз Зартушт ро хахмчун як инсони бузург эътироф мекунанд. ва пайрави мекунанд. дар ин миён саволе ба миён меояд ки Худо ба кучо нигох дошт агар мусулмон зартуштиро нобуд мекард ва мекушту занашро асир ва кудаколнашро гулом ва ганимат мегирифт?. Ё Чингиз омаду тамоми Осиёи Миёна то Россияро забт кард ва ё коммунизм омад дини исломро аз хукуматхои Осиёи миёна тамоман берун кард ва шояд хазорон соли дигар мо дар осиёи миёна динро бар сари давлат набинем. шояд. ин чи дидгохест. Имруз мо даруни инсонхоро хонда наметавонем танхо аз амалашон медонем ки ин ба кадом равия дин ва акида пайрави дорад масалан дар байни бештарини мусулмонхои чахон (бештаринашон) арак хурдан як чизи одди аст ё хадди акал аз хурдани он эхсоси гунох намекунанд аз туркия бигир то Мисру Эфиопия. акнун ба ту бовар кунем ё ба миллирадхо инсони сайёра. чи тавр мутакоид мекуни бу ин дунёи рангоранг ки ин али акидааш дуруст аст ё китобе ки ба он пайрави мекунад рост аст чи тавр каллата дошта ним соат фикр кун. чун имруз хак надорем ки бо суханхое ки далел надорем мардумро гул бизанем, агар далле хам дорем тараф нахохад коре карда наметавони андешахои ифротиатро ки буи зидди точики ва зидди фарханги милли меояд дур андоз ки мабодо поёни рузи сапед сиях набошад.

ali
Шер,
Шер барои ман линам этиекодам болотар аз хар чиз аст барои ман мусалмонони мазлуми Бирма наздиктар аз хамсояи точикиам аст ва мебошад!ана хаминкадар чавоб кифоя ба ту,чи мехохи ки мо дар давлати дуняви зиндаги дорем гуфта динамонро арзишхои исломиро фаромуш кунем?на харгиз имрузхо дини мубини Ислом афзоишшвюавндатарин дин дар чахон аст онро одамони нажоду кавми гуногун ва сину соли гуногун то хатто одамони машхур кабул доранд,ав ави ту хеч зиене надорад ба дини Ислом.

Шер
агар ин хел аст одамхоро тахкир накарда хакикати таъриха андова накардана ёд гир чиноят ва одамкуши одамкуши хаст чи онро мусулмон анчом медихад чи буддой чи бедин чи Гитлер, чи Чингиз чи Умар фарк надорад чиноят чиноят хаст. ва баъд вакте ин кори шахсиат хаст рав дар хонат хар коре мехохи кун ин як кори шахсии ту аст хохи бачо биёр ва хохи на дин кори шахсии хар инсон аст ба кадом мегаравад ё на дар чахони имрухз инсонхо ба мусулмону кофир таксим намешаванд ин харфро ба гайр аз дарсади ками мусулмон ва ифротиёни дигар динхо хама кабул доранд хатто аксари мусулмонхо

Точик
Али маълум аст ки ту точик хам нести ва аз ислом хам буе набурдаи
модоме дини ту бехтар аз хамсояи точикат хаст. ту точик нести дин кори шахси ва андухта ва бардошти ту аз чахони хастист ва ё таклиде ба гузаштагонат.инсоне ки мардумро дуст надошта бошад худоро хам намешиносад.

ali
Точик,
Мусалмонони тамоми дуне барои ман наздиктар ва бародартар аз хамсояи точики бедин ва ё точике ки дини мубини исломро бад мебинаду нисбати ин дин дар худ кина дорад,ин буд манзури ман ,шумо ки мегуед хар одамкушро бе таксимбанди кардан ба нажоду динаш бояд оламкуш шуморид,дар ин макола ягон нафаратон кори буддисторо махкум накардед ку ?ин аст хамдардии шумо нисбати халки мазлуми рохинджа?леки аз одамкушии хазрати Умар ёдовар шуден,хол он ки ин макола тамоман дар мавзуи арабу хазрати Умар намеравад.вассалом алейкум дигар маро комент накун.

