Бахшҳо

ВИДЕО: Шарҳи муфтӣ ва раиси Кумитаи дин дар бораи эҳтимоли манъи ҳиҷобпӯшӣ дар Тоҷикистон

Раёсати Кумитаи дин ва Маркази исломии Тоҷикистон ташкили гуруҳҳои корӣ алайҳи ҳиҷобпӯшӣ, мафҳуми либоси бегона ва эҳтимоли манъи ҳиҷобпӯшӣ дар кишварро шарҳ доданд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 12 июл дар суҳбат бо хабарнигорон дар посух ба суол, ки "оё пӯшидани ҳиҷоб дар кишвар мамнӯъ мешавад", гуфт: “Миллати тоҷик зиёда аз 1400 сол пайравӣ аз Ислом дорад ва тайи ин муддат либосҳои миллӣ ба бар дошт ва то ба ҳол риоя мекарданд. Ҳамчуноне ки риоя мекарданд, ҳамон хел либоси миллиро бо меъёрҳои шариат мепӯшанд”.

Абдулқодирзода дар идома афзуд, “аз қадим дар мо либоси сиёҳ напӯшидаанд, дар назари мардум низ қабеҳ аст. Модом ки қабеҳ аст, бигузор напӯшанд. Дар шариати Ислом ҳам таъкид нашудааст, ки занҳо либоси сиёҳ пӯшанд”.

Азизулллоҳ Мирзозода
, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар шарҳи ташкили гуруҳҳои махсус алайҳи ҳиҷобпӯшӣ гуфт, агар либосу забон аз рукнҳои ҳуввияти миллӣ бошад, мо бояд онро ҳимоят кунем. Ба бовари ӯ, тақлид ба фарҳанги бегона паёмадҳои манфӣ дорад.



Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ба ин суол, ки "оё фарҳанги бегона танҳо сатрпӯшӣ аст?" гуфт, қонунгузорӣ ин мафҳумро танзим накардааст ва озод гузоштааст, вале ҳар идора низоми дохилиидоравии худро дорад: "Дресскод танҳо хоси идораҳои давлатӣ набуда, дар ташкилотҳои дигар низ муайян шудааст".

Раиси Кумитаи дин илова намуд, ки пӯшидани либоси динӣ дар қонунгузорӣ муайяну маҳдуд нашудааст: "Масъалаи дигар тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои дохилиидоравӣ мебошанд, ки онро худи муассисаҳо муайян менамоянд".

Масъулини Кумита таъкид намуданд, ки маҳдудият танҳо барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният метавонад роҳандозӣ шавад ва инро Конститутсияи кишвар иҷозат додааст: "Ҳар кишвар либоси миллии худро дорад ва мардуми ҷаҳон онро бо либоси миллӣ мешиносанд".

Рӯзи гузашта (11 июл) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаи пӯшиш ва таъсири номатлуби фарҳангҳои бегона дахл кард. Ӯ гуфт, “Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу риш”.

Ин ҳам дар ҳоле ки аввали моҳи равон хабар дода шуд, ки даҳҳо гуруҳи кории пешгирандаи сатру ҳиҷобпӯшӣ дар вилояти Суғд ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, барои гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии гароиши занону духтарон ба фарҳанги бегона ва аз байн бурдани сатру ҳиҷоб дар шаҳри Хуҷанд 21 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаанд.

Тибқи иттилои Кумита гуруҳҳои корӣ аз 4 июл фаъолияти худро оғоз намуда, ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, бемористону мактабҳо ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд.


Ҳакими Даврон
Мӯҳр
инсон
чизеки Оллох фарз гардондааст чи хел нест мегуи?

Самариддин
икдоми хеле хуб аст. Бояд чавонон ба илм ру биёваранд на ин ки аз кафои дину муллохо гарданд ва ба фарханги бегонагон таклид кунанд.

Анушервон
Хамин хукумат чи ки гуяд тарафдори кардан даркор бесабаб ин пешниходхо намешавад ку бе хами ришу хичоб нагзтарай ба фикрм солхои пеш калонсолони мо либоси точикии худмона мепушидан хичи гап набуд. Нав бо хама сатрпуш шидай даркор нест мода хаму бегонапарасти.

ссарсони саргардон
Анушервон,
Тугри мегуи барои ту ва тубаринхо лозим нест сатру риш аммо барои мусалмононе ки 95% ахолиро ташкил медиханд фарзи Аллох аст Аллохе ки туро офарид,ту аз чумлаи 5% бокимонда хасти шояд атеист масехи ё зардушти боши,кордор набош ба аксарият ки мусалмонанд ва андозсупурандаи давлатанд,

mehr
дини Ислом як навъ рангро ҳатмӣ накардааст, вале дар мазҳаби ҳанафия пӯшидани ҳиҷоби сиёҳ савоб аст: “Дар мавриди ранги сиёҳ дар Фатвои ҳиндия ҷ 5 саҳ 330,, яке аз фатвоҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ, ки мо мардуми Тоҷикистон пайрави ин мазҳаб ҳастем, чунин омадааст: Пӯшидани ранги сиёҳ мустаҳабб аст. Дар аҳодиси саҳеҳ низ ворид шудааст, ки занҳои саҳоба ҳиҷоби сиёҳ доштанд. Ҳазрати Умми Салама мегӯяд: Вақте ояти ҳиҷоб нозил шуд, занҳои ансор бо либоси сиёҳ аз хонаҳояшон мебаромаданд. (ривояти Абудовуд).”

ҳиҷоб бояд ба ҷуз руй ва ду кафи дастон, тамоми бадани занро пӯшонаду тангу тунук ё рангҳои назарҷалбкунанда надошта бошад.

мигрант
Ассалому алайкум ва Рахматуллоху ва Баракотуху! Ба фикри ман ин бахсу мунокиша сари масъалаи пушидани хичобу мондани риш, ин як методи аз проблемахои дигар мисли корупцияву, бекори, хешутаборчиги гаронии нарху нгаво дар бозорхо дур бурдани фикри мардум аст. Албатта пушидани сару либос, мондани риш ва намоз хондан ё нахондан ин кори хар як шахс аст.

Факат аз аллох битарсед ин фарзи худост

Дар назди мо мини юбка ва дигар либосхои кушода дар назди мо хам кабех аст, мардхои бе риш хам кабех хастан чаро назари моро ба назар намегире?

Илхом
Чаноби Мукаррам! Шумо бояд аввал аз либосхои бад манъкуниро сар кунед. Чунки дар бисёр чохои душанбе чавондухтарон тавре либос мепушанд ки одами урёнро мемонанд. Ё тамоми релефи баданашон муайян аст ё либоси кушоди докаги мепушанд. Ин боиси тахоратшикании Шумо ва мардуме ки рузи чумъа ба намоз мераванд. Факат нагуед ки ин хелхояшро аз дохили мошинатон намебинед рузи намозрави... Авал урёнхоро бипушонед баъд ба пушидахо кордор шавед.

0000
СУРАИ АХЗОБ

ОЯТИ 59-РО. ХАМА ТАФСИРАШРО. ХОНЕД
ХОНЕД. ХОНЕД

Мухочир
Имруз чи замоне шудааст,ки факат ба сару либоси мардум кор гирифтед монед мардум дилхох либосашона пушанд. Имрузхо дар русия мардум бо азобу машаккат кор карда хонаводаашонро тамин карда истодаанд, вакте,ки Шумо ба сару либоси як зани мусалмон мерасед у шавхар,падар,бародар дорад шавхари у падари у,бародари у нангу номус дорад.Ин шахсиятхоро хашмгин ва бадбин нисбати давлату хукумат накунед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)