Бахшҳо

Таҳқиқи талаби пора аз Маҳдӣ Собир: Порахоҳ милисаи “сохта” будаст

Маҳдӣ Собир, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи талаби пора дар Маркази иттилооти ВКД муайян кардааст, ки нафари порахоҳ ҳеч рабте ба милиса тоҷик надорад.

Маҳдӣ Собир 8-уми июн бо нашри як муроҷиатнома ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, “дирӯз бояд барои 2 фарзандам маълумотномаи Маркази ахборотии ВКД-ро мегирифтам... Ба ман яке аз кормандони ин ниҳод гуфт, ки ҳоло мо бояд 10 ҳазор нафарро аз тафтиш гузаронем. Баъди 20 рӯз навбати Шумо мерасад. Агар хоҳед, ки коратон дар 1 рӯз ҳал шавад 300 сомонӣ дихед. Пагоҳ омада маълумотномаҳоро гиред”.

Ба гуфтаи Маҳдӣ Собир дар пайи нашри ин муроҷиатнома кормандони амнияти дохилии ВКД аз пайи таҳқиқи қазия шуда, “муайян намудаанд, нафаре, ки аз ман пул талаб кард, корманди милитсия набудааст ва дар маркази иттилооти ВКД ҳам кор намекардааст”.

Дар сипоснома ба Рамазон Раҳимзода, ки Маҳдӣ Собир тоза дар сафҳаи фейсбукияш нашр кардааст, аз ҷумла омадааст: “Ҳоло дар ҷумҳурӣ нафароне ҳастанд, ки ба корманди милитсия ҳеч алоқае надоранд, аммо онҳо худро корманди милитсия муаррифӣ намуда, барои иҷрои ин ё он кор аз шаҳрвандон маблағ талаб менамоянд. Айнан дар номаи навиштаи ман ҳам чунин хато рафтааст. Шахси ношинос худро корманди милиса муарифӣ карда, барои гирифтани ду маълумотнома аз ман 300 сомонӣ талаб карда буд”.

Мӯҳр
маъди
мухтарам Маҳдӣ Собир,...хато нею тарс фаро гирифт

Мирзо
Аммо бо кормандони ончо додугирифт доранд

точик
хеле хандаовар сину солт ба якчой расидаст находки тарси.... хахаха.... изо бкаш ...

Наход касе, ки дар ВКД кор накунаду бооз ғайрат кунаду аз корманди МТС пора талаб кунад!?
Ин ҷо? ? ? ? ? ? ? ? ? ? ?.....

Офарин акаи Махди,ВКД-ро аз бадном шави начот доди. Милиса ки гунох содир кард,вай хатман ду мох кабл аз кор рондашуда ё умуман дар милиса кор намекунад. Хахахаааа!

655
Аз мост ки бар мост.Агар истодагари карда ба гапуш меистод шояд ки ин камбуди ислох шуда чомеъа кадам ба кадам аз фасод холи мешуд.

"Он нафар корманди вкд набудааст." Агар корманди вкд набоша учаба номакул мекна. Вая суд кнен 20сол бтенуш охи. Ачоиб корманди вкд набудаст. Пас ончо ихелихо чо мекнан. Ааа Махди Собира тарсондиян... Мактуби авалаша бину иша бин фарк ай зами то осмон.

Чаноби Махдии Собир шумо бовар кардед,ки ин нафар корманди вкд нест. Хама медонад ва ба хеч кас чойи пушида нест,ки хама сохторхои Точикистон хох маориф бошаду хох тиб,суду вкд,кумитаи замину хокимиятхои махал, загсу шуъбахои шиносномадихи хулоса хама олудаи фасод аст. Ман дар Лахистон икомат дорам. Дар инчо кариб ки фасод нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)