Бахшҳо

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Дар Душанбе хиёбоне ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шавад

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод кардааст, дар пойтахти кишвар ба хиёбоне номи Аҳмадшоҳи Масъуд дода шавад.

Ҷаноби Абдуқаҳҳор ҳамчунин пешниҳод намуда, то муҷассамаи ин чеҳраи саршиноси тоҷикони Афғонистон ҳам дар Душанбе гузошта шавад. Ӯ 2 июн дар саҳифаи Фейсбукаш аз корбарони ин саҳифа иҷтимоӣ хостааст, ин пешниҳодҳоро бо як муроҷиати дастаҷаъмӣ унвонии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдорӣ Душанбе бифиристанд. “Мо пешорӯи ҷашни бузурги ҳамдилию ҳамбастагӣ 20-умин солгарди Ваҳдати Миллӣ қарор дорем. Ҳамагон хуб ёд дорем ва самимона миннатдорем, ки дар истиқрори сулҳи Тоҷикон нақши дӯст ва бародари азизи Пешвои миллатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсияти маъруфи дунё, сипаҳсолори мумтоз, Аҳмадшоҳи Масъуд басо бузург аст”,-таъкид намудааст Абдуқодири Абдуқаҳҳор.

Ӯ дар идома менависад, аз шаҳрдори Душанбе - Рустами Эмомалӣ дархост шавад, то ба хотири арҷгузорӣ ба муборизи роҳи озодӣ, намоди шуҷоату ҷавонмардӣ, улгӯи фарзонамардӣ, Тоҷики асилзода, қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд хиёбоне номгузорӣ гардад ва ҳамчун рамзи шуҷоату шарафмандию ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ муҷассамааш гузошта шавад: “Фаразан кӯчаи Чапаев, муҷассамааш дар ҷойи нимпайкараи чекист – Дзержинский”.

Ҷаноби Абдуқаҳҳор гуфтааст, аз ҳамдилону ҳамфикрон хоҳишмандам, бо ишораи “лайк” пешниҳодро дастгирӣ намоянд ва ваъда кардааст, дар сурати 5 000 ҷонибдор ёфтан, расман ба шаҳрдори Душанбе муроҷиат хоҳанд кард. Давоми ду соати нашри ин дархост дар Фейсбук зери он 135 нафар “лайк” гузоштаанд.

17 ноябри соли 2014 Шоҳрух Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда буд, яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номи Бурҳониддин Раббонӣ ва муассисаи таълимии назди Вазорати дифоъ ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шавад. Шоҳрух Каримов, ки ба дафтари “Озодагон” омада буд, далели ин пешниҳодашро ба нақши беандоза доштани Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон, арзёбӣ намуд.

Аҳмадшоҳи Масъуд, 9 сентябри соли 2001 аз ҷониби ду арабтабор, ки ба ҳайси хабарнигор меҳмони ӯ буданд, кушта шуд. Онҳо маводи мунфаҷираро дар дастгоҳи наворбардорӣ насб карда, аснои дар рӯбарӯи дурбин нишастани Аҳмадшоҳ онро тарконданд. Баъди марг ба Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон расман унвони “Қаҳрамони миллӣ” дода шуд.

Ҳоло дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон маркази ҷарроҳии шахсие номи Аҳмадшоҳи Масъуд, аз тоҷикони номовари Афғонистонро дорад.
Мӯҳр
Аҳмадшоҳи Масуд бегона нест тоҷик аст аз насли Cомони аст..хизмати бузурги дар сулҳи Тоҷикон кардаст...5 сол моҳоҷирони Тоҷика хуронда пушондаст...кош он руз расад ки баҷои ҳайкали Ленину Сталин ҳаӣкали қаҳрамонони воқеи Тоҷикро дар ватанамон бинем

АХМАД ШОХ
Шумо АХМАД Шохро ай кучо мндонед чи хизмат кардааст Точикои нав гапотон да занатон намегзарад бо гапи зиёти мезанен. Абдуқодири Абдуқаҳҳор фикри бехтарин кардай

точдор
раиси китобхона бисер дуруст Кайд карданд агар аз ман пурсанд ман мегуям ки номи хиебонро нею номи ягон нохияро Ахмадшохи Масуд мемонданд нагз мешуд чунки барои вахдати МО точикон Ешон сахми Бузург доранд

Фикр мекунам Ахмадшох Масъуд барои Точикистон хизмате накардааст.
Вай як шахси низомию сиёсие буд, хадамоти давлатхои манфиатхох уро ба мукобили Шуравии пешин истифода бурданд. Замоне ки Масъуд мукобили дахолати низомии Амрико дар Афгонистон баромад, уро аз байн бурданд.
Барои Точикистон шахсан Масъуд ягон накше набозидааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)