Точик
Али ту мегуи ки " Мусалмонони тамоми дуне барои ман наздиктар ва бародартар аз хамсояи точики бедин ва ё точике ки дини мубини исломро бад мебинаду нисбати ин дин дар худ кина дорад" ман бовар дорам ки ту омода нести ки ба бародари мусулмонат ки дар Эфиопия зиндаги мекунад хохар ва ё духтари мусулмони худатро ба шавхар бидихи чаро медони чаро чун фарханги милли ва точикиат намегузорад. оё омода хасти ба писарат аз як мусулмони ахли суннати рохингия ва ё индонезия ва ё сиёхпусти африка арус биёри ё баракс духтаратро ба он бародарони мусулмонат ба шавхар бидихи. шахсан ман ин корро карда наметавонам. чун точикийят барои ман афзалтар аст. чун дин бо фарханги миллии мо омехта шуда ин зебойихоро падид овардааст вагарна фархангии динии мову арабхо африкоихо ва покистонихову малайзиягихо яке мебуд ва хидмати Фирдавсиву Ибн Мукаффаъ, Башор ибн Бурд ва Синову Хайёму Мавлонову Айнихост ки фарханги миллии мо зинда монд. ин таровату зебоиро аз худ чудо намуда ба динамон хам таъсири басазое гузошта боки худ дони. Аслан вожаи дин рабте ба араб надорад чун мо китоби Динкарт ро дорем чанд сад сол пеш аз ислом.

ali
Точик,
Бале ман омода хастам,ба хар мусалмони ахли суннати курраи замин новобаста аз нажоду ранги пусташ духтарамро бидихам ва ба писарам арус бигирам.барои ман дар асри 21 фахмише монанди фарханои мили ё.расму оин вучуд надорад албатта ба фарханг ва русуме ки ихтилоф ба дини мубини ислом надорад мепазирам,фарханги ман исломаст расму оинам суннати Мухаммад салалохи ва саллам ,.илтимос маро дигар комент накунен чун вакт надорам ба хар яки шумо чавоб нависам.

Али
Бигуфт он Худованди танзилу ваҳй,
Худованди амру Худованди наҳй.
Ки хуршед баъд аз расулони меҳ,
Натобид бар кас зи Бӯбакр беҳ.
Умар кард чу Исломро ошкор,
Биёрост гетӣ чу боғи баҳор.
Пас аз ҳар ду он буд Усмон гузин,
Худованди шарму худованди дин.
Чаҳорум Алӣ буду ҷуфти Батул,
Ки ӯро ба хубӣ ситояд Расул.
Саҳобони ӯ ҷумла ахяр буданд,
Ҳама ҳар яке ҳамчу ахтар буданд.
Валекин аз эшон чаҳор омаданд,
Ки дар дини ҳақ пойдор омаданд.
Абӯбакри Сиддиқ шайхи Атиқ,
Ки буд рӯзу шаб Мустафоро рафиқ.
Пас аз вай Умар буд, ки Қайсар ба Рум,
Зи саҳмаш наёрост хӯфтан ба бум.
Сеюм мир Усмони диндор буд,
Ки шарму ҳаё з-ӯ падидор буд.
Чаҳорум Алӣ ибни амми Расул,
Сари шермардону ҷуфти Батул.
Аз озори ин чор дилро битоб,
Ки озорашон дузах орад ба тоб.
Хамин Фирдавсии бузургро якта обсуждени мекардед

Худуш хамин Фирдавси Арабпараст будаст Дя.

Чун Мухаммад ёфт он мулку наъим,
Курси махро кард у дар дам ду ним.
Чун Абубакр ояти тавфик шуд,
Бо чунон шах сохибу сиддик шуд.
Чун Умар шайдойи он маъшук шуд,
Хакку ботилро чу дил форук шуд.
Чун, ки Усмон он ъаёнро ъайн гашт,
Нури фоиз буду зиннурайн гашт.
Чун зи руяш Муртазо шуд дурфишон,
Гашт у шери Худо дар марчу чон.
Мавлоно Руми

Али
Озодагон шеъри Фирдавси маъкул нашуд чи?

ali
Али,
Ахсан бародар Али,

Антиморхорахриман
Али ин харфои туро хонда факат як сухани Фрейдро ба ту ёдрас мешавам -таронисдани акл ё акли тарсида ки ба хеччи кор намеояд ба гайр аз як мушт бовари шахсиаш хеч комёбии башарро ки аслан аксаран кори дасти бединон ё динбоварони дигар оин буда аз ёд мебарад. акл ки тарсад бедалелу бедалел бовари худро бар хама чиз тарчех медихи ва боло медониву хак, дар сурате ки ин як бовар аст ва дини ту хам мисли бакияи адён як усулу фуруъ худро дорад ва бади он чост ки аксари намояндагонаш хам дар чорчубаш наметавонанд зиндаги кунанд чун шудани нест. ва бадтар аз ин он аст ки оини худро бехтар ва худро поктар аз бакия мешиносад ва ин танхо як гумон аст ва ифрот ва бидон ки намояндагони адёни дигар ва мактабхои фалсафиву ичтимоии дигар хам нафароне дорад ки айни ту меандешанд ва натича мешавад вокеаи мудхиши Мянма.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